17:17:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ОЁ РӮЗАИ ШАХСИ ТОРИКУССАЛОТ ПАЗИРУФТА МЕШАВАД?

Оё рӯзаи шахси торикус салот, яъне касе, ки тарки намоз кардааст, пазируфта мешавад? Ё ин ки ибодот ба ҳам муртабитанд, ба тавре, ки агар яке аз онҳо тарк шавад, он дигаре пазируфта намешавад?

Аз  силсилаи посухҳои Юсуфи Қарзовӣ

/images/stories/2011/07/29_ramazan_29.07.2011.jpgАз мусалмон хоста шудааст, ки тамоми ибодотро анҷом диҳад: намозро бар по дорад, закотро бипардозад, моҳи рамазонро рӯза бигирад ва дар сурати тавоноии молӣ ва баданӣ фаризаи ҳаҷҷро адо намояд. Бинобар ин, касе, ки яке аз ин воҷиботро бидуни узри муваҷҷаҳи шаръӣ, тарк кунад, нисбат ба дастуроти Худованд беэътино буда аст.

Донишмандони исломӣ назароти ва орои мухталифе дар ин замина доранд, баъзе қоиланд ба ин, ки ҳар касе яке аз ибодотро тарк кунад, кофир мешавад, назари баъзеи дигар бар ин аст, ки инсон бо тарк кардани намозу закот кофир мешавад, ва баъзеи дигар мегӯянд: инсон фақат бо тарки намоз кофир мешавад, зеро намоз дар назди Худо аз ҷойгоҳи хоссе бархӯрдор аст ва дар ин бора ривояте ворид шудааст, ки Паёмбар(с) мефармояд: «Байнал ъабди ва байнал куфри таркус салоти»- «Фосилаи миёни банда ва куфр, тарки намоз аст», (ривоят аз Саҳеҳи Муслим).

Ба ақидаи касоне, ки мегӯянд тарки намоз аз рӯи қасд муҷиби куфр аст, чунин касе рӯзааш пазируфта намешавад, зеро аз инсони кофир ҳеч ибодате пазируфта нест. Баъзеи дигар аз уламои исломӣ бар онанд агар шахсе мӯътақид ба Худо ва Паёмбару рисолаташ бошад ва дар он ъиноду тардид (шаку тардид) надошта бошад, мӯъмину мусалмон ба шумор меояд. Ва торики яке аз ибодотро «фосиқ» медонанд на кофир. Ин назарияи ахир, мӯътадилтарин ва наздиктарин оро ба ҳақиқат аст. ВалЛоҳу аълам.

Бинобар ин, ҳар гоҳ касе  ба хотири танбалӣ ё аз рӯи танпарварӣ, бидуни инки инкор ва тамасхур намояд, баъзе аз воҷиботро тарк ва баъзеро адо кунад, ноқисул ислом ва заъифул имон маҳсуб мешавад. Ҳол агар бар тарки баъзе воҷибот мудовамат ва истимрор дошта бошад. Бар имони чунин касе бояд тардид дошт, вале аз онҷо, ки Худованди мутаъол подош, ҳеч кори некеро зоеъ нахоҳад кард, ба андозаи аъмоли некаш назди Худованд маъҷур хоҳад буд, яъне дар муқобили адои воҷибот савоб мебарад ва дар баробари тарки воҷиботи дигар кайфарӣ хоҳад дид:

«Ва куллу сағирив ва кабирим мустатар» -«ҳар кӯчаку бузурге дар он навишта шудааст»,(Қамар, ояи 53). «Фамай яъмал мисқола зарратин хайрай яраҳу ва май яъмал мисқола зарратин шаррай яраҳу»-«Пас ҳар кӣ ҳам вазни заррае некӣ кунад, натиҷаи онро хоҳад дид ва ҳар ки ҳамвазни заррае бадӣ кунад, натиҷаи онро хоҳад дид»,(Зилзол, ояи 7-8).

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»  



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi