23:29:28 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПАЁМИ БАҲОРИИ ҚУРБОНАЛӢ РАҲМОН ИН ДАФЪА АЗ ИҚБОЛ АСТ

Қурбоналӣ Раҳмон, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, раҳбари бадеии ансамбли давлатии «Сомон» дар садади анҷом додани омодагиҳои як барномаи консертӣ аз эҷодиёти шоири бузург аллома Муҳаммад Иқбол таҳти унвони «Паёми Машриқ» мебошад.

/images/stories/2012/04/13_qurbonli-rahmon-1312.jpgИн овозхони маъруф талош дорад, ки 12 ғазали ноби ба форсӣ гуфтаи аллома Иқболро барои нахустин бор дар либоси тарона пешкаши алоқамандони садои гирои худ кунад. Аксари оҳанги ин таронаҳои тозаэҷод моли худи Қурбоналӣ Раҳмон мебошанд. Як қисми дигари оҳанги ин таронаҳо сохтаи овозхони маъруф ва донишманд Ҷӯрабек Назриев, устоди Қурбоналӣ Раҳмонов ҳастанд.

Қарор аст консерти нахустин рӯзи 30-юми апрели соли ҷорӣ дар толори консертии Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев соати 17-00 баргузор гардад. Айнан бо ҳамин барнома рӯзи 3-юми май соати 17-00 Қурбоналӣ Раҳмон дар толори консертии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ҳунарнамоӣ хоҳад кард.

Мавриди зикр аст бигӯем, ки Қурбоналӣ Раҳмонов аз ҷумлаи он ҳунармандони камшумори ҷумҳурӣ ҳаст, қариб ки ҳар сол хотири мухлисони сершумори худро бо суруду таронаҳои тозаэҷоди худ ҳамеша шод мегардонад. Ӯ ҳатман ҳар сол бо дастовезе ба дидори онҳо мешитобад.

Қурбоналӣ Раҳмонов аз соли 2001 ба ин тараф як силсила барномаҳои консертиеро бар ашъори шоироне ҳамчун Ҳофизи Шерозӣ таҳти унвони «Киштинишастагонем» (2001), Мирзо Абдулқодири Бедил бо номи «Лаҳзае бо ғазали Бедил» (2003), Саъдии Шерозӣ- «Айёми ишқ» (2005), Ҷалолиддини Балхӣ -«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад» (2007), Аблқосим Лоҳутӣ «Шарораҳои ғазал» (2010) пешкаши мухлисони сершумораш кард, ки ҳар яки он дар ёди алоқамандони ҳунари волояш то ба имрӯз чун як хотираи хубе боқӣ мондаанд.

Барномаи консертии театрикунонидашудаи «Ғазалиёти Илоҳӣ»-ро, ки ӯ ва ансамбли «Сомон» ба ифтихори соли бузургдошти Имоми Аъзам, соли 2009, доир кард, нахустин қадами ҷиддӣ дар самти расман пешкаши оммаи васеи мухлисон кардани суруду таронаҳои ирфонӣ ва мадҳи Парвардигору пайғамбарони Ӯ ва дӯстонаш дар Тоҷикистони соҳибистиқлол дар сатҳи давлатӣ ҳисобидан мумкин аст.

Мо аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» ҳамчу барги сабз аз дастовези баҳории ин ҳунарманди хушсадо сурудеро таҳти унвони «Ҳаваси манзили Лайло на ту дорию на ман» бар матни аллома Муҳаммад Иқбол, ки то ҳанӯз дар ҳеҷ куҷо садо надодааст, нахустин шуда пешкаши муштариёни гиромии худ мегардонем.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 28.04.2012 07:52
Хаваси манзили лайло на ту дориву на ман, лайло, лайло, лайло
Чигари гармии сахро на ту дориву на ман, лайло, лайло лайло
Дигар аз Юсуфи гумгашта сухан натвон гуфт, хей лайло, лайло, лайло
Арзиши хуни Зулайхо на ту дориву ман, лайло, лайло, лайло.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi