18:44:39 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Марзи дину дунявият. Намунаи Тоҷикистон

Дар як анҷуман дар шаҳри Душанбе масъалаи секюларизми миллӣ ва омили динӣ дар шароити давлати дунявӣ баҳс шудааст. Аммо суол ин аст, ки марзи дунявият дар шароити кишварҳои мусалмоннишине, чун Тоҷикистон, то куҷо бояд бошад?

din-va-jomea-212356445Бо гузашти 20 сол аз расман дунявӣ эълон шудани Тоҷикистон маҳфилҳои илмиву сиёсӣ то имрӯз ба ин натиҷа расидаанд, ки низоми дунявият дар кишвар ба чолиш гирифтор шудааст. Идеологҳои давлати Тоҷикистон мегӯянд, бояд Ислом дар кишвар аз тундгароӣ раҳонида шавад. Коршиносон ба ин андеша зид нестанд, аммо шеваи иҷрои онро бетаъсир ва ҳатто зиёновар меноманд.

Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон, ки раҳбариашро президент Эмомалӣ Раҳмон ба зимма дорад ва аз 86 ҳизбу созмони ҷамъиятӣ иборат аст, аксарият ба ин хулоса омаданд, ки нахуст бояд мафҳуми “дунявияти миллӣ” муайян шавад. Ин ҷаласаи шӯро, ки «Секуляризми миллӣ ва омили динӣ дар шароити давлати дунявӣ» ном гирифтааст, рӯзи 27 август дар Душанбе бо ҳамдастии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ҷараён гирифт.

Қамар Нурулҳақов, муовини раиси созмони «Ал-Ҳанафия» дар ин ҳамоиш гуфт, исломишавии имрӯзаи Тоҷикистон дар батни худ арабшавии ҷомеаро парвариш мекунад ва дар шароити кунунӣ бояд тафсири миллии дунявияти давлат эҷод шавад: «Маҳз модули миллии давлат ва секюларизм имконият медиҳад, ки мо Исломро аз ифротгароӣ ва терроризм ҷудо карда, онро ба ҷузъи фарҳангии миллати тоҷик табдил диҳем. Маҳз дунявият ва секюларизми миллӣ ин имконро медиҳад.»

Дар ҳоле ки рӯҳониёни мусулмон ва пайравони равияҳои тунди исломӣ мавҷудияти миллатро дар Ислом намепазиранд, пешниҳод мешавад, ки ин дин дар Тоҷикистон вижагии миллии худро дошта бошад, зеро дар шакли феълии худ мазҳабишавии ҷомеа ба дунявияти он зарба мезанад.

Саидмурод Фаттоҳзода, ёвари президенти Тоҷикистон дар умури рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, гуфт, умедвор аст, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва коршиносону олимон барои рӯи кор омадани як барномаи таҳкими дунявият маслиҳату андешаҳои худро дареғ нахоҳанд дошт: «Сарвари давлат ба таъкид мегӯянд, ки дин бояд воситаи қавии таҳкими ваҳдату ягонагӣ ва тарғибгари омилҳои рушду пешрафти ҷомиа бошад, на ин ки чун василаи ҷудоиангезӣ, низоъ ва фитна истифода шавад. Дар ҷомиаи имрӯзаи Тоҷикистон падидаҳои ифротгароии динӣ пайдо шуда истодаанд. Ҳаракатҳои радикалӣ монеи рушди демократӣ дар ҷаҳон ҳам мешаванд. Тоҷикистон дар ҳалли масъалаи муносибати давлат ба дин намунаи хоси худро дорад. Мисоли он, фаъолияти озодонаи ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) аст, ки дар Осиёи Марказӣҳамто надорад.»

Коршиносоне, ки аз татбиқи дунявиятгароӣ ё секуляризми миллӣҷонибдорӣ мекунанд, мегӯянд, ифротӣ шудани мусулмонони Тоҷикистон суботи ҷомеа ва куллан давлатдории миллиро бо хатар рӯбарӯ мекунад.

Дунявият бехудоӣ нест

Муродулло Давлатов, директори Маркази исломшиносии Тоҷикистон, мегӯяд, наҳзатҳои исломӣ дар Сурияву Либия ва Ироқу Афғонистон бо пуштибонии кишварҳои хориҷӣ гароиш ба низомҳои теократӣ доранд, ки низомҳои дунявиро ба чолиш кашидаанд. Вай афзуд, ин ҳол ба давлатдориҳои миллӣ хатари бузург эҷод кардааст:

«Секуляризм гоҳо бо атеизм тавъам дониста мешавад, аммо моҳияти он на дар атеизм ва на дар дин аст, балки дар бетарафии он ба дину атеизм ва роҳ надодан ба сиёсишавии ҳардуст. Дар консепсияи секуляризми миллӣғояи миллат, тафсири миллии атеизм ва тафсири миллии дин аз ҳама асосӣ аст. Ман ҳамин тавр мефаҳмам.»

Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносон «дунявиятгароӣ ё секуляризми миллӣ»-ро, ки мафҳуми нав аст, қабул надоранд. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистон 20 сол ба ин сӯ давлати дунявӣ бунёд мекунад, аммо ин раванд бо нақзи Қонуни асосӣ, аз ҷумла, дар қазияҳои маъруф ба ҳиҷобу риш ва маҳдудият дар намозгузориҳо идома мекунад. Ҳатто ба он ҳам ишора карданд, ки агар чунин мебуд, Маркус Миллер, сафири САҲА дар Тоҷикистон, ки дар ҷаласа бо як тарҷумони ҳиҷобпӯш ҳузур дошт, наметавонист дар як ҷаласаи ҳукуматӣ ширкат кунад. Онҳо баҳси «аввал – тоҷик ё мусалмон?» - ро як баҳси сунъии роҳандозишуда аз сӯи бархе марказҳои қабули қарор дар ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ мекунанд.

Дурага кардани тарбуз бо ... пуфак

Саймуддин Дӯстов, раиси созмони «Индем», гуфт, мафҳуми «дунявиятгароӣ ё секуляризми миллӣ» дар таҷрибаи ҷаҳонӣ аслан вуҷуд надорад: «Муҳиддин Кабирӣ тафсири миллии худро дорад, Эшони Нуриддинҷон низ ва Муродулло Давлатов ҳам. Ин кӯшишҳои марказҳои таъсиррасон, ки мехоҳанд дар бахси дунявияту дин фаъол мешаванд, саҳнаеро ба хотир меоранд, ки як «ихтироъкор» мехост, пуффакро бо тарбуз дурага кунад, то тарбуз сабук шавад. Ин як баҳси зиддиилмӣ аст ва ба манофеи миллии мо созгор нест.»

Коршиносон мегӯянд, дар Тоҷикистон воқеан аз соли 2000 ба 2008 як раванди исломишавӣ бо кӯшишҳои уламои маъруфи ислом ва ҳизби наҳзати исломӣ мушоҳида мешуд, аммо аз он ба баъд ҳукумат, аз ҷумла бо эълон кардани Соли Имоми Аъзам ин ташаббусро ба дасти худ гирифт. Ба қавли онҳо, раванди дунявисозӣ аз соли 2011 ба ин сӯ ба ихтиёри қудратиҳо гузашт, ки то ҷое бо пахш кардани наворҳои фаҳш дар бораи алоқаҳои маҳрамонаи қишри, ба истилоҳ, муллоҳо, тариқи телевизионҳои давлатии Тоҷикистон маҳдуд шудааст ва ба обрӯи байналмилалии кишвар ҳам латма мезанад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi