19:00:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?

Ва ё чӣ гуна Субҳон Саид парда аз рӯи ин асрор мекушояд

Хабар доред, пойи рости Субҳон Саидро аз зону боло ва панҷаҳои пойи чапашро табибон буриданд? Ин суоли Ортиқи Қодир вуҷудамро таккон дод…

Субхони СаидСубҳони Саид. Ин номро ҷавонони солҳои 80-уми асри гузаштаи мелодӣ қариб ҳаррӯз аз карнайҳои радиоҳо, «оинаи нилгун», аз забони алоқамандони ҳунари мусиқии тоҷик мешуниданд. Гули сари сабади тӯйҳову маъракаҳо ба ҳисоб мерафт. Ӯро ҳама ҷойгузини Тоҷиддини Муҳиддини маъруф ва Кароматуллоҳ Қурбонови нотакрор медонистанд. Дар айни замон ӯ бо як хусусияти хоси худ аз ин овозхонҳои машҳур фарқ мекард.

Субҳон дар натиҷаи омӯзишҳои пайваста аз мактабҳои ҳунарии Аҳмад Зоҳир, устодон Зафар Нозим, Ҷӯрабек Муродов, аз оҳангҳои фолклорӣ ва классикӣ сабки хоси худро ба вуҷуд оварда буд, ки онро ҳаққо синтези ин макотиб ва ин навъи мусиқӣ метавон номид. Дар он солҳо ҳангоми ҳамроҳи устод Зафар Нозим кор кардан ва ҳини роҳбари ансамбли эстрадии «Гулшан» фаъолият намудан консертҳои ӯ ҳамеша дар толорҳои пур аз тамошобин мегузаштанд… Чӣ иттифоқ уфтод, ки ана ҳамон Субҳони Саиди овозадор имрӯз аз як пову аз панҷаҳои пойи дигар маҳрум гаштааст? Аввал ин ки суннати ниёгон ва баъдан посух ёфтан ба ин суол маро ба аёдати ин ҳофизи хушилҳон бурд. Ғайричашмдошти ман Субҳон Саид сӯҳбатро худ аз Аҳмад Зоҳир оғоз кард ва батадриҷ ба ҳикояти саргузашти худ гузашт:

Имрӯз сурудҳои устод Аҳмад Зоҳирро овозхонҳои ҷавон бисёр месароянд. Бо истифода аз ороиши нави мусиқӣ оҳангҳои ӯро тағйир медиҳанд, ки ба фикри ман чандон комёб нестанд. Ҳамон ширинӣ ва лаззати оҳангҳои Аҳмад Зоҳирро дода наметавонанд. Баръакс як носипосие ҳангоми иҷрои сурудҳои Аҳмад Зоҳир аз тарафи овозхонҳои ҷавон ба мушоҳида мерасад. Аҳмад Зоҳир санъаткори Худодод буд. Ҳатто овозаҳое буданд, ки падари он кас санъаткор шудани Аҳмад Зоҳирро намехостанд. Вале ҳунари мусиқӣ чизест, ки агар меҳри он, ишқи он, дар дил ҷой гирифт, дигар берун шудани он ғайриимкон аст.

Шӯълаи ин меҳрро солҳо агар талош кунанд ҳам наметавонанд хомӯш созанд. Оташи ишқи ҳунари асил дар қалби Аҳмад Зоҳир аланга мезад. Ва гармии ин оташро мо ҳанӯз ҳам дар ҳар як суруди ба ёдгор мондаи устод Аҳмад Зоҳир эҳсос мекунем. Ман ҳам чун дигар ҳунармандони ин соҳа аз овони хурдсолӣ ба мусиқӣ дилбастагӣ доштам. Тахминан 10-12 сола будам. Аввалин бор тавассути радиои ВЕФ, ки радиои Афғонистонро мегирифт, садои Аҳмад Зоҳирро шунидам. Дар ёдам ҳаст, ки аввалин суруди шунидаам аз Аҳмад Зоҳир ҳамин суруди «Шодӣ кунед, ай дӯстон, ман шодаму осудаам» буд. Садои овозхон, оҳанги суруд, матни он маро сеҳр карданд. Мо чанд бародарем.

Ҳама ошиқи садои Аҳмад Зоҳир шудем. Имрӯз онҳо дар дигар соҳаҳо кору фаъолият мекунанд, вале дилбастаи таронаҳои Аҳмад Зоҳиранд. Маро бошад шароби таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба майкадаи ҳунари мусиқӣ кашид. Суруди нахустини шунидаам аз Аҳмад Зоҳир гӯё, ки дуои фотиҳаи ин сафари тӯлониам дар ҳунар буд. Ман дар тӯли умрам аз Аҳмад Зоҳир ҳамеша меомӯхтам. Ҳар як суруди ӯ барои ман як мактаби мусиқӣ буд. Ман тамоми сурудҳои Аҳмад Зоҳирро азёд медонам. Ҳатто агар матни кадом як сурудашро фаромӯш карда бошам ҳам, вале оҳангашро фаромӯш намекунам.

Имрӯз ҳам, ки роҳи маро фарзандонам, ҷиянҳоям идома дода истодаанд, ба онҳо таъкид мекунам, ки аз Аҳмад Зоҳир омӯзанд. Агар мактаби Аҳмад Зоҳирро онҳо наомӯзанд дар ҳунари мусиқӣ душвор аст, ки комёб шаванд. Ман айнан ба онҳо мегӯям: «Агар аз имтиҳони мактаби Аҳмад Зоҳир гузаред шумо ҳам оҳанги классикӣ хонда метавонед, ҳам «Шашмақом», ҳам лирикӣ ва ҳам эстрадӣ». Сурудҳои Аҳмад Зоҳир ҳама ишқ аст, ишқи Илоҳӣ.

-Шумо ягон маълумоти махсуси мусиқӣ доред?

-Дар ноҳияи Рӯдакӣ коллеҷи мусиқиро хатм карда баъд ба хизмати ҳарбӣ рафтам. Соли1981 баъди адои хизмати модар Ватан ба ноҳияи Ҳисор баргашта корро дар шӯъбаи фарҳанги аз киномеханикӣ шурӯъ кардам. Он солҳо дар шӯъбаи фарҳанги ноҳия кор кардан як ифтихор буд. Театри халқӣ фаъол буд. Имрӯз мутаассифона, ҳамон театр аз фаъолият боз мондааст. Ноҳияи Ҳисор охир ин як ноҳияи калонтарини водии зарнисори Ҳисор ба шумор меравад. Ба таври бояду шояд фаъолият накардани ин театр албатта кори чандон хуб нест. Дар коғаз ҳаст, вале ҳатто бино надорад. Ба умед ҳастем, ки шояд ягон бананги ҳисорие пайдо мешавад, ки дар ин самт ба хотири ояндаи фарзандони худи ҳисориҳо кореро анҷом хоҳанд дод.

-Аввалин сурудро кай эҷод кардед?

-Аслан аввалин сурудамро ман соли 1975 эҷод карда будам. Вале мутаассифона, он сабт нашудааст. Аввалин сурудеро, ки дар телевизион сабт кардам, дар арафаи соли нави 1985 буд. Шеъри устод Наимҷон Назирӣ ва оҳанги худам буд. Суруд «Ҳабиби ман» ном дошт.

Дар давраи мо ошиқи дилхун намондааст,

Нокомиҳои Лайливу Манҷун намондааст.

Гуфтанд шоирон ҳама гапро ба васфи ёр,

Як ҳарфи тозаву мавзун намондааст.

Хушбахт шоирам, ки ту ҳасти насиби ман,

Доим шарики умри маниву ҳабиби ман.

Баъди хондани ин суруд мо дар байни мардум ҳамчун «Ҳабиби ман» машҳур гаштем. Баъд аз ин ман ба эҷоди оҳангу суруд ва хондани онҳо ҷиддан машғул шудам. Ва имрӯз дар хазинаи тиллоии радиои Тоҷикистон шояд як силсила оҳангҳои мо ҳам бошад. Мо ҳам сурудҳои эҷодкардаи худро хондаему ҳам сурудҳои фолклориро. Соли 1986 Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ансамли «Ганҷина»ро таъсис дод. Устод Зафар Нозим, рӯҳашон шод бод, роҳбариии ин ансамблро ба дӯш доштанд. Банда тариқи озмун вориди ин ансамбл шудам.

Қариб ҳафт-ҳашт сол бо устод кор кардам ва бисёр чизҳоро аз он кас омӯхтам. Ҳам интихоби матн, ҳам тарзи сурудхонӣ, ҳам одамгарӣ, ҳам мардигариро аз устоди шодравон омӯхтам. Аз 25 солагиам то вафоташон дар тарбияи он кас будам. Сад афсӯс ки устод нестанд имрӯз. Баъд мутаассифона, ин ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқӯъ пайваст ва бародари ҷонии ман Кароматуллоҳи Қурбон кушта шуд. Баъди ба шаҳодат расидани Кароматуллоҳ маро ба ансамбли эстрадии «Гулшан» даъват карданд. То тавонистем «Гулшан»-и мусиқии тоҷикро сабзу хуррам нигоҳ доштем ва дасти ҷавонони имрӯза додем.

Субхони СаидЗамона хеле замонаи мушкил буд. Бисёриҳо тарки пешаву диёр карданд. Ба дигар кор гузаштанду аз Ватан берун шуданд. Мо дар ҳамон солҳои мушкил бо ҳамон созҳои мусиқӣ зидди силоҳу ҷаҳолат истодагарӣ кардем. Агар ҷанг бало бошад, мо дар даруни бало будем. Садои созро муқобили садои тир гузоштем. Мо ҳам дар маъракаҳои ҳукуматӣ хизмат мекардем ва ҳам дар маъракаҳои мардум. Ба як қавл бепул хизмат мекардем. Имрӯз ман ин суханҳоро на барои миннат кардан мегӯям.

Вале мутаассифона имрӯз, ки дар ин ҳол гирифтор шудем касе моро ба гӯшаи хотираш намеорад. Чандин вазири фарҳанг иваз шуд, вале моро касе аз онҳо ба ёд наовард. Ин рӯзҳо ҳам мегузаранд. Дунё ба умед аст. Шояд дар оянда вазире ёфт шавад, ки аз мо низ хабар бигирад. Баъзеҳо, ки имрӯз аз минбарҳо сухан мегӯянд, дар он солҳои душвор дар куҷо буданд? Раҳмат ба ҷаноби олӣ, ки мамлакатро осудаву обод кард.

-Шумо дар ҳамон солҳо азҷумлаи он ҳофизони камшуморе будед, ки дар сурудҳояшон мардумро ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ба қатъи ҷангу куштор даъват мекарданд. Масалан суруди «Гӯйед ба наврӯз, ки имсол наояд»-ро бар маттни шоири машҳури форсу тоҷик устод Халилуллоҳи Халилӣ шумо ҳамон солҳо хондаед. Оё мушкилӣ пеш намеовард хондани чунин сурудҳо?

-Чаро? Душвор буд. Мушкилот низ буд, вале касе бояд он рӯзҳо чунин сурудҳоро низ мехонд. Зеро дар ҷомеъа мардум бештар хоҳони қатъи ҷанг буданд. Ҷанг бадбахтиҳои зиёдеро дар пай дошт. Сайидо гӯё барои чунин як даврае ин ғазалашро гуфта бошад:

Фасли хазон расид зи гулҳо асар намонд,

Аз булбулон ба боғ ба ҷуз болу пар намонд.

Кардем умри хеш чу назар сарфи рангу бӯ,

Зоди раҳе, ки буд барои сафар намонд.

Канъон супурд Юсуфи худро ба дасти гург,

Дигар муҳаббати писар бар падар намонд.

Лабрез шуд зи ҷӯши гадо кӯчаҳои шаҳр,

Чандон, ки бар насим талоши гузар намонд.

Сарҳои гармро бояд ба дарёи андеша ғӯтавар месохтем. Мо ҳофизон сулҳу оромиро мехоҳем. Тӯю тамошоро мехоҳем. Танҳо дар ҳамон сурат матои тиҷорати мо- суруду тарона бозоргир мешавад. Ман он шаб дар шаҳдрези ҳамон суруд байтҳои зеринро мехондам:

Эй ҳамватанон, миллати ман хор шудаст,

Айби дигарон ба гарданаш бор шудаст.

Э ҳамнафасон санги ғазабро шиканед,

Хоки ватанам зи мурда безор шудаст.

Намедонам матни ин шаҳдрез моли кӣ буд. Шояд аз марҳум устод Сафармуҳаммади Аюбӣ бошад. Вале матни шеъри устод Халилуллоҳи Халилиро ман солҳои 1991-1991 аз китоби як дӯсти афғонам навишта гирифта будам. Матни он ба ман хеле писанд омада буд. Онро ҳамон вақт азёд карда будам. Ҳамеша вирди забонам буд. Аммо ҷуръат намекардам, ки барояш оҳанге бисозам. Баҳори соли 1993 буд. Дар яке аз деҳаҳои ноҳияи Ҳисор ба тӯе даъват шудам. Аз ман хоҳиш карданд, ки суруд бихонам.

Намедонам барои чӣ, шояд барои он бошад, ки силоҳбадастони зиёде маст дар ин тӯй машғули рақсу бозӣ буданду дар ҳамин вақт дар як гӯшаи деҳа модари зоре марги навраси ҳаждаҳсолаашро нола мекард, ки он лаҳза ба ёди ман матни ҳамон ғазали машҳури устод Халилуллоҳи Халилӣ омад. Мисли як бӯе, ки аз гули навшукуфта ба машом мерасад, аз ғайб оҳанги ин суруд бароям ҳидоят шуд. Ҳамин қадар кардам, ки ба доира ва таблнавозон ритми оҳангро фаҳмондам. Тамом. Дигар шурӯъ кардам ба хондани шаҳд ва баъди он оғоз кардам ба сурудани тарона:

Гӯед ба Наврӯз, ки имсол наояд,

Дар кишвари хунинкафанон раҳ накушояд.

Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд,

Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд.

Хун мечакад аз хоки шаҳидони Ватан вой!

Ай войи Ватан, войи Ватан, войи Ватан, вой!

Дар назарам ҳама мардуми ҷамъомада, ки ба рақсу бозӣ омодагӣ мегирифтанд, яку як бора хомӯш шуданд. Ҳатто аз хӯрдан боз монданду ба ман гӯш мекарданд… Барои ин суруд на танҳо он шаб, балки рӯзҳои дигар низ маро танбеҳ доданд. Гуфтанд, ки вақту соат ва ҷои хондани ин хел сурудҳоро бояд донам…

-Ва аммо барои ин сурудатон баъди ҷанг таъриф ҳам шунидед.

-Бале, устод ин Шумо будед, ки дар бораи мо мақола навиштед, аз ин кори мо, аз ин суруди мо ба некӣ ёд кардед. Дар радио ҳам ин нуктаро таъкид кардед. Раҳмат ба Шумо.

-Намеарзад, Субҳонҷон. Ин кори мо, вазифаи мо журналистон ҳаст. Кори хубу некро бояд ташвиқ кунем. Амали бадро танқид кунем. Хуб, баргардем ба мавзӯи сӯҳбат. Оқибат чӣ шуд, ки Шумо аз ансамбли «Гулшан» рафтед?

-Сабаби асосиаш беморӣ буд. Ба дарде гирифтор шудам, ки ноилоҷ пизишкон бояд поямро мебуриданд. Найчаҳои рагҳои хунгарди пойҳоям маҳкам шуданд. Рагҳо дигар хунро намегузарониданд. Вақте хун дар рагҳо аз ҳаракат мемонад, гӯшту пӯсти ҳамон мавзеъ дигар сиёҳ шуда вайрон мешаванд. Табибони мо то ҳол дармони ин бемориро пайдо накардаанд. Мегӯянд дар Амрико ҳастанд духтуроне, ки ҳамон найчаҳои пуршудаи хунгардро тоза карда метавонистаанд. Аммо ин ҷарроҳӣ қиммати гароне то 100 ҳазор доллар доштааст.

Мутаассифона, ману хешу ақрабоям чунин маблағро надорем. Барои ҳамин ҳам ҳар боре, ки рагҳои хунгард дар пойҳоям маҳкам шуда дигар хунро намегузаронидагӣ мешуданд ва захми пойҳоям ғайриқобили табобат мешуд, духтурон наҷоти ҷони маро дар қатъ кардани қисми азкорбаомадаи поям медиданд. Ҳамин тариқ, чӣ тавре, ки мебинед, пойи ростам аз зону боло ва инчунин панҷаҳои пойи чапам бурида шуданд. Имрӯз ҳам дарди ҷонкоҳеро дар ҷойи буридашудаи пойи чапам эҳсос мекунам. Аз сӯзиши дард шабҳо хоб надорам. Худоро шукр мегӯям бо ин ҳам дарду ранҷаш. Ҳазорон бор шукр, ки боз зиндаву ба умед зиндагонӣ мекунам. Як сол боз ба тӯйҳо низ ба ҳайси сароянда нарафтаам.



Шарҳҳо   

 
-2 #5 RE: ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?Guest 08.01.2012 18:00
ман хам ба монанди бародарони дар боло кайд карад мухлиси Субхои Саид хастам аз овони чавони то ба хол ман сурудхои ин шахси муътабарро гуш мекунам ! хама сурудхои сароидаи Субхони Саид аз чумлаи мазмун ва кофия дар дарачаи оли хастанд . ман ба устод Субхони Саид умри дароз ва сихтии саломати бардавом орзу дорам !
 
 
0 #4 RE: ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?Guest 28.11.2011 00:57
Ман Манучехр Давлатов мебошам аз н Хисор ба устод С Саид чи гуфтани хастам!гуфтаниа м ки устод хамеша дар сахнаи точик дастболо бошан ва хохиши онро дорам ки ягонвакт овози булбулонаашон хаста нагардад.Дар ин хусус чунин гуфтаниам ки Саёд Амиршо ва Сорбон ки чигарбандони ин шахси бомахорату маъруф хастанд мисли падари худ машхур ва маъруф на дар Точикистон балки дар тамоми чахон бошанд!
 
 
+3 #3 Guest 25.11.2011 23:26
Ман мухлиси устод Субхони Саид хастам ман хамавакт сурудхои устодро гуш мекунам натанхо ман балки тамоми авлоди ман сурудхои устод Субхони Саидро гуш мекунанд.Ман як таго дорам у низ сароянда аст у мехонад мегуи ки устод хондаистодааст у дар як туй бо устод Субхони Саид вохурдабуд шояд шиносанд туй дар нохияи варзоб дехаи чормагзакон барпо шудабуд аз даргохи Худованд талабгор хастам ки устод тезтар шифо ёбанду боз дар туйу маъракахо иштирок кунанд.
 
 
+7 #2 Guest 16.04.2011 19:31
Дуруд ба хама!Бехад ташакури ба он марде,ки имруз ин сухбатро бо бародар Субхони Саид кардааст.Бовар кунед ман дах бор аз газетахои Точик хохишу дархост доштам накарданд.Имруз хаёту зиндагии устоз ба ман муайян шуд.Хеле гамгин шудам аз он,ки устоз то ба ин хол расидаанд аммо аз вазорати фарханг ё ба ин монанд болоихо кумаке карда нашудааст.Ман худ Узбакистониям.Т амоми сурудхои бародар Субхонро аз ёд медонам. Аз маънояш ва мусикааш халоват мебарам. Мусикаву маънои сурудхои устоз на ба монанди аксар сарояндагон кучабогиян.Худо ванд ба Шумо бехбудиву саломати ва хушхоливу тансихатиро дихад ва гуфтаниам.

Агар чуям тамоми ин чахон мислат нахохам ёфт,
Агар чуям замину осмон мислат нахохам ёфт.
Хазорон ташнакому ташнагон чун ман меёби,
Вале ман ташнакому ташнагон мислат нахохам ёфт.

Худованд нигахдоратон бошад!!!!
Сайф.
 
 
+6 #1 RE: ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?Guest 07.04.2011 17:32
ман як мухлиси устод Субхони Саид хастам таронахои худаш ва фарзандашро доимо гуш мекунам. бештар суруди Модар-ро ки бисёр оличаноб хонда шудааст гуш мекунам ва хар гохе сурудро гуш мекунам аз даргохи Худованд барои устод пеш аз хама саломати талаб мекунам. Парвардигоро устоди мо Субхони Саидро шифои комил насиб гардони! мо хамеша интизори суруди нав аз устод хастем
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi