01:31:54 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба тамоми мусалмонон муборак бод!

Ҳазрати Салмони Форсӣ (р) мефармояд, ки Расулаллоҳ (с) дар охирин рӯзҳои моҳи шаъбон барои мо ваъз фармуданд, ки «эй мардум! Моҳи бисёр боазаммат ва мубораке ба суроғи шумо омадааст. Дар он шабе аст (шаби қадр), ки аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Аллоҳ (ҷ.ҷ) рӯзаи ин моҳро фарз қарор дода ва ибодати таровеҳи онро муҷиби савоб қарор додааст.

ramadan-2017-2222

Ҳар кас дар ин моҳ ба анҷоми корҳои нек наздикии Аллоҳ (ҷ.ҷ)-ро ҳосил кунад чунон аст, ки фарзеро дар ғайри моҳи Рамазон анҷом бидиҳад ва касе, ки фарзеро анҷом диҳад, чунон аст, ки ҳафтод фарз дар ғайри моҳи Рамазон анҷом бидиҳад. Ин моҳ моҳи сабр аст ва подоши сабр ҷаннат аст ва ин моҳ моҳи ғамхорӣ аст. Ризқи муъмин дар ин моҳ изофа мешавад. Ҳар кас рӯзадореро ифтор бидиҳад ин боиси мағфират ва бахшоиши гуноҳони ӯ шуда ва сабаби озод гардидани ӯ аз оташи ҷаҳаннам мешавад ва ба андозаи савоби шахси рӯзадор ба ӯ ҳам савоб мерасад, бидуни ин ки аз савоби шахси рӯзадор чизе кам шавад».

Саҳоба (р) арз карданд: «ё расулаллоҳ! Ҳар кас аз мо тавонои молӣ надорад, ки битавонад барои рӯзадор чизе фароҳам кунад». Он ҳазрат фармуданд: «лозим нест ӯро сер кунад. Ин савобро Аллоҳ (ҷ.ҷ) ба шахсе, ки ҳатто бо як дона хурмо ё як қадаҳ об ё ҷуръае шир рӯзадореро ифтор диҳад, ато мефармоянд. Ин моҳе аст, ки аввалаш раҳмат, васаташ мағфират ва охираш озодӣ аз оташ аст. Ҳар кас дар ин моҳ кори ғулом ва коргари худро камтар кунад, Аллоҳ (ҷ.ҷ) гуноҳашро мебахшояд ва аз оташи дӯзах наҷот медиҳад, ва дар ин моҳ чаҳор чизро зиёд анҷом диҳед, ду мавриди он муҷиби ризои Аллоҳ мешавад ва дутои дигар чунонанд, ки шумо бағайр аз онҳо чорае надоред. Он ду чиз ки муҷиби хушнудии Парвардигоратон аст, хондани «Ло илоҳа илаллоҳ» ва «Истиғфор» аст ва дутои дигар яке ин аст, ки аз Аллоҳ (ҷ.ҷ) Ҷаннатро бихоҳед ва дуввум, аз оташи дӯзах паноҳ бихоҳед. Ҳар кас рӯзадореро об бинушонад, Аллоҳ рӯзи қиёмат аз ҳавзи ман обе ба ӯ менушонад, ки баъд аз он то дохил шудан ба Биҳишт ҳаргиз ташна нахоҳад шуд».

Рӯзадорони муҳтарам, ҳамаи шуморо ба муносибати фаро расидани моҳи шарифи Рамазон табрик гуфта, аз Худованди бузург талаби онро дорам, ки ба баракати ин моҳ ва тақвои рӯзадорон гуноҳҳои моро мағфират кунад, ба мову шумо ва ба тамоми мардуми мусалмони ҷаҳон, минҷумла Тоҷикистони азизамон, саодати дунявӣ ва ухравӣ насиб бифармояд.

Омин ё Раббалъоламин!

Аз саҳифаи фейсбуки Султони Ҳамад



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi