08:46:19 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Истиқбол аз моҳи шарифи Рамазон ва иди Фитр дар Афғонистон

Қисмати аввал 

Додоҷон Обидов, доктори илмҳои филологӣ

Мегӯянд, ки як шаб Сироҷ-ул-миллат баъд аз намози шом яке аз меҳмонони "Ифтори шоҳӣ" Ҳоҷӣ Абдулазизи Лангарро ба ҳузур пазируфта пурсидааст:

ramazan 04-201303-Нони ифтор чӣ тавр аст? Оё шумо аз он нон розӣ ҳастед?

Ҳоҷӣ Абдулазизи Лангар гуфтааст:

-Бале, қурбон, розӣ ҳастам.

-Оё чизе камбуд нест?-боз пурсидааст подшоҳ.

-Қурбон, яке чиз камбуд аст,-гуфта аст ҳоҷӣ Абдулазизи Лангар.

Подшоҳ каме мутағайир шуда гуфтааст:

ӣ камбуд аст?

-Қурбон, - гуфтааст ҳоҷӣ Адулазизи Лангар,- ҳама чиз мавҷуд аст, сирф чизе, ки камбуд аст, шукр аст. Мо ин нонро дар умри худ надидаем, аммо шумо дуо кунед, ки мо тавфик биёбем ва шукри ин ҳимматро адо карда бошем.

Ҷабини подшоҳ кушода шудааст ва Ҳоҷӣ Абдулазизи Лангарро ба оғӯш гирифта бӯсида аст. Ба ин тартиб, "Ифтори шоҳӣ", ки бо масорифи дарбор баргузор мегардид, аз аввал то охири моҳи Рамазон давом мекард.

Баъд аз хатми намози таровеҳ Сироҷ-ул-миллат ба арки шоҳӣ мерафт ва меҳмонон низ пароканда шуда, рохи хонаҳои худро пеш мегирифтанд. Иддае аз одамон баъд аз ифтор ва адои намози таровеҳ дар яке аз хонаҳои дӯстон гирди ҳам ҷамъ омада, ба қиссагӯию китобхонӣ машғул мешудаанд, ки он то  мавқеи саҳарихӯрӣ идома меёфт.

Дар ин гуна шабҳо ҷавонон ба чойхонаҳо рафта ба ғайр аз китобхонӣ созу овозро низ ба роҳ меандохтанд. Китобҳое, ки дар ин гуна маҷлису ҷамъомадҳо хонда мешуданд, иборат буданд аз "Нодир-ул-меъроҷ", "Қассас-ул-анбиё", "Амирҳамза", "Калила ва димна" ва ғайра. Қисмате аз одамон дар шабҳои Рамазон ба хонақоҳҳо мерафтанд ва ба зикри "Аллоҳу" мепардохтанд.

Ҷавонони наврас ва атфоли қаду нимқад масруфиятҳои дигаре доштанд, ки баъзе аз онҳо имрӯз ҳам ба мушоҳида мерасанд. Яке аз ин гуна масруфиятҳо "Рамазонӣ рафтан" аст, ки дар хусуси он дар ҷои дигар таваққуф хоҳем кард.

ИДИ ФИТР. Сар аз 26-27 моҳи Рамазон мардум ба истиқболи иди фитр омадагӣ мегирифтанд: хона метакконданд, гирду атрофии ҳавлиашонро поккорӣ мекарданд, коло мешӯянд, барои аъзои хонаводаашон сару либоси нав медӯхтанд ё мехаридаанд, ҷиҳати пухтани таомҳои идона маводу масолеҳ таҳия менамуданд, ба дӯстони дуру наздики худ табрикномаҳо ирсол медоштанд, барои наздикону ақрибонашон тӯҳфаҳо тайёр мекарданд ва…

Тибқи анъаноти мардум рӯзи бисту нуҳӯми моҳи Рамазон, яъне як рӯз қабл аз ид ба номи "Рӯзи арафа"  ёд мешуд. Шоми он рӯз одатан дар ҳар хонавода ба ному хотири ҳар як аз фавтидагонашон фатилаҳо (нӯгча) сохта онҳоро дар ҷойҳои муайян равшан менамуданд. Назар ба  пиндошти мардум аз иҷрои ин амал арвоҳи мурдагон гӯё хушнуд мегардида аст.

Ҳамзамон бо сӯхтани фатила оётеро аз Қуръони Маҷид тиловат намуда, зимни атҳофи дуоҳо онро нисори рӯҳи мурдагон месохтанд. Баъди он, ки  фатила комилан сӯхта хомӯш мегардид, таомеро, ки ба муносибати ёдбуди мурдагон таҳия шуда буд, ҳар хонавода  ба ҳамсоягон ва хешовандонашон мефиристоданд. Ҳамсоягон ва хешовандон низ дар фиристодани таоми назри мурдаҳо ин амалро маръӣ медонистанд.

Дар шаби "Рӯзи арафа" дар ҳама оилаҳо то ҳудуди нимаи шаб ба хотири тартибот ва таҳияи таоми ид ва танзими либосҳои идона занони ҳар хонавода масруфияти зиёде доштанд. Бахусус барои тадоруки таоми муравваҷи рӯзҳои ид, ки бо номи "ҳалвои сурх" машҳур буд, кӯшиши зиёде ба харч медоданд. Баъди сӣ рӯзи рӯза иди Рамазон фаро мерасид. Мардуми мусулмон ин идро ба унвони ҷашни мазҳабии худ арҷ мегузоштанд ва гиромӣ медоштанд, аз омадани он сад шукр мекарданд ва аз рафтани моҳи Рамазон афсӯс мехӯрданд, он гуна ки шоире гуфтааст:

Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт,

Сад шукр, ки ин омаду сад ҳайф, ки он рафт.

Дар рӯзи ид ҳамагон-зану мард ва пиру ҷавон либосҳои шуставу нав мепӯшиданд. Субҳи он рӯз мардҳо барои хондани намози ид ба масчид мерафтанд. Баъд аз адои Хутба ва намози  ид бо ҳам бағалкашию рӯбӯсӣ намуда, рӯзи идро ба ҳамдигар табрик мегуфтанд ва ин ибораҳоро ба забон меоварданд:

"Идатон муборак!", "Бародар, айёми шариф муборак!", "Рӯзаю намозҳо қабул!" "Ҳоҷиёну ғозиён" ва монанди инҳо. Дар ин муониқот шарт набуд, ки кас касеро бишносад: мешинохт ё намешинохт, аз аҳли гузару кӯчааш буд ё набуд, ба номи бародари мусулмон бо ҳам идӣ мекарданд. Ақидаи динӣ ва  маданияти миллии мардуми Афғонистон амр мекард, ки мусалмонон дар ҳар ҷое бошанд, ба ҳам дӯсту бародаранд.

Сипас ҳар кас садақаи фитрашро, ки қаблан омода карда буд, ба ашхоси мустаҳақ таъориф менамуд. Касоне, ки ашё ва амволашонро гум карда буданд, дар ин иҷтимоъ аз он ёдовар мешуданд ва он идда ашхосе, ки дар мавриди ашё ва амволи гумшуда  маълумоте доштанд, онҳоро ҳозир оварда, ба соҳибонашон бармегардониданд. Ҳамчунин касоне, ки ба ҳам кудурат ва кина дошта буданд, дар ин мавқеъ аз тарафи аҳли маҷлис оштӣ дода мешуданд.

Ин бағалкашиҳою  рӯбӯсиҳо чанд муддат идома меёфт. Баъд аз он, ки мардум аз масҷид берун мешуданд ба диду боздиди дӯстон ва вобастагонашон мерафтанд ва аввалтар аз ҳама ришсафедону барҷомондагонро аҳвол мегирифтанд, бо як пиёла чою чанд дона нуқл даҳон ширин карда ба хонаҳои азодорон барои фотиҳа мерафтанд. Ин гуна дарбадаргардиҳо, ки дар ҳар хона дастархони идона кушода буд, то аср давом мекард.

Аммо дар деҳот расм буд, ки ҳар кас баъд аз аср, яъне дар соатҳои чаҳор, панҷ ва шаш ҳам, ки ба меҳмонӣ ва диду боздид меомад, соҳибони хона бо офтоба дасти ӯро мешӯёнданд ва барояш таом меоварданд. Онҳо ақида доштанд, ки меҳмоннавозии хушку холӣ маънӣ надорад, меҳмоннавозӣ ин аст, ки меҳмон луқмаи ноне бояд дар хонаи мизбон хӯрда бошад. Дар рӯзи ид мардум аз шаҳр ба деҳаҳо мерафтанд ва аз деҳу қарияҳо барои ид кардан ба шаҳр меомаданд. Атфол ва ҷавонон гурӯҳ-гурӯҳ ба хонаҳои хешону дӯстон ташриф меоварданд.

Дар се рӯзи  ид дар ҳамаи хонаводаҳо дастархон густурда дар рӯи он анвои мухталифи мева гузошта мешуд. Дар баъзе маҳалҳо дар рӯзи аввали ид баъд аз адои намози ид аз ҳар хона ба масҷид таоми пухташуда меоварданд. Таомҳои овардашударо як нафар шахси рӯҳонӣ ва чанд тан аз ришсафедони  маҷлис ба унвони табарруки рӯзи ид тавзеъ менамуданд.

Як қисми он барои бенавоён, роҳгузарон ва мусофироне, ки фурсати таваққуф надоштанд, дода мешуд. Бахши дигари он саҳми чӯпону даҳмардаҳои гӯсфандону бузу бузғолаҳои аҳли қария буд. Қисми сеюмро рӯҳониён ва мӯйсафедони мазкур бо ҳозирин дар ҳамин маҷлис сарф месохтанд. Баъди сарфи таом як  нафар аз уламо ҷиҳати хайру барака, саломатию хушии мардум ва саодати ватан дуо мекард ва аҳли маҷлисро барои хориҷ шудан аз масҷид иҷозат медод.

Пас аз адои маросим ва хатми сарфи таом навҷавонон ва атфоли қаду нимқад даста- даста дар гирду атрофи шаҳр ва қария ва ҷойҳои ҳамвору васеъ ҷамъ омада, аз хушиҳое, ки ид барояшон армуғон овардааст, истиқболи шоён ба амал меоварданд ва дар бозиҳои муҳитӣ, аз қабили тухмҷангӣ ва саоттериҳои дигар машғул мешуданд.

Духтарони ҷавон ва наврас дар як маҳали муайян иҷтимоъ намуда, аз ресмон гоз месохтанд ва ҳар кадом бо навбат ба гоз савор шуда, онро ба пеш ва ақиб ҳаракат медоданд. Ҳамҷунон онҳо таври дугонагӣ дар паҳлӯи гоз  қарор гирифта, бо навохтани доира, бо овоз ва лаҳҷаи ҳарчи гиротар таронаю дубайтиҳои маҳаллиро замзама менамуданд, аз қабили дубайтиҳои зайл, ки мазмуни ошиқона доштанд:

Эй зоғи сиёҳ, ки дар ҳаво мегардӣ,

Гирди сари ёри бевафо мегардӣ.

Гирди сари ёре, ки  надорад шафқат,

Беҳуда дар ин шаҳр чаро мегардӣ?

***

Сари  роҳут нишинум, мор дорӣ,

Бидеҳ дастмоли дастут, ёр ворӣ.

Бидеҳ дастмоли дастут, ёри ширин,

Ба гардан ҷел кунум  тумор ворӣ.

***

Ма  хоб дидам, ки рӯят шабнам омад.

Ба хоб дидам, ки ёри ҳамдам омад.

Зи хоб ҷастам. ки ёри худ надидам,

Чӣ тур ғам буд, ки болои ғам омад?

***

Дар фасли  баҳор гул ба дастам додӣ,

Дар ҳини ҷавониҳо шикастам додӣ.

Ман даст ба домани ту додам ба умед,

Ту домани навмедӣ ба дастам додӣ.

Ба ҳамин шакл рӯзи аввали ид ба поён мерасид. Дар рӯзҳои баъдӣ  он идда хонаводаҳое, ки баҳам қаробати хешӣ доштанд ба шакли ҷудогона, таври оилавӣ ба манзили ҳамдигар даъват мешуданд ва табрикоти идро ба ҷо меоварданд.

Дар байни он хешовандоне, ки хонаҳояшон аз ҳам дур  буд, ин гуна рафту омадҳо ва диду боздидҳо аз се рӯз то як ҳафта давом мекард.

Хулоса, моҳи мубораки Рамазон моҳи таҳорату покӣ, тақвову росткорӣ ва некандешӣ аст. Моҳест, ки мусулмонон талош доранд ва мехоҳанд кирдор, гуфтор ва пиндорашон бо сидқу ростӣ ҳамроҳ бошанд, то тавонанд ба ин васила саодати дуҷаҳонӣ - индунёию он дунёиро насиб гарданд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi