06:14:38 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Фарорасии моҳи шарифи Рамазон муборак бод, ҳамватанони азиз!

Имрӯз охирин рӯзи моҳи шаъбон аст. Фардо моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.

ramadan-mubarak 6598565454Яке аз саҳобаҳои киром Салмони Форсӣ (р) ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) дар охирин рӯзи моҳи шаъбон хутбае (суханроние) эрод намуд ва дар он аз ҷумла фармуд: «Эй мардум! Инак, моҳи бузург ва мубораке бар сари шумо соя афканда аст. Моҳе, ки як шабаш (шаби Қадр) аз ҳазор моҳ беҳтар аст. Моҳе, ки Худованд рӯзаашро фарз ва қиёми шабашро татаввӯъ (нафл ва ихтиёрӣ) гардонидааст. Касе дар ин моҳ хислати некеро ба ҷой оварад, баробари он аст, ки фаризаеро дар дигар моҳҳо анҷом дода бошад ва касе фаризаеро дар он ба ҷой оварад, баробари ҳафтод фарз дар моҳҳои дигар аст.

Моҳи сабр аст ва подоши сабр биҳишт аст. Моҳи ҳамдилӣ ва дастгирист. Моҳест, ки дар ризқи бандаи мӯъмин афзоиш ва баракат ба вуҷуд меояд. Касе рӯзадореро дар ин моҳ ифтор диҳад, он мағфирати гуноҳон ва сабаби озодиаш аз оташ мегардад ва ба монанди он (рӯзадор) аҷр дода мешавад, бе он ки аз аҷри ӯ чизе коста гардад».

Гуфтанд: Эй Расули Худо (с), на ҳамаи мо ифторе барои рӯзадор пайдо менамояд? Расули Худо (с) фармуд: «Худованд ин савобро барои касе, ки рӯзадореро бо хурмое ё бо ҷуръаи обе ва ё бо шири ба об омехтае ифтор диҳад, низ ато менамояд.

Моҳест, ки аввали он раҳмат, миёнаи он мағфират ва охираш озо¬ди аз оташ бошад. Касе барои хидматгори худ дар ин моҳ сабукӣ оварад, Худованд ӯро биёмурзад ва аз оташ озодаш намояд.

Дар ин моҳ чаҳор хислатро бештар намоед, ки бо ду хислаташ Парвардигоратонро хушнуд месозед ва ду хислати дигараш барои худатон зарурӣ мебошанд. Он ду хислате, ки боиси хушнудии Парвардигоратон мегарданд, яке шаҳодат додан аст бар ин ки ҳеҷ Худое ба ҷуз Аллоҳи ягона вуҷуд надорад ва дигар аз Ӯ мағфират хостан аст. Аммо он ду хислате, ки барои худатон зарурӣ мебошанд, аввал ин ки ҷаннатро аз Худованд бихоҳед ва дуввум ин ки аз оташи дӯзах ба Ӯ паноҳ баред.

Ҳар касе рӯзадореро обе диҳад, Худованд ӯро аз ҳавзи ман шарбате бинӯшонад, ки то ҷаннат дигар ташна нагардад». ( Саҳеҳи Ибни Ҳузайма, 1887. – Ҷ. 3. – С. 191.)

Худованд дар ҳадиси қудсие мефармояд: «Ҳар амали (неке), ки фарзанди одам анҷом медиҳад, аз даҳ некӣ то ҳафтсад баробар зиёд карда мешавад, вале рӯза ин барои Ман аст ва Ман подоши онро хоҳам дод, зеро рӯзадор шаҳвату таомашро аз барои Ман тарк намудааст. Рӯзадор ду хушнудӣ дорад: яке дар вақти ифтораш ва дигаре дар вақти дидори Парвардигораш. Ҳатто бӯи тағйирхӯрдаи даҳони рӯзадор дар пешгоҳи Худованд аз бӯи мушк хуштар аст».

Ду шодӣ рӯзадоронро фиристанд,

Зи лутфи ҳазрати Субҳонат, эй моҳ!

Яке ҳангоми ифтор андар ин дор,

Дигар дар ҷаннати ризвонат, эй моҳ!

Муждаи мунтазирон моҳи Худо омадааст,

Моҳи тасбеҳу, таровеҳу, дуъо омадааст.

Моҳи дилдодагии банда ба Маъбуд расид,

Бар сари суфраи шоҳона гадо омадааст.

Бар лаби бом биё, гӯшаи абрӯ бинамо,

Рӯзадорони ҷаҳон дар талаби моҳи наванд.

Саъй кун дар иззати сӣ пораи моҳи сиём,

К-аз фалак аз баҳри таъзимаш фуруд омад калом!

Одамӣ мумтоз шуд аз соири ҳайвон ба савм,

Номаи инсон ба ин муҳри худойӣ шуд тамом!

Чун дари дӯзах даҳон гар чанд рӯзе баста шуд,

Боз шуд чандин дар аз ҷаннат ба рӯи хосу ом!

Ҳамватанони азиз, фарорасии моҳи шарифи Рамазонро барои ҳамаи Шумо табрик гуфта, аз Худои бузург талаби онро дорем, ки ба ҳар яки мову Шумо тавону қуввати гирифтани рӯзаи моҳи шарифро арзонӣ бидорад ва савобу самараи онро ба даргоҳаш қабул кунад.

Аҳли эҷоди сомонаи «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi