20:20:53 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дарвозаи тавба ҳамеша боз аст

Боз о, боз  о, ҳар он кӣ ҳастӣ, боз о,

Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.

Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,

Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.

1-darvozai-tavba 2214785Тавба дар урф тарки гуноҳ аст ва тафсири он ба бозгаштан ба Худои субҳонаҳу ишорат аст. Ва он касе, ки бетавба асту иртикоби маосӣ мекунад, бандаест бигрехта аз Худованди худ. Чун тавба кард ва тарки гуноҳ намуд, бозгардид ба соҳиби худ. Аз ин ҷо гуфтаанд, ки ҳар кӣ ба сабаби тавба банда мегардад, ҳамчунон бошад, ки бандаи бигрехтаро ба соҳибаш рад карда бошад. Ва дар тавба се чиз зарурист, ки бе он се чиз тавба сурат нагирад. Яке аз онҳо тааллуқ ба мозӣ (гузашта) дорад, дуввум тааллуқ ба ҳол дорад, саввум тааллуқ ба истиқбол (оянда) дорад. Он ки тааллуқ ба мозӣ дорад, пушаймонист аз гуноҳони гузашта. Ва он ки тааллуқ ба ҳол дорад, он аст, ки филҳол боз истода бошад.

Ва он ки тааллуқ ба истиқбол дорад, он аст, ки баъд аз ин ҳаргиз ба сари он гуноҳ наравад. Ва чун ин се чиз ба ҳосил омад, тавба дуруст шуда гуноҳ омурзида мешавад. Ва агар боз ба сари ин гуноҳ равад, агарчи тавба шикаста шавад, дигар ӯро аз гуноҳи пеш нахоҳанд пурсид. Бишнав, ки шарти тавба се чиз аст: пушаймонӣ аз дил ва узр ба забон ва тан боздоштан аз гуноҳ:

Дили огоҳ мебояд, вагарна

Гадо як лаҳза бе номи Худо нест.

Худои азза ва ҷалла мефармояд: "Бигӯ: (яъне эй Муҳаммад, аз ҷониби ман бигӯ), эй бандагони Ман, ки бар худ таҷовуз кардед, аз раҳмати Худо ноумед нашавед!  Ҳароина, Худо ҳамаи гуноҳонро якҷо меомурзад: ба ростӣ, ки Ӯ ҳамоно омурзгори меҳрубон аст. Ва пеш аз он ки азоб ба шумо биёяду сипас мадад карда нашавед, ба сӯи Парвардигоратон бозгардед ва ӯро фармон баред!" (сураи Зумар оёти 53-54).

Ин оят умедбахштарин оят дар Китоби Худост, зеро муштамил бар бузургтарин башорати Ҳақ таъоло барои бандагонаш мебошад, чӣ ҳамон гуна, ки мулоҳиза мекунем. Ҳақ таъоло дар оят аввалан бо ҳадафи гиромидошт ва фузун сохтани башорат ба бандагон эшонро ба худаш мансуб кард, сипас эшонро ба зиёдаравӣ дар нофармониҳо ва иртикоби гуноҳони бисёр мавсуф сохт. Он гоҳ ба думболи он ин зиёдаравони дар маосӣ ифротгарро аз навмедӣ аз раҳмати хеш наҳй кард. Ва ин худ далолат мекунад бар ин амр, ки наҳй аз навмедӣ барои гунаҳкорони мусрифе, ки дар ин арса зиёдаравӣ намекунанд, аз боби авло мавриди назари Ҳақ таъоло  мебошад.

Сипас Ҳақ таъоло иборате баён медорад, ки баъд аз он дар ин ҳақиқат ҷои ҳеҷ гуна шакку тардиде боқӣ намемонад: "дар ҳақиқат Худо ҳамаи гуноҳонро меомурзад". Яъне: агар бихоҳад, ҳар гуна гуноҳро аз ҳар навъе, ки бошад, барои тавбакорон  меомурзад, ҷуз ширке, ки соҳибаш аз он тавба накарда бошад, ба далели ин фармудаи Ҳақ таъоло: "Дар ҳақиқат Худованд намеомурзад ин ки ба Ӯ шарик оварда шавад, вале модуни онро (яъне гуноҳони сағира ва кабираро) барои ҳар кас, ки бихоҳад, меомурзад". (Нисо. 48)

Сипас ин омурзиши хеш барои гуноҳонро ба ин иборат таъкид месозад: меомурзад гуноҳонро "ҳама якҷо". Ваҳ, чӣ азим аст ин башорат. Башорате, ки дилҳои мӯъминони некӯкор ба он ором мегирад ва шодию сурур лабрез мегардад. "Бегумон, Ӯ омурзгору меҳрубон аст", яъне Ҳақ таъоло бисёр омурзанда ва ниҳоят меҳрубон аства дар ҳарду васфи омурзандагиву меҳрубонӣ инояти Вай бениҳоят васеъ мебошад. Пас  касе ки мепиндорад ноумед кардани бандагони Худо ва дилсард намуданашон аз раҳмати Вай, барояшон беҳтар аз он чизе аст, ки Худованд худ ононро бад-он башорат додааст, чунин касе, бетардид, муртакиби бузургтарин ситам шуда ва иштибоҳе бас нодуруст аз вай сар задааст. 

Ибни Абӯҳотим ривоят мекунад, ки Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) бар қозие гузашт, ки дар ҳоли мавъиза гуфтан барои мардум буд. Пас диранге кард ва он гоҳ ба вай хитоб карда гуфт: "Эй воиз, чаро мардумро аз раҳмати Худо навмед мекунӣ?" Сипас ояти мазкурро барои ӯ тиловат кард.

Дар ҳадиси шариф ба ривояти Савбон- бандаи озодшудаи Расулуллоҳ (с) омадааст, ки он ҳазрат (с) фармудаанд:

ӯст надорам, ки дунё ва он чиро дар он аст, дар баробари ин оят ба ман бидиҳанд.

Марде аз он миён гуфт:

Ё Расулуллоҳ (с), пас касе, ки ширк варзидааст чӣ?

Расулуллоҳ лаҳзае сукут карда ва он гоҳ фармуд:

-Огоҳ бошед, ҳатто омурзида мешавад бар касе, ки ширк варзидааст.

Ва се бор ин ҷумларо такрор кард, яъне касе, ки ширк варзида ва сипас аз ширки хеш тавба кардааст, низ мавриди омурзиш  қарор мегирад.

Имом Бухорӣ ва Имом Муслим аз Ибни Аббос (р) дар баёни сабаби нузули ин ояти карима ривоят кардаанд, ки фармуд: Ҷамъе аз мушрикон муртакиби қатлу куштор ва зинову фаҳшои бисёр шуда буданд, сипас ба назди ҳазрати Муҳаммад (с) омада гуфтанд:

-Ба ростӣ, он чи ки ту мегӯӣ ва ба сӯи он фаро мехонӣ, бисёр зебову некӯст, аммо оё метавонӣ ба мо хабар диҳӣ, ки ба ин ҳама гуноҳе, ки муртакиб гардидаем, барои мо тавбае ҳаст? Оё барои он чи, ки мо кардаем, каффорате вуҷуд дорад?

Пас оятҳои 68-70-уми сураи "Фурқон" ва ояти  мазкур нозил шуданд. Тарҷумаи оятиҳои 68-70-уми сураи "Фурқон" инаст:

2-darvozai-tavba 2214785"Ва ононанд, ки ба Худо маъбуди дигарро намепарастанд ва ҳеҷ нафсеро, ки Худо ҳаром кардааст, намекушанд магар ба ҳақ; ва зино намекунанд; ва ҳар кӣ ин корҳо бикунад, ба уқубати душвор бармехӯрад: рӯзи қиёмат азоб барои ӯ дучанд карда шавад ва он ҷо хор шуда, ҷовид монад. Магар он касе, ки тавба кард ва имон овард ва амали шоиста намуд- пас ононанд, ки Худо бадиҳояшонро ба некиҳо бадал созад; Ва Худо омурзандаи меҳрубон аст".

Ҳазрати Бароа ибни Озиб (р) нақл мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд:

-Шумо дар бораи хушҳолии он шахс чӣ мегӯед, ки шутури ӯ дар биёбони беобу гиёҳе ресмони худро боз карда биравад ва ҷое ки на ғизо бошад, на об ва ғизову оби он шахс бар пушти он шутур бошад. Он шахс барои пайдо кардани шутур хело даву тоз мекунад, то ин ки хаста мешавад. Пас аз чанде он шутур аз канори дарахте мегузарад ва миҳораш ба танаи он дарахт мепечад. Он шахс шутурро пайдо мекунад?

Мо арз кардем:

Ё Расулуллоҳ (с), бисёр хушҳол мешавад.

Расулуллоҳ (с) фармуданд:

Гӯш кунед, қасам ба Аллоҳ, Худованд аз тавбаи бандаи худ аз ин шахс ҳам хушҳолтар мегардад, ки маркаби ӯ баъд аз чунин ноумедии шадиде расида бошад. (Ривояти Имом Муслим. Маснавӣ:)

Зи чанголи гунаҳ кун бонгу ошӯб,

Дари раҳмат ба дасти тавба мекӯб.

Ба оби тавба кун ҷурму гунаҳ пок,

Ки заҳр омад гуноҳу тавба тарёк. 

Дар хабар омадааст, ки Парвардигори мутаъол ба ҳамон қадар бузургиаш нигоҳ накарда дар як шабонарӯз ба бандагонаш 360 маротиба назар мекунад. Ин аст, ки суфии маълуму шинохта Шайх Абдулқодири Гелонӣ мефармояд:  Сесаду шаст назар робитаи бандаи мост,

Бандаро мартаба бингар зи куҷо то ба куҷост.

Ҳазрати Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) нақл мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Ҳар шахс иштибоҳе ё гуноҳе бикунад, баъд аз он пушаймону нодим бишавад, пас ин пушаймонӣ каффорати гуноҳи ӯ мешавад" Байт:

Гунаҳгорам, умед аз лутфи маъбуди азал дорам,

Хушо он дил, ки ёди лутфи Раҳмон дар бағал дорад.

Ҳазрати Агар (р) нақл мекунад, ки Расулуллоҳ (с) фармуданд: "Эй мардум, пеши Худои таъоло тавба кунед. Барои ин ки ман рӯзона сад бор пеши Худои таъоло тавба мекунам" (ривояти Имом Муслим)

Инак, дар зер овардани ҳикоятеро хеле бомаврид медонем.

Шахсе аз бузурге чунин савол кард:

ӣ мефармоӣ дар ин ҳадис, ки Расулуллоҳ (с) фармуд: "Ба дурустӣ, ки Худованди таъоло қабул мекунад тавбаи бандаи гунаҳгорро модом ки ҷони вай ба ғарғара нарасида бошад?"

Он бузург гуфт:

-Оре, чунин аст, аммо ту чӣ пеша дорӣ?

Гуфт:

-Ман марди хайётам, ҷомаҳо медӯзам.

Гуфт:

-Дар касби ту кадом кор аз ҳама осонтар аст?

Гуфт:

-Бо қайчӣ буридани матоъ.

Гуфт:

-Чанд сол аст, то ту ин кор мекуни?

Гуфт:

ӣ сол.

Гуфт:

-Дар он вақт, ки ҷон ба ғарғара расид, тавонӣ, ки ҷомаро бибуррӣ?

Гуфт:

-Не.

Гуфт:

-Коре, ки муддате дар вай заҳмат кашидаӣ, то омухтаӣ ва муддати сӣ сол ба осонӣ мекардӣ, дар он вақт натавонӣ, ки бикунӣ, тавба, ки дар ҳамаи умр накарда бошӣ, дар он вақт кай тавонӣ? Тавба имрӯз кун, ки метавонӣ, ки шояд он дам натавонӣ тавба кард.

Он мард тавба кард ва аз ҷумлаи солеҳон гашт.

Огоҳ бош, ки марг дар камин аст, то кай ғофил бошӣ?

Маснавӣ:

З-он пеш, ки марги ногаҳонӣ,

Тира кунад оби зиндагонӣ.

Биштоб ба тавбаву ибодат,

То ёбӣҷазойи он саодат.

Гар тавбаи ту насуҳ бошад,

З-он тавба туро футуҳ бошад.

Фароҳамсоз С. Шарифов

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi