11:25:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Бӯи Худо аз ҳама сӯ мерасад…

«Панҷ кор рӯза ва вузуро ботил мекунад: дурӯғ, ғайбат, суханчинӣ, нигоҳи шаҳватолуд ва қасами дурӯғ» (Канзул-уммол, 8/497 ба нақл аз Ашшомила)

Рамазони Шариф фаро мерасад.  Камтар аз як ҳафтаи дигар монда, ки субҳро мо бо даҳони баста аз таом истиқбол мекунем ва тамоми рӯзро дигар бо ҳамин даҳони баста ба поён мебарем. Шабҳои мубораки тиловати Қуръону намози таровиҳ, ниёишҳо ба даргоҳи Худованди ҷаҳониён оғоз мегарданд. Як моҳи наздикӣ ба қурби Илоҳӣ, як моҳи поксозии рӯҳу тани гунаҳгор ва як моҳи созандагии ахлоқ.

din-nasihat-ast-2013Моҳе, ки соли дароз интизораш ҳастем, то тавбаҳои худро қабулшуда дарёбем, то аз гуноҳон худро нигоҳ дорем, то муҳаббати худро ба ҳамдигар афзун кунем, то неъмати гуруснагиро дарёбем, ки оқибати он хушии хотири Рабби олам аст. Ва ин моҳро сифатҳову шигифтиҳо басо зиёданд. Ин моҳ ҳама лутфи Худост, чун Офаридгор аз миёни 12 моҳ маҳз Рамазонро ба худ ихтисос додааст ва аҷри савоби ин моҳ комил пеши Худост, ки ғайр аз худи Ӯ касе дигар намедонад. Мо танҳо як нуктаро медонем: ҳар амали банда бо савоби бештар аз амалаш подош меёбад. 

Дар "Дурратулвоъизин" ривоят шуда аз Расул (с), ки фармуд: "Ҳар кӣ фараҳманд гардад бо омадани моҳи шарифи Рамазон ҳаром мегардонад Аллоҳ Таъоло ҷасади ӯро ба оташи дӯзах. Гуфтаанд: Ё Расулаллоҳ (с) шаби аввали Рамазон чӣ гоҳе ояд. Аллоҳ Таъолло мегӯяд кист он ки дӯст медорад маро ва ман дӯст медорам ӯро ва кист он ки  мағфират талабад аз ман мағфират кунам ӯро. Пас амр кунад Аллоҳи бузург дар моҳи Рамазон кироманкотибинро, ки нависед дар номаи аъмоли бандаи мӯъмин ҳасаноти ӯро, тарк кунед сайиоти ӯро ва маҳв гардонад Аллоҳ аз номаи аъмоли он банда гуноҳони гузаштаи ӯро".

Моҳи нузули Қуръон

Рамазон моҳест, ки дар он Қуръони Карим нозил шудааст. Ва на танҳо Фурқони азиз, балки ҳама китобҳо ба Пайғамбарони соҳибкитоб маҳз дар ҳамин моҳ нозил шудаанд. 

Ривоят кунанд, ки  Суҳуфи Иброҳим (ъ) дар шаби аввали моҳи Рамазон нозил шуд. Тавроти Мусо (ъ) баъд аз ҳафтод соли Суҳуфи Иброҳим (ъ) дар шаби шашуми моҳи Рамазон нозил гардид. Забури Довуд (ъ) баъд аз панҷсад соли Таврот дар шаби  дувоздаҳуми моҳи мубораки Рамазон нозил шуда буд. Инҷили Исо (ъ) баъд аз ҳазору сад сол пас аз Забур дар шаби дувоздаҳуми моҳи Рамазон нозил гардида буд. Фурқони ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) баъд аз шашсаду бист соли Инҷил дар шаби бистуҳафтуми имоҳи Рамазон аз Арш ба осмони дунё нозил шуд ва ба муддати бисту се сол Ҷабраил (ъ) бо амри Худованди тавоно оят ба оят фуруд овард.

"Зубдатулвоъизин" ривоят мекунад, ки саҳобии киром ибни Аббос (р) гуфт: Шунидам аз Расул (с), ки фармуд: агар умматони ман шарафи моҳи Рамазонро медонистанд, ҳароина таманно мекарданд, ки тамоми сол Рамазон бошад, ки тоати он мақбулу дуои он мустаҷоб ва гуноҳи он мағфур шавад, ки муштоқи рӯзадорон Биҳишт аст.

Ҷаннати муштоқ ба рӯзадор

Ривоят мекунад Ҷобир (р) аз Расул (с), ки фармуд: Ҳар гоҳе ки шаби охири Рамазон фаро мерасад, осмону замин ва фариштагон ба мусибати умматони ман гиря мекунанд. Асҳоб пурсиданд, ки ё Расулаллоҳ, ба кадом мусибат? Расул (с) гуфтанд, ки ба рафтани Рамазон гиря кунанд. Умматон дар моҳи Рамазон дуо кунанд мустаҷоб шавад, садақа кунанд қабул гардад, ҳасаноте кунанд, савоб дарёбанд. Рафтани Рамазон мусибати калон аст бар умматони ман.

Дар бораи фазилатҳои ин моҳи бузург зиёд ривоятҳо омада ва донистани онҳо муҳаббати бандаро ба Офаридгораш дучанд афзоиш медиҳад. Чунончӣ, "Равнақулмаҷолис" ривоят кунад аз Расул (с), ки Ҷаннат ба чаҳор гурӯҳ: тиловаткунандаи Қуръон, ҳофизи Қуръон, серкунандаи гуруснагон ва рӯзадорони моҳи Шарифи Рамазон муштоқ аст ва онҳоро ҳамвора интизорӣ мекашад.

Дар хабар омадааст ҳар гоҳе ҳилоли моҳи шарифи Рамазон рӯй намояд, Аршу Курсӣ ва Фариштагон нидо кунанд, ки башорат бод мар уммати Муҳаммади Мустафо (с)-ро, ки дар назди Аллоҳ Таъоло ба атоҳои фаровон ноил гаштанд. Дар осмон Офтобу Моҳ ва кавокиб ва дар ҳаво мурғон ва дар баҳрҳо моҳиён ва кулли мавҷудот омурзиши гуноҳони уммати Муҳаммад (с)-ро аз Парвардигори оламиён мехоҳанд. Аллоҳ таъоло ба фариштагон фармояд, ки савоби намозу тасбеҳи  худро дар моҳи Рамазон ба уммати Муҳаммади Мустафо (с) бахшед.

Ва ин ҳикоятро аз "Зубдатулвоъизин" хондем: Овардааанд, марде буд номи ӯ Муҳаммад. Дар умри худ асло намоз намегузорид. Он ҳангоме, ки Рамазон дохил шудӣ, ҷомаҳои покиза пӯшида, худро хушбӯ сохта, намозҳои қазоии худро мехонд. Баъзе аз ёрони ӯ гуфтанд, ки соли гузашта асло намоз намехондӣ, дар моҳи Рамазон ин ҳама намоз хонданро боис чист? Ҷавоб дод, ки ин моҳи Рамазон моҳи тавба ва моҳи раҳмат ва моҳи баракат аст. Шояд, ки Аллоҳ Таъоло ба фазли худ гуноҳони маро авф фармояд.

Пас он мард фавтид. Дар хоб диданд ва пурсиданд, ки Аллоҳ Таъоло ба ту чӣ кард? Ҷавоб дод, ки ба сабаби таъзими моҳи шарифи Рамазон гуноҳони маро мағфират намуда, ба Биҳишти анбарсиришт дохил кард.

Таҳорату намози Рамазони шариф

Ҳазрати Умар (р) аз Расул (с) ривоят мекунад: шахсе аз уммати ман дар моҳи Рамазон хоб кунад ва аз ин паҳлу ба паҳлуи дигар ҳаракат кунад, фариштае гӯяд, ки раҳмати Худо ва баракати Худо бар ту бод, бархез вақти намоз аст ва агар ба нияти намоз бархезад, фирош гӯяд: Эй бор Худоё, ба ин банда аз фироши ҷаннат ато кун.

Ҷома гӯяд, эй бор Худоё, аз либоси Биҳишт ба ин банда ато намой. Наълан Худоё, собит гардон қадами ӯро бар Сирот ва аз барои таҳорат обдастро гирад, офтоба ва об гӯянд Худоё, ин рӯзадорро аз оби Кавсар сероб гардонида ва аз гуноҳ ӯро тоҳир гардон. Ба намоз шурӯъ кунад, хона ва масҷид гӯянд, бор Худоё, васеъ гардон қабри ӯро ва мағфират кун зунуби ӯро ва ба назари раҳмат нигоҳ кун ба ӯ. Худои ҷаҳониён гӯяд: Эй бандаи ман акнун намоз хондӣ, дуо кун, ки иҷобат кунам, талаби мағфират кун, ки омурзиш намоям. 

Рамазону рӯзадор ва қиёмату Ризвон

"Зуҳратурриёз" ҳикоят кунад: Чун рӯзи қиёмат шавад, Рамазон ба сурати худ дар Маҳшаргоҳ дароят ва сар ба саҷда ниҳад. Аз Худованд нидо ояд, ки эй Рамазон, чӣ ҳоҷат дорӣ? Рамазон гӯяд: Илоҳо, имрӯз мехоҳам, ки ҳақгузорӣ кунам. Нидо ояд, ки ҳар киро хоҳӣ баргир, ки ба ту бахшидам. Рамазон ба атрофи Арасот сайр кунад, ҳафтод ҳазор аз аҳли гуноҳи кабираро шафеъ гардад. Аллоҳ Таъолло ба фазли худ онҳоро ба Рамазон бахшад. Боз Рамазон гӯяд, ки Илоҳо, ҳафтод ҳазор ҳур ато кун, бо ин ҳафтод ҳазор тазвиҷ кунонам.

Худованд ба лутфи худ ато кунад. Баъд аз он Рамазон бар Буроқ нишинад. Аз Худои ҷаҳониён нидо ояд, ки эй Рамазон, чӣ ирода дорӣ? Рамазон гӯяд: Ба Ҷаннутулфирдавс ба ҷавори ҳабиби ту Муҳаммади Мустафо (с) меравам. Нидо ояд, ки чӣ ирода дорӣ? Рамазон гӯяд, Илоҳо, имрӯз ҷамъи ҳоҷати маро бо фазлу карами худ барор, аз биҳишт сад шаҳр аз ёқути сурх ва забарҷади сабз мехоҳам, ки ҳар шаҳр ҳазор қаср дошта бошад, ҳар киро аз рӯзадор хоҳам, ба он ҷо диҳам. Парвардигор бо фазлу карами худ ҳама талаби ӯро ато намояд.

Ривоят мекунад Ибни Аббос (р) аз Расул (с), ки фармуд: Ҳар гоҳе ояд моҳи Рамазон Шараҳ ном бод ба фармони Худованд аз Арш вазида, баргҳои дарахтони Биҳиштро дар ҳаракат меорад. Аҳли Биҳишт гӯянд ин шамоли Рамазон аст, ки ба умматони марҳумаи Муҳаммад (с) мевазад. Ҳурулъйн муноҷот кунанд, ки Илоҳо, моёнро аз азвоҷи рӯзадорони уммати Муҳаммад (с) гардон. Гӯянд, ки ҳар кадоми он ҳуронро ҳаштод ҳулла бошад, ки ранги ҳар воҳид аз онҳо ба дигаре монанд набошад. Ҳар кадом он ҳуронро тахте бошад, пояи он ёқути сурх ва бофтаанд ӯро аз дурр. Ҳар кадом тахтро ҳафтод курпача бошад ва ҳафтод дастурхони пур аз таъомҳои  рангоранг. Инҳо ҳама  насиби рӯзадорони уммати Муҳаммад (с) хоҳанд шуд, иншоаллоҳ.

Ривоят мекунанд аз Расул (с), ки рӯзи қиёмат ба рӯзадорони уммати ман Худованди Маннон ду бол ато кунад, ки парвоз карда, ба девори Биҳишт омада нишинанд. Ризвон пурсад, ки шумоён чӣ касонед, ки парвозкунон омадед? Онҳо гӯянд, ки мо аз рӯзадорони уммати Муҳаммади Мустафо (с) ҳастем. Ризвон гӯяд, ки ҳисоби шумо дар қиёмат чӣ гуна гузашт? Посух диҳанд, ки мо ҳисобро надидем. Ризвон гӯяд, ки аз Сирот ба чӣ навъ гузаштед? Онҳо гӯянд, ки мо Сиротро надидаем. Ризвон пурсад, ки ба кадом хислат ин дараҷаро ёфтед? Онҳо гӯянд, ки дар дунё миёни мо ва Худованд сирре буд, аз ин ҷиҳат дар охират ҳам ба сабаби он аз гӯр сар бардошта, ба Ҷаннат омадем. Ризвон пурсад, ки он чӣ сирре буд? Гӯянд, ки доштани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон.

Ризои волидону ризои Худо

Анас бинни Молик (р) аз Расул (с) ривоят кардааст, ки фармуд: "Ҳар зане, ки дар моҳи мубораки Рамазон ризои шавҳарашро ёбад, савоби ҳазрати Марям ва ҳазрати Оиша (р)-ро дарёбад. Ҳар фарзанде, ки ризои падару модарро дарёбад, Худованд ба назари раҳмат ба он банда назар андозад, ман кафил мешавам, ки дохили биҳишт мегардад. Ҳар ки аз уммати ман ҳоҷати бародари мӯъминро барорад, Худованд ҳар ҳоҷати ӯро дар қиёмат муяссар гардонад. Ҳар кӣ масҷидеро дар Рамазон ба чароғе равшан кунад, Худованд қабри ӯро мунаввар гардонида, ба адади намозгузорони он масҷид дар номаи он савоб нависанд.

Овардаанд, ки Худованд ҳар шаби Рамазон се маротиба нидо кунад, ки ҳеҷ суолкунанда бошад, ки ҳоҷати ӯро раво гардонам, ҳеҷ тавбакунандае ҳаст, ки тавбаи ӯро қабул кунам, ҳеҷ омурзишхоҳ ҳаст, ки мағфират намоям?

Оре, моҳи шарифи Рамазон фаро мерасад, дарҳои раҳмати Илоҳӣ боз мешаванд, тавбаҳо беш аз ҳар вақти дигар қабул мегарданд. Пас аз ин фурсат истифода барем, пас талаби омурзиши гуноҳон кунем, талаби ҳоҷат кунем, ки ваъдаи Худованд аст, ки иҷобат кунад.

ӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi