05:45:06 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30        

ТӮДАИ МАШКУК ВА ИСЛОМИ НОБ

Ҳанӯз дар замони Паёмбари Акрам Муҳаммад алайҳимуссалом  сангари байни тӯдаи машкук ва ислом муайян шуда буд. Ин мубориза то ҳанӯз идома дорад, ки назири онро дар Тоҷикистон низ мушоҳида месозем. Охири солҳои 80-ӯм ва аввали солҳои навадӯми асри пор раванди тақвияти исломи ноб дар тамоми кишвар ва ба вижа минтақаи Кӯлоб ба назар расид.

/images/stories/2011/11/08_hoji-mirzo_2011.jpgСоли 1991 майдонҳои муборизаи мухолифин маҳз дар ҳамин замина ба вуқуъ пайвастанд. Аз як ҷониб исломгароён ва аз ҷониби дигар ҷонибдорони режими комунистӣ ҳар кадом ҳақиқати худро собит сохтан мехост, ки сабаби қатли ҳазорон ва бехонумон шудани даҳҳо ҳазор гашт.  Чун нек назар афканӣ ҷонибдорони режими комунистӣ низ худро мусалмони комил меҳисобиданд. Пас чӣ сабаб шуд, ки ба муқовимат алайҳи исломиён бархостанд?

Коршиноси маҳаллӣ ҳоҷӣ Муҳаммадюсуф ақида дорад, ки шояд сабаб он аст, ки баъди таҳаввулоти Горбачёвӣ дар миёнаҳои солҳои ҳаштодӯм занҷирҳои маҳками режими комунистӣ дарҳам шикаст ва дарди ҳама уқубати тӯли солиёни Шӯравӣ ба бадани исломиҳо расида хуруҷ карда бошад?   Ҳама ҷо сохтмони масҷидҳо басуръат оғоз шуданд ва садои мусалмонон баланд.

Ин ба иззати нафси ботинан мусалмоннабудагон расид ва ба муқовимат бархостанд. Яке аз чунин ашхоси ҷонибдори режими комунистӣ собиқ фармондеҳи фронти халқӣ дар ҷанги шаҳрвандии солҳои навадӯми тоҷик Сангак Сафаров буд.

Аммо касе далел надорад, ки Сангак Сафаров муқобили қавонини ислом ба таври возеҳ кореро анҷом дода бошад. Банда ҳам шоҳидам, ки Сафаров то оғози ҷанг ба назди падари банда, ки аз уламои ислом буд, омада мудом дуо мегирифт, насиҳат мешунид ва аз мусибатҳои ба сари аҳли байт омада ашк мерехт. Ба ақидаи як коршиноси маҳаллӣ бо исми Абдурауф муқовимат аслан зоҳиран ислому куфр бошад ҳам ботинан ҷанбаи сиёсӣ дошт.

Бо гузашти анқариб 20 сол аз он воқеоти мудҳиш наздикони Сангак Сафаров имрӯз аз содиқтарин диндорони Кӯлоб маҳсуб меёбанд. Гулҷаҳон Сафарова, духтари Сангак Сафаров солҳост ба арзишҳои исломӣ арҷ мегузорад ва ӯро бидуни пушиши исломӣ дидан номумкин аст. Диловар Сафаров, аз наберагони дигари ӯ самти фаъолияти тарабхонаи «Лаззат»-ро, ки онҷо Сангак нӯшокиҳои спиртӣ мефурӯхт, ба хотири рост наомадан ба талаботҳои ислом табдил кардааст.

Диловар мегӯяд бобои ӯ барои ҳақиқат ҷангидааст. Барои дарёфти рӯзӣ нӯшокиҳои спиртӣ мефурӯхт ва русҳо ки он вақт теъдодашон ба ҳазорҳо нафар мерасид онро харидорӣ мекарданд. Алҳол он замонҳо гузаштанд илова кард Диловар, акнун 99 фоизи шаҳр мусалмонанд дигар фурӯши арақ гуноҳ аст. Ошёнаи аввали тарабхонаро ҷойи таъмири компутар ва ошёнаи дуюмро мағозаи фурӯши маводи ғизоӣ кардаем.

Ҳамакнун рӯзҳои ҷумъа дар соатҳои адои фаризаи ҷумъа дар кӯчаҳои шаҳр одамон аҳёнан ба назар мерасанд ва ҳама баҳри адои намози фарзӣ сӯйи 13 масҷиди ҷомеи шаҳр мешитобанд. Дар маҷмӯъ бошад имрӯз дар шаҳри Кӯлоб беш аз 70 масҷиди ҷомеъ ва панҷвақта фаолият дорад.

Ба ақидаи Хизматшоҳи Гулназар, як коршиноси маҳаллӣ, режими комунистии собиқ ҳазорҳо мусалмонро куштаю зиндонӣ карда буд. “Ҳамин хел карданд, ки рӯҳониён кушта шуданд ва аксараш бадарға гаштанд. Чандеашро тавонистанд, бадарға карданд ва чандеи дигарро бе пурсиш дар ҳамин ҷо парронданд”.

/images/stories/2011/11/08_sangak_safarov_2011.jpgБа қавли ин мусоҳиби мо бо қатлу бадарғаи  рӯҳониён имкон пайдо шуд, ки ақоиди комунистии мардумро мустаҳкам ва онҳоро аз асли ислом дур намоянд. Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, вакили порлумони кишвар аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, афзоиши исломгароӣ дар минтақаи Кӯлоб як амри табиӣ аст. “Шӯравӣ бо он ҳама қудрат натавониста буд, ақидаҳои мардумро решакан намояд ва мардумро аз ақидаҳои аҷдодии худ ҷудо кунад. Алангаи дин дар қалбҳои ин мардум рӯшан буд, ҳарчанд дар зоҳир намудор набуд, чунки шароити он рӯз намебардошт инро”.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ба қавли шоҳидон солҳои аввали истиқлолият ва оғози ҷанги шаҳрвандӣ комунистон ё комунистмаобони Кӯлоб аксари диндоронро “вовчик” унвон намуда, барои саркӯбии онҳо иқдом карда буданд. Аммо Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, як тан аз рӯҳониёни шинохтаи муқими Кӯлоб мегӯяд, ин амр низ барои саркӯб намудани диндорон буд, ки ба ҷуз хунрезӣ ҳеҷ натиҷае надод. Ӯ мегӯяд, бо ин вуҷуд масҷидҳои маҳаллӣ пур аз намозгузор аст.

“Вазъи диниро аз он ҷиҳат хуб гуфта метавонам, ки имрӯз хиёнат миёни мардум камтар шудааст. Арақнӯшиву арақфурӯшӣ дар шаҳр кам шудааст. Мебинам, ки сафи намозгузорон зиёд мешавад, ба ин бовар мешавам, ки вазъи диндории мардум хеле боло ва хуб шудааст”.

Ва аммо тайи як фармони  ғайрирасмӣ ин олими бузурги дин аз минбари масҷиди худ, ки ба номи имом Алӣ ва аз хишти аввал худ сохтааст, поин фароварда шудаасту алҳол гӯшанишинӣ ихтиёр карда. Дар ҳоле, ки имкон дошт ин олими барои мусалмонони минтақа маҳбубро барои раҳандозии сиёсати ҳукумати ҷумҳурӣ ва президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон истифода бурд. Мардум ба ӯ бештар бовар мекунанд.

Ин гуна аъмолро чизе ба ҷуз муборизаи тӯдаи машкук бо исломи ноб талаққӣ додан наметавон. Яъне муборизаи ҳақ ва ботилро Худованд барои санҷиши бандагонаш рӯйи кор овардааст.

Молик, Кӯлоб, барои “Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi