09:44:51 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

Инак, моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи расидан ба раҳмати Ҳақ буду моҳи мағфирати гуноҳҳо ва фурсати раҳоӣ  ёфтан аз оташи ҷаҳаннам, гӯё, ки дар як чашм задан паси сар шуд ва иди саиди Фитр бо лаҳни ширини кӯдакона дарҳои моро мекӯбад:

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

eid-mubarak-45788778Мо боварӣ дорем онҳое, ки сидқан ва самимона дар ин моҳи шариф фармудаҳои Худовандро ба ҷо овардаанд ва аз мункароташ иҷтиноб варзиданд, албатта аҷру подоши азимеро соҳиб шудаанд. Зеро онҳо дар ин моҳи муборак меҳмони Худои азза ва ҷалла буданду Парвардигори азимушшаън ваъдаи гиромӣ доштани меҳмонони худро ба бандагонаш дар Каломи маҷидаш борҳо ваъда додааст. Ва мо медонем, ки Ӯст танҳо Зоте, ки ба ҳеҷ сурат дар ваъдаҳои худ хилофкорӣ накардаасту намекунад.

Ҳамватанони гиромӣ, Мо аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор» иди саиди Фитрро ба якояки Шумо ва тамоми пайвандонатон табрик гуфта бароятон аз даргоҳи Худованди бузург пеш аз ҳама осмони беғубори сулҳу салоҳ, суботу амният дар кишварро таманно карда дуъогӯи онем, ки файзу баракат хонадони Шуморо тарк накунад, ҳамеша солиму бардам бимонед, хурсанд ва саодатманд бошед.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамватанони азиз!

Аҳли эҷоди «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi