01:45:53 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?

-Зиндагониатон аз ҳисоби чӣ ҳаст? Кӯмакпулӣ барои маъюбӣ мегиред? Ягон ниҳоде, касе ба Шумо кӯмак мерасонад?

- Ҳанӯз аз ниҳоде ва ё идорае кӯмак нагирифтаам. Асноди даркориро барои гирифтани кӯмакпулии маъюбӣ омода сохта истодаам. Баъзе бародарони савобҷӯ ҳастанд, ки ба ман кӯмак мерасонанд. Бисту ҳашт соли ҳаёти худро ман ба ҳунари мусиқии тоҷик бахшидам. Ҳарчӣ аз дастам омад барои рушди мусиқии миллатам хизмат кардам. Барои хизматҳоям дар вақташ подоше низ талаб накардам. Ҷавон будам, тавонманд будам, фикри фардоямро накардам, афсӯс.

Ман на унвон дорам на ягон имтиёз. Имрӯз ман овозхонеро медонам, ки ҳатто як рӯз дар чаҳорчӯбаи вазорати фарҳанг фаъолияти корӣ надорад, вале ба ӯ унвони «Артисти хизматнишондодаи ҷумҳурӣ»-ро додаанд. Овозхонеро медонам, ки барои як суруд соҳиби хона шуд. Мо 28 сол хизмат кардем, иҷоранишин ҳастем. Тӯли чанд соле, ки бемор будам, вазир он тараф истад, як корманди оддии вазорати фарҳанг дарамро ба мақсади аёдат накӯфтааст, ҳоло кӯмак кардан он тараф истад. Ҳатто як роҳбари ноҳияи Ҳисор, ки ман аз он ҷо ҳастам, аз аҳволам хабар нагирифтааст. Дар замонаш ҳамчун солисти филармония ва баъдҳо ҳамчун раҳбари бадеии ансамбли овозадори «Гулшан» ман тамоми навоҳии республикаро гаштам.

Аз соли 1995 то соли 2005 ман роҳбари «Гулшан» будам. Дар он замонҳо мо таҷҳизоти заруриро созҳоро қариб, ки аз ҳисоби худ мехаридем ва таъмир мекардем. Мақсад ҳамин, ки консертҳо дар вақташ барпо шаванд. Дар ҳама ҷо консертҳои мо дар ҳолати аншлаг мегузаштанд. Даромадҳои зиёде овардем ба давлат. Сафарҳое ба кишварҳои хориҷа доштем. Вале мутаассифона, ин ҳама дар гузашта монданд ва касе аз онҳо ёд кардан намехоҳад. Ман хона талаб накардам. Ман унвон талаб накардам. Вақте, ки ба ин беморӣ гирифтор шудам, аз ман талаб карданд, ки вазифаро супорам. Зеро онҳо имкони ба одами бемор маош додан надоранд.

-Оё Шумо баъди он ки ба касалӣ гирифтор шудед, боре ҳам бо мактуб ё шахсан рафта ба вазорати фарҳанг муроҷиат кардед, ки ба Шумо кӯмак расонанд?

-Ман дар матбуот дар ин бора гуфтам. Дар мусоҳибаҳоям дар чанд ҳафтанома аз ин бобат сухан гуфтам. Вале, мутаассифона, касе аз вазорати фарҳанг ба ин гапҳои ман вокунише нишон надод. Тамоми Тоҷикистон медонад.

-Ҳазор афсӯс, ки аз по маҳрум шудед, вале шукри Худои бузург, ки дасту панҷа, тани сиҳат ва барои овозхон хеле муҳим садои қавӣ доред. Оё имрӯз суруду тарона эҷод мекунед ва мехонед?

- Бале, шукри Худо, ки тани сиҳату дасту панҷаи қавӣ дорам. Ин ба ман имкон медиҳад, ки суруду оҳангҳои нав эҷод кунам. Ёри дамсози ман ин дам ҳамин синтезатор шудааст, ки ҳини омадани Шумо ман бо таъмири он машғул будам. Гоҳ –гоҳ торамро низ ба даст гирифта суруд мехонам. Рости гап, суруду оҳангҳои зиёде эҷод кардам. Вале онҳоро ҳанӯз сабт нанамудаам. На радио, на телевизион дар фикри мо нестанд.

Намедонам чӣ гуноҳ кардем, ки ҳатто дар телевизион моро нишон намедиҳанд. Масъулини ин идораҳо дар фикри онҳое ҳастанд, ки маблағи калон доранд. Маро охирин бор дар телевизон қариб даҳ сол сабт карданд ва намоиш доданд. Ҳамон вақт режиссер як зани рус буд. Баъд вақте, ки Фурқат он ҷо кор мекард як сурудамро сабт карданд. Барои дар ягон студияи хусусӣ сабт кардан маблағ даркор аст. Ман имрӯз базӯр маблағе меёбам, ки бо он доруворӣ бихарам.

Умеди ман имрӯз танҳо ба фарзандони худам ҳаст. Шаш писарам дорам. Сайёд аллакай дар байни ҷавонон маъруф аст. Овозхонӣ мекунад. Амиршоҳ писарам овозхон ҳаст, овози хуб дорад. Ҷамшедҷон тавлак мезанад. Ҳаминҳо агар маро дастгирӣ накунанд, номи маро набардоранд, дигар касе ин корро накард.

-Субҳонҷон, ноумед нашавед. Оянда боз, иншоаллоҳ, хубтар хоҳад шуд.

-Не устод, аз ин зиндагонӣ барои ман марг беҳтар аст. Вале неъмати Худовандиро ношукрӣ намекунам. Бо мушкилот бошад ҳам зиндагонӣ мекунам. Ин зиндагониро бо ҳамин бешу камияш қабул дорам.

-Шумо оиладор ҳастед?

- Ман ду бор оиладор шудам. Феълан муҷаррадам. Аз ҳарду оилаам ҷудо шудам.

-Сабабаш чӣ буд?

-Сабабаш рашк аст. Рашки зани санъаткор истеъдоди санъаткорро мекушад. Санъаткор рӯҳан маҳв мешавад. Дар ҷавонӣ ҳар кор шуданаш мумкин аст. Имрӯз дар хонаи ҳар як санъаткор рашк як чизи муқаррарӣ ҳаст.

-Бояд санъаткор тарзе рафтор кунад, ки барои рашк кардан ба завҷааш дигар баҳона боқӣ намонад. Мо чунин фикр дорем.

-Намешавад. Масалан ҳамин ситораи овозхонҳои имрӯзи тоҷик Садриддини Наҷмиддинро бигирем аз ҷумлаи занон садҳо мухлис дорад. Дар консертҳо сари роҳи онҳоро касе гирифта наметавонад. Ба саҳна баромада гул медиҳанд, ҳатто ғайричашмдошти овозхон ӯро мебӯсанд. Боварӣ дорам, ки инро занаш дида рашк мекунад.

-Ба фикри мо агар овозхон бихоҳад, дар ҳама ҳолат мухлисони ҳақиқиаш, содиқаш табъи дили ӯ рафтор хоҳанд кард. Ё худ ҳангоме, ки бонуе талош мекунад, ки чунин як амали барои миллати мусалмони тоҷик ғайриқобили қабулро дар саҳна нисбати овозхон анҷом бидиҳад, агар овозхон нагузорад ва ё садди роҳи ӯ шавад, аз як сӯ қадру қиммати овозхон дар назди дигар мухлисон ва ҷомеъа меафзояд, аз сӯйи дигар мавриди қаҳру итоби завҷааш қарор намегирад.

-Хуб, ҳамин рашк буд, ки даҳ сол боз ман аз оилаи дуюмам низ ҷудо шудам. Аз зани аввал як фарзанд ва аз зани дуввум панҷ фарзанд дорам. Ҳамаашон писар ҳастанд. Шукри Худои бузург, ки ҳама бо ман ҳастанд. Дар паҳлӯи мананд. Умеди ман имрӯз танҳо ба фарзандони худам ҳаст. Сайёд аллакай дар байни ҷавонон маъруф аст. Овозхонӣ мекунад. Амиршоҳ низ овозхон ҳаст, овози хуб дорад. Ҷамшедҷон тавлак мезанад. Ҳаминҳо агар маро дастгирӣ накунанд, номи маро набардоранд, дигар касе ин корро накард.

-Дар байни овозхонҳои ҷавону маъруф шояд шогирдони Шумо ҳам бошанд?

-Бале, устод. Шогирди ман Фурқат Саидов, роҳбари як ансамбли бонуфузи давлатии ҷумҳурӣ «Шашмақом», як шогирди дигар бо номи Баҳром, роҳбари бадеии ансамбли эстрадии «Гулшан» мебошад. Бобоҷони Шаҳзод, Садриддини Наҷмиддин, Баҳроми Ғафурӣ, ҷояш ҷаннат шавад Сӯҳроби Сафарзод, Сӯҳроби Маҳмуд инҳо ҳама худро аз шогирдони мо медонанд. Мо ҳама аз мактаби Аҳмад Зоҳир ҳастем. Аммо бояд бигӯям, ки ман танҳо бо мактаби Аҳмад Зоҳир иктифо накардаам. Ман аз мактаби устод Зафар Нозим бохабар ҳастам. Аз мактаби устодон Ҷӯрабек Муродов, Тоҷиддин Муҳиддинов, Қароматуллоҳ Қурбонов бархурдор шудаам. Мусиқии классикиро омӯхтам, оҳангҳои фолклориро омӯхтам ва бо истифода аз ҳамаи ин мактабҳо шеваву роҳи худро дар ҳунари мусиқӣ пеш гирифтам.

-Овозхонҳои ҷавони имрӯз аз овозхонҳои даврони Шумо чӣ фарқ доранд?

Ҷавонони имрӯз аксаран дар мавзӯи ишқ суруд мехонанд. Матни интихобнамудаи сурудҳои онҳо аксаран каммаънӣ ва мантиқан хароб мебошад. Ман ба онҳо тавсия медиҳам, ки агар дар бораи ишқ хонданӣ бошанд Ҳилолиро бихонанд. Ҳилолиро аз ёд кунад. Ба Сайидо рӯ биёранд. Камоли Хуҷандӣ, Хусрави Деҳлавиро омӯзанд. Ман худам қариб ҳамаи шоирони классик шеър азёд медонам. Ҳеҷ надонам ҳар кадомаш ду мисраъ медонам.

Масалан дирӯз девони Камолро гирифтаму ин ғазалеро хондам. Ана ин байтҳо дар лавҳи хотирам нақш бастанд:

Аз бод сари зулфат як рӯз парешон шуд,

Ҷону сари мискинон дар пойи ту резон шуд.

Ҳоли дили худ гуфтам бо чорагари дарде,

Бечора ба ҳоли худ оҳе заду гирён шуд.

Мегуфт Камол аз май дорам ҳаваси тавба,

Чун дид рухи соқӣ аз гуфта пушаймон шуд.

-Мешавад, ки барои мо бо ягон асбоби мусиқӣ суруде бихонед?

-Ман дар вақтҳои холӣ аз дарду ғам ҳамин торамро гирифта кам-кам суруд мехонам. Ба наздикӣ бар матни мухаммаси як шоир хуби ҳисорӣ Шералии Табарзод, ки бо тахаллуси Шаҳонӣ шеър мегӯяд ва худаш муаллим аст, таронае эҷод кардам, ки ҳоло як қисмати онро ба Шумо мехонам. (Суруд мехонад).

 -Вазъи овозхонҳоро дар кишвар имрӯз чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

-Аҳволи овозхонҳо хеле душвор шуда истодааст. Масалан ба тӯйҳо мардум асосан онҳоеро даъват мекунад, ки сурудҳои мазмунан паст мехонанд ва барои овардани онҳо ба додани 1500 доллар ҳам розӣ мешаванд. Вале вақте, ки як овозхони сурудҳои ҷиддӣ дошта барои хизмат дар як тӯй ҳамагӣ 300 доллар талаб мекунад, мегӯянд, ки ин қиммат аст. Аз сӯйи дигар андозҳои муайяншуда барои овозхонҳо ба назари ман хеле гаронанд. 450 сомонӣ барои як овозхон ва 250 сомонӣ барои як мутриб. Ҳар моҳ супоридани ин маблағ барои овозхоне, ки ба тӯйҳо кам даъват мешавад, хеле мушкил аст.

Дар давраи шӯравӣ аз консертҳои намоишдодаамон пул мегирифтем. Аз баромадҳо дар телевизион пул мегирифтем. Танқисии маблағро эҳсос намекардем. Имрӯз дар тамоми кишварҳои хориҷӣ ҳамин хел ҳаст. Ба овозхонҳо пул медиҳанд барои консертҳояшон, барои дар телевизион хонданашон. Дар мо баръакси инро мебинем. Пул диҳӣ дар телевизион туро нишон медиҳанд. Надиҳӣ не. Андозро мегиранд саривақт вале шароити корро муҳайё намесозанд. Навозанда агар шабу рӯ машқ накунад устод намешавад, бе фалш навохта наметавонад.

Барои пайваста машқ кардан шароит муҳайё сохтан лозим аст. Маоши хуб лозим аст. Бо як соату ду соати репетитсия кор пеш намеравад. Як мусиқачӣ қариб дар панҷ ҷо кор мекунад. Масалан як саксафонист дар чанд ҷо кор мекунаду дарс медиҳад. Зеро аз чанд ҷо маоши кам-камак мегирад. Агар дар як ҷо маоши хуб гирад шояд маҳорати худро сайқал дода тавонад ва ҳам маҳсулоти хуб пешкаш намояд. Дар муқоиса бо ҳунармандони соҳаи мусиқии дигар кишварҳо ҳунармандони мо асло дар фикри харидани мошинҳои қиммат ва сохтани қасру кӯшкҳо нестанд.

-Субҳонҷон, дар байни мардум овозаҳое ҳаст, ки баъзе аз овозхонҳои соҳибистеъдоди мо ба истеъмоли маводи мухаддир дода шудаанд. Ҳатто сабаби марги бархе аз онҳоро дар истеъмоли аз ҳад зиёди маводи мухаддир медонанд. Сабаб чист, ки ҷавонони боистеъдоди мо ба чунин амали зишт ва бад даст мезананд? Охир онҳо қариб ҳама чизро доранд. Балки зиёдтар аз дигар бандаҳои Худо доранд. Истеъдод ин неъмати Худовандист. Ба мисли ҳамон неъмати дидан, неъмати шунидан, неъмати сухан гуфтан, ки қариб барои ҳар як бандааш Худованд додааст, соҳибистеъдод будан низ як неъмат аст.

Вале неъмати истеъдод доштан дар ин ё он касбро Худованди бузург танҳо ба бандагони баргузидааш медиҳад. Ба ҳама намедиҳад. Ҳар як овозхони боистеъдод ҳам бандаи назаркардаи Худованд ҳаст. Аз ин рӯ ман фикр мекунам, ки ӯ бояд истеъдодашро хор накарда шукронаи додаи Худо онро дар роҳи хизмат ба мардум истифода намояд. Вале мо гоҳҳо баръакси инро мушоҳида мекунем, ки оқибаташ пеш аз ҳама барои соҳибони истеъдод фоҷиабор аст. Ба маводи мухаддир даст задани ҷавони соҳибистеъдод нишонаи олии ношукрӣ кардан ба ин неъмати Худовандист. Худоро аз ин ношукрӣ хуш намеояд.

ӣ ҷои пинҳон. Замоне низ ман ба ҳамин амали зишт даст зада будам. Имрӯз сад шукри Худовандӣ, ки дар худ тавоне пайдо кардам, ки ин одати бадро канор бигузорам. Ва аммо чаро ҷавонони мо ба ин кори бад даст мезананд? Аз он рӯзе, ки шумораи дискоклубҳову дискотекаҳо дар мо зиёд шуданд, талабот ба овозхонҳое, ки бояд дар ин ҷоҳо зинда ҳунарнамоӣ кунанд, низ афзудааст. Ман худам дар ин ҷойҳо набудам. Вале аз нафарҳои огаҳ бисёр шунидаам, ки ҷавонони боистеъдоди мо барои дарёфти маблағи муайяне ба ин даргоҳҳо мераванд, соатҳои дароз сурудхонӣ мекунад.

Гӯё дар зимн ба хотири рафъи хастагӣ ба истеъмоли маводҳои нашъаовар, ки дар ин муассисаҳо ёфтанашон кори чандон душвор нест, низ даст мезананд. Ман фикр мекунам, ки дар нашъаманд шудани бархе аз овозхонҳои боистеъдоди мо қочоқчиёну паҳнкунандагони маводи мухаддир пеш аз ҳама ҳавасманд ҳастанд. Ба фикрам агар хато накунам, режиссёри машҳури рус Станиславский ҳунармандони асилро ба кӯдак ташбеҳ дода буд. «Ҳунармандони асил мисли кӯдаконанд. Кӯдаконро фиреб додан чӣ осон аст». Онҳо (қочоқчиён ва фурӯшандаҳои маводи мухаддир)дониста ҳунармандони боистеъдоди ҷавонро дар ин кор «шинонданд» ё «мешинонанд».

Дигар худатон бифаҳмед, ки барои чӣ ин корро мекунанд. Нафарҳоеро, ки аз ҳисоби маводи мухаддир пул кор мекунанд, онҳоро қапида шинондан даркор аст. Ҳамон таблеткаҳоро фикр намекунам, ки дар ҳамин ҷо истеҳсол мекарда бошанд. Ҳатман онҳоро аз хориҷа меоранд. Чаро аз сарҳад ин чизҳоро мегузаронанд? Чаро моро ҳифз намекунанд аз воридшавии ҳамин гуна доруҳои ба тадриҷкушанда? Аз мо андозсупорандаҳо пулро мегиранд, вале чаро вазифаи худро ҳалолу мунсифона иҷро намекунанд? Ҷаноби олӣ Президенти кишвар тамоми ҳуқуқу имконият ва шароитро барои мақомоти дахлдор муҳайё кардааст.

Фармудааст, ки бо ин падидаи номатлуб муборизаи беамон бурда шавад. Чаро онҳо вазифаҳои ҷонии хешро иҷро намекунанд? Ҳамаи гапро танҳо дар сари овозхони ҷавон бор кардан риояи инсоф нест. Ин ҷо мо боз бармегардем ба сари ҳамон маблағ. Овозхон агар маоше медошт, ки барои рӯзгузарониаш басӣ мекард ва ё басӣ кунад, шояд ба дискотекаҳо намерафт ва ё намеравад ва дар он ҷо ба чанголи наркобаронҳо намеафтид ва ё намеафтад. Барои овозхонҳои боистеъдод имрӯз пул даркор аст, ки барояш матни суруд эҷод кунанд, оҳанг эҷод кунанд, барои навозандаҳои хубро ҷалб кардан пул даркор аст, барои дар студияи хуб сабт кардани суруд пул даркор аст, барои видеоклип кардан пул даркор аст… Ҳатто барои консерт доир кардан ва онро аз тариқи телевизион намоиш додан пул даркор аст.

Барои ҳамин ҳам бархе аз овозхонҳои боистеъдод барои дарёфти маблағ ба ҳамин дискотекаҳо мераванд ва оқибат ба ҳамин касалиҳо гирифтор мешаванд. Барои он ки нофаҳмиҳо нашавад мегӯям, ки на дар ҳамаи дискотекаҳо чунин аҳвол аст.

-Ба фикри Шумо овозхонҳои ҷавони имрӯз чӣ кор бояд кунанд, ки дар даврони миёнсоливу пиронсолӣ чунин мушкилотеро, ки Шумо доред, аз сар нагузаронанд? Ба онҳо чӣ гуфтанӣ доред?

- Ба онҳое, ки дар ҳақиқат истеъдод доранд, гуфтаниям, ки бо вуҷуди мушкилоти рӯзгор барои равнақи ҳунари худ бисёр заҳмат кашанд. Онҳое, ки имрӯз соҳиби пул ҳастанд ва ё афроди кӯмаккунанда доранд, ҳатман пеш хоҳанд рафт. Вале онҳое, ки истеъдод доранду аммо дастгире не, рӯҳафтода нашаванд, Воқеан баромади қариб ҳамаи соҳибистеъдодҳо аз оилаҳои камбизоат аст, аз деҳот ҳастанд.

Ин афрод бояд омӯзанд, аз болои худ кор кунанд, пайваста машқ кунанд. Аз ин балои аср-маводи мухаддир дурӣ ҷӯянд. Худо хоҳад ба комёбиҳо ноил хоҳанд шуд. Матои асл ҳамеша харидор дорад. Махсусан дар ҳунари мусиқӣ. Имрӯз имкониятҳои дар ҷаҳон муаррифӣ шудан бештар шудааст. Марзҳо қариб ки боз ҳастанд. Дигар эрониҳову афғонҳо низ харидорӣ ҳунари мусиқии тоҷик шудаанд. Танҳо заҳмат кашидану аз болои худ кор кардан натиҷаи мусбат хоҳад дод.

Мусоҳиб Султони Ҳамад, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
-2 #5 RE: ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?Guest 08.01.2012 18:00
ман хам ба монанди бародарони дар боло кайд карад мухлиси Субхои Саид хастам аз овони чавони то ба хол ман сурудхои ин шахси муътабарро гуш мекунам ! хама сурудхои сароидаи Субхони Саид аз чумлаи мазмун ва кофия дар дарачаи оли хастанд . ман ба устод Субхони Саид умри дароз ва сихтии саломати бардавом орзу дорам !
 
 
0 #4 RE: ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?Guest 28.11.2011 00:57
Ман Манучехр Давлатов мебошам аз н Хисор ба устод С Саид чи гуфтани хастам!гуфтаниа м ки устод хамеша дар сахнаи точик дастболо бошан ва хохиши онро дорам ки ягонвакт овози булбулонаашон хаста нагардад.Дар ин хусус чунин гуфтаниам ки Саёд Амиршо ва Сорбон ки чигарбандони ин шахси бомахорату маъруф хастанд мисли падари худ машхур ва маъруф на дар Точикистон балки дар тамоми чахон бошанд!
 
 
+3 #3 Guest 25.11.2011 23:26
Ман мухлиси устод Субхони Саид хастам ман хамавакт сурудхои устодро гуш мекунам натанхо ман балки тамоми авлоди ман сурудхои устод Субхони Саидро гуш мекунанд.Ман як таго дорам у низ сароянда аст у мехонад мегуи ки устод хондаистодааст у дар як туй бо устод Субхони Саид вохурдабуд шояд шиносанд туй дар нохияи варзоб дехаи чормагзакон барпо шудабуд аз даргохи Худованд талабгор хастам ки устод тезтар шифо ёбанду боз дар туйу маъракахо иштирок кунанд.
 
 
+7 #2 Guest 16.04.2011 19:31
Дуруд ба хама!Бехад ташакури ба он марде,ки имруз ин сухбатро бо бародар Субхони Саид кардааст.Бовар кунед ман дах бор аз газетахои Точик хохишу дархост доштам накарданд.Имруз хаёту зиндагии устоз ба ман муайян шуд.Хеле гамгин шудам аз он,ки устоз то ба ин хол расидаанд аммо аз вазорати фарханг ё ба ин монанд болоихо кумаке карда нашудааст.Ман худ Узбакистониям.Т амоми сурудхои бародар Субхонро аз ёд медонам. Аз маънояш ва мусикааш халоват мебарам. Мусикаву маънои сурудхои устоз на ба монанди аксар сарояндагон кучабогиян.Худо ванд ба Шумо бехбудиву саломати ва хушхоливу тансихатиро дихад ва гуфтаниам.

Агар чуям тамоми ин чахон мислат нахохам ёфт,
Агар чуям замину осмон мислат нахохам ёфт.
Хазорон ташнакому ташнагон чун ман меёби,
Вале ман ташнакому ташнагон мислат нахохам ёфт.

Худованд нигахдоратон бошад!!!!
Сайф.
 
 
+6 #1 RE: ДАР НАШЪАМАНД ШУДАНИ ОВОЗХОНҲО КИҲО ҲАВАСМАНДАНД?Guest 07.04.2011 17:32
ман як мухлиси устод Субхони Саид хастам таронахои худаш ва фарзандашро доимо гуш мекунам. бештар суруди Модар-ро ки бисёр оличаноб хонда шудааст гуш мекунам ва хар гохе сурудро гуш мекунам аз даргохи Худованд барои устод пеш аз хама саломати талаб мекунам. Парвардигоро устоди мо Субхони Саидро шифои комил насиб гардони! мо хамеша интизори суруди нав аз устод хастем
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi