16:59:24 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

НИЁИШҲО БА ДАРГОҲИ ХУДОИ ТАЪОЛЛО

Эй тӯшаам дар ҳангоми сахтӣ! Эй фарёдрасам дар замони гирифторӣ! Эй сарпарастам дар неъматҳо! Эй бароварандаи ҳоҷатҳо! Эй паноҳам дар лағзишгоҳҳо! Эй раҳонандаам аз ҳалокат ва бадбахтӣ ! Эй ҳамроҳ ва ёварам дар танҳоӣ!

allah 5689522Хато ва лағзишамро бубахш ва корамро осон фармо, ба иҷтимоамон гармӣ бубахш ва ҳоҷатамро баровар ва корамро ислоҳ гардон, ончӣ, ки бад-он эҳтимом дорам, кифоят кун ва дар корам кушоиш ато фармо ва то он гоҳ, ки зиндаам ва баъд аз марг байни ман ва саломатӣ ва офият ҳаргиз ҷудоӣ маяндоз, эй беҳтарин раҳмкунандагон.

ххх

Парвардигоро! Аз ту мехоҳам дар муқобили ҳар кор, ки тавони рӯёрӯӣ бо онро надорам, тавоне ба ман арзонӣ дорӣ, ки умеди онро надошта ва бар забонам ҷорӣ нашуда бошад ва яқине ба ман ато фармо, ки маро аз ҳоҷат хостан аз ғайри ту боздорад; ба дурустӣ, ки ту бар ҳар кор қодир ва тавоноӣ.

ххх

Худовандо! Аз Ту мехоҳам, ки ба нерӯ ва азамат ва салтанатат маро аз шайтони рондашуда ва аз шарри ҳар ситамгари кинатуз паноҳ диҳӣ. Эй он ки аз падару модар ва аз тамоми мардум некукортарӣ! Ту бахшандае ҳастӣ, ки бухл намеварзад ва бурдборе, ки ҷаҳл дар ӯ роҳ надорад ва азизе ҳастӣ, ки залил намегардад.

ххх

Эй шунавандаи ҳар садо ва эй пешгирандаи ҳар заволёбанда! Эй зиндакунандаи устухонҳо пас аз пӯсида шудан ва эҷодкунандаи онҳо баъд аз марг! Бар Муҳаммад ва Оли асҳобаш дуруд фирист ва барои ман ва тамоми мӯъминон аз ҳар ғаму андӯҳ роҳи раҳоӣ муқаррар кун, ту, ки бар ҳар кор қодирӣ.

ххх

Худовандо! То он ки зиндаам маро дар зиндагӣ осуда гардон, зиндагие, ки баъд аз он бар тоатат нерӯманд гардида, дар рӯзи қиёмат ба биҳишт раҳнамун гардам ва маро аз ранҷу рӯзие, ки ба туғён кашонад, баҳраманд макун ва ба фақре, ки маро бадбахт созад ва бар ман танг гирад, мубтало масоз.

ххх

Илоҳо! Медонӣ, ки нотавонам, пас аз бало бираҳонам!

ххх

Илоҳо! Бад-он шодам, ки на ба худ, ба ту афтодам.

ххх

Илоҳо! Ман ба қадри ту нодонам ва дар сазои ту нотавонам.

Дар бечорагии худ саргардонам ва рӯз ба рӯз бар зиёнам.

ххх

Илоҳо! Бунёди тавҳиди мо хароб макун ва боғи умеди моро беоб макун.

ххх

Илоҳо!

Аламеро, ки худ афроштӣ, нагунсор макун. Чун дар охир авф хоҳӣ кард, дар аввал шармсор макун.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор»,

шашуми июли соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi