14:30:19 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

ТАЪРИХИ ИМОМИ АЪЗАМ-2

 АЁНИ БАРАКАТИ ДУЪОИ ҲАЗРАТИ АЛӢ
КАРАМА-Л-ЛОҲУ ВАҶҲАҲУ

Овардаанд, ки ҷадди Имоми Аъзам падари он ҳазрат Собитро дар синни хурдсолӣ ба ҳузури ҳазрати Алӣ (р) оварда, дар ҳаққи Собит талаби дуъо намуданд. Ҳазрати Алӣ (р) дуо намуданл, ки ба Собит ва зурриёти ӯ Худои таъоло баракат ато фармояд. Аз баракати ин дуъои ҳазрати Алӣ (р) мазҳаби Имом Аъзам ганҷи хазинаи қоидаю қонунҳои дин гардид, аҳли бисёр шаҳрҳои исломӣ пайрав ва арҷманди иқлимҳо гашт. 

Чунончи Руму Ҳинд, Мовароуннаҳр, хусусан Фарғонаву Хуҷанд, Урганҷу Самарқанд, Балху Ҳирот дар мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд. Фақеҳи муҳаққиқ Ибни Обидин дар «Ҳошияи дурру-л-мухтор» ва «Дурру-л-мухтор» овардааст, ки «Дар мазороти Самарқанд мазоре мавҷуд аст, ки қабри чорсад бузургвори ҳанафимазҳаб бо номи Муҳаммад он ҷост. Ҳар яки онҳо аҳли фатво ва дар таълифу тадрис машҳур».

Муҳаррири оҷиз Васлии Самарқандӣ ба арз мерасонад бар ривояти Ибни Обидин, ки мазори маълуму машҳури Самарқандро «Чокарчиза» мехонанд ва қабри Шайх Мансури Мотурудӣ дар он ҷост ва зиёратгоҳи хосу ом аст.

Чуноне ки ривоят мекунанд, яке аз шогирдони Имоми Аъзам Имом Муҳаммад дар улуми дин 999 тасниф кардааст, ки аз он «Ҷомеъи Сағир», «Ҷомеъи Кабир», «Мабсут», «Зиёдат», «Наводир» ва дар фиқҳ «Сияри Кабир» иборат аз шаш дафтар, маълуму машҳур мебошад.

Имом Шофеъ, ки шогирди Имоми Муҳаммад аст, мефармояд: «Ҳар касе хоҳад фиқҳро омӯзад, ба шогирдии шогирдони Имоми Аъзам бишитобад, зеро ҳосил намудани маонӣ аз онҳо осонтар аст. Ман, ки Имоми Шофеъам, фақиҳ, нашудам магар бо мутолиа ва омӯхтани китобҳои Муҳаммад ибни Ҳасан».

Аз уламо манқул аст, ки фиқҳро Абдуллоҳ ибни Масъуд кишт, Алқама даравид ва Иброҳим ан – Нахъӣ хирман кард ва Имом Ҳаммод кӯбид ва Абӯҳанифа осиё кард ва Имом Абӯ Юсуф хамир кард ва Имом Муҳаммад нон пухт, ки ҷомеъи мардум ин нонро истеъмол мекунад. Ва баъзе уламо ин маъноро ба риштаи назм даровардаанд. Фиқҳро ҳамчун нон омода намудани Имом Муҳаммад аз он маъност, ки ӯ таҳриру тазҳиб намуд ва масъалаҳоро чунон равшан кард, ки дигар ба шарҳи он ҳоҷате боқӣ намонд.


ДАР БАЁНИ БО ИХЛОС ЁДОВАР ШУДАН 
АЗ УЛАМОИ ИЗОМ
«Ъинда зикри –с- солиҳина назала – р-раҳматаҳу».
(Дар назди зикри солиҳин нозил мешавад раҳмати Парвардигор).


Аз Ҳафиз Абулқосим ибни Асокир манқул аст, ки гуфт: «Баъд аз фазилатҳои саҳоба ва тобеъин фазилатҳои Абӯҳанифа, Молик, Шофеъ ва Аҳмадро хондану зикр кардан аз хизматҳои дония ва сиратҳои ҳамидаи эшон огоҳ шудан амали хуб аст, зеро дил аз нури илоҳӣ пур мегардад». Дар ҷамъомаду нишастҳо ба ҷои суханони беҳуда аз маноқиби уламои изом хондану огоҳ гаштан барои дунёву охират фойда хоҳад овард, хусусан огоҳӣ доштан аз Имоми Аъзам барои ҳар одам муносиб аст. 

ДАР БАЁНИ НАСАБНОМАИ 
ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Овардаанд, ки Ҳаммод фарзанди Имоми Аъзам ва Умару Исмоил писарони Ҳаммод аст. Аз Умар нақл карданд, ки гуфт: «Ҷадди ман фарзанди Имом Собит, Собит фарзанди Зутӣ ва Зутӣ фарзанди Моҳ мебошад».

Ва аммо аз Исмоил чунин меоранд, ки гуфт: «Ҷадди ман Имоми Аъзам фарзанди Собит, Собит фарзанди Нӯъмон, Нӯъмон фарзанди Марзбон ва Марзбон аз аҳрори форс аст».

Шайх Шаҳобуддини Аҳмад ибни Ҳоҷар овардаҳои эшонро тарҷеҳу тавфиқ намуда мегӯяд: «Зутию Нӯъмон ва Моҳу Марзбон як шахсанд, чунки ду ном ва як ному як лақаб барои шахс маълум буд». Иддае ривоят кардаанд, ки Имоми Аъзам ибни Собит ибни Товус ибни Ҳурмуз ибни Сосон.

Баъзеи дигар насаби Имоми Аъзамро чунин зикр намудаанд, ки Зутӣ аз нажоди араб буда, ибни Заид ибни Рашид-ал-Ансорӣ аст. Аммо аксарияти уламо ба эътибори гуфтаи наберагони Имоми Аъзам қоиланд, чунки эшон аз насаби ҷаддӣ хеш воқифтаранд. 
Валлоҳу аълам биссавоб.

ДАР БАЁНИ ТАВЛИДИ ИМОМИ АЪЗАМ

Ҳазрати Имоми Аъзам соли 80 ҳиҷрӣ дар Кӯфа, замони хилофати Абдулмалик ибни Марвон ба дунё омад. Ба ҳанафиён лозим аст, ки рӯзи таваллуди ҳазрати Имоми Аъзамро бо дастаҷамъӣ муносиб пешвоз бигиранд. Аз тарҷумаи ҳол ва зиндагии эшон огоҳ бошанд. Дар Ҳиҷоз таваллуди Имомони ҳар чаҳор мазҳаб ид карда мешавад, аммо дар Мовароуннаҳр ҳаргиз ин кор ба амал наомада аст, шояд акунун ташкил карда шавад.

ДАР БАЁНИ МАЪНИИ НОМИ 
ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Ба иттифоқи аҳли уламо номи мубораки Имоми Аъзам Нӯъмон мебошад. Маънои исми Нӯъмон – хун аст ва хун низоми зиндагии бадани инсон аст. Баъзе уламо хунро рӯҳ низ гуфтаанд. Чунки Имоми Аъзам низомгари равони фиқҳ ва рӯҳи масъалаҳи зарурии динӣ ҳисобидаанд. Баъзеи дигар овардаанд, ки Нӯъмон маънои лолаи сурх аст ва Имоми Аъзам дар гулшани фиқҳ ҳамчун лолаи сурх, балки гуле аз гулшани ислом мебошанд. 

Ҷамоъе аз уламо бар онанд, ки Нӯъмон дар маънои неъмат аст. Имоми Аъзам аз тарафи Худои таъоло муқаддасоти раҳмати омма ва неъмати томма ба халқ мебошад. Ва кунияти эшон Абӯҳанифа, яъне падари меҳрубони тоифаи мусалмон аст, зеро Ҳаниф дар маънои майлкунанда ва рӯйоранда ба дини ҳақ аст. Ва номи дигари эшон Сироҷ-ул-уммат, яъне чароғи уммат. 

Воқеан наҷотдиҳандаи уммат аз залолати зулм, ҳидоя бахшандаи роҳи рост ба мақсуд ва хуршеди олам бигӯям ва хатто нахоҳам кард, зеро низоми олам ба амали солеҳ ба аҳкоми ислом аст ва ин шинос шудан бо масоили фиқҳ ҳосил ва барқарор мегардад. Хулоса осоиши халқ-ул-лоҳ аз шаръӣ шариф аст.

Шеър

Бӯҳанифа бувад имоми босафо,
Он сироҷи умматони мустафо.
Бод фазли ҳақ қарини ҷонӣ ӯ,
Шод бод арвоҳи шогирдони ӯ.
Бишнав аз ман баёни мазҳаби ӯ,
З-он ки софитар аст машраби ӯ.  
Шайх Аттор

ДАР БАЁНИ СУР АТУ НАЪТИ 
ХАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ

Аз Ҳаммод, фарзанди он ҳазрат овардаанд, ки гуфт: «Падарам Имоми Аъзам гандумгун, хушрӯй, хушсифат, боҳайбат, дорои сифатҳои бузург буданд. Аксаран хомӯш мебуданд, магар дар вақти ҷавоб, миёнқаду ба дарозӣ моил, мавзунқомат ва ба суханони беҳуда ҳамроҳ намешуданд. Сӯҳбаташон дилкаш ва бофайз буд».

Аз шогирдони эшон Имом Абӯюсуф меоранд, ки гуфт: «Дар сурат бар ҳама бартарӣ доштан, дар эрод бо ниҳояти комил ва дар вақти ҳуҷҷат овардан равшанкалому ширинсухан. Ҳама кас аз маҷлису дарси эшон баҳраҳо меёфт ва барои маонифаҳму олим шудани шогирдон кӯшиши зиёд ба харҷ медоданд. Аз зиёдии ҷидду ҷаҳди эшон ҳар одам олими фиқҳ шуданашон осон буд».

«Раҳимаҳуллоҳу раҳматан васиатан ва маттоъан. Аллоҳума биахзи улумиҳи. Омин». (Раҳм кунад Аллоҳ бо раҳмати бузургаш ва Аллоҳ ба гарифтани илмҳояш муяссар гардонад).

ДАР БАЁНИ ДИДОРИ ҲАЗРАТИ ИМОМИ АЪЗАМ
БО АСҲОБИ КИРОМ ВА ТОБЕЪИН

Махфӣ намонад, ки тобеъин шахсонеанд, ки бо асҳоб ҳамнишин гашта аз онҳо ҳадиси пайғамбар (с) ривоят кардаанд. Имоми Аъзам бо 16 саҳоба сӯҳбат намуда аз онҳо ҳадис ривоят кардаанд. 1. Анас ибни Молик (р). 2. Амр ибни Ҳорис (р). Ваф.85 ҳиҷрӣ 3. Абдуллоҳ ибни Ҳорис ибни Ҷаз аз-Зубайдӣ (р) ваф.86 ҳиҷрӣ. 4. Ҷобир ибни Абдуллоҳ (р) 5. Абдуллоҳ ибни Абӯ Авфӣ (р) ваф. 87 ҳиҷрӣ. 6. Восила ибни Аскаъ (р) ваф.85 ҳиҷрӣ. 7. Маъкал ибни Ясор (р). 8. Абду-т- Туфайл Омир ибни Восила (р) ваф. 102 ҳиҷрӣ (охирин саҳобае ки вафот кардааст). 9. Ойша бинти Аҷрад. 10. Саҳл ибни Саъд (р) ваф. 88 ҳиҷрӣ. 11. Сойиб ибни Ҳаллод ибни Суфайд (р) ваф. 91 ҳиҷрӣ. 12. Сойиб ибни Язид ибни Сайид (р) вафю 92 ҳиҷрӣ. 13. Абдуллоҳ ибни Бусра (р) ваф. 96 ҳиҷрӣ. 14. Маҳмуд ибни Рабиъ (р) ваф. 99 ҳиҷрӣ. 15. Абдуллоҳ ибни Ҷаъфар (р). 16. Абу Имома (р).

Ин маъно аз китоби «Ҷавоҳир-ул-алқоид ва дуррару-ул-калоид»-и аллома Шамсуддин Муҳаммади Абӯнаср ибни Арабшоҳ ал – Ансорӣ аст.

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi