Қарори Шӯрои уламо дар бораи оғози моҳи мубораки Рамазон
Имрӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид. Раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдуқодирзода ҳозиринро ба муносибати омад-омади моҳи мубораки Рамазон табрику таҳният гуфта, изҳор дошт, ки мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол моҳи мубораки Рамазон дар кишвар рӯзи ҷумъа 24-уми апрел фаро мерасад.
Баъдан аъзои Шӯрои уламо масъалаҳои рӯзномаи маҷлисро муҳокима ва баррасӣ намуда, чунин қарор қабул карданд:
Мувофиқи ҳисоби илмӣ аввали моҳи шарифи Рамазон дар соли 2020 ба ҳисоби тақвимӣ рӯзи ҷумъа 24-уми апрел муайян карда шавад.
Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 21000 сомонӣ муқаррар карда шавад, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад.
Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян карда шавад.
Бо дарназардошти вазъи кунунӣ ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.
Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳат шавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.