10:28:38 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ-10

ПЕШВОЯМОН ШУАИБ (а) ЗУЛМИ БУЗУРГ

 Дар атрофи Шом қавме зиндагӣ мекард, ки Худованд барои онҳо хайру баракати зиёде ато карда буд. Ин қавм, ки қадри неъматҳои Худовандро надонистанд, ба офаранда ва ато кунандаи ин неъматҳои фаровон кофир шуданд. 

Он кофирон Худои ягонаро бовар накарда як навъ дарахтеро ба номи «Айкат» парастиш мекарданд. «Айкат» як навъ дарахти сершоху барги мулоими боҳам печида аст. Онҳо ба парастиши ҳам он дарахт одат карданд ва ҳамон дарахтро худои худ хонданд. Ҳамин тавр фарзандон пайравони падару бобою аҷодҳояшонро намуда, солҳову асрҳо ба хотир намеоварданд, ки аз ин кори хато ва нодурусту шайтонӣ тавба намоянд, аклҳояшонро кор фармуда дарахтпарастиро тарк намуда Худованди якторо пара¬стиш намоянд. 

Куфру нобоварии онҳо ба Ху¬дованди таъоло зиёд шуда мардумозорӣ ва ҳаққи якдигархӯрӣ дар байни онҳо авҷ гирифта буд. Онҳо ба дараҷае расида буданд, ки агар чизе мехариданд, кӯшиш мекарданд, ки пули додаашон ба ҳарсурате, ки набошад  зурӣ ё фиребу найранг зиёдтар бигиранд, баръакс агар чизе мефӯрухтанд ҳушу гӯшашон дар он буд, ки чӣ тавр харидоронро фиреб дода пули зиёдтар гиранду матоъи камтар диҳанд ва ё аз тарозу мезаданд. 

Худованди бузург тамоми навъи фиребу найрангро ҳаром  шуморида мефармояд: «Вой бар ҳаққи мардумкоҳандагон. Онон, ки чун барои худ вазн кунанд ба сахтӣ ва пурра бигиранд. Ва чун хоҳанд, ки барои касе вазн кунанд зиён расонанд».   

КӢ ВАЗИФААШРО ИҶРО МЕКУНАД?

 Ҳамаашон дар зулму гумроҳӣ ва ҳаққи мардумхӯрӣ зиндагӣ мекарданд ва ҳар кадоми онҳо фикр мекард, ки чӣ тавр дар вақти хари¬ду фурӯш бо роҳи фиребу найранг зиёдтар фоида бигиранд ва ба дигарҳо зарар расонанд. 

Аҷабо, оё дар ҳамин шароити фасод касе пайдо мешуда бошад, ки ҳаққи худ ва мардумро риоя намояд ва мардумро фиреб надиҳад? Бале. ӯ яке аз ҳамин мардум аст, номаш Шуайб. ӯ шахсе буд, ки ҳаққи худ ва мардумро риоя менамуд ва хушахлоқу бофикр буд. Худованд ӯро ҳамчун пайғамбар барои мар¬дум фиристод то онҳоро аз ин гумроҳӣ, фасод ва корҳои бад наҷот диҳад. Худованд Шуайб (а) - ро бо далелу мӯъҷиза ёрӣ медод, то онҳо аз парастиши «Айкат» (дарахтест) рӯй гардонида дар хариду фурӯш, мардумфиребй накунанд. 

ДАЪВАТИ ШУАЙБ (а)

 Ҳазрати Шуайб (а) мардумро ба роҳи дуруст даъват менамуд, ба онҳо мефаҳмонд, ки чӣ тавр онҳо ба ин роҳи нодуруст ва парастиши дарахтҳо расиданд. Шуайб (а) аввалан онҳоро ба парастиши Худои ягона даъват намуда, аз онҳо талаб менамуд, ки парастиши дарахти «Айкат» - ро тарк намоянд. Сипас ба сӯи масъалаи дуввум гузашта ба онҳо гуфт: 

Эй мардум, дар вақти баркашидан бо тарозуҳо якдигарро фиреб надиҳед, ҳаққи якдигарро нахӯред. Зеро, ки ин кор ҳаром аст. Ҳаққи мардумро дар хариду фурӯш бидиҳед ва адолату инсоф намоед. Дар акси ҳол Худованд барои куфру ноадолатӣ азобашро мефиристад. 

ҶАВОБИ МАРДУМ

 Вақте, ки мардум суханҳои Шуайб (а) - ро шуниданд, чунин ҷавоб доданд: - Эй Шуайб, намози ту мефармояд, ки мо ибодату парастиш намоем он чиро, ки аҷдоду гузаштаҳои мо парастиш накардааст? Агар бо мардум дар хариду фурӯш дуруст муомила намоем, чӣ тавр, аз куҷо фоида мегирем? Эй Шуайб, чӣ тавр ту моро аз дини меросӣ ва аҷдодиамон манъ менамоӣ. Касоне, ки пеш аз мо буданд ба ин дин имону бовар доштанд ва онро барои мо мерос доданд. Моро ба ҳоли худамон гузор ва зиндагиамонро фосиду вайрон насоз. 

Оё ту ҳамон кас нести, ки дар байни мо бо ақлу идроки худ машҳур будӣ? Оё ҳамин аст насиҳати ту барои мо? Чаро моро ташвиқ наменамоӣ, то ба ҳар роҳ молу фоидаи зиёдтар барои деҳаи худ биёрем? Биё бо мо ва мисли мо бош, дар акси ҳол моро бо ҳоли худ гузор, мо ҳаргиз фикру хоҳишоти худро дигар нахоҳем кард. 

ИСТОДАГАРӢ ДАР ДАЪВАТ

 Дар муқобилӣ ҷзвоби онҳо Шу¬айб (а) сухани сахте нагуфт, балки бо мулоиматӣ ва мавъизаҳои хуб, сабру таҳаммул намуда онҳоро насиҳат менамуд. Мегуфт, ки ӯ насиҳаткунанда ва расули Худост, локин саркашии он қавм зиёдтар мешуд. 

Сипас Шуайб (а) барои қавмаш гуфт: - Эй мардум, ҳарчанд шумо сангдилӣ ва сахтӣ намоед, ман аз даъвати худ ба сӯи дини Худо нахоҳам истод. Парвардигорам маро амр менамояд, ки мардумро ба сӯи дини ҳақ даъват намоям, ман ҳаргиз танбалӣ ва сустӣ наменамоям ва ҳаргиз аз ин амри бузург манъ шуданӣ нестам... 

Эй мардум ... Ин дини ман аст. Ин равшании Худовандро парастиш намоед ва ба ӯ касе ё чизеро шарик наёред. Эй мардум, дар вақти хариду фурӯш адолат намоед ва ҳаққи мардумро нахӯред. 

БАЁНИ ОҚИБАТ

 Ҳазрати Шуайб (а) ҳис намуд, ки қавмаш рағбат надорад, ки ба Худованд бовар намоянд ва аз онҳо саркашии ошкорро медид. Бинобар ҳамин ӯ онҳоро аз азоби Худованд тарсу бим медод, аз онҳо талаб менамуд, то ки аз гуноҳу саркашӣ парҳез намоянд, оқибати бади куфру гумроҳиро барои онҳо мефаҳмонд. ӯ таъкид мекард, ки аз азоби Худованди таъоло он кас наҷот хоҳад ёфт, ки корҳои хуб намояд ва ба Худованди якто имон оварда ба ӯ касеро шарик накунад. 

ТАСМИМИ МАРДУМ

 Вақто, ки Шуайб (а) мардумро аз фосиду вайрон будани ақидаашон воқиф намуд, боз баён намуд, ки бо он одатҳои меросӣ ягона зулму ҷабр барои худ менамоянд... Модоме онҳо фаҳмиданд, ки корҳояшон хатост ва он чизе, ки Шуайб мегӯяду даъват манамояд ҳақ ва дуруст аст ба дашному бадгӯӣ гузашта гуфтанд: 

- Намефаҳмем ту чӣ мегӯӣ ва сухани туро дигар шунидан ҳам намехоҳем, агар аз ин суханҳо ва даъватат боз наистӣ туро зери азобу шиканҷа хоҳем гирифт. Дар ҳақиқат ту як шахси мустазъаф ва камқувват ҳастӣ, мо ба хотири хешу таборӣ бо ту муқобила ва ҷанҷол наменамудем ва эҳтиромат менамудем, локин бас аст, мо дигар туро намегузорем, ки даъвататро идома диҳӣ ва боз такроран ба ту мегӯем: Он чиро падару бобоҳоямон парастиш менамуданд, мо тарк намекунем, дигар намехоҳем, ки ту миёни мо бошӣ. 

БОЗ ДАЪВАТ

 Расули Худо ба онҳо чунин ҷавоб дод: Имон оварданатон ба Худо ва қадрдониатон нисбати неъматҳои Худо беҳтар аст бароям аз ин, ки барои хешу таборӣ шуда маро эҳтиром менамоед. Таҳдиду тарс додани шумо ба қуввататон ҳеҷ фоидае надорад. Худованд аз ҳама ғолибтар аст ва ӯ зотест, ки маро кӯмаку ёрӣ медиҳад ва шумо шикаст хоҳед хурд. 

Ман ба ёрии Худованди таъоло эътимоду боварӣ дорам ва он чӣ шумо аз корҳои баду норавое, ки анҷом медиҳед ва насиҳатҳо ва роҳнамоиҳое, ки ман мекунам он ҳамаро Худованд мебинад. Дар ҳақиқат агар имон биёрем Худо¬ванд моро фаромӯш намекунад, агар кофир ҳам шавед Худованд доно ва биност. Худованд бо мӯъминон аст, на бо кофирон ва шахсони боимонро ёрӣ медиҳад. Ин ҷоҳу мартабае, ки доред шуморо фоида намекунад, ба сӯи Худо баргардед, тавба намоед, ибодати нодурусту нораворо тарк созед ва аз куфру залолат баргардонед. 

НАТИҶАИ ДАЪВАТ

 Даъвату таблиғи бардавоми Шуайб (а) беҳуда нарафтанд, баъзе мардуме буданд, ки суханҳои дурусту маъқули Шуайб (а) - ро шунида дилҳояшон кушода шуда ақлҳояшон ба кор даромада ба Ху¬дои якто ҳамроҳи Шуайб (а) имон ва бовар намуданд ва ба дини Ислом бе ягон дудилагӣ дохил шуданд. 

Оллоҳ таъоло онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намуд. Пас онҳо имон оварданд, локин шумораи онҳо хеле кам буданд. Расули Худо шод шуданд ва Худованди меҳрубонро шукру сипос мегуфтанд. Аммо қисми зиёди мардум дар чӣ ҳол буданд? Оё баъди имон овардани гурӯҳи каме кофирон ором нишастанд? 

ТАЛАБИ АЗОБ

 Кофирон аз бисёр шудани мусалмонон ва ривоҷ ёфтани дини Ислом тарсида ба назди Шуайб ва мусалмонон рафта гуфтанд:

 - Мо шуморо аз шаҳри худ берун мекунем ва намегузорем, ки динатонро ривоҷ диҳед ва онро нашр намоед. Баъдан Шуайб (а) -ро дурӯғгӯ бароварда гуфтанд: - Дар ҳақиқат ту ҷодугару дурӯғгӯ ҳастӣ, агар пайғамбару набии ҳақиқӣ бошӣ канӣ он азобе, ки моро метарсонӣ? Аз Худоят бихоҳ то болои мо аз осмон сангпораҳои ҳалокатовар бирезад? Агар ту ростгӯ ҳастӣ аз Худоят бихоҳ болои мо азоб биёрад? Эй Шуайб, дуо кун Парвардигоратро, ку бубинем ва оё дуои туро қабул мекунад? Оё ту ва касоне, ки ҳамроҳи ту ҳастанд Худоят ёрӣ мерасонад? 

ЁРИИ ХУДОВАНД

 Ҳазрати Шуайб (а) дуо намуд то Худо¬ванди таъоло кофирон ва мушриконро ҷазои сазовор бидиҳад. Худованди бузург дуои паёмбарашро қабул намуда азоби сахтеро болои кофирон овард. Ҳаво чунон гарм шуд, ки дигар дар соя нишастан ва об нушидан ҳеҷ фоида надошт. Абри сиёҳ осмонро пушонид, раъду барқ ва чароғакҳо гӯшҳоро кару чашмҳоро нобино месохтанд. Кофирон ҳис мекарданд, ки замин сахт ларзида истодааст. 

Тарсу бим тамоми ҷоро фаро гирифта кофирон сарсону саргаранг ба ин тарафу он тараф медавиданд, локин дигар аз азобу аз марг онҳо роҳи халосӣ надоштанд. Кофирон худашон азобро талаб намуданд ва бо ҳамон азоби талаб кардаашон нобуд шуданд. Ин ҷазои онҳо дар дунё буд, дар охират, рӯзи қиёмат азоби дардноке онҳоро домангир хоҳад буд. 

ҲАҚ ҒОЛИБ АСТ

 Баъди ҳалок шудани кофирон Шуайб (а) ҳамаро дида гузаштаи онҳоро ба ёд овард, ки чи гуна дар куфру нобоварӣ ва мардумфиребӣ ғутавар буданду гуфтаҳои Худову расули ӯро масхара мекарданд. Ҳамаро ба хотир оварда чунин гуфт: «Эй қавм, дар ҳақиқат ман гуфтаҳои Парвардигорамро барои шумо расондам, шуморо насиҳат кардам, пас чи гуна афсӯс бар қавми кофирон хӯрам?». 

Шумо низ эй додаракону хоҳаракони меҳрубон бар кофирон афсӯс нахӯред. Чунки онҳо насиҳату даъвати шуморо ба сӯи дини Худо қабул накарданд ва ғайри Худо чизҳоеро парастиш намуданд, ки на фоида ва на зарар мерасонанд. 

Дониста бошед, ки ҳақиқат ҳамеша ғолиб аст, агар чи муҳлати вақташ тӯл кашад, даъ¬вати шумо ба сӯи дини Худо ва Ислом натиҷаи хуб меорад, агар босаброна даъвати худро давом диҳем. 

Ҳар кофире, ки ба куфру ширк бовар карда далел меорад, ки падару аҷдодаш кофир буданд ва ӯ ҳам бояд кофир бошад ва ба роҳи интихоб кардаи онҳо равад, ё аз подшоҳ ва ҳокими кофир тарсида куфрро ихтиёр намояд, барои мо мусалмонон заруру лозим аст, то барои онҳо роҳи ҳақ ва дурустро равшан намуда нишон диҳем ва баён намоем, ки ботил агар чи қавм бошад ва тарафдоронаш зиёд бошанд ин маънои онро надорад, ки ин роҳи росту дуруст ва пок аст. 

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi