07:22:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҶӯРАБЕК НАЗРӢ - ДОНИШМАНДИ ХУНЁГАР, Ё ХУНЁГАРИ ДОНИШМАНД?

«Бевафо Ҷӯрабек»

Бо ибтикори фозили фарзона Султон Ҳамад дар ҳавлии ҳунарманди зиндаёд Алиҷон Солиев бахшида ба рӯзи мавлуди хунёгари маъруфи Шарқ Аҳмад Зоҳир аҳбоб гирд омада буду маҷлиси унсу ошноӣ баргузор шуд.

jurabek-nazriev_21222.jpgПас аз ҳусни оғоз бахшидан ба маҳфил оқои Ҳамад эълон кард, ки дар маҷлиси мо бузургмарди орифу доно ва хунарманди тавоно устод Ҷӯрабек Назрӣ ташриф дорад, шахсе, ки шарафи дӯстии Аҳмад Зоҳирро дошту атрофи ин дӯстӣ афсонаҳои зиёдеву қиссаҳои аҷибе бофта буданду дӯстонро аз ҳам дур сохта ва ҳамин аст, ки Аҳмад Зоҳир дар як хонданаш ба ҷои мисраи «Бевафо ёрам» «Бевафо Ҷӯрабек» гӯён гила пеш меоварад ва бехабар аз ОН ки ҳасудон ва мунофиқон тавонистанд дар сатҳи «боло» фитнаҳо барангезанд ё шояд муҳит фитнаангез буду ба қавли Бедили Деҳлавӣ:

Бештар ин шароби фитнаамал

Мезанад бар димоғи аҳли дувал.

Устод Ҷӯрабек Назриро ба назди баландгӯяк мехонем.

Устод бо шукуҳу шавкату ҷалолати доимиаш, ки хоси ӯст, ба назди баландгӯяк омаду баъди салому дуруд бо тавозӯъу хоксорӣ сухани хешро ба байти зерин оғоз кард:

Бе гули рӯи ту ҳар гул, ки ба бӯстон бинем,

Медиҳад ёд зи доғи дили пурҳасрати мо.

Ва бо каломи шаккарини хеш ёди Аҳмад Зоҳир, Акашариф Ҷӯраев, Абдулло Назрӣ, Одина Ҳошим ва дигар гузаштагон карду дурри маънӣ суфт, моро ба хаёлу андеша ва дуриҳои дур бурд.

Хунёгари «бозоргир»

Охири солҳои шастум. Солҳое, ки ҳунару ҳунарманд мартаба дошт, солҳое, ки на ҳар муддаии олами овозхонӣ метавонист вориди майдони ҳунар шавад. Баъди устоди бузург Акашариф Чӯраев, ки дар дунёи хунёгарӣ мақому мартабаи хосро соҳиб буд, чанд нафари дигар дар ин арса шӯҳра гаштанд. Вале чунон ба назар мерасид, ки ҳар кадоми онҳо майдони ҷавлони худро доштанд - Хатлону Бадахшон, Қаротегину Вахшу Ҳисори Шодмон, Хучанду Зарафшон ва ғайра. Ана, дар ҳамин солҳо, саҳеҳтараш охири солҳои шаст ба баъд Ҷӯрабек Назриеви ҷавон, хеле ҷавон зуҳур кард. Овозааш зуд ҳама ҷоро фаро гирифт. Нодида мухлис шудам.

Шунида будам, ки ӯ ба тозагӣ факултаи таъриху филологияи Донишгохи давлатии ба номи В. И. Ленинро хатм кардаасту омодагии ба аспирантура дохил шуданро дорад. Чун ман ҳам, ки он замон донишҷӯ (таҳсили шабона) будаму ба ҳунари сурудхонӣ рағбати зиёд доштам, мехостам бо ин марди ҳунар аз наздик ошно шавам, шахсияташро хубтар донам. Вале пайдо карданаш хеле ва хеле мушкил буд. Маълум буд, ки ошиқу мухлису харидори зиёд дошту тӯй ба тӯй, маҳфил ба маҳфил мегардондандаш. Сониян, омодагӣ ба аспирантура...

Рӯзе маро ба маҳфиле барои сурудхонӣ даъват карданд, ки чанд нафар аз аҳли фазл, аз ҷумл,а устодам Толиб Хаскашев (рӯҳаш шод боду хонаи охираташ обод) ҳузур доштанд. Шояд аз сурудҳоям хушаш омад, ки маро ба наздаш хонду гуфт, офарин Донаҷон, ростӣ, ҳунари сарояндагиатро шунида будаму намедонистам ин қадар хуб мехонӣ, офарин. Сурудат хуб, матнҳои интихобкардаат хуб, тарзи иҷро хуб. Донаҷон, Ҷӯрабек Назриро мешиносӣ?

-Устод, сурудҳояшро шунидаам, вале худашро надидаам.

-Пас, ӯро пайдо куну ошно шав! Маслиҳаташро бигир, корат пеш меравад, ба ҷавониаш нигоҳ накун. Ӯ ҷавон асту дар ҳунар пири муаммару устоди куҳансол.

-Устод, ӯро чй гуна пайдо кунам?

-Аз Гулрухсор (шоира Гулрухсор - Д. Б.) ё Шаҳбоз Кабиров, ё Абдураҳмон Абдуманнонов, ё Сайдамир Сафаров, ки ҳамкурсон ва дӯстони наздикаш ҳастанд, ӯро суроғ кун.

Чунон ҳам кардам. Дар мулоқот бо акаи Сайдамир ҳикоёти аҷибе шунидам. Аз ҷумла, қиссаи сафари ӯро ба Сағирдашт кард, ки хеле аҷиб буд.

Изофанависӣ аз Ҷӯрабек cap шуда буд

Соли 1966 вақти таътил бо ҳам ба Олунӣ (деҳае дар Сағирдашт) рафтем. Баъди як рӯзи меҳмонӣ ба бародарам Сайидаҳмад ишора кардам, ки Ҷӯрабек ҳофизи хуб аст, аз хуб ҳам хубтар. Агар тор ё рубобе дар ин атроф пайдо кунӣ, мебинӣ, ки чӣ ҳунаре дорад. Аз деҳаи ҳамсоя рубобе ёфта оварданду маҳфиле баргузор кардем. Аҳли деҳа ва чанд меҳмони дигаре, ки буданд, аз шом то субҳ нишастанду аз наъту ғазалу муноҷот хонданҳояш лаззат мебурданд, гиря мекарданд, шодӣ менамуданд, боварашон намеомад, ки ин ҷавон чунин истеъдодро соҳиб аст.

Хамон рӯз дар ҳама атроф овоза шуд. Фардо ӯ бояд ба Душанбе бармегашт, вале мардум намегузоштанд, хоҳиш мекарданд, ки чанд рӯзи дигар меҳмони онҳо бошад. Кори Ҷӯрабек суруд хондан буду кори мо зиёфат хӯрдан. Ва бо ханда гуфт, қариб буд, ки мардум аз кори колхоз монад. Ё ҳангоми пахтачинӣ дар колхози ба номи Ломоносови ноҳияи Шаҳритус, ба шарофати Ҷӯрабек ҳар шаб зиёфат мехӯрдем.

Яъне чун раисони ҷамоа ва роҳбарони бригадаҳо бо ҳунари ӯ ошно шуданд, ҳар шаб зиёфат меоростанду ӯро ба меҳмонӣ даъват мекарданд. Баъди зиёфат Ҷӯрабек суфраи пур аз гӯшту меваву нонҳои равғаниро барои мо меовард ва барои он ки хаста нашавад, рӯзҳо истироҳат мекард. Хар куҷое гурӯҳи онҳо мерафт, сад килоӣ пахта ба номаш менавиштанд ва шӯхиомез илова кард, ки изофанависӣ аз Ҷӯрабек cap шуд. Дар дунёи ишқ ҳам қиссаҳои аҷибе дорад. Сирри мардон пӯшида, инашро намегӯям. Худоро шукр мекунам, ки чунин дӯсту бародар дорам.

Нағмаи наҷотбахш

Аз устод Шаҳбоз Кабиров низ қиссаи аҷибе шунидам. Соли 1965 курси дуро хатм кардему моро барои таҷрибаомӯзӣ ба Хонақоҳи Кӯҳӣ бурданд. Мақсад ошно шудан ба лаҳҷаи мардуми ин минтақа буд. Ҳамаи моро ба ҳар куҷо тақсим карданд. Аз ҷумла, ману Ҷӯрабеку боз чанд ҳамкурси дигарамонро ба деҳаи Арҷинаки Алмосӣ барои ду рӯз равон карданд. Роҳи мошингард набуд. Маҷбур будем, ки харакиву пиёда ба он ҷо бирасем. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ ҷои зист мактаби деҳа буд. Ба мактаб омадем, бинем касеро парвои мо нест.

Чӣ бояд кард? Агар баргардем, қуввати роҳ рафтан нест, сониян, вазифаи ба ӯхда гирифтаамон иҷро нашуда мемонад. Агар биистем, на ҷои хоб асту на ҷои ғизо хӯрдан. Банда медонистам, танҳо Ҷӯрабек метавонад моро аз ин варта халос кунад. Аз нафаре пурсидам, ки дар ин деҳа касе рубоб дорад? Дар ҷавоб, худам гуфту баъди чанд лаҳза рубобашро овард. Аз Ҷӯрабек хоҳиш кардем, барои рафъи хастагиҳо суруд бихонад. Ӯ рубобро ҷӯр карду ба суруд хондан шурӯъ кард. Овози дилнавозаш деҳаро фаро гирифт. Чанде нагузашта саҳни мактаб аз одам пур шуд.

Ҳама гӯшу ҳуш ба Ҷӯрабек доштанд. Касеро ҳавои рафтан набуд. Баъди анҷоми суруду таваққуф кардани Ҷӯрабек аз ҳар гӯша изҳори сипосу таҳнияту ташаккур ба гӯш мерасид. Чун аз ҳоли мо пурсон шуданду донистанд кистему дар чӣ ҳолем, дар як он болои суфаи мактаб фарш густурданду болишту кӯрпача оварданду дастархоне паҳн карданд. Суфра пур аз нозу неъмат, анвои ғизо ва мағзу меваҷот шуд. Ва як хоҳиш буд, ки Ҷӯрабек бихонад. Ёдам ҳаст ва гӯё дирӯзакак буд, ки Ҷӯрабек як ғазали зебои Абдураҳмони Мушфиқиро замзама мекард, ки матлааш ин аст:

Зи ҳарфи ишқ теғ ояд агар, бар cap намегардам,

Сари ман гар равад, ҳарфе ки гуфтам, бар намегардам.-

Ва дар гӯшае мушоҳида кардам, ки ҷавоне ашк мерехт ва маълум буд, сӯзе дар дил дорад. Чун Ҷӯрабек сурудро анҷом дод, он ҷавон боло шуду пеши ӯ омад, баъди изҳори сипос хоҳиш кард, ки ин шом меҳмонаш бошем. Мо пазируфтему ҳис мекардем, ки ин ҷо чӣ сирре ниҳон аст. Вақте вориди манзилаш шудем, пеши пои Ҷӯрабек гӯсфанд кушту бисёр гарм истиқбол кард. Маҷлис қариб то субҳ идома ёфт. Чун ҳамсоямеҳмонҳо рафтанду танҳо мондем, қиссаи аҷибу ғарибе кард.

Ёри беаҳду вафо

Ин ҷавон ошиқи духтаре мешавад ва чанд дафъа хостгор мефиристад, тарафи арӯс қабул мекунанд, вале маҳри зиёде мефармоянд. Ҷавон розӣ мешавад, аммо хоҳиш мекунад тарафи арӯс ба ӯ ду сол мӯҳлат диҳанд, то маблағи заруриро гирд биоварад. Ҷавон ба кони ангишти Шӯроб ба кор меравад. Баъди ду соли ваъдагӣ бо пули зиёд, бо умед ба хона бармегардад. Вале бадаҳдӣ мешаваду даҳ рӯз пеш аз омадани ҷавон духтарро ба каси дигар ба шавҳар медиҳанд. Ҷавони дилсӯхта ҷуз зи дида хун афшондану ғусса хӯрдан чорае намеёбад ва ин байт тасаллои дилаш мегардад:

Чу гул аз суфраи арбоби давлат хуни дил хӯрдам,

Насиби ман нашуд чун ғунча ғайр аз лаб газиданҳо.

Ва ҳар лаҳза аз Ҷӯрабек хондани ғазали «Зи ҳарфи ишқ»-ро хоҳиш мекард. Бад-ин минвол чанд рӯзи дигар моро болои нозу неъмат ва эҳтиром нигоҳ доштанд. Акнун Донаҷон худат хулоса барор, ки Ҷӯрабек чӣ шахсияте аст. Дар ҳунар бешак назир надорад. Бисёрдону бисёрхон аст. Ростқавлу ростгӯву рострафтору росткирдору соҳиби маърифату дониши фаровон аст, яъне метавон ӯро донишманди хунёгар, ё хунёгари донишманд гуфт. Аз хунёгарону донишмандон бешак касе ин мақомро надорад.

На ҳар кӣ чеҳра барафрӯхт…

Фикр мекунам ду барномаи охире, ки Ҷӯрабеки Назрӣ зери унвони «Нози хаёл» бо Нигинабону аз тариқи ТВ «Сафина» ва «Шаҳдрез», бо Давлат Сафар аз тариқи Шабакаи якуми Телевизиони Тоҷикистон дошт, шаҳодати гуфтаҳои ман аст. То имрӯз дар мулоқоту сӯҳбатҳо аз ин барномаҳо ёд мекунанд, иқтибос меоваранд ва ба дӯсти ман эҳтиром мегузоранд. Бе рӯю риё бигӯям, баъди Ҷӯрабек Назрӣ Нигинабону ва Давлати Сафар дар ин мавзӯъ бо машҳуртарин ҳунармандону донишмандон сӯҳбатҳо оростанд, вале ҳеҷ кадомаш дар он поя набуд. Ё сӯҳбате, ки дар мавзӯи «Бузургдошти Имом Ғаззолӣ» бо Давлати Раҳмониён дошт. Баъди сӯҳбати бародарам Ҷӯрабек дар ин мавзӯъ бисёриҳо суханронӣ доштанд, вале мақому таъсири сухани ӯ дигар аст, яъне «На ҳар ки чеҳра барафрӯхт, дилбарӣ донад».

Дар дӯстӣ мислу монанд надорад, ба маҳаллу маҳалгароӣ хушбин нест. Аз боби маҳал ҳарф намезанад. «Донаҷон, он чӣ гуфтам. муште аз хирвор аст». Аз рӯзгори ин бузургмард метавон садҳо чунин қиссаҳо овард. Шояд ҳамин буд, ки маҳаллашро касе намедонист. Яке мегуфт, аз Ховалинги Кӯлоб аст, дигаре мегуфт, аз мулки Дарвозу севум аз шаҳри Душанбе. Ниҳоят дар як маҷлиси бошукӯҳ дидани дидори муборакаш насибам гардид. Ҷавони лоғарандоми «болобаланди гандумгуни хушнамо, соҳибдили бохабару доно, дар илму адабу маониву арӯзу ахлоқу адвору таъриху баҳс тавоно, сӯҳбаташ хеле ва хеле гуворо» (Искандаров. «Родмарди андеша ва ҳунар», Душанбе, 2007, с. 3) ва ба қавли Ҳоҷу:

Чу дидам ҷаҳоне пур аз дилбарӣ,

Маҳаш меҳрубону фалак муштарӣ.

Ватанам СССР

Ёдам ҳаст, ки дар ҳамон маҷлис ҷои мавлудашро пурсиданд, шӯхиомез ҷавоб дод, ки «Ватанам СССР» ва боз илова кард, ки дар деҳаи нозанини Навруҳои Ховалинги вилояти Кӯлоб ба дунё омадам. Насабномаам Ҷӯрабек ибни Назрихудо ибни Давлатбек ибни Давлатманд ибни Дӯстихудо ибни Шукрихудо. Волидайнам аз деҳаи Ғожу Тоғмайи мулки Дарвоз бо шаш фарзанд - Давлатхонуму Атобеку Сарабеку Савлатбибиву Ханҷарбеку Раҳимбек ба диёри Хатлон омаданд. Сабаби муҳоҷир шудан бешак муҳити носозгор ва бозиҳои рӯзгори ғаддори соли 1937 буд.

Аз ҳамон рӯз ошноии мо шурӯъ шуд. Имрӯзҳо фикр мекунам, Ҷӯрабек Назрии 22-23-сола дар ҳақиқат ҳамон замонҳо - охири солҳои шаст, ибтидои солҳои ҳафтод устодона ба майдони ҳунар омад, гӯё даҳҳо сол таълими устод гирифта бошад. ки тамоми ошиқони ҳунар ӯро эътироф доштанд, азиз мехонданд, аз ӯ пайравӣ мекарданд. Бо вуҷуди ҷавонӣ гули сари сабади маҳфилҳо гардид. Хуб эҷод мекард, хуб мехонд. Сурудҳояшро ошиқони дилбохта замзама мекарданд:

Шудам ошиқ ба рухсораш маро дилбар намегирад...

Ё

Меравам, ҳаргиз намеоям дигар,

Ҳамраҳу пушту паноҳам ёди ту...

Ё

Дидам нигори худро, мегашг гирди хона,

Бардошта рубобе, мезад яке тарона...

Ё

Ман тарабам, тараб манам, зӯҳра занад навои ман,

Ишқ миёни ошиқон шева кунад барои ман...

Ё

Эй подшаҳи хубон, дод аз ғам танҳоӣ,

Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз ойӣ!.

Пирони рӯзгордида дар сурудҳои ӯ гузашти рӯзгори пурғаму печ ва ҷавонии хешро меҷустанд. Сурудҳояшро ҳама сину сол қабул дошт, дилҳоро тасаллӣ медоданд, рӯҳ мегирифтанд:

Ғофил манишин, бин, ки азизон хама рафтанд...

Ё

Пирӣ, ки ба мо расид, рузӣ кам шуд,

Ассо, ки ба даст расид, қомат хам шуд...

Ё

Барорам аз ҷафои даҳр фарёд,

Ғарибони ҷаҳонро оварам ёд...

Ё

Як қадам роҳ аст Бедил, аз ту то домони хок,

Бар сари мижгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош...

Ё

Ашкам, вале ба пои азизон чакидаам...

Инқилоби Ҷӯрабек

Муболиға намешавад, агар бигӯем дар дунёи мусиқии суннатии тоҷик инқилоб кард. Расм буд, ки бисёри ҳофизон ё ба қавли имрӯз овозхонҳо бо тор ё рубоб, ё танбӯр, ё дутор ё думбраву баъзан ғижжаку дойраву таблак суруд мехонданд. Танҳо устод Одина Ҳошим бо рубобу тору ғижжак маҳфилҳоро ҳусн мебахшид. Вале устод Ҷӯрабек Назрии ҷавон аз асбобҳои мусиқии тору рубобу мандалин, аз ҳама муҳим баяну аккордеонро хуб истифода мекард. Баъди хонданҳои ӯ қариб бисёриҳо аз баяну аккордеон истифода мекардагӣ шуданд ва онҳое ҳам, ки аз устод эҷодкорона пайравӣ мекарданд, муваффақ мегаштанд.

Мусиқии ӯ дар назокату латофат аз мусиқии дигар ҳофизон ба куллӣ фарқ мекунад. Дар мавриди интихоби матн низ тавоност. Бо садои мубораку мақбул, бо ҳанҷараи довудӣ ва мусиқии диловез мӯъҷиза меофарад. Дар оҳангҳои офаридааш ва услубу тариқи хонданҳояш тобишҳои нав, лаҳазоти ширину гуворо ва нозукиву латофати суруду мусиқии дигар мардумон хуб истифода мешавад. Сурудаш шаҳди ангубинро мемонад. То зуҳури Ҷӯрабек Назрӣ санъат маҳаллӣ буд!

Бешак, Ҷӯрабеки Назрӣ бо сабку услуби тозаву нав ба майдони ҳунар омад. Минбаъд ҳунаре, ки бо номи «Мактаби Ҷӯрабеки Назрӣ» вориди забонҳо гардид. Ин сабк навсозӣ - модернизатсияи суруду мусиқӣ буд, сабки сарҳадшикан ва банда бо ақидаи Сафват Бурҳонов мувофиқам, ки мегӯяд: «То зуҳури Ҷӯрабек Назриев...санъат маҳаллӣ буд» (Рӯзномаи СССР, 23. 04. 2009, сах. 16).

Албатта, замонавӣ шудани суруд дар хондаҳо - репертуари устод Ҷӯрабеки Назрӣ аз «Сурудҳои замонавӣ» хондани ҳофизони дигар, хосса ҳофизони эстрадахони имрӯзӣ ба куллӣ фарқ мекунад. Устод Ҷӯрабек Назрӣ дар заминаи сурудҳои суннатии ҳазорсолии тоҷикӣ оҳангҳо офарид, бо рангу бӯйи тиб ва ороиши аҷиб, ки тарабангезу тараннумсозанд.

«Замонавӣ» шудани суруд дар репертуари баъзе овозхонҳои имрӯзи мо бошад, бозсозии Горбачовиро мемонад, яъне чунон ба назар мерасад, ки навовариро дар ҳунар баъзеҳо дар пайравӣ ва тақлиди сурудҳои аз назари маънӣ хароби ҳофизони аҷнабӣ, баъзеҳои дигар дар пӯшидани ҷомаҳои зарандуду кулоҳи амрикоиву париданҳову даст афшонданҳову РЭП хонданҳову, клип карданхову..., ки Худо оқибаташро ба хайр кунад.

Имрӯз аз солҳои ҳафтод то хатми донишгоҳ ва ба хидмати аскарӣ рафтан дар сафарҳои ҳунарӣ бо ӯ ҳамроҳӣ мекардам. Баъзан ҳунарманди мардумӣ шодравон Дӯстмурод Алиев ва гурӯҳи ҷавононе, ки баъдтар хеле машҳур шуданд, бо мо буданд. Ҳар сафар хотирамон буд. Устод бо нолаи тори худаш, лаҳни мавзуни баяни Шайх Файзинов ва шаҳду наът хонданҳояш «Сури Исрофил» барпо мекард. Аз сари шом то субҳи содиқ мехонду мехонду гӯшу ҳуш ба сурудаш, касе аз сомеъон намехост маҳфилро тарк бигӯяд. Дар ҳафта ҳафт рӯз дар тӯю сур будем..

Ҷавонони соҳибистеъдоди зиёде аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ бо ҳадяву савғот ба хизматаш меомаданд, мехостанд шарафи шогирдиашро дошта бошанд. Қубоналӣ Раҳмон (Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон), Ҷамшед Исмоилов (Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Назаралӣ Қурбон (Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон), Раҷабалӣ Шариф, Гадоалӣ Салим, Миралӣ Зокир, Ҷамшеди Комронӣ, Нуралӣ Хоҷаев, Холмурод Зоиров, Асомиддин Сайидов ва даҳҳо дигар ҷавонони узви ҳамин ҳалқа буданд, ки аксарашон дар ҳунар мақому мартабаеро дарёфтанд. Дар ҷумҳурӣ оё касе ҳаст, ки ду устоди ҳунар - Қурбоналӣ Раҳмон ва Ҷамшед Исмоиловро нашиносад?

Бисёр ҷавонони соҳибистеъдоде низ буданд, ки ғоибона мактаби ҳунарии устод Ҷӯрабек Назриро мутобеъ буданд ва таблиғ мекарданд ва бо ифтихор худро аз пайравони ҳамин мактаб ва шогирдони устод медонанд. Аз ҷумла, ҳунарманди маъруф Ҷумъахон Сафаров (Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки худ дар мақоми устодӣ қарор дорад, бо ифтихор аз тариқи телевизион эълом дошт, ки «бе мактаби устод Ҷӯрабек Назрӣ ману ман баринҳо маҳол буд, ки ҳофиз шавем». Зиҳӣ мурувват, Ҷумъахон!

Ҳунарманди маъруф шодравон Муқаддас Набиева (Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон) ҳам ба устод таваҷҷӯҳи хос дошт. Шаҳодаташ сурудҳои «Аз дасти ғамат...», «Во гуле...», «Модар» ва ғайра буд, ки ин ҳофизаи овозадор мехонд. Ҳунармандони соҳибистеъдод Сангалӣ Мирзоев ва Қурбоналӣ Абдуллоев низ дар ҳамин ақидаанд. Бисёриҳо дар ин мақом буданд, вале баъзе пайравони бемоя чун унвонҳои баланд гирифтанду то ҷое шӯҳрат ёфтанд, аз ин ҳақиқат чашм мепӯшанд.

Чаро Ҷӯрабек камнамост?

Чун аксар дӯстии ману Ҷӯрабек Назриро медонанд, борҳо мепурсанд, ки чаро устод аз тарики телевизион кам баромад мекунад ва боре ман ҳам бо ин суол ба ӯ муроҷиат кардам. Дар ҷавоб гуфтанд:

Суханҳои беҳуда бисёр гашт,

Сухангӯ дар анҷуман хор гашт.

Ин мақолаи кӯчаки банда як навь сипосномаест ба хунёгару донишманди мумтоз устод Ҷӯрабек Назрӣ, ки даҳҳо шогирдонро ба майдони ҳунар оварду худ дар мақомоти расмӣ ношинохта монд, яъне дар мақоме, ки бояд ӯро бишносанду қадр кунанд, нашинохтаанд. Чунин ҳам мешавад...

Меросдори мероcи ниёгон

Ман дар мақолаи хеш танҳо атрофи нақши устод дар дунёи хунари хунёгарӣ ҳарф задам. Пешаи эшон аслан илм аст ва аз замони ҳукумати Шӯравӣ то соли 2007, ба қавли худи устод, ки шӯхиомез мегӯяд - «то он замоне «бузургон» ҳанӯз маро аз кор наронда буданд - роҳбарии Институти мероси хаттӣ ва баъдан Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттиро ба ӯҳда дошт. Ёдам ҳаст, ки боре дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ бо донишманди бузург шодравон, устод Ҳақназар Назаров сари мавзӯи Ҷӯрабек Назрӣ сӯҳбат доштем. Устод ин байти Саъдӣ:

То мард сухан нагуфта бошад,

Айбу ҳунараш нуҳуфта бошад.

- ро хонду гуфт: То он замоне, ки Ҷӯрабекро аз наздик намешинохтам, танҳо мухлиси ҳунараш будам. Акнун мешиносам - донишманду ҳунарманд, марди дурандешу дилсӯз ва аз ҳама муҳим, роҳбари донову тавоно. Агар дар ин бозиҳои сиёсӣ Институт чунин роҳбар намедошт, маҳол буд ганҷина маҳфуз монад, - мегуфт олими маъруф устод Амрияздон Алимардонов. Ба ҳар ҳол сари ин мавзӯъ бояд дастандаркорони илм қазоват кунанд.

Дона Баҳром, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Узви Иттифоқи журналистони Точикистон



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi