15:42:47 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ЭШОНИ АБДУХАЛИЛҶОН: МАКТАБИ ҲАМАИ МОВУ ШУМО МАСҶИД АСТ

Хабарнигори сомонаи мо Амруллоҳи Низом дар ин рӯзҳои пурбаракату пурфайзи моҳи шарифи Рамазон бо яке аз рӯҳониёни маъруфи кишвар Эшони Абдухалилҷон вохӯрда мусоҳибаеро анҷом додаанд, ки инак мӯҳтавои онро пешкаши Шумо муштариёни гиромӣ менамоем.

- Дар ин рӯзҳои гармои тобистон, ки мардуми мусалмон дар адои фаризаи Илоҳӣ- Рамазон машғуланд, чӣ подоше эшонро интизор аст?

/images/stories/2011/08/19_eshoni_khaliljon_19.8.2011.jpg-Бисмиллоҳир Раҳмонир Раҳим. Худои пок дар ҳадиси қудсӣ гуфтанд: Ассавму лӣ ва анна аҷзӣ биҳӣ.(Рӯза аз барои ман аст ва мукофоти рӯзаро Ман худам медиҳам). Аввалан, ин ки подош назди Худовандаст ба ҳар кас, ки хоҳад медиҳад. Ва баъдан ин, ки Пайғамбар (с) дар ҳадиси қудсӣ аз номи Худованд мегӯяд ки Худованд гуфтааст: «Бандаи ман тарк мекунад шаҳваташро, таомашро ва шаробашро ба хотири Ман, пас рӯзааш хос ба хотири Ман аст ва савобашро Ман медиҳам». Яъне ба ҷуз Худованд каси дигаре чи қадар бисёр будани савобашро намедонад.

Даҳаи аввал бахшиш аст, барои мо бандагони осӣ, миёнааш омӯрзиш аст ва даҳаи саввум озодӣ аз дӯзах аст. Барои киҳо? Барои мо ҳамчун бандагони осӣ, на барои аҳли куфр. Ва аз ҳама беҳтарин подош ва фазилатҳо барои мо ин, ки дар ин моҳи муборак барои саодату ҳидояти мо «Қуръон»-ро фуруд овард чунонки дар ояи дигаре баъди ин оят фармудааст: (моҳи Рамазон он моҳест ки фароварда шуд дар он моҳ Қуръонро).

-Мегуфтед, як ҷавоне, ки ин шабу рӯз дар такопӯи дарёфти хайрҳои бештар аст, бо кадом шева ин даҳаи ахирро пешвоз бояд бигирад?

-Ҳамин саволи шуморо модарамон, яъне модари мӯъминон Оишаи Сиддиқа разияллоҳу ъанҳо аз Расули Акрам (с) карда буданд ва Расули Акрам (с) ҷавоб гуфтаанд: «Бигӯй: Ай бор Худоё ту бисёр омӯрзандаи меҳрубонӣ, пас бигзар аз гуноҳҳои ман». 

Ин моҳи мубораки Рамазон моҳест, ки намозҳои нофилаи он баробари фарз аст ва савобу музди намозҳои фарзӣ баробар ба ҳафтод фарз дар ғайри он аст. Ва садақаҳои нофилаи даруни Рамазон, ки дар ҳамсояҳои мо, яъне ба ятимону бепарасторон ва фақирону бевазанон дода мешавад, баробар аст  ба садақаи фарзие, ки берун аз Рамазон дода мешавад.

Ё ин ки бародароне, ки соҳиби закотанд, агар дар моҳи Рамазон онро адо мекунанд, баробар аст ба ҳафтод закоте, ки дар беруни моҳи Рамазон дода мешавад. Чуноне, ки Худованд (ҷ) дар Қуръони карим фармудааст: «ман ҷоа билҳасанати фалаҳу ъашру амсолиҳо». Аз ин рӯ кадом бародари мусалмоне, ки пулаш ба нисоб мерасад, бояд закотро дар ҳамин моҳи мубораки Рамазон аз молаш ҷудо карда, ба мустаҳиқони он, яъне ҳафт гӯруҳе, ки Худованд онҳоро мустаҳиққуззакот унвон кардааст, бурда бидҳанд.

Ман худам хуб дар ёд дорам, аз соли 1946 ба  ин тараф ақлам дар сарам аст, вақте ки бибии ман ё модарам пухту паз мекарданд, мегуфтанд: «Ай бачам, аввал  ба се ҳамсоя бифиристед, баъд худамон мехӯрем». Косаҳои чӯбин буд. Он вақт ин косаҳои шишагин вуҷуд надошт, дар нимкосаҳо мо худамон аз дастпӯхти эшон бурда ба ҳамсояҳо медодем. Шумо фикр кунед, ин чизҳо ҳоло дар хаёли мардум намегузаранд?

-Дар ин рӯзҳои пурбаракат як инсони рӯзадор бояд забонашро бештар ба кадом зикрҳо муаттар намояд ва кадом корҳоро бояд камтар анҷом бидиҳад?

-Ин рӯзҳои тасбеҳу таҳлилу таҳмид ва таровеҳ  гуфтан аст, забони рӯзадор мебояд ҳамеша ба зикру ҳамди Худованд машғул бошад, чуноне ки Худои таъоло мефармояд: «Ёд кунед шумо Худованди худро ёд кардани бисёр, дар субҳу шом». Беҳтарии зикрҳо Лоилоҳа иллаллоҳаст, бояд доим забонаш ба зикр тар бошад, чи шабу чи рӯз, алалхусус дар ин моҳи муборак, ки шабу рӯзаш ибодат аст ва бояд забонашро аз кизбу (дурӯғ) ғайбат нигоҳ дорад, чунки Расули акрам (с) гуфтанд: «Рӯза сипар аст аз оташи дӯзах то вақте ки пора карда нашавад». Гуфта шуд: Ё Расулаллоҳ,  рӯзаро дурӯғ ва ғайбат пора мекунад? Фармуданд: «Рӯзаро дурӯғ ва ғайбат пора- пора мекунад», бинобар ин, аз ин ду парҳез бояд кард.

-Дар ривоятҳои мутафарриқ мехонем, аз дӯстон мешунавем, ки одаме, ки ғайбат мекунад ва ё дурӯғ мегӯяд, рӯзааш ботил аст. Назари шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?

-Дар мазҳаби мо рӯзааш ботил намешавад, вале дар дигар мазҳабҳо хусусан дар мазҳаби ҳазрати имом Шофиъӣ ботил мешавад, аммо аз дурӯғу ғайбат ҷиддан парҳез бояд кард, зеро агар чи рӯзааш ботил нашавад ҳам, савоб намегирад чунки дурӯғ ва ғайбат ҳарду бо насси сареҳ ҳароманд. Чуноне ки Худованд фармудааст: «Ва ғайбат накунад баъзи шумо баъзеатонро». Дар замони Расули Худо (с), Абӯдардо Салмони Форсиро ғайбат кард.

Вақте дар намози бомдод ба масҷид омад, ҷаноби Русули Худо (с) аз ӯ пурсид: Ё Абӯдардо, шумо дар пагоҳӣ аз куҷо гӯшт хӯрдед? Гуфтанд ай Расули Худо (с) гӯшт нахӯрдаам. Гуфт: Мабодо бародари мусалмонатро ғайбат карда бошӣ? Гуфт: Оре, ҳазрати Салмони Форсиро ғайбат кардам. Соҳиби китоб суол мекунад, ки «барои чӣ дар замони Пайғамбари Худо (с) бӯи ғайбатро медонистанд ва ҳоло бӯи он дониста намешавад?».

Соҳиби китоб ҷавоб додаанд: «ҳар як коре, ки бисёр шуд, бӯяш меравад. Чунончӣ, агар шумо пеши даббоғ биравед дар пешаш пӯстҳои ош андохтагиву бӯй гирифтагӣ истодааст, аммо худи ӯ бӯи онҳоро ҳис накарда, чойу нон мехӯрад, шумо аз бӯи он биниатонро меқапед, инчунин ғайбат, ки дар байни мардум фош шуд, дигар мардум бӯи ғайбатро намедонанд. Албатта аз ин корҳо бояд парҳез кунем, аммо он ривоятҳое, ки дар бораи ботил шудани Рамазон бо сабаби ғайбат вуҷуд дорад, умедворем, ки шояд заҷр бошанд, зеро дар дигар ояи карима мефармояд: Худованд музди некӯкоронро зоеъ намесозад. Ё ин ки охирин ҳукми Илоҳӣ: «Ва ман яъмал мисқола зарратин хайран яраҳу ва май яъмал мисқола зарратин шаррай яраҳ».

-Расули Худо (с) дар ин шабҳои пурбаракат кадом дуоҳоро бештар мекарданд ва ба умматонаш чӣ тавсияҳо додаанд?

-Дар ин шабҳо дуои мағфират ва дуои истиғфор ва дуои «Субҳоналлоҳи тамлаъул мизона вал ҳамдулиллоҳи тамлаъу мо байнас самои вал арз»-ро бештар ба забон биорем, бисёр фазилати калон дорад. Дар ривоят мехонем, вақте Худованд ҳазрати Иброҳимро Халилуллоҳ гуфт, малоикаҳои муқарраби даргоҳи Худо рашк бурданд, ки чӣ хел Иброҳим дӯсти Худо аст, мехӯраду менӯшад ва лаззати заношавҳарӣ дорад, дар ҳоле, ки моро хӯрданиву нӯшиданиамон тасбеҳу таҳлил аст, бар замми он вайро Халил хонд.

Худованд фармуд, ки рафта дӯсти маро санҷиш кунед. Агар ба халилӣ сазовор набошад, аз дӯстӣ берунаш мекунам. Ҳазрати Ҷабраил ба шакли марди фақиру беново назди ӯ омад, ҳазрати Иброҳим (а) дар як баландӣ истода ба забонаш зикри Худо мегуфту ба чашмонаш махлуқоти Худовандро назорат менамуд ва ба дилаш шукрона мекард…Ҷабраил гуфт, аз ҳамин гӯсфандонат як гӯсфанд ба ман намефурӯшӣ? Ман тӯй дорам, зан мегирам. Гуфт, ман фурӯшанда нестам. Касе бошӣ, агар ту як бор Худои маро ба покӣ ёдкунӣ, аз ҳамин гӯсфандон аз се як ҳисаашро ба ту медиҳам.

Ҳазрати Ҷабраил (с) ҳамин тасбиҳе, ки аҷдодан онро дар таровеҳ мехонем, барояш қироат кард, яъне «Субҳона зилмулки валмалакут…». Ҳазрати Иброҳим гуфт: то ҳозир ман ҳеҷ касро нашунидам, ки Худои маро бо ин сифат ёд карда бошад, агар бори дуввум такрор кунӣ нисфи дигараш аз шумо. Такрор кард ва боз гуфт, агар севум бор такрор кунӣ ҳамаи амволу дороиям аз шумо. Такрор кард боз гуфт агар чаҳорум бор такрор кунӣ ман ғуломи ту дар кадом бозоре, ки бурда маро  мефурӯшӣ ихтиёр дорӣ. Такрор кард.

Ҷабраил шаклашро иваз кард, дид, ки ҳамон сурате, ки ба наздаш ваҳй меовард, яъне ҳазрати Ҷабраил аст, гуфт ман ягон хато ё ягон лағзише дар дарбори Илоҳӣ кардам, ки маро Худованд санҷиш кард? Гуфт: Не. Гуфт: «Вақте Худованд шуморо Халил гуфт, малоикаҳои муқарраби даргоҳи Илоҳӣ рашк бурданд, аз ҳамин хотир маро медонӣ, ки дар ман мардиву занӣ нест, барои ман на гӯсфанд даркор аст, на ҳеч чиз.

Гуфт: Ваъдаро хилофаш нифоқ аст, ман шуморо додам, дигар намегирам. Дар ин гуфтугӯ буданд, ки ваҳйи Илоҳӣ расид: «Ай Иброҳим, гапи Ҷабраилро қабул кун ва гӯсфандонатро бифурӯшу замини вақфӣ бигир барои фарзандат ва барои умматонаш ҳазрати Муҳаммади Мустафо. Гуфтани ин тасбеҳ хеле фазилати зиёд дорад. Дар вақти таровеҳро хондан мардум низ ин калимаҳоро бояд такрор кунанд. Баъд аз он Худованд ба малоикаҳо гуфт: «Дидед, барои покии Маро баён кардан тамоми дороиҳояшро бахшид…».

-Дар ҳадис мехонем, ки даҳаи ахир даҳаи озодӣ аз оташ аст, гувоҳнома ё шаҳодатномаи ҳамин озодӣ кай ва дар кадом муносибат ба шахси рӯзадор дода мешавад, яъне рӯзадор подоши худро дар дунё мегирад ва ё дар охират?

-Албата подоши ҳамаи амалҳо дар рӯзи охират аст, зеро, ки дунё худ мазраъаи охират аст, вале подоши рӯзадор дар шаби охири Рамазон дода мешавад, яъне дар шаби охирони моҳи шарифи Рамазон гуноҳони рӯзадорон бахшида мешавад. Ба далили гуфтаи Расули Акрам (с) ки: «Бахшида мешавад гуноҳи умматонаш дар шаби охири аз моҳи Рамазон». Аз Расули Акрам (с) пурсида шуд: «Оё он шаб шаби Қадр аст?».

Гуфтанд: «Не. Валокин савоби амалҳо он вақте дода мешавад ки он амалро ба анҷом расонад». Яъне дар ин шаб амалҳои моҳи шарифи Рамазон ба анҷом мерасанд. Ҳамчунин баъзе мукофоти амалҳоро дар дунё низ сазовор шудан мумкин аст, тавре, ки Расули Худо (с) мефармояд: «Ассадақату таруддул балоа ва тутилул  ъумра» (Садақа балоҳоро дафъ мекунаду умри инсонро дароз). Яъне, мукофот дар ин дунё вуҷуд дорад. Лекин  ҷазои аслии аъмол хоҳ нек бошаду хоҳ бад, онро соҳиби аъмол дар рӯзи ҷазо ба даст меорад.

-Баъзе гурӯҳои навпайдо, иддаъо доранд, ки таровеҳ ҳашт ракаъат асту тасбеҳ (субҳона зилмукли..)-ро дар вақти таровеҳ хондан бидъат аст, шумо дар ин маврид чӣ назар доред?

-Не, ин тавр нест, ин фикр ғалат аст. Дар ҳадис омадааст, ки Расули Худо ҳамроҳи асҳоб рӯзи аввал бист ракаъат намози таровеҳро хонданд ва рӯзи баъдӣ дар вақти таровеҳ аз ҳуҷраашон берун наомаданд. Асҳоб пурсиданд: «Чаро барои адои намози таровеҳ аз ҳуҷра берун намебароӣ?». Он ҳазрат ҷавоб дод: «Мабодо, ки бо якҷо намоз хонданамон бист ракаъат намози таровеҳ фарз ва ё воҷиб шаваду он гоҳ  умматони ман дар анҷоми он кӯтоҳӣ кунанд ва он сабаби нохушнудии Парвардгор гардад».

Ва..  дар замони халифаи дудвум Умар ибни Хаттоб мардум намози таровеҳро бист ракаъат бо ҷамоъат мехонданд ва касе зиддият накард. Он ҳазрат (с) шабона ҳам дар Рамазон ва ҳам дар ғайри Рамазон ҳашт ракаъат ва ё камтару бештар намози нофила мехонданд ва баъд аз адои онҳо намози витри воҷибро адо мекарданд. Онҳое, ки ин ривоятро далел меоранд, намози нофилаи шабонаро аз намози таровеҳ фарқ карда натавонистаанд. Ин ривоят маънои таровеҳро надорад, балки мурод аз он ҳамон намозҳои шабонае, ки Расули Худо дар Рамазону ғайри Рамазон анҷом медоданд, ҳисобида мешавад…

Ҳоло низ дар ҳарамайн-Макка ва Мадина- мардуми мусалмон таровеҳро бист ракаъат мехонанд ва эшон хато намекунанд.

-Мерасем ба поёни Рамазон, яъне шахси рӯзадор кай бояд, садақаи фитрро бипардозаду бо кадом эҳсосот барои анҷоми намози Ид ба масҷид биравад?

-Аслан вақти додани закоти фитр рӯзи охири Рамазон ва пеш аз намози ид аст, то онҳое, ки мустаҳиққи закот ҳастанд хотирашон ҷамъ шавад. Шайх Ҷунайди Бағдодиро пурсиданд, ки муваҳҳид кист? Гуфт: «Муваҳҳид касе ҳаст, ки ҳамаи ҳаракату сукунро аз Худо бидонад. Обид кист? Гуфт: «Обид касе, ҳаст, ки ҳамаи ибодати Худовандро дар аввали вақташ анҷом медиҳад. Гуфтанд: «Зоҳид кист? Гуфт: «Зоҳид касест, ки вақте ӯ ба мақоми зӯҳд бирасад, агар касе вайро таъриф ҳам кунад хурсанд намешавад ва агар касе  ӯро  сарзаниш ҳам кунад, намеранҷад». Чунончи ҳазрати Ҳофиз ҳамин суханро дар мақоми зӯҳд гуфтааст:

Бадам гуфтиву хурсандам, афокаллоҳ накӯ гуфтӣ,

Ҷавоби талх мезебад лаби лаъли шакархоро.

Аз ин ҷиҳат адои закоти фитрро дар ахири Рамазон ва қабл аз ид хубтар гуфтаанд. Бахши дувуми савол, дар рӯзи ид ғусл карда, худро бо хушбӯҳову атрҳо муаттар кунад ва бо либоси тозаву озода ба сӯи намозгоҳи ид  тасбеҳу таҳлил ва таҳмидгӯён равона шавад.

-Дар ривояте, ки аз Расули Худо (с)  бо қавли саҳеҳ нақл шудааст, мехонем, ки дар яке аз сафарҳо асҳоб бо овози баланд ёди Худо карданд, Расули Худо барояшон гуфт: «Шумо касеро намехонед, ки ғоибу ношунаво бошад, балки Ӯ шунавандаи қарибе аст ва низ Қуръон мефармояд: «Парвардгори худро ба зорӣ ва ниҳонӣ бихонед, ки Ӯ аз ҳадгузарандагонро дӯст намедорад», ва фармудааст: «Вазкур раббака фи нафсика тазарруъав ва хифатав ва дунал ҷаҳри минал қавл» (яъне Парвардгоратро  дар дили худ ба зориву тарс, бе он, ки садои худ баланд кунӣ, ҳар субҳу шом ёд кун), яъне чӣ?

-Оре, дар ҳақиқат ҳамин ҳадис дар Саҳеҳи Бухорӣ омадааст, лекин ин ҳадис далолат ба манъ кардани зикри ҷаҳрро надорад, зеро  ҳадисҳои дигар дар Саҳеҳи Бухорӣ ва Муслим аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Зубайр  вуҷуд доранд, ки бар афзалияти зикри ҷаҳр далолат мекунанд, аз   он ҷумла ҳадисе, ки дар саҳеҳи Муслим аст аз Абдуллоҳ ибни Зубайр: «Буд Расули Акрам (с) ҳар вақте аз намоз салом медод бо садои баланд мегуфт: «Лоилоҳа иллаллоҳу ваҳдаҳу ло шарика лаҳу лаҳул – мулку ва лаҳул – ҳамд ва ҳува ъало кулли шайин қадир».

Ва инчунин дар Саҳеҳи Бухорӣ аз ҳазрати Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят аст: «Будам ман мешинохтам тамом шудани намози Расули Акрамро бо такбир гуфтан бо овози баланд (ҷаҳр)». Аммо он оятҳое, ки шумо хондед, аз ҷумлаи оятҳои маккӣ буда, онҳо далолат бар хуфя хондани ҳамаи панҷ вақт намозҳоро доштанд . Вақте ки  оятҳо дар Мадина  барои ҷаҳр хондани баъзе намозҳо нозил шуданд, ҳукми ин оятҳо  мансух шуд. Чуноне ки Худованд фармудааст: Бигӯ: «Чӣ Аллоҳро бихонед, чӣ Раҳмонро бихонед (фарқе намекунад), ҳар кадомро (ки аз асмои ҳусно), ки бихонед (монеъ надорад), номҳои некӯ аз они ӯст». (Эй Паёмбар, ҳангоме ки ба намоз истодӣ) дар намоз садоятро баланд макун ва низ паст ҳам махон ва миёни ин ду роҳе интихоб кун.

-Оё ин ҳалқаҳои зикриро қатъ кардаед ё то ҳанӯз давом доранд?

-Ин ҳалқаҳо аз замонҳои пеш ба мо мерос мондаанд, мо дар замони шӯравӣ ин ҳалқаҳоро қатъ накарда будем ва ҳоло низ қатъ нахоҳем кард, аммо бо сабаби муҳоҷирати корӣ хеле аз мухлисону муридонамон, ки ҳамакунун дар хориҷа ҳастанд, дар ҳалқаҳои зикр ҷои эшонро холӣ мебинам. Аслан бояд ин ҳалқаҳо ҳар бегаҳи душанбе ва панҷшанбе вуҷуд дошта бошанд ва ҳоло низ барои калонсолон амал мекунад.

-Баъзеҳо ин ҳалқаҳои зикрии шуморо ба «дискотека дар масҷид» шабоҳат додаанд ва даъво доранд, ки ин гуна ҳалқаҳо моли исломи асил намебошанд, шумо ба эшон чӣ ҷавоб медиҳед?

- Ӯ шариъат баён кунад моро,

Ӯ тариқат аён кунад моро.

Шариъатро ҳам Паёмбар (с) баён кардаасту тариқатро ҳам Паёмбар аён кардааст. Лекин мабнои ислом ҳамааш бино бар ҷаҳр аст, касе агар инкори ҷаҳр кунад, бинобар фатвои уламои Бухоро ва бино ба мазҳаби Имом Аъзам, барои инкори ҷаҳр аз соли 125 ҳиҷрӣ уламо иттифоқ кардаанд. Касе, ки агар инкори силсилаву инкори тариқат ва инкори зикри ҷаҳр мекунад, аз аҳли суннат вал ҷамоъат нест. Ваҳҳобиҳо ин чизро қабул надоранд, лекин вақте ки мо ба Арабистони Саъудӣ меравем, дар назди равзаи Расули Акрам (с) ба ҳалқаҳои зикр, ки нисфи шаб оғоз мешаванд, моро даъват мекунанду ман бо камоли майл дар онҳо иштирок мекунам.

-Дар тариқат тарбияти фарзанд аз балоғат сар мешавад ё ин ки пас шинохти дасти чап аз даст рост?

-Мавлонои Балх дар Маснавии шариф меоранд, ки:

Чӯби тарро хам кунӣ фармон кунад,

Чуби хушкро хам кунӣ афғон кунад.

Вақте ки инсон дар ҳолати сибоват (кӯдакӣ) танҳо хӯрданиву нӯшиданиро медонад, бояд мо онро қабл аз он шаҳвату заношавҳарӣ онҳоро тарбияву таълим ва омодагиашонро  бар бандагии Худо устувор бидорем. Вақте ки Расули дуррбор дар ҳадисашон мефармояд: «Шумо фарзандонатонро дар синни ҳафт солагӣ ба намоз амр кунед ва онҳоро дар синни даҳсолагӣ барои адо кардан маҷбӯр (бизанед) бисозед. Ин амри вуҷубӣ аст. Дар замони мо низ давлат кӯдаконро дар синни ҳафт солагӣ ба мактаб мехонад.

-Масҷид ҳам як мактаб аст, аҳли тариқат кӯдакони худро аз чандсолагӣ ба рафтан ба ин мактаб амр мекунанд?

-Масҷид - хонаи Худост, мактаби аслист. Дар китобҳои фатво мегӯянд, ки як кас занталоқ қасам хӯрд, ки валлоҳ ман ин шаб ё ин рӯз дар ин дунё зиндагӣ намекунам. Агар хоҳад, ки занаш талоқ нашавад, рафта ҳамон шаб ё рӯзашро дар масҷид гузаронад, занаш талоқ намешавад. Зеро он, ки масҷид аз ин дунё нест, масҷид хонаи Худо ва аз он дунё аст.

-Мегуфтед, вақте ки масҷид тарбиятгоҳ аст, омадани фарзанд ҳам ба масҷид аз нигоҳи тариқат ҳатмӣ аст ё хайр?

-Вақте ҳасанотул аброри сайиотул муқаррабин аст, байни шариъат ва тариқат хеле нозукиҳои бисёр аст. Гуноҳи мо накӯкорон бароварди сайиоти муқаррабини дарбори Илоҳианд. Онҳо агар як нафсшон беёди Худо барояд, хаёл мекунанд, як фарз ё воҷиби Илоҳиро тарк кардаанд.

-Бобои эшон гуфтаниям, ки аҳли тариқат аксари авқоти худро ба худсозиву худтакмилдиҳӣ сарф мекунанд ё инки фарзандони худро низ дар роҳи тариқат бо худ якҷо тарбият мекунанд ва ҳамеша дар фикри рушди такомул ва худсозии эшон низ ҳастанд?

-Аҳли тариқат муътақиданд, ки ҷазабаи умумӣ асту ҷазабаи хусусӣ, ҷазабаи умумӣ, яъне шариъат ба гардани ҳама аст ва ҷазабаи хусусӣ, яъне тариқат  хоси хавос аст. Хосон дар тарбияи фарзанд хеле кӯшиш мекунанд, ба гуфти Бедил: Бувад сармашқи дарси бехудӣ борик биниҳо

Сармашқи бехуд шудану бо Худо шудан раҳро борик мебинад. Онҳо дар раҳи Худованд пай мечинанд, қадам намениҳанд. Ҳамин тавр бехуд шудану бо Худо шудан ин қадар нозукиҳо  дорад. Онҳо боз фарзандони худро аз ҳамаи ҷиҳат ва аз ҳамаи гуфтору кирдор хеле посбонӣ мекунанд. Бо ин вуҷуд, мактаби ҳамаи мо ва шумо масҷид аст, ҷои саҷдагоҳ аст. Худованд худаш фармудааст:  касе намоз бихонад, ин намоз ӯро аз фаҳшҳо ва аз мункарот боз медорад.

Мусоҳиб Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi