14:47:49 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ФАЗИЛАТИ НАМОЗҲОИ ВОҶИБ ВА НОФИЛА

Аз силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ ба суолҳо

Суол: Оё метавонам дар адои намоз, фақат ба намозҳои воҷиб иктифо кунам, бидуни ин ки ҳамроҳи онҳо намозҳои нофиларо адо намоям?

namazҶавоб: намозҳои панҷгона бар ҳар мард ва зани мусалмон фарз ва воҷиб аст. Вале дар канори онҳо намозҳои нофилаи муакадда (таъкидкардашуда) низ ҳастанд, ки Паёмбар (с) бар онҳо мувозибат (пайваста кореро кардан) доштаанд ва мувозибат бар адои онҳоро барои мусалмонон низ ташреъ ва муқаррар фармудаанд ва шахси мусалмон, бино ба далоили зер, лозимаст нисбат ба адои намозҳои нофила, эҳтимом (талош) варзад.

а) Намозҳои нофила, муҷиби тақарруб ва афзоиши эътибор ва арзиши инсон дар даргоҳи Худованди мутаъол мегардад. Ҳамон тавре, ки ҳар инсон талош мекунад, ки эътибор ва пуштувонаи молии худро дар бонк бештар кунад, бояд таваҷҷӯҳ ва эҳтимоми худро дар ҷиҳати издиёди эътибор ва афзоиши пуштувонаи ҳасаноти худ, ки боқӣ ва ҷовидон аст, дар пешгоҳи Худованди мутаъол низ мабзул намояд. Зеро, ки манфиати ҳақиқии инсон дар ҳамин маврид аст, чунки Худованди мутаол мефармояд: «Рӯзе, ки ҳеҷ молу фарзанде суд намедиҳад, магар касе, ки дили пок ба сӯи Худо биоварад» (Шуъаро, оятҳои 88-89).

Дар ҳадиси қудсӣ ривоят шудааст, ки: «Дар ҷиҳати тақарруб ба ман, ҳеч чизе аз он чӣ бар бандаам воҷиб намудаам, шоистатар нест. Аммо бандаи ман, пайваста ба навофил ба ман тақарруб меҷӯяд то ин ки ӯро дӯст бидорам ва ҳамин ки ӯро дӯст доштам, ман гӯши ӯ мешавам, ки бадон мешунавад ва чашми ӯ мешавам, ки бадон мебинад ва дасти ӯ мешавам, ки бадон кор мекунад ва..» (ривоят аз Бухорӣ аст).

 Аз тарафи дигар, эъроз (рӯй гардонидан) аз ин суннатҳо навъе пушт кардан ба муҳаббати Расули Худост, чунки Худованди мутаъол мефармояд: «Қатъан барои шумо дар иқтидо ба Расули Худо сармашқи некӯ аст» (Аҳзоб, ояи 21).

Ҳар кас хоҳони муҳаббати Паёмбари Худо (с) бошад, худро мулзам ба пайравӣ аз суннати ӯ ва эҳёи равиши ӯ медонад. Аз он ҷо ки Паёмбар (с) мувозибат бар намозҳои нофиларо муқаррар ва муаккада доштаанд, барои мо шоистатар аст, ки нисбат ба пайравӣ ва эҳёи он суннатҳо иқдом намоем ва онҳоро дар маҷмӯъаи ибодатҳои худ ба маҳв ва фаромӯшӣ насупорем.

Масъалаи дигар ин ки адои ин суннатҳо ҷубронӣ аст. Зеро эҳтимол дорад дар воҷибот нақс ва қусур рӯй дода бошад.

Кист, ки битавонад қоил бошад ба ин ки тамомии намозҳои воҷибро аз лиҳози аркон ва одоб ва хушӯъ ба таври комил анҷом додааст? Чӣ басо имкон дорад, ки намозгузор ҳавосаш парт шуда бошад, ё қалбаш аз хушӯъ боз монда бошад ё андомаш бе ҳаракат намонда бошад ва ё аркони намозро ба таври комил анҷом надода бошад…

Дар рӯзи қиёмат, нахустин чизе, ки инсон нисбат ба он мавриди бозҷӯӣ қарор мегирад, намоз аст. Дар он ҷо намози инсон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Агар онро тамом ва камол анҷом дода бошад, чӣ беҳтар ва агар дар он нақс ва айбе буда бошад, ба василаи ин навофил ва мустаҳаббот ҷуброн хоҳад шуд. Бинобар ин, адои намозҳои нофила, навъе амалиёти ҷубронӣ ва таъвизи нуқсонӣ ва рафъ ва руҷӯъи тақсиротӣ аст, ки дар намозҳои воҷиб рух додааст.

Албатта, агар чунончӣ мусалмоне дар адои намоз фақат ба фароиз иктифо намояд ва аркону шароит ва ҳаққи онро комилан адо намуда бошад, ҳеҷ гуна гуноҳ ва муҷозоте нахоҳад дошт.

Дар ҳадиси саҳеҳ ривоят шудааст, ки Паёмбар (с) дар муқобили гуфтори он араби бодиянишин, ки савганд ёд намуд, берун аз ҳад ва марзи воҷибот на зиёд ва на кам чизе анҷом надиҳад, фармуд: «Агар рост гӯяд растагор аст».

Дар ривояти дигаре фармуд: «Агар рост гӯяд дохили биҳишт хоҳад шуд». Дар ҷои дигар аз он Ҳазрат(с) ривоят шудааст, ки фармуд: «Ҳар касе дӯст дорад, ки марде аз мардони биҳиштиро бубинад, ба ин мард нигоҳ кунад». Ва биллоҳи тавфиқ.

Таҳиякунанда Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi