20:43:03 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

С. Абдуқодирзода: "Аз ҳар ақидаи бегона ва фитна бояд дурӣ ҷӯем"

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи иди Фитр ё Рамазонро ба таърихи 28 июл эълон кард. Моҳи мубораки Рамазон дар айёме омад, ки нахуст рӯзҳо дароз ва дуввум ҳаво хеле гарм аст.

saidmukarram 54896556Сӯҳбати ихтисосии Мӯъмин Аҳмадӣ бо Сайидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба мавзуи моҳи мубораки Рамазон, баҳсҳои динӣ дар ҷомеа, пахши наворҳо дар бораи "муллоҳо", густариши равиҳои мухталифи динӣ ва ширкати ҷавонони тоҷик дар низоҳои кишварҳои исломӣ, ба хусус Сурия рабт дошт:

…на ҳама соҳиби раҳмати Худованд мешавад

-Моҳи шарифи Рамазон имсол дар моҳе омад, ки ҳаво хеле гарм буд.  Аз лиҳози шаръӣ дар ин сурат сабукие барои бандагон дода мешавад?

-Ба номи Худованди бениҳоят бахшанда ва бениҳоят меҳрубон. Ин моҳи муборак аз ибтидояш нузули раҳмати парвардигор барои мардуми мусалмон аст. Ин моҳи муборак барои тамоми шунавандагони азиз ва рӯзадорон бобаракат ва муборак гардонад. Худованди азза ва ҷаъла аз 12 моҳ як моҳро ихтиёр кардааст, то ин ки бандагони холис ва бандагони солеҳашро дар ин моҳи муборак озмоиш ва имтиҳон кунад. Дар ҳақиқат имтиҳони вазнин аст. Моҳи мубораки Рамазон намуди ибодате аст, ки хеле барои инсон вазнину душвор аст.

Албатта, ҳар ибодате, ки бо машақати зиёд бошад, аҷру подошаш ҳам зиё мебошад. Паёмбари гиромии ислом(с) мефармоянд, ки ҳар мӯъмине, ки моҳи Рамазонро аз рӯи имондориву ихлосу эътиқод ва аз рӯи худотарсӣ рӯза бидорад, пас Худованд ин бандаро аз тамоми нопокиҳо пок месозад. Ин моҳи мубораки покшавӣ аз гуноҳ ва наздик шудан ба Худо ҳаст. Дар ин моҳи муборак нузули Қуръони карим сурат гирифтааст. Нузули Қуръон ин нузули раҳмати парвардигор аст. 

Ҳар касе инро қадр кард, Худованд ӯро қадр хоҳад кард. Худованд ба ҳама бандагонаш неъматҳое мисли хонаву мошину дар медиҳад, аммо на ба ҳама раҳмати худро арзонӣ медорад. Раҳмати Худо неъмате ҳаст, ки ҳамаи инсонҳо ҳам дар ин зиндагӣ ва ҳам дар он зиндагӣ ба он ниёз доранд. Ин неъматро бандагон бо рӯзаву намоз ва тоату ибодат аз Худованд мехоҳанд.

Яке аз ҳикматҳои Рамазон раҳму шафқат аст. Худованд мегӯяд, аз субҳи содиқ то шом аз тамоми лазоизи зиндагӣ бояд истифода набарӣ. Дар ин моҳ инсон гуруснагӣ, ташнагӣ ва дигар ранҷҳоро бубинад ва дар нисбат ба гуруснагону дармондагон раҳму шафқат пайдо кунад. Ин як моҳи санҷиш аст, ки Худованд сабру таҳамули бандагонашро месанҷад.

Вақте дар Рамазон рӯза нагирифтӣ

-Аммо бубинед, ки бархе аз сокинон бо сабабҳои мухталиф наметавонанд, рӯза бигиранд. Пас онҳо бояд чӣ бикунанд?

-Агар узр дошта бошанд, узр чанд намуд мешавад. Пиронсоле, ки солаш ба ҷое расидаасту дигар имкони рӯзадорӣ надорад ва ё беморе, ки шифонаёбанда аст, дар ин ҷо бояд фидяи савм бидиҳанд. Фидяи савм барои як рӯзи рӯза 10 сомонӣҳаст барои инсонҳои маъзур, ки узри шаръӣ доранд, аммо на ба ҳама беморон.

Нафаре, ки фарз кардем, бемории қанд дораду дар ин рӯзи гармо табибон ба ӯ тавсия додан, ки чанд маротиба бояд об бинӯшад, рӯзаашро бихӯрад. Ин ҳам дар ҳоле, ки бояд табибон аниқ барояш гуфта бошанд, ки агар об нанӯшад, ӯҳалок мешавад. Дар ин ҳолат ӯ рӯзаашро мехӯрад ва дар рӯзҳои кутоҳ ва ё вақте, ки саломатиаш беҳтар мешавад, барои як рӯзи рӯзахурӣ боз як рӯз рӯзаи қазо медорад. 

Инчунин, занҳое, ки бемории моҳона доранд, барои онҳо хӯрдани рӯза дар давоми се рӯз аст ё панҷ рӯз аст, воҷиб аст. Ҳатто агар дар ин ҳолат рӯзаашро нахӯрад, гунаҳкор мешавад. Баъдан, онҳо метавонанд, дар фурсати муносиб ҳар чӣ зудтар рӯзаи қазоӣ бидоранд. Дигар узре, ки дар мавридаш қарори Шӯрои уламо низ ҳаст, ин рӯзаи мусофирӣҳаст. Агар муддати сафар 120 километр дар бар бигирад, инсон мусофир ҳисобида мешавад ихтиёр дорад, ки рӯзаашро бихӯрад.

Беҳтараш, агар машаққат набошад, нахӯрад. Ба ҳар ҳол Худованд ихтиёр додааст. Боз зане, ки нав таваллуд кардааст, барои ӯҳам хӯрдани рӯза воҷиб аст ва занҳое, ки ҳомиладоранд. Тиб исбот кардааст, ки рӯзадорӣ ба ӯ ва тифлаш хатар дорад ва модаре, ки тифли ширхор дораду тифлаш ба ҷуз шири модар дигар чизе намехӯрад. Рӯзадории ӯбоиси зиёни фарзандаш мешавад, ин ҷо ин модар ҳам ихтиёри хӯрдани рӯзаро дорад. Аммо бо аввалин имконот бояд рӯзаашро бигирад.

10 -ҳазор сомонӣ дорӣ, закот бидеҳ

-Хабаре дар матбуот нашр шуд, ки Фитри рӯзаро ба имомхатибон бояд бидиҳанд. Оё Шумо ба ин назар мувофиқед ва аз нигоҳи шумо закоти мол ва фитри рӯзаро ба кӣ бояд дод?

-Закотро бояд инсоне бидиҳад, ки молаш ба нисоб расида бошад. Қабл аз моҳи мубораки Рамазон қарори Шӯрои уламо баромад, ки нисоби закотро 10875 сомонӣ  муқарар кард. Ҳар инсоне, ки дар пасандозаш ин миқдор маблағ дорад, молаш ба нисоб мерасад, вале вақте ӯ аз ин мол закот медиҳад, ки як сол ин маблағ дар гардиш қарор дошта бошад.

Иқтисодиёти исломӣҳам ҷамъ ва захира кардани молро дуруст намедонад. Мол бояд дар гардиш бошад ва ҳам соҳибаш ва ҳам ба дигарон даромад биёрад. Дар ин ҳолат аз ҳазор сомонӣ 25 сомонӣ закот дода мешавад. Тиловорӣ ва дигар ашё ҳам, ки пасандоз бошад, бояд аз онҳо закот дода шавад. Фитри рӯзаро ҳам нафаре бояд бидиҳад, ки молаш ба нисоб расидааст. Нафари молдору сарватманд ҳар қадаре, ки фитри рӯза медиҳад ва имкон дорад, қабул аст.

Қарори Шӯрои уламо, ки 4 сомонӣ муқарар кардааст, ин ҳади ақал аст. Бо 4 сомонӣ аз гардан соқит мешавад, аммо инсон ҳар қадар ҳимат дорад, садақа кунад, савобаш бештар аст.  Худованд ба банда додааст, то бидиҳад. Аммо фитри рӯза ба инсонҳое дода шавад, ки молаш ба нисоб нарасидааст. 

Ба мискинон дода шавад. Мискин ҳамон нафарест, ки танҳо барои имрӯзаш хӯрданӣ дорад.  Хубтараш ба онҳое дода шавад, ки ҳеҷ даромаде надорад ва хеле фақирона зиндагӣ мекунад. Ятимон ҳастанд, маъюбон ҳастанд, ки кор карда наметавонанд ва даромаде надоранд.

Соли 2050 кай Рамазон меояд, маълум аст

-Тақрибан ҳар сол дар ҷомеа атрофи оғози моҳи Рамазон ва анҷоми он баҳсҳо сурат мегирад. Бархе як рӯз қабл ва бархеи дигар як рӯз бад рӯза медоранд. Аммо шумо гуфтед, ки дар Тоҷикистон дақиқан Рамазон 28-уми июл оғоз шудааст ва ҳар касе ин рӯз рӯза надошт, рӯзаи қазоӣ бигирад. Шеваи дақиқ кардани оғозу анҷоми моҳи Рамазон чи гуна аст?

-Мутаасcифона бархе нафарон бо фаҳмиши худ рафтор мекунанд. Шӯрои уламо 25 нафар аъзо дорад, ки аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар ҳастанд. Инҳо афроди огоҳу Худотарсанд. Чанд моҳе пеш аз Рамазон мо комиссияи махсус таъсис медиҳем, ки моҳҳо ва оғози субҳи содиқу ғуруби офтобро меомӯзем. Аз ҷиҳати дигар мо ҳамкории зич бо Институти астрофизикаи назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дорем. Ин Институт расадхонаҳои қавӣ дар чанд минтақаи Тоҷикистон дорад.

Онҳо бо телескопу пурбинҳо дақиқ мебинанд, ки маҳтоб кай тамом шуд ва акай оғоз шуд. Дуруст аст, ки дар Тоҷикистон маҳтоб бо чашми сар тақрибан 46 соат дида намешавад. Ин ба он вобастааст, ки мо дар минтақаи кӯҳсор зиндагӣ мекунем. Мо расман аз ин Институт хулоса мегирем, ки онҳо фарорасии Рамазонро дар 28-уми июн тасдиқ мекунанд. Ҳоло илм пеш рафтааст ва бар асоси ин ҳисобҳо метавон гуфт, ки Рамазони соли 2050 кай меояд.

Ном намегирем, аммо дар як мавзеъ рӯҳоние пайравонашро гуфтааст, ки рӯзи панҷшанбе рӯза бигиранд, ки ин комилан хатост. Аз тарафи дигар мо дар ҳар ҷое ҳастем, бояд ба гуфтаи Шӯрои уламои он ҷо итоат кунем. Воҷиб аст, ки сокинон ҳам ба Шӯрои уламо пайравӣ кунанд ва ба сухану фатвои дигарон гӯш надиҳанд, зеро ин ҷо мо ҳар ҳарфу қароре, ки мебарорем, пас аз омӯзиш ва бо дар назар гирифтани назари дигар аъзоёни Шӯрои уламо ҳаст.

Саҳобаҳо метарсиданд, ки фатво бидиҳанд, аммо..

-Яъне, шумо қабул надоред, ки ба ғайри Шӯрои уламо рӯҳониёни дигаре фатво содир кунанд?

-Гоҳо дар ҳайрат мемонам, ки чаро ин инсонҳо ин қадар вазининиро бар дӯш мегиранд.  Ман аз ин масъулият метарсам, Худо шоҳид ва танҳо ҳеҷқароре намебарорам. Ҳар масъалаву суоле  бошад, мо дар якҷоягӣ бо Раёсати фатво ва аъзоёни шӯрои уламо баррасӣ мекунем ва баъдан ба як хулоса мерасем.

Лекин баъзе аз шахсони алоҳида аз пеши худ фатво содир мекунанд, ки намедонам, фардо рӯзи қиёмат назди Парвардигор чӣҷавоб мегӯянд. Шӯрои уламо дар якҷоягӣ бо дигар аъзоёнаш масъулият доранд, ки фатво содир кунанд, дигаронро намедонам, ки чӣ маҷбурашон мекунад, ки аз пеши худ фатво бидиҳанд. Вақте, ки Шӯрои уламо дар дигар рӯз Рамазонро эълон мекунад ва ин гунна рӯҳониён дар дигар рӯз, албатта, ин ихтилофро ба вуҷуд меорад.

Вақте мехонем, замони паёмбари Худо агар як савол ба як саҳоба меомад, ӯ онро аз дигар саҳоба мепурсид ва ҳамин тавр савол дар миёни ҳамаи онҳо матраҳ мешуд. Ҳеҷ кадоме ҷуръати ба осонӣҷавоб додану фавто доданро надоштанд. Онҳо саҳоба буданд, бо паёмбар буданд ва Қуръонро медонистанд, вале ба танҳоӣ аз фатво додан меҳаросиданд, зеро тарс аз Худо доштанд. 

Аз пеши худ ҳар гуна фатво додан ихтилоф ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, мо ҳамеша даъват мекунем, ки аз суханҳое, ки боиси ихтилоф мешавад, парҳез шавад, то мазҳаби мо халалдор нашавад. На ҳар нафар бояд аз дини мубини ислом ба манфиати худ истифода барад. Чуноне мо мебинем бархе худро «мулло» дониста, чи корҳое намекунанд. Дар асл онҳо бӯе аз ислом намебаранд.

Намоиши муллоҳои фосиқҳеҷ зиёне ба ислом надорад

-Фикр мекунам, манзури шумо аз ҷумлаи охир ҳамон афродест, ки аз ҷониби мақомот бо гумони таҷовуз ва алоқаи ҷинсӣ боздошт мешаванд. Дар телевизон ҳам намоиш дода мешавад, ки онҳо худро мулло муаррифӣ карда, даст ба бадахлоқӣ мезананд. Назари шумо ба намоиши ҳамин наворҳо чист?

-Мутаассифона ва бадбахтона ин инсонҳое, ки дар либоси ходими дин  ворид шудаанд, худ аз дину илм бехабаранд. Онҳо тавре дар наворҳо мебинем, худ иқроранд, ки аз дин бехабаранд ва Қуръон хонда наметавонанд, лекин сӯистифода аз саллаву либос авомфиребӣ мекунанд. Ба хотири «гӯр сӯзаду дег ҷӯшад».

Муҳим барои онҳо чанд миқдор маблағе даромад гирифтан аст. Дигар барои он фарқе надорад, ки хонаи касеро вайрон мекунад. Агар илм медошт, аз Худо метарсид ва агар аз Худо метарсид, чунин кореро анҷом намедод.  Мутаассифона дар ҷомеа мо мебинем, ки бисёриҳо аз мансабу дину мақом сӯистифода мекунанд.

-Аммо фикр намекунед, ки ин ба обрӯи ислому дигар уламои исломӣ латма мезананд?

-Ислом аз ин гуна шахсиятҳо фарсахҳо дур ва безор аст. Баъзеҳо ҳамин гуна фикр мекунанд, ки ба ислом зарар мекунад. На, ислом як дини муқаддас ҳаст, ки Худованд бузург мефармояд, ки «Мо ин Қуръон  нозил кардем ва ҳифзкунандаи он мо худ ҳастем.» Шайтонсифату шайтонсиратҳои зиёде ҳаст, ки ҳар коре мекунанд, аммо ин маънои онро надорад, ки дини мубини ислом зарар мебинад. Медонед, ки баъзеи ҳамонҳо розианд, замин кафаду онҳо дароянд. Ҳатто баъзеи онҳо имкон пайдо мекарданд, лаҳзаи боздошт худкушӣ мекарданд.

-Ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани онҳо масъалаи дигар аст, вале намоиши кору кирдори онҳо тариқи расонаҳо магар хуб аст?

-Бубинед, агар ҳамин гуна корҳо пинҳон бимонад ва ошкор нашавад, сафи чунинҳо боз зиёд мешавад ва мардуми зиёди соддалавҳ дар макру ҳилаи онҳо ғарқ мешаванд. Ба хотире, ки пешгирӣ шавад ва мардум фиреб нахӯрад, аз як нуқтаи назар хуб аст, ки мардум огоҳ бошанд.

Ба хотири мазҳаб фарзанди падарро мекушанд

-Дар намозҳои ҷумъа ҳамеша бар ин таъкид мекунед, ки аз мазҳаби Имоми Аъзам пайравӣ кунед ва инчунин аз гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротӣ нигарон ҳастед. Воқеан, фаъол шудани ин равияҳои ба гуфтаи шумо ифротӣ чи хатаре ба ҷомеа доранд?

-Бо чашми сар мебинед, ки дар Афғонистону Ироқу Сурия чӣ мегузарад. Ҳама ба хуну оташ кашида шудааст. Омили асосиаш ҳамин низоҳои мазҳабиву ақидавӣҳаст. Аз заъфи мусалмонон бадхоҳон истифода мекунанд, ки фитнаеро барпо мекунанд. Шӯрои уламо ҳам аз рӯиғамхорӣ ва ба хотире, ки ояндаи миллат неку осуда бошад, ҳамеша бар ин таъкид мекунад. Дар як сайти интернетӣ хондам, ки нафаре фарзанди падари худро қатл мекунад, ба хотире, ки ӯ аз дигар мазҳаб аст ва ин аз дигар мазҳаб.

Гоҳо мебинем, ки мансабдоре аз вазифа озод шуд, зуд ба танқиди ҷои кори пеши худ шурӯъ мекунад ва гӯё он ҷо ҳама кор нохуб аст. Дар ҳоле, ки то вақти ин вазиру раис будан он ҷо ҳама кор хуб буд. Ин ҷо ақида дигар мешавад ва ақида хеле муҳиму зарур ва айни замон хатарноку даҳшатнок аст. Ҳакиме мегӯяд, агар хоҳӣ давлатат орому пешрафта бошад, ақидаи мардумро эҳтиром кун ва бурдаи нонаншонро бидеҳ.

Вақте ақида эҳтиром мешавад, инсон худро хушҳол ҳисоб мекунад ва инсон барои ин ватану миллат хидмат мекунад. Аммо мебинем, ки ақидаҳои гуногуни динӣ чӣқадар кишварҳоро ба оташ кашидааст. Ҳоло дар Ироқ шиа суннӣ ва суннӣ шиа мекушад. Ҳамаи ин низои мазҳабӣҳаст ва мо чаро аз ин бонги хатар назанем? Мо бояд барои оромӣ ва оромӣ дар якмазҳабӣ талош кунем.

Дар ҷомеаи мо ҳастанд афроде, ки барои онҳо оромӣ арзиш надорад ва муҳим ба мақсади хеш бирасанд, курсиро соҳиб шаванд, аммо инсонҳои хайрхоҳӣҷомеа дар ин маврид набояд бетараф бошанд. Мо бояд аз ин ҷанг миёни мазҳабҳо ибрат бигирем ва сулҳи худро эҳтиром кунем. Гуногунандешӣ бояд бошад, аммо дар масъалаи динӣ бояд якдигарфаҳмӣ бошад. Мазҳаби мо беҳтарин мазҳаб аст.

Аммо ҳамаи инро бо эҳтиром ба бародарони Бадахшонии худ, ки мазҳаби қадимӣ доранд, исмоилиҳое, ки вуҷуд доранд, бояд ба роҳ монем. Миёни мо бояд бародариву якдигарфаҳмӣ бошад.

Мардум дар муҳоҷират ба доми гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд

-Аз ҳодисаҳои кишварҳои арабӣ, мисли Сурияву Ироқ ёд кардед. Хабар мерасад, ки дар ин ҷангҳо шаҳрвандони кишвари мо низ ҷалб шудаанд. Кадом омил аст, ки пои шаҳрвандони мо то ин кишварҳо низ расидааст?

-Бубинед, ки аз Васоити ахбори омма инсон дар ним соат медонад, ки дар куҷо чӣ мегузарад.  Аз тарафи дигар, вақте мардуми мо ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, ба доми гурӯҳҳое меафтанд, ки дигар шояд, аз як тараф маблағашон ваъда медиҳанд ва аз тарафи дигар таблиғоташон мебаранд.

Бисёр мехостам, ки ҳар касе мехоҳад, иқдоме, ки ба дини мо рабт дорад, бикунад, аз Шӯрои уламо ва шахсиятҳои Худотарси кишвар машварат пурсад.  Ҳар коре, ки бо маслиҳат бошад, розигии Худо дар ҳамон аст. Дар ҳар масъалае, ки аксари мусалмонони кишвар иттифоқ карданд, дар он наҷот аст. Кори бе маслиҳат инсонро ба нокомӣ мебарад.

-Фикр намекунед, онҳое, ки ба Сурия мераванд, касе барояшон маслиҳат медиҳад?

-Барои мо номаълум аст, ки ин ҷо чӣҳаст. Вақте мо аз ҷузъиёти масъала намедонем, ки чӣҳаст, наметавонем чизе бигӯем.

-Пас чӣ бояд кард, то аз шомил шудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва ҷалби онҳо ба кишварҳои хориҷӣ барои ҷиҳод ҷилавгирӣ кард?

-Бояд Шӯрои уламо, тамоми имомхатибон дар ин масъала як андеша дошта бошанд. Мо аз ҳар ақидаи бегона ва фитна бояд дурӣ биҷӯем. Нагузорем, то ин гуна ақидаҳо реша бидавонанд ва боиси оташ гирифтани хонаи ҳар яки мо шавад. Ҳар як миллате, ки фитнаро ташхис мекунад, он миллати хушбахт ҳаст. 

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi