04:28:46 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

ТАСАВВУРОТИ МАРДУМ ПЕРОМУНИ ҲАЗРАТИ ХИЗР (А)

Аз силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ

Суол:- Хизр кист? Оё «Набӣ» (паёмбар) аст ё «валии Худо» (дӯсти Худо)? Оё ҳамон тавре, ки бисёре аз мардум мегӯянд ишон то кунун зиндаанд ва баъзе аз мардони солеҳ ишонро дидаанд ва бо ӯ мулоқот намудаанд? Агар акнун зиндаанд дар куҷо иқомат доранд? Чаро зоҳир намегарданд то мардум аз илмашон, ба хусус дар ин замон, баҳраманд гарданд? Лутфан дар ин маврид тавзиҳоти лозимро баён фармоед.

namazҶавоб:- Хизр ҳамон бандаи солеҳ аст, ки Худованд дар сураи «Каҳф» аз ӯ ёд кардааст. Ҳазрати Мӯсо (а) бо вай рафиқ ва ҳамсафар шуд ва аз вай илму дониш омӯхт. Хизр бо Мӯсо (а) шарт кард дар мавриди корҳое, ки анҷом медиҳад сабр пеша кунад. Ҳазрати Мӯсо (а) пазируфт. Хизр ба ӯ гуфт: метавонӣ бар чизе, ки ба шинохти он иҳота надорӣ сабр кунӣ?!

Мӯсо (а) бо ин абд (банда)-и солеҳ, ки Худованд ба ӯ раҳмате ато фармуда ва аз ҷониби худ баду донише омӯхта буд, ҳамсафар шуд, бо ҳам ба роҳ афтоданд то вақте ки савори киштӣ шуданд. Абди солеҳ киштиро сӯрох кард, Мӯсо (а) гуфт: оё киштиро сӯрох кардӣ то сарнишинонро ғарқ кунӣ?!... то охири он достони Худованд дар сураи «Каҳф» овардааст.

Мӯсо (а) аз рафтор ва кирдори ӯ ба шигифт омад, то ин ки аз ишон асбоб ва иллатҳои ин корҳоро ҷӯё шуд. Хизр дар поён ба баҳс ва гуфтугӯ гуфт:

-Ман ин корҳоро худсарона анҷом надодаам, ин аст таъвили он чӣ натавонистӣ бар он шикебо бошӣ. Яъне ман ин корҳоро мутобиқи раъйи худ анҷом надодаам, балки бинобар дастури Худованди мутаъол анҷом додам.

Дар бораи зиндагии Хизр баъзе аз мардум мегӯянд: «Эшон баъд аз Мӯсо (а) то замони Исо (а) то асри Муҳаммад-хотамуланбиё(с) ҳамчунон мезистанд ва акнун низ зинда аст ва то рӯзи қиёмат зинда хоҳад буд». Достонҳо, ривоятҳо ва матолибе перомуни ишон сохта ва пардохта шудааст, аз қабили ин ки бо фалонӣ мулоқот карда, фалониро хирқа (курта) пӯшонида ва ё бо фалонӣ аҳду паймон баста аст ва… бисёре аз достонҳо ва ақвол сохта ва пардохта шуда, ки фоқиди далел (беасос)-и ваҳёнӣ ва бурҳони шаръӣ аст.

Ҳеч гуна далеле вуҷуд надорад бар ин ки Хизр ҳамакнун, чуноне, ки баъзе гумон мебаранд, зинда ва ҳайю ҳозир бошад, балки баръакс далоиле аз Қуръону суннат ва ақлу иҷмоъи муҳаққиқони умматро дар ихтиёр дорем мабнӣ бар инки Хизр акнун зинда намебошад. Ман дар ин ҷо, бо овардани қисматҳое аз китоби «Ал-минор-ул-муниф фил-ҳадиси-с-саҳеҳи ваз-заъиф», таълифи муҳаққиқи маъруф, Ибни Қаййим иктифо менамоям.

Ибни Қайим(р), дар ин китоб, завобит ва қавоидеро барои ошноӣ бо аҳодиси ҷаълӣ (худсохт), ки мавриди пазириш дин нест, баён медорад, аз ҷумла мегӯяд: «Аҳодисе, ки дар бораи Хизр ва ҷовидонагии ӯ ривоят шудаанд, ҳамагӣ дурӯғ ва сохтагӣ ҳастанд ва дар иртибот бо зинда будани Хизр ҳатто як ҳадиси саҳеҳ дар ихтиёр надорем.

Аз ҷумла аҳодисе, ки ривоят кардаанд гӯё Паёмбари Акрам (с) дар масҷид буданд ва аз пушти масҷид, суханоне ба гӯши ишон хӯрд ва мардум ба дунболи садо рафтанд ва диданд, ки соҳиби он садо Хизр аст ва низ ин ҳадис, ки Хизр ва Илёс ҳамасола бо ҳам мулоқот доранд ва низ ин ҳадис Ҷибирилу Микиоил ва Хизр дар макони Арафот бо якдигар мулоқот мекунанд, ҳамчунин ривояти дигар ҳокист, ки аз Иброҳими Ҳарбӣ перомуни кӯҳансолии Хизр ва ҳамеша зинда буднаи вай суол шуд, дар посух гуфтааст, ки  ин матлаб мусалламан аз илқооти шайтонӣ аст, ки дар миёни мардум шоеъ шуда аст.

Аз Имом Бухорӣ роҷеъ ба Хизр ва Илёс суол шуд, ки оё он ду зиндаанд? Ишон ҷавоб дод: «Чӣ гуна зиндаанд дар ҳоле, ки Паёмбари Худо (с) фармудааст: «То сад соли дигар ҳеч кас аз касоне, ки имрӯз зинда ҳастанд, бар рӯи кураи замин боқӣ нахоҳанд монд».

Аз пешвоёни дигари ислом, ки дар бораи ҳаёти Хизр суол шуд, ба ин ояи Қуръон истидлол намудаанд, ки мефармояд: «Ва пеш аз ту барои ҳеҷ башаре ҷовидонагӣ (дар дунё) қарор надодем магар касе зинда монда ки ту бимонӣ

Аз Шайхулсилом Ибни Таймия (р) дар бораи ҷовидонагии Хизр суол шуд, дар ҷавоб гуфт:

-Агар Хизр зинда буд, барои ӯ воҷиб шуд, ки назди Паёмбари ислом (с) биёяд ва ҳамроҳи ишон ба ҷиҳод биравад ва ба омӯзиши динӣ бипардозад, дар ҳоле, ки Паёмбар (с) рӯзи ҷанг Бадр фармуд: «Парвардгоро! Агар ин гурӯҳ нобуд гардад дигар касе боқӣ нахоҳад монд, ки туро парастиш кунад».

Он гурӯҳи ғозиён се саду сездаҳ тан буданд, ки асомӣ (номҳо)-и онон ва асомии падарон в қабилаҳояшон назди ҳамагон маъруф ва машҳур буд, Хизр дар он мавқеъ куҷо буд?

Хулоса Қуръону суннат ва ақволи муҳаққиқони уламои уммат ҷовидон будани Хизрро, чуноне, ки мардум мегӯянд, нафий (рад) мекунанд.

Қуръон мефармояд: «Ва пеш аз ту барои ҳеч башаре ҷовидонгӣ (дар дунё) қарор надодем оё агар ту аз дунё биравӣ онон ҷовидонанд».

«Агар Хизр  башар бошад ҷовид нахоҳад буд, зеро Қуръону суннат ҷовидон мондани инсонро нафий мекунанд… агар Хизр ҳай ва ҳозир мебуд, назди Паёмбари Худо(с) меомад».

Чун Паёмбар(с) мефармояд:

«Қасам ба Худо! Агар Мӯсо зинда мебуд, дилаш тоб намегирифт то инки пайрави ман гардад». Ба ин тартиб агар Хизр паёмбар бошад аз Мӯсо (а) афзал нест ва агар валӣ бошад аз Абӯбакр бартар нест.

Хикмати тӯлонӣ будани умри Хизр, чуноне, ки мардум мепиндоранд, дар дашт ва биёбон ва кӯҳҳо чист? Чӣ фоида ва нафъе аз ин моҷаро оид ба уммати исломӣ мегардад?  Катъан пушти пардаи чунин қазияе ҳечгуна фоидаи шаръӣ ва ақлие вуҷуд надорад. Мардум пайваста ба дунболи устура ва достонҳои аҷибу ғарибанд ва аз ҷониби худ бо хаёлпардозӣ тасовире аз онҳо месозанд ва бар онҳо либоси динӣ мепӯшонанд. Ин чунин устураҳо ва достонҳои тахаюлӣ аз сӯи содаандешон ва камхирадон тарвиҷ меёбанд ва иддае онҳоро ҷузъе аз дин мепиндоранд, ҷаълӣ ва сохтагӣ ҳастанд ва Худованд бар ҳаққонияти онҳо бурҳоне фурӯ нафиристодааст.

Аммо суол дар бораи инки оё Хизр набӣ аст ё валӣ? Уламои исломӣ дар он ихтилоф доранд ва зоҳири амр чунон нишон медиҳад, ки паёмбар бошад,чунон ки аз ояи шарифа дар сураи Каҳф «ва онро аз пеши худ анҷом надодаам» бармеояд ва ин худ далел аст бар ин ки Хизр он корҳоро худсарона анҷом надода, балки ба дастури Худованд ва аз тариқи ваҳй онҳоро анҷом додаст. Бинобарин, сухани дурустар ин аст, ки ишон танҳо валӣ нестанд, балки набӣ ҳам мебошанд.

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi