22:23:35 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ЗАБОНИ ЯК ТАМАДДУН; ФОРСӢ ЗИНДА АСТ

Дар миёни забонҳое, ки ҳофиз ва пешбарандаи тамаддуни башарӣ будаанд, забони форсӣ ҷойгоҳи вижае дорад. Ҳарчанд мумкин аст фазилате маҳсуб нашавад, синну соли ин забон нисбат ба забонҳои дигаре, ки дар даврони муъосир иқболи "ҷаҳонӣ шудан" ёфтаанд, басе тӯлонитар ва пурбортар аст.

persian

Осори мактуб дар заминаҳои гуногун, ки дороӣ ва мояи ҳар фарҳанге шумурда мешавад, забони форсиро эътиборе дигар бахшида. Шеър ва адабиёт, ки бистари таъолии ҳар забонест ва ҳудуди такомули забонро бо ин санҷа метавон ба некӣ санҷид, дар забони форсӣ аз ҳар ҳавзаи дигаре рангинтару сангинтар аст.

Ин вижагӣ ва албатта бисёр қобилиятҳои нуҳуфта ва нагуфтаи дигар марбут ба куллияти ин забон мешавад ва маҳсули як қарн ё як ҳазора нест; куллиятест, ки самараи вуҷуди ҳамаи ононест, ки бо вуҷуди набуди як ҳукумати мутамаркизи забонӣ, бо ин забон зиндагӣ мекардаанд ва меандешидаанд, пеш аз он ки ҷуғрофиёе ба номи "кишварҳои форсизабон" вуҷуд дошта бошад.

Дар замонаи мо, аммо қабули воқеъият, ифтироқи (ҷудоӣ) байни кишварҳои форсизабон худ таъйиди ин ҳақиқат аст, ки ҳар кадом аз ин кишварҳо, бо таваҷҷуҳ ба равобити таърифшуда ва марзбандиҳои сиёсии ҷаҳони нав, масолеҳи хешро бар масоили кишварҳои дигар риҷҳон (бартарӣ) медиҳанд; гарчи аз нуқтаи назари манофеъи ҳар кишвар ин коре дуруст ва мантиқӣ низ ҳаст.

Ба гувоҳи шавоҳиди таърихӣ, сиёсатҳои кишварҳои қудратманди ҷаҳонӣ ҳам дар ин ду сада чунон рақам хӯрда, ки ҳувияти забонии форсӣ, ки хусусияте байнулқавмӣ дорад, яке аз бузургтарин мавонеъ дар баробари тавсеъаталабии онҳо будааст. Чораи мушкил низ ҷойгузин кардани ҳувиятҳои ҷудоиталаби қавмӣ-мазҳабӣ ва барҷаста карданашон ба ҷои ҳувияти ваҳдатгарои забонӣ будааст.

Ҳамаи инҳо дар шаклгирии ин кишварҳои мустақил ва албатта дур шуданашон аз ҳам ба баҳои қурбонӣ шудани забони форсӣ, ки пайванддиҳандаи ҳувиятҳои онҳост, нақши муҳиме доштааст. То ҷое, ки он чи ки ваҷҳаи ягонагии бошандагони ин кишварҳо дар гузашта буда, акнун ба лиҳозе худ нишони парокандагист. Ба пиндори ман истилоҳи кишварҳои форсизабон, бахусус замоне ки тавассути мароҷеъи расмӣ истифода мешавад, худ мавриди муноқиша аст.

Ҳар кадом аз аъзо шояд танҳо дар мавоқеъе, ки маслиҳатҳои сиёсии кӯтоҳмуддати бйнидавлатиашон эҷоб мекунад, аз он суд мебаранд ва дар матни сиёсатҳои дохилӣ ва равобит бо кишварҳои ғайрифорсизабон он усул дар назар гирифта намешавад; ва гоҳо ҳатто ҳар кадом нафйкунандаи дигаре мешавад. Агар аз канду ков дар рафтори амалии давлатҳои кишварҳои форсизабон ва таъсири он бар зиндагии мардум сарфи назар кунем, табалвури тазодди ёдшуда на дар ҳавзаи забон ва мабоҳиси амиқи марбут ба он, ки фақат дар номгузории ин забон дар кишварҳои Афғонистон, Эрон ва Тоҷикистон шоистаи мутолиъа аст.

Забони форсӣ дар Қонуни асосии ҷадиди Афғонистон ва соири қавонини ин ҳукумат ва бархе давлатҳои қарни гузашта "дарӣ" хонда шудааст, бидуни зикри калимаи форсӣ. Гарчи бархе аз фарҳангиён ва аҳли адаби Афғонистон забонашонро "форсии дарӣ" мехонанд. Дар аксар мутуни расмӣ ва ҳукуматии феълӣ ва гузашта таъкид ва ҷиддияте бар дарӣ хондани ин забон ва мустақил будан ва мутамоиз донистанаш аз забони "форсӣ" ё "тоҷикӣ" ба чашм мехӯрад.

Ин сиёсати ҳадафманди ҳокимият он қадар дар байни ҷомеъа таъсир дошта, ки пажӯҳишгаре иддаъо кунад бар се забон (дарӣ, форсӣ ва тоҷикӣ) мусаллат аст. Ҳол решашиносии "забони дарии" Афғонистон, ки дар даврони муъосир бештар бо пуштибонӣ ва ҳимоятҳои ҷонибдоронаи ҳукуматӣ (дар дохили Афғонистон) ва ба нияти ҳувиятсозии ҷадид анҷом шуда, худ мавзӯъест мустақил; аммо натоиҷ билфеъли он чизе нест ҷуз амиқтар шудани шикофи эътиқодӣ миёни касоне, ки ба ин забон менависад ва сухан мегӯянд.

Албатта дар ин ҷо ёдкарданӣ аст, ки рафтори ду кишвари дигари форсизабон низ дар эҷоди ин шикоф бе таъсир набуда. Барои мисол, тағйири тарзи нигориш, тағйири номи забон ва вуруди вожаҳои русӣ дар Тоҷикистон ё мавзеъи бартарталабӣ тавассути Эрон. Шояд бакуллӣ аз мавзӯъ хориҷ шавам, аммо барои гирифтани як натиҷаи бузург, чорае ҷуз овардани мисоле кучак нест. Дар ҳамаи китобҳои дарсӣ ва ғайридарсии чопшуда дар Эрон, ҳангоме ки шарҳи ҳоли шоъир, ориф, пизишк ё файласуфи форсизабонеро мутолиъа мекунед, ки мутаваллиди сарзамине берун аз Эрони имрӯзӣ буда, ба ин матн бармехӯред, ки нависандаи он матн он шахсро эронӣ муъаррифӣ мекунад.

Дар хушбинонатарин ҳолат, манзури он нависанда ҳувияти фарҳангӣ ва тамаддунии он шахс аст (чаро ки номи Эрон пеш аз он ки номи кишваре бошад, номи як маданият аст) на ҳувияти миллии ӯ. Шояд ҳам манзури он нависанда Эрони қадим бошад, ки дар он сурат ҳам мумкин аст шубҳаи дигареро дар хонанда боъис шавад. Ҳар чи ки бошад, натиҷа он мешавад, ки барои мардуми оддии Эрон ва мухотабони хориҷии ин гуна китобҳо форсизабони дигаре, берун аз марзҳои мушаххаси Эрони имрӯз, зиёд қобили тасаввур нест. Иддаҳои калон на, балки исботи форсизабон будани касе, ки мутаваллиди Афғонистон ё Тоҷикистон аст, барои як эронӣ ҳам каме душвор аст.

Илова бар “дарӣ” хондани забони форсӣ ба манзури халқи ҳувияти ҷадид в мустақил ва бегона карданаш аз забонҳои “тоҷикӣ” ва "форсӣ", ки кӯшиши ҳукумат ё лоақал бахше аз ҳукумат сарфи он мешавад, адами таваҷҷуҳ ба забони форсӣ ё ҳатто ҳамон “забони дарӣ” ва гоҳо на беэътиноӣ, бал тахрибу садама расондан ба мабонӣ ва асосҳои он, боъиси ошуфтагӣ ва парешонии забонӣ дар Афғонистон шуда. Ин дар ҳолест, ки ихтисоси буҷети давлатӣ барои забони пашту ва ҳатто мулзам кардани мардум ба ёдгирии он, ки яке аз забонҳои қавмии Афғонистон аст, амре оддӣ ва қонунӣ маҳсуб мешавад. Дар Афғонистон ҳанӯз фарҳангномаи ҷомеъе таҳия нашудааст ва фарҳангистоне барои мутолиъа ва таҳқиқ ва барӯзкардани забон вуҷуд надорад.

Натанҳо ҳеҷ маркази назоратӣ барои сомондиҳии адабиёти идорӣ, бахусус муросилот ва мукотиботи он нест, балки ривоҷи ғалатнависӣ ва ғалатгӯйӣ ба номи забони фохири дарӣ дар аксари расонаҳо ва ҷароид мухотабонро гумроҳ мекунад. Ҳатто ҳассостарин ва муассиртарин бахш, яъне китобҳои дарсӣ фоқиди таваҷҷуҳи муфид буда ва саршор аст аз таваҷҷуҳоти музир ва муғризонаи давлат ё ҳалақот (доираҳои) қудратмандтар аз давлат. Лоақал то се сол пеш, ки аз наздик дар ҷараён будам, аксари муаллифини китобҳои дарсии форсӣ аз миёни касоне интихоб мешуданд, ки форсӣ забони дувумашон буд ва донишу огоҳӣ аз мавзӯъи забон низ меъёре набуд, ки онҳо ба воситаи он бад-он ҷойгоҳ роҳ ёфта бошанд.

Дар тӯли ин чандсола, ки иттифоқоти талх ва на ширин, муҳоҷиратҳо, рушди қишри таҳсилкарда ва аз ҳама муҳимтар падид омадани роҳҳои иртиботии нав, огоҳии мардумро мутаҳаввил карда ва мардум ба сурати малмустаре бо худ ва ҳувияти забонишон мувоҷеҳ шудаанд, эътирозҳое аз ҷониби шоирон, нависандагон ва донишҷӯёни афғонистонӣ сурат гирифта ва то андозае муассир ҳам буда, аммо аксари ин эътрозҳо чун мавҷе омадаанду рафтаанд ва замон ки гузашта таваққуъот ва мутолибот ҳам фурӯкаш карда ва ҳеҷ ба марҳилаи тарҳи хостаҳои асосӣ ва пофишорӣ барои таҳаққуқашон наанҷомидааст.

Шояд касоне, ки метавонанд ваҷҳаи асар бошанд, масоили марбут ба сулҳ ё ҷанг бо Толибон ва ...-ро фавритар ва заруритар арзёбӣ кунанд ва маскут (сокит) гузоштани ин “масъала”-ро ба маслиҳат бидонанд; аммо ҳеҷ захме бо пӯшондан беҳбуд намеёбад ва то замоне ки ин ҳал нашавад, он дигарӣ ба сомон нахоҳад шуд. Истилоҳи кишварҳои форсизабон, ки тавассути раҳбарони ин кишварҳо ба кор бурда мешавад, дар матни сиёсатҳои дохилӣ ва равобит бо кишварҳои ғайрифорсизабон дар назар гирифта намешавад

Он чи ин дардро тоқатфарсотар мекунад, ин аст, ки бо унвон кардани мавзӯъе, ки марбут ба забон мешавад, валави (агарчи)он масъала дар ҳавзаи тахассусии забон бошад, иддае нахонда онро пайванд ба масоили сиёсӣ мезананд. Гарчи ин худ нишондиҳандаи ин воқеъият аст, ки асли масъалаи забон дар Афғонистон гиреҳ ба гиреҳи сиёсат хӯрда ва сиёсӣ аст, аммо бадбахтона ин амр таҳаммули бисёреро танг мекунад ва дарҳои даҳшатро мегушояд.

Ҳатман он ду кишвари дигари форсизабон ҳам ҳар кадом мушкилоте дар ҳавзаи забони форсии худ доранд, мушкилоте, ки ба ҳукми саёл (мутаҳаррик) будани забон дар ҳисори марзҳо боқӣ намемонанд ва саранҷом сабаби маҳдудияти бештари забони форсӣ мешаванд. Дарвоқеъ ҳамон гуна, ки ин забон мероси муштараки ҳамаи касоне аст, ки ба “василаи” он сӯҳбат мекунанд, душвориҳояш ҳам барои ҳамаи касонест, ки бо он меандешанд.

Мушкилоти ин забон марбут ба ҳамаи форсизабонон аст. Дар ҳар нуқта, ки ин забон хамуду хамулӣ (пажмурдагӣ) ориз шавад, куллияти забон дар маърази сустӣ қарор хоҳад гирифт. Бар инҳо бияфзоем ҳуҷум ва рахнаи забонҳои дигар, бахусус забони инглисиро ба даруни забони форсӣ, ки дар сурати адами таваҷҷуҳи “кишварҳои форсизабон” метавонад паёмадҳои саҳмгине барои ин забон дар пай дошта бошад, паёмадҳое, ки шояд саҳмноктар аз гузашта аст.

Берун аз ин матн, забони форсӣ зинда аст. Дар Афғонистон ё Эрон ё Тоҷикистон ё ҳар ҷои дигари ин “сайёраи забонҳо” мардум ҳанӯз бо он нафас мекашанд ва ҳастиро бо он баён мекунанд ва бо он меандешанд. Ҳанӯз ҳам форсизабонон метавонанд ба иттакои “гузаштаи бошукӯҳи” забони худ дар миёни забонҳои дигар гарданфарозӣ кунанд; чаро ки забонашон мероси маънавӣ барои ҳамаи инсонҳост.

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 13.06.2011 13:16
ika xtona mekshen forsi forsi gufta xay bigiren xatmona forsi knen.ku dar rassia ba xati forsi bnavisan.charo mo mjbur boshem ki russi bnavisem dar hole ki xatti forsii zebo dorem?
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi