20:15:54 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ҲУКМИ ИСТИФОДА АЗ ДОРУ ВА ҲАББ (ТАБЛЕТКА)-ҲО ҶИҲАТИ ТАЪХИРИ ОДАТИ МОҲОНА ДАР МОҲИ РАМАЗОН

Аз силсилаи посухҳои Юсуф Қарзовӣ

Суол: Бо таваҷҷуҳ ба ин ки медонем рӯза гирифтани ҳамаи рӯзҳои моҳи рамазон дорои хайру баракати фаровоне аст ва дӯст надорем аз намозу рӯзаи айёми ин моҳ маҳрум гардем, оё барои мо хонумҳо ҷоиз аст, ки дар моҳи рамазон аз ҳаббҳое, ки одати моҳонаро ба таъхир андозад истифода намоем? Дар ҳоле, ки медонем, ки баъзе онро таҷриба кардаанд ва зиёне барои онон надоштааст? (чанд бонуи мусалмон)

/images/stories/2011/08/09_zan-9.8.2011.jpgҶавоб: Мусалмонон иҷмоъ доранд бар ин ки зани мусалмоне, ки дар моҳи мубораки рамазон дучори одати моҳона мешавад, он чанд рӯз рӯза бар ӯ воҷиб нест, фақат қазои он рӯзҳо бар ӯ воҷиб мегардад ва ин навъе тахфиф ва раҳмат аз сӯи Худованд нисбат ба занон дар ҳоли одати моҳона мебошад, ки дар ин ҳолат ҷисмашон заъиф ва асабҳояшон таҳрикпазир мешавад ва дар ин рӯзҳо ифтор кардани рӯза бар онон воҷиб аст на мубоҳ ва агар рӯза бигиранд, рӯзаи онон пазируфта нест ва аҷру подоше нахоҳад дошт, балки бояд ба теъдоди рӯзҳое, ки дар одати моҳона буда рӯзаҳоро низ қазо кунанд.

Ҳамаи занони мусалмон аз аҳди уммаҳотул мӯъминин, асҳоб ва тобеин ба ҳамин шева амал кардаанд. Бинобар ин, бар занони мусалмон ҳеч гуна ҳараҷ ва гуноҳе нест, ки дар даврони одати моҳонаи худ, ки мусодиф бо чанд рӯз аз моҳи рамазон мешавад, он рӯзҳоро ифтор ва баъд аз моҳи рамазон онҳоро қазо намояд. Чуноне, ки аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки мегуфт: Дар айёми одати моҳона мукаллаф ба қазои рӯза мешудем, вале мукаллаф ба қазои намоз намешудем.

Ман шахсан тарҷеҳ медиҳам, ки умур ба риволи табиӣ ва фитрии худ ҷараён дошта бошад, зеро одати моҳона як амри табиӣ ва фитрӣ аст, ки Худованди азза ва ҷалла дар ниҳоди занон қарор дода аст ва бояд бар ҳамон риволи табиии худ тай гардад, вале агар баъзе аз занон ҳаббҳо ва доруҳое, ки барои ҷилавгирӣ аз бордорӣ масраф мешаванд, ҷиҳати таъхири одати моҳона аз мавъиди он истифода намоянд, то мулзам ба ифтори баъзе аз рӯзҳои моҳи рамазон нашаванд, ба шарти инки истифода аз он ҳаббҳо ва доруҳо зиёне ба онон нарасонад, ишколе надорад.

Ташхиси ин масъала аз тариқи мушовара бо мутахассисону коршиносон ва ба воситаи машварат бо пизишк ҳосил мешавад, ки дар ин бора назар диҳанд, ки истифода аз ин гуна ҳаббҳо зиёне надорад. Ва агар ин корро таъйид карданд, занони мусалмон метавонанд бо истифода аз ин ҳаббҳо ва таъхири одати моҳона рӯзаи моҳи рамазонро бигиранд ва рӯзаҳояшон низ, Иншоааллоҳ қабул хоҳад шуд.

Суол: Соли гузашта ногузир шаш рӯз аз моҳи мубораки рамазонро ба хотири одати моҳона ифтор намудам ва ҳангоме, ки хостам ин рӯзҳоро қазо кунам дар бистуми моҳи шаъбон шурӯъ ба қазои рӯза намудам, пас аз он ки ду рӯз рӯза гирифтам бисёре аз мардум ба ман гуфтанд: гирифтани қазои рӯза дар моҳи шаъбон ҷоиз нест. Назари шумо дар ин бора чист?

Ҷавоб: Барои зану марди мусалмон қазои рӯза дар ҳар моҳ аз моҳҳои сол, ҳатто моҳи шаъбон, ҳеч ишкол ва ҷарҳе надорад, то он ҷо, ки аз Оиша (р) ривоят шудааст, ки мегуфт: гоҳ қазои рӯзаи баъзе аз айёми моҳи рамазони ман то моҳи шаъбон ба таъхир меуфтод ва қабл аз рамазон иқдом ба қазои он менамудам. Бинобар ин, бояд ин зани мусалмон мутмаъин бошад, ки рӯзҳоеро, ки дар моҳи шаъбон рӯза гирифта аст, пазируфта шуда ва мақбул мебошанд ва Худованд аъмоли парҳезгоронро мепазирад.

Суол: Ман духтари ҳаҷдаҳ сола мебошам. Нахустин бор, ки ба одати моҳона уфтодам. Миқдори тарашшуҳи сафедранге аз ман хориҷ шуд, онро ташхис надодам, ки чист? Оё намозу рӯзаи ман саҳеҳ будааст?

Ҷавоб: Чунин тарашшуҳоте барои зану духтари ҷавон тарашшуҳҳои табиӣ маҳсуб мешаванд ва он чӣ муҷиби ифтори рӯза ва таҳрими намоз мегардад, ҳамон хуруҷи хуни одати моҳона аст, ки бисёр сурх ва тунд мебошад. Вале агар хун набошад, балки аз он қабил тарашшуҳоте бошад, ки суолкунанда баён доштааст, ин хоҳари мусалмон набояд ҳеч гуна биме аз он дошта бошад ва метавонад, балки бар ӯ воҷиб аст, намозу рӯзаи худро ба ҷой оварад ва ба соири ибодатҳои худ бипардозад ва Худованди мутаъол аз ӯ хоҳад пазируфт.

Таҳияи Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi