02:59:58 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҲАМСАРДОРӢ: ДУРӮҒ ГУФТАН ИҶОЗАТ АСТ, ВАЛЕ...

Аз силсилаи посухҳои Юсуфи ҚарзовӢ ба суолҳо

Суол: Бо марде издивоҷ кардам, ки дорои ахлоқи хуб аст, вале бисёр шаку шубҳа ва рашккунанда мебошад. Бисёр иттифоқ уфтодааст, ки аз ман пурсидааст:

 

muslim-husband-wife-Оё касе дигаре ғайр аз ӯро дӯст дорам?

 

Ва ман ба ӯ гуфтам: 

 

-Фақат туро мехоҳам ва ба ҳеҷ ваҷҳ марде ғайр аз туро тамоюл надорам.

 

Ҳатто аз ман хостааст, ки дар ин робита барояш қасам ёд кунам ва ман бо хаёли роҳат барояш савганд хӯрдаам. Аммо ӯ ба ин ҳама иктифо намекард ва дубора аз ман мепурсид:

 

-Оё қабл аз ин ки бо эшон издивоҷ кунам, касе дигареро дӯст медоштам?

 

Ва дар ин бора низ ба ӯ ҷавоби манфӣ додам. Аммо боз аз ман мехост, ки дар таъкиди ҷавоб барояш қасам ёд кунам ва савганд бихӯрам, ки ба ҷуз ӯ қалбам ба ҳеҷ кас таъаллуқ надоштааст. Ба ӯ гуфтам:

 

ӣ ниёзе ба ин ҳарфҳо ҳаст, вақте ки  ман қатъан бароятон собит намудаам, ки ишқ ва алоқа ва ихлоси ман фақат бо шумост ва барои хушбахтӣ ва саодати зиндагии заношӯиямон исрор ва иҳтимом меварзам?!

 

Вале ӯ боз намепазирад ва исрор дорад барои ҳар мавриде, ки мегӯяд, барояш қасам бихӯрам.

Аз ҷаноби олӣ чӣ пинҳон, ман замоне ба ҷавоне аз хешони дури хонаводаам таъаллуқи хотир доштам, вале тақдири Илоҳӣ чунин буд, ки ӯ иқдоми издивоҷ бо ман нанамуд ва қазияи марбут ба чанд соли гузаштааст. Миёни ману ӯ ба ҷуз эҳсос ва отифае, ки баъд аз издивоҷ шӯълаи он ба куллӣ хомӯш шуд, чизе дигаре набуда ва нест.

 

Акнун ман бар сари дуроҳӣ қарор гирифтаам: «оё қасамеро ки шавҳарам аз ман мехоҳад, барояш ёд кунам ва хаёли ӯро аз ин парешонӣ ва нигароние, ки дорад, осуда намоям? Дар ин сурат метарсам муртакиби гуноҳе шуда бошам ва ба далели ин ки ба дурӯғ қасам хӯрдаам, Худованд бар ман хашм гирад, ё ин ки аз савганд хӯрдан имтиноъ варзам, ки дар ин сурат шаку бадгумонии ӯ нисбат ба ман афзун мегардад зиндагонӣ бар мо талх ва ногувор мешавад. Ба маҳзари ҷаноби олӣ панаҳ овардам то аз ин саргардонӣ маро наҷот диҳад.

 

Ф. С., зани саргадон аз Дувҳа, пойтахти Қатар

 

Ҷавоб:-Асл дар дурӯғ, ҳаром будани он аст, зеро барои фард, хонавода ва ҷомеа мазаррот ва зиёнҳое дар бар дорад. Вале ҳамон тавре, ки дар фатвои гузашта баён доштам, бино ба асбоб ва иллатҳои хос ва дар ҳудуди муайяни ислом хурӯҷ аз ин аслро мубоҳ мешуморад. Дар ҳадиси набавӣ, ки Муслим дар Саҳеҳи худ аз Умми Қулсум ривоят мекунад омадааст, ки мегӯяд:

 

«Нашунидам, ки Паёмбар (с) дар ҳеҷ мавриде дурӯғ гуфтанро рухсат бидиҳад, ҷуз дар се маврид: 1. Марде, ки ба манзури сулҳ ва ислоҳ миёни мардум сухани дурӯғ ба забон овард. 2. Марде, ки дар ҷанг гуфтори дурӯғе гӯяд. 3. Сухани мард хитоб ба ҳамсараш ва сухани ҳамсар хитоб ба шавҳараш».

 

Ин матлаб аз воқеиёти ин шариъат ва ҳикмати болеғи он мебошад. Пазируфта ва саҳеҳ нест, ки агар касе бихоҳад миёни ду нафар, ки бо як дигар даргирӣ ва низоъ доранд, сулҳ ва оштӣ барқарор кунад, ҳар он чӣ аз он ду нафар дар бораи дигаре шунидааст, бозгӯ ва нақл кунад, ки ин шева муҷиби шӯълавар сохтани оташи низоъ аст. Ҳол он ки ӯ бояд бикӯшад фазо миёни он дуро ором кунад, ҳарчанд бо гуфтани калимоте ороста ё изофоте дар нақли қавл ва инкору носазо ва дашноме, ки яке аз он ду нисбат ба дигаре гуфта аст, анҷом гирад.

 

Ва низ маъқул нест, ки таҳти унвони «ростгӯӣ», душмани ҳар маълумотеро бихоҳад, ба ӯ дода шавад ва асрори низомӣ барои ӯ фош гардад ва ба махфигоҳ ва паноҳгоҳи шаҳру диёр роҳнамоӣ шавад ва аз мавориди заъфи ҷабҳаи дохилӣ ва амсоли он бо хабар гардад, балки бояд ҳамаи мавориди фавқ махфӣ бимонад ва душман аз он мутталеъ (огоҳ) нагардад, зеро, ки дар ҷанг, хидъа (макр) ва фиреб аст.

 

Аз ҳикмат ва хирад ба дур аст, зане бо шавҳараш ба хотири масоил ва отифае, ки қабл аз издивоҷ бо он даргир буда ва акнун замони он ба сар омада ва айёми онро ба фаромӯшӣ супурда аст, ба даъво ва низоъ пардозад ва таҳти унвони ростгӯӣ конуни хонаводагии худро мушавваш ва зиндагии заношӯии худро аз ҳам бипошад. Бинобарин,  ҳадиси шарифи набавӣ дар ниҳояти ҳикмат ва савоб аст, ҳангоме, ки ба хотири равобити муқаддаси заношӯӣ, суханон ва иборати тавъам бо дурӯғро бо вуҷуди ин ки дурӯғ ҳаром мебошад, мустасно намудааст.

 

Шаке нест, ки дархости мард аз ҳамсараш, ки ӯ бояд ба хотири ҳар ончӣ мегӯяд, савганд ёд кунад, як кори хато ва иштибоҳ аст, аз ду ҷиҳат:

 

Аввалан, дар бораи гузаштае кунду ков мекунад, ки ҳеҷ иртиботе бо ӯ надорад ва чӣ басо фош ва бармало шудани масоили гузашта ба маслиҳати ӯ набошад. Чӣ бисёр иттифоқ меуфтад, ки духтар ё писаре дар гузашта қалбаш барои яке аз наздикон ё ҳамсоягон ва ё ғайри он метапид ва ӯро таксавори орзӯҳояш медониста аст, аммо тӯле накашида, ки писар аз духтар ва ё духтар аз писар ба вижа бо издивоҷи тарафи муқобил, аз якдигар рӯйгадон шудаанд.

 

Бинобар ин, ҳеҷ хайр ва фоидае дар зиндагӣ кардани он хотироте, ки бо гузашти замон мурдаанд, нест ва кофӣ аст, ки мард бидонад ҳамсараш нисбат ба ӯ ихлос дорад ва ҳуқуқи ӯро адо мекунад ва аз хона ва зиндагиаш муҳофизат менамояд ва дар ҳеҷ як аз умури ҳамсардорӣ кӯтоҳӣ намекунад.

 

Сониян, савганд додани зан дар равобит ва алоқаи миёни зану шавҳар афзоиш ва ё коҳише бабор нахоҳад овард, зеро агар зан пойбанд ба дин набошад ва аз Худо ва рӯзи ҳисоб натарсад, барояш муҳим нест, ки ба дурӯғ, болотарин савгандро ёд кунад. Ва агар диндор бошад ва пойбанд ба Худост ва аз рӯзи ҷазо бимнок бошад, ҳамин тақво ва дини ӯ кофӣ аст, ки шавҳараш ба ӯ итминон дошта бошад ва ба амонатдорӣ ва ихлосаш эътимод намояд.

 

Бими он меравад, ки агар шавҳар ба қасам хӯрдани зан исрор ва пофишорӣ кунад, зан ба дурӯғ қасам бихӯрад, дар он сурат, гуноҳи қасам ба гардани мард аст, на зан. Он чӣ дар ин ҷо бояд таъкид кунам ин аст, ки агар дар чунин мавридҳо шавҳар занро маҷбур кунад, ки бояд дар муқобили гуфтораш савганд бихӯрад, зан метавонад ба дурӯғ, барои мард савганд ёд кунад.

 

Зеро садоқат ва ростгӯии зан дар ин гуна мавридҳо, зиндагии хонаводагии ӯро дар маърази нобудӣ ва аз ҳамгусастагӣ қарор хоҳад дод, ки чунин вазъияте мавриди ризоияти Худованд нест ва ислом ба шиддат ба он мубориза мекунад. Савганд хӯрдани зан дар ин гуна мавридҳо  ба хотири зарурат аст ва изтирору ишколе надорад.

 

Намунаи дигар ин ки агар мард аз ҳамсараш суол кунад, ки оё ӯро дӯст дорад ё на? Ва барои итминон ба ростии гуфтори зан, мард бихоҳад, ки занаш барояш савганд ёд кунад, зан метавонад ба далели чунин мардоне ҷуз бо савганд розӣ ва қонеъ намешаванд, савганд ёд кунад, дар сурате, ки чорае ҷуз қасам хӯрдан надошта бошад, ҳар чанд ба дурӯғ қасам бихӯрад ва аз Парвардгор талаби омӯрзиш кунад, ки Ӯ бисёр бахшанда ва меҳрубон аст.

 

Роҷеъ ба ин мавзӯъ, воқеаи дар замони хилофати  Умар ибни Хаттоб(р), аз Ибни Абӣ Узра ад-Дуалӣ ривоят мекунанд, ки пайваста эшон ҳамсаронашро талоқ медод ва мардум ӯро сарзаниш мекарданд. Вақте хабар ёфт, ки мавриди итоби мардум қарор гирифта аст, дасти Абдуллоҳ ибни Арқамро гирифт ва ӯро ба манзилаш бурд ва бо ҳузури ӯ аз ҳамсараш пурсид:

 

-Туро ба Худо савганд, оё аз ман бадат меояд?

 

Зан ҷавоб дод:

 

-Маро савганд мадеҳ!

 

Ду бора шавҳар гуфт:

 

-Ман туро ба Худо савганд додам оё аз ман бадат меояд?

 

-Зан ҷавоб дод:

 

-Оре!

 

Шавҳар ба Ибни Арқам гуфт:

 

-Шунидӣ?

 

 Сипас ҳардуи онон назди Умар(р) омаданд. Ибни Узра гуфт:

 

-Ҳамаи шумо мегӯед, ки ман ба занон ситам мукунам ва ононро талоқ медиҳам. Аз Ибни Арқам суол кун! Умар аз вай моҷароро пурсид ва ӯ эшонро аз воқеа хабар дод. Онгоҳ, Умар (р) ба дунболи зани Ибни Узра фиристод ва он зан ҳамроҳи амааш назди Умар (р) омаданд. Умар гуфт:

 

-Ту ба шавҳарат гуфтаӣ, ки аз ӯ бадат меояд?

 

-Зан ҷавоб дод:

 

-Ман аз нахустин заноне ҳастам, ки ба авомири Илоҳӣ гардан ниҳодам ва ӯ маро ба Худованд савганд дод ва ман натавонистам, ки дар савгандам дурӯғ бигӯям. Оё эй Амиралмуъминин, ман метавонистам дурӯғ бигӯям?

 

-Умар гуфт:

 

-Оре, метавонӣ дар чунин мавридҳо дурӯғ бигӯӣ. Агар яке аз шумо шавҳари худро дӯст надорад набояд ҳақиқатро ба ӯ бигӯяд. Зеро шумори ками хонаводаҳо бар мабнои ишқ ва муҳаббат бино шудаанд ва бештари мардум ба хотири ислом ва ҳасабу насаб бо ҳам зиндагӣ мекунанд!

 

Ба Худованд қасам, ин яке аз ҳикматҳои ташриъӣ (дар шариат ҷорӣ кардаи)-и Умар (р) аст. Умар (р) танҳо раиси ҳукумат набуд, балки  дар канори он олим  ва мураббӣ, фақеҳ ва муфтӣ низ буд. Эшон ин мавридро бо ҳадиси Паёмбар(с) дар бораи сухани зан бо мард ва мард бо зан татбиқ мекунад ва дар ростои он монеъ намебинад, ки зан ба хотири идомаи зиндагии заношӯӣ ва конуни хонавода, ба мард хабари дурӯғ бигӯяд ва сипас ҳикмати ҷовидонаашро арза менамояд ва мегӯяд:

 

«Камтар хона ва хонаводаҳо бар мабнои ишқ ва муҳаббат сохта шудааст ва мардум ба хотири ислом ва ҳасабу насаб бо ҳам зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, лозим нест, ки зану мард Лайлӣ ва Маҷнун  барин ба як дигар ишқ биварзанд ва агар як рӯзе ҳам ин тавр буда бошанд, чӣ басо сарнавишти онон ба ғайр аз издивоҷ мунтаҳӣ мешавад, ҳамон тавре, ки сарнавишти Лайлӣ ва Маҷнун аз он ҳуб (муҳаббат) ва алоқа поён пазируфт. Танҳо кофист, ки зану шавҳар дар зери сояи дин ва ахлоқ, ё ислому ҳасабу насаби фомилӣ ба зиндагии мутаорифи худ идома диҳанд, ҳамон тавре, ки Форуқи Аъзам (Умар (р)) фармуданд.

 

Таҳиякунанда Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi