00:14:35 12-уми Апрели 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Апрел 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-12

ДАР БАЁНИ САБАБҲОИ ВАФОТИ ЭШОН

Воқеъае, ки Байни Мансури халифа ва Имоми Аъзам гузашт, халифа барои интиқом ба шиканҷаи эшон пардохт. Ҳар рӯз Имоми Аъзамро даҳ тозиёна мезаданд ва намоишкорона дар бозорҳо гардиш дода мегуфтанд: «Ин аст сазои оне, ки амри халифаро напазирад». Ин ҳолат даҳ рӯз давом кард ва Имоми Аъзам ба даргоҳи Худои таъоло муноҷот карда даст ба дуъо бардошт ва гиряи бисёр кард.

 

Панҷ рӯз дар ин ҳол буд ва рӯзи панҷум дар ҳоли санҷа рӯҳи мубораки он ҳазрат аз бадани шарифашон баромада ба Ашри аъло парвоз кард.Иддае рикоят кардаанд, Мансур Имоми Аъзамро маҷбур кард, то пиёлаи шароби заҳрдорро бинӯшад. Имоми Аъзам гуфт: «Дидаву дониста барои ҳалоки нафси худ иъона нахоҳам кард». Мансур амр кард, то пиёлаи шароби заҳромезро маҷбуран ба Имоми Аъзам бинӯшонанд. Ҳамин тавр карданд ва Имоми Аъзам аз он заҳр ҳалок шуд.

 Баъзе дигар чунин овардаанд, ки душманони Имоми Аъзам ба Мансур расониданд, ки Абӯҳанифа молу давлати зиёд дорад ва обрӯю эътибораш байни мардум зиёд. Дар Басра Иброҳим Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни разияллоҳу анҳу зиндагӣ мекунад ва Имоми Аъзам бо вайалоқаи пинҳонӣ дорад. Саъйи Имоми Аъзам дар он аст, ки Сайид Иброҳимро ба хилофат маъмур кунад. Мансури халифа аз ин дар ҳарос шуд ва ба куштани Имоми Аъзам амр кард. Ба халифа маълум буд, ки Имоми Аъзам ба қозигӣ розӣ нахоҳад шуд, бинобар онро баҳона кард ва ончи мақсад дошт, расид.

 Дар баёни таърихи вафоти ҳазрати Имоми Аъзам

 Бо иттифоқи аҳли уламо ҳазрати Имоми Аъзам раҳматуллоҳи алайҳ дар синни 70-солагӣ соли 150 ҳиҷри аз олам гузашт, зеро таваллуди эшон дар соли 80 ҳиҷрӣ буда аст. Дар ин асно муносиб дониста шуд мушаххасоти имомони сармазҳаби аҳли суннат оварда шавад.

 ДАР БАЁНИ ТАҶҲИЗИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ

 Вақте, ки ҳазрати Имоми Аъзам вафот кард, аз ҳабсхона барои шустан овардаанд. Ҳасан ибни Аммора шуст, Абӯриҷо Абдуллоҳ ибни Воҳид ад-Ҳиравӣ об рехт. Ҳасан ибни Аммора вақте, ки аз шустан фориғ гашт, бар ҷасади мубораки Имоми Аъзам овоз дод, ки туро Худои таъоло дар раҳмати хеш дорад, ки сӣ сол ифтор накарда, чиҳил сол сол шабро бо ибодат рӯз кардӣ. Дар фиқҳ ва ободию зоҳидӣ аз ҳама баландпарвоз будӣ. Бо некӣ ва бо суннат равонаи қабр ҳастӣ ва баъд аз ту дигарон низ тобеъи ту хоҳанд буд.

 Бар ҷанозаи ҳазрати Имоми Аъзам дар Бағдод мардуми зиде ҷамъ омада буданд, ки шумори эшонро ғайр аз Худои таъоло намедонад. Гӯё, ки малоикаҳои осмонӣ дар шакли одами фурӯд омада бошанд. Салоти ҷаноза ҳафт бор такрор ба такрор иъода карда шуд. Писари эшон ба намози ҷаноза расида омад ва аз бисёрии мардум дар намози дигар дигар дафн кардан муяссар шуд. Муддати 20 рӯз мардум гурӯҳ-гурӯҳ бар сари қабри шариф меомаданд ва намози ҷаноза гузошта мешуд.

 Бинобар васияти ҳазрати Имоми Аъзам ҷасади эшонро ба қабристони Ҳайзурон дар ҷаноби офтоббаро ба хок супориданд. Вафоти ҳазрати Имоми Аъзамро уламои шаҳрҳои дигар шунида мегуфтанд: «Афсӯс, ки дарёи илм аз олам рафт». Ва баъзе дигар мегуфтанд, ки равшангари нури илм аз Кӯфа рафт баст, ки аҳли Ироқ ҳаргиз нахоҳад дид. Баъди муддатҳо Амир Султон Абӯсайид ал-Муставфӣ ал-Хоразмӣ бар сари қабри ҳазрати Имоми Аъзам гунбаз ва дар паҳлӯи қабри эшон мадрасае бино кард.

 «Ҷазоуҳу-л-лоҳи ҳайрон».

 Дар баёни шунидани ҳотиф баъд аз вафоти он ҳазрат

 Мустаҷоб-ул-даъвот сидақат-ул-Мағобӣ меорад: «Баъди дафни ҳазрати Имоми Аъзам шабҳо дар қабристон мешудам. Овози хазини шеърхонӣ шунидам, аммо ҳеҷ кас ба назар намерасид».

Шеър ин аст:

 Заҳаба-л-фиқҳу фало фиқҳа лакум фаттафу-л-лоҳу ва куни. Халафо мота Нӯъмону фа ман за-л-лазий йуҳийя-л-лайла изо мо сиҷафо. Баъзе гуфтаанд, ки баъд аз реҳлати ҳазрати Имоми Аъзам ҷамоати ҷинҳо дар гиря шуда бо овози хазин шеър болоро мехонданд, ки ҳама мардум мешуниданд, аммо аз чашм ноаён буданд.

 ДАР БАЁНИ ХОБ ДИДАНИ ОН ҲАЗРАТ

 Ҳазрати Имоми Аъзам Худои таъолоро 99 бор хоб дидаанд ва орзу карда мегуфтаанд, ки агар сад маротиба бубинам, пурсон мешудам, Худовандо, халойиқ ба чӣ амал аз азоб наҷот хоҳанд ёфт?

Аз Азҳар ибни Кайсон овардаанд, ки гуфт: «Расул алайҳиссаломро дар хоб дидам бо Абӯбакр ва Умар. Аз ҳар дуяшон иҷозат хостам, то аз Расул (с) суоле кунам. Гуфтанд: «Оҳиста бипурс». Аз Расул (с) пурсидам: «Илми Абӯҳанифа дар чӣ дараҷа аст?» фармуд:»Аз илми Хизр алайҳиссалом зиёдтар».

 Боз аз Азҳар ривоят мекунанд, ки гуфт: «Дар хоб дидам, ки аз осмон паси якдигар се ситора фурӯд омад, нигаристам яке Абӯҳанифа, дуввум Мисъап ва саввум Сӯфиён буд. Хоби худро ба Муҳаммад ибни Муқотил баён кардам, эшон дар гиря шуда гуфтанд, ки уламо ситораи замин мебошанд».

Аз Фазл ибни Холид меоранд, ки гуфт: «Пайғамбар алайҳиссаломро дар хоб дидам, пурсидам: «Ё Расулаллоҳ дар илми Абӯҳанифа чӣ мефармоед?» Гуфтанд: «Илми Абӯҳанифа илмест, ки халқуллоҳ ба он мӯҳтоҷ ва ҳар уммат аз он баҳраҳо миёбад».

 Мусдид Абдураҳмони Басрӣ мегӯяд: «Дар Маккаи мукаррама бани рикну мақом саҳаргоҳ дар хоб шуда Расул (с)-ро дидам ва пурсидам: «Ё Расулаллоҳ, Нӯъмон ибни Собит чӣ гуна шахс аст, илмашро аҳз кардан мумкин?» Расул (с) гуфт: «Дар ниҳояти хубӣ аст, илмашро ахз бикун ва ба он амал намо!»». Мусдид мегӯяд: «Аз хоб бедор гашта, ба Худои таъоло истиғфор кардам, чунончи Нӯъмон ибни Собитро дар наздам истода медидам. Ҳар носазое, ки ман содир гашта буд, тавба намудам».

 Ал-устод Абӯ Ҷаъфар ал-Қойинии Шофеъӣ гуфт: «Дар хоб Расул (с)-ро дидам ва пурсидам, ки ихтилофи аиммаи киром чӣ тавр аст? Гуфтанд: «Ҳар кадоме савобе фтанд». Гуфтам: «Ё Расулаллоҳ, Абӯҳанифа гуфтааст, ки муҷтаҳид ҳам мусиб аст, ҳол он, ки Ҳақ як аст ва Шофеъ гуфтааст, ки яке аз муҷтаҳид мусиб аст, дигаре мухтиъ, яъне хатокунанда, лекин хатояш авфпазир мебошад».

 Расул 9с) гуфтанд: «Сухани ҳар дуяшон ҳақ аст, аз ҷиҳати маъно суханони эшон ба якдигар наздик, лафзан ду сухан ба якдигар мухолиф менамояд». Гуфтам: «Барои ахз кардан мазҳаби кадомӣ авлотар аст?» Расул (с) фармуданд, ки мазҳаби ҳардуяшон баробар аст». Муҳаррир мегӯяд: «сухан бисёр буд, аммо ҳосилаш тарҷума карда шуда, то ба хонандагон гароне бор наорад».

 ХОТИМАИ ИЛМ, ШАРОФАТ ВА ФАРЗИЯТИ ОН

Бузургвории ҳазрати Имоми Аъзам аз илм аст. Ба аҳли ислом лозим аст, ки фурсат ёфта аз улуми исломӣ огоҳ шаванд, то ки дар барқарории ислом, барои иҷрои аҳком ходими фарзона шуда, дар баробари ин аз лаззати камоли зиндагӣ баҳраҳо ёбанд. Илм аҳли илмро азиз медорад, ҳатто аз шоҳ ҳам бузургтар гардонида, муқтадои байни Одам мекунад. Подшоҳ ба халқуллоҳ амрҳо мефармояд, аммо аҳли уламо бар подшоҳон дар иҷрои аҳком ва фармони воҷиб-ул-изъон роҳи рост ҳидоят мефармояд. Абуласвад гуфтааст, ки ҳеҷ чиз ғайр аз илм азиз нест.

 Дар Қуръони маҷид оварда шуда, ки «Атиъув-л-лоҳа ва атиъур- Расула ва увлил амри минкум». Мурод аз «Улил амр» уламо аст, яъне итоат кунед бар Аллоҳ таъоло ва пайғамбари Ӯ ва бар уламо. Илм бар аҳли худ подшоҳӣ аст. Акнун миқдори муайяни илмро барои дин омӯхтан барои ҳар кас фарзи айн аст ва аз ин зиёда барои омӯзонидани дигарон фарзи кифоя мебошад. Қабл аз илм фиқҳ мутабаҳхир ва барои фатво додан маҳбуб, аммо омӯхтани илми фол, рамл ва сеҳр ҳаром аст.

 Беҳтарини илмҳо фиқҳ мебошад, зеро ки илми фиқҳ раҳнамои ҳамаи илмҳост. «Аллоҳумма арзуқно улума-д-дини би хурмати ҳотами-л-мурсалина саллаллоҳу таъоло алайҳи ва оло олиҳи ва асҳобиҳи ва уламои умматиҳа аҷмаъина мо таъокаба-з-занну ва –л-яқину ал-ҳамду ли-л-лоҳи рабби-н-носи».

 Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/din/1606-tarikhi-imomi-azam-12.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi