АБДУРАУФИ ФИТРАТ «МУХТАСАРИ ТАЪРИХИ ИСЛОМ» 1
Аз таҳиягарони сомонаи «Рӯзгор»
Муштариёни гиромӣ! Мо азм намудаем, ки зери рубрикаи «Дин насиҳат аст» варианти электронии як силсила китобҳоеро, ки дар бораи таърихи дини мубини ислом аз сӯйи муаллифони шинохта навишта шудаанд ва қиммати таърихиву маърифатӣ доранд, ба тадриҷ пешкаши шумо намоем. Нахуст китоби Абдурауфи Фитрат «Мухтасари таърихи ислом»-ро, ки он бори аввал бо ҳуруфи ниёгон соли 1915 дар матбаъаи Гозоруф дар шаҳри Самарқанд ба табъ расидааст ва соли 1991 онро олими шинохтаи тоҷик профессор Абдулҳайи Саидзодаи Муҳаммадамин ба ҳуруфи кириллӣ баргардон карда дар нашриёти «Ирфон» чоп кардааст, манзуратон мекунем. Чуноне, ки таҳиягари он дар сарсухани аввалин нашри кириллии ин китоб овардааст: «Ин китоб арзиши бузурги маърифативу тарбиявӣ дошта, ақидаву тасаввуроти нодуруст ва машкукро дар бораи ислом ва моҳияти он аз байн мебардорад, ба дидаҳо нур ва ба дилҳо сурур мебахшад, мардумро бо ахлоқи ҳамидаву сифатҳои писандида ба шоҳроҳи зиндагӣ ҳидоят мекунад». Аз ин ба баъд ҳар ҳафта як қисмате аз ин китобро дар ин гӯшаи сомона пешниҳоди шумо, азизони дил, менамоем.
БИСМИЛЛОҲИР РАҲМОНИР РАҲИМ
МУҚАДДИМА
ТАЪРИФИ ТАЪРИХ
Таърих илмест, ки аҳволи миллатҳои гузашта ва сабабҳои тараққиву таназзули онҳоро мефаҳмонад.
ТАҚСИМИ ТАЪРИХ
Таърих ду қисм аст: таърихи умумӣ ва таърихи хусусӣ. Таърихи умумӣ таърихест, ки аҳволи ҳамаи миллатҳо ва ҷамоъаҳоро дар ӯ менависанд. Таърихи хусусӣ таърихест, ки аҳволи як миллат ва ҷамоъатро дар ӯ менависанд. Таърихи ислом ҳам таърихи хусусӣ аст. Таърихи ислом аз зуҳури ҳазрати Пайғамбар (с) ва интишори дини ислом баҳс карда, сабабҳои тараққӣ ва таназзули олами исломро ба мо мефаҳмонад. Бинобар он донистанаш барои ҳар мусалмон даркор аст.
ҚИСМИ АВВАЛ: АСРИ САЪОДАТ
АҲВОЛИ РУМ ВА ЭРОН ПЕШ АЗ ЗУҲУРИ ИСЛОМ
Вақто ки таърихи исавӣ аз панҷсад мегузашт, дар дунё ду давлати бузург мавҷуд буданд: яке Рум, дигаре Эрон. Подшоҳони инҳо доимо ба сари якдигар лашкар кашида, муддатҳои дароз ҷанг мекарданд. Оқибат аз қувват уфтода, ҳар як ба мамлакати худ рафта, зӯр зада, лашкару пул ҷамъ менамуданд ва боз ба ҷанги ҳамдигар меомаданд. Аз тарафи дигар, мардуми ин мамлакатҳои васеъ ҳам ба анвои бадаҳлоқӣ ва беандешагӣ мубтало буданд.
Гоҳо ба сабаби ихтилофоти динӣ ва гоҳо ба баҳонаи азлу насби подшоҳон ба рӯи ҳамдигар шамшер мекашиданд. Фисқу фуҷур, ғасбу ғорат, ҷавру зулм низ дар ин мамлакатҳо бо камоли сахтӣ ҷорӣ буд. Бинобар он, ин мамлакат рӯз ба рӯз харобтар ва адади мардумаш камтар мешуд.
ҶАЗИРАТ-УЛ-АРАБ ВА АҲВОЛИ МАРДУМИ ОН ҶО
Дар ҷониби ҷанубии ин ду мамлакат, як қитъа замини дигар ҳаст, ки ӯро Ҷазират-ул-Араб мегӯянд, аҳолии ин ҷо араб мебошанд. Ҷазират-ул- Араб мисли мамлакатҳои Рум ва Эрон обод нест, балки бисёртаринаш заминаш регзор буда, дар баъзе ҷойҳояш қитъа- қитъа ободӣ мавҷуд аст. Машҳур ва муборактарини ин қитъаҳо қитъаи Ҳиҷоз аст, ки Макка ва Мадина дар ҳамин қитъа мебошанд.
Ба харита нигоҳ кунед мебинед, ки як тарафи қитъаи Ҳиҷоз Баҳри Аҳмар ва дигар тарафаш чӯл аст. Бинобар он давлатҳои Рум ва Ирон ин қитъаро гирифта натавонистанд. Худи инҳо ҳам монанди Рум ва Эрон давлат ва ҳукумате надоштанд. Қабила- қабила, яъне ҷамоъа - ҷамоъа зиндагӣ мекарданд.
Ҳар қабила як сардоре доштанд. Ҳамаи арабҳо ҷоҳилу бадавӣ буданд, ба чӯпонӣ ва роҳзанӣ рӯзгузаронӣ менамуданд. Ҳар қабила бо қабилаи дигар соле чанд маротиба ҷангу хунрезӣ мекарданд. Динашон бутпарастӣ буд. Дар хонаи Каъба, ки дар шаҳри Макка аст, сесаду шаст бут чида монда, ҳар қабила ба яке аз онҳо саҷда ва ибодат мекарданд.
Қиморбозӣ ва шаробхорӣ низ дар миёнашон ҷорӣ буд. Агар занашон духтар мезоид, ор карда, он кӯдаки бегуноҳро зинда мегӯрониданд. Инак, дар он вақт мардуми Рум, Эрон ва Арабистон ба ин ҳол ва дигар миллатҳо аз эшон ҳам бадтар буданд. Дунё тамом рӯй ба харобӣ оварда буд. Ҳазрати Парвардигори азимушшаън, ки харобии дунёро намехоҳад, хост, ки як пайғамбаре таъин карда, аҳволи одамиёнро ислоҳ намояд.
Ин пайғамбарро аз миллати Эрон ва Рум таъин накард, чунки онҳо бисёр бадаҳлоқу беандеша ва беғайрат шуда буданд. Арабҳои Ҳиҷоз, ки аслан тобеъи подшоҳони Эрон ва Рум нашуда ва бо мардуми он мамлакатҳо хамроҳ нагашта буданд, аз онҳо беҳтар буданд, беъзе одатҳои хуб доштанд: мусофирпарвар, ростгӯй, боғайрат, суханвар ва шоир буданд. Бинобар он Худои таъоло он Пайғамбари бузургворро аз қавми араб таъин кард, ки он ҷаноб пайғамбари моён ҳазрати Муҳаммад (с) мебошанд.
ТАВАЛЛУД ЁФТАНИ ҲАЗРАТИ РАСУЛИ АКРАМ АЛАЙҲИСАЛЛОМ
Дар боло гуфта будем, ки арабҳо қабила – қабила шуда зиндагонӣ мекарданд. Арабҳои ҳиҷозӣ ҳам инчунин чанд қабила буданд. Бузургтар ва соҳибэътибортарини онҳо қабилаи Қурайш буданд. Зеро хидмати хонаи Каъба ба дасти ҳаминҳо буд. Қабилаи Қурайш сардоре буд номаш Абдулмуталиб, писаре дошт номи ӯ Абдуллоҳ. Абдулмуталиб ин писарро аз дигар писарони худ дӯсттар медошт. Омина ном яке аз духтарони арабро ба никоҳи Абдуллоҳ даровард. Амина аз Абдуллоҳ ҳомила шуд. Баъд аз ҳафт моҳ Абдуллоҳ барои савдогарӣ ба Мадина рафта, дар он ҷо вафот кард. Баъд аз ду моҳи дигар дар санаи 570 исавӣ, дувоздаҳуми моҳи рабеъулаввал, бегоҳии душанбе раҳмати оламиён, Пайғамбари мо ҳазрати Муҳаммад (с) бинни Абдуллоҳ дар шаҳри Макка аз шиками Омина ба дунё омад.
(Идома дорад)