02:04:51 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ВАҚТҲОИ ТАЛАФШУДАИ УМРИ ИНСОН

Оё шумо дар бораи умратон фикр кардаед? Оё медонед чанд дарсади умратонро дуруст ва хуб гузаронидаед? Дар рӯз чанд соати умратон беҳуда мегузарад? 

newyork timesРосташ, ман ҳам атрофи ин мавзӯъ он қадар фикр накарда будам, то инки дар саҳифаи интернетие як мақолаи ҷолибро хондам. Баъд аз хондани мақола ба фикр фурӯ рафтам ва хеле андеша кардам. Ба ҳамин хотир беҳтар донистам, ки  он мақоларо барои хонандагони азизи "Рисолат" пешкаш намоям. Мақола дар он бора аст, ки мардуми Амрико умри худро дар чӣ корҳое ва чӣ миқдор масраф мекунанд. Бо каме диққат ба ин таҳқиқ метавонед дарк намоед, ки донистани ин мавзӯъ холӣ аз фоида нест. Зеро шумо метавонед аз ҳоли ҳозир бидонед, ки дар охири умратон чӣ қадар умри бе фоида хоҳед дошт. 

1086- рӯз дар беморӣ

3- сол дар митинг

8- моҳ сарфи боз кардани имейлҳои ношинос ва бефоида

17- моҳ сарфи нӯшидани қаҳва ва дигар нӯшиданиҳо

2- сол гап задан бо телефон

5- сол мунтазири воситаи нақлиёт ҳастанд

9- моҳ дар роҳбандон (пробка) мунтазир мемонанд

4 - сол барои пухту паз ва хӯрдан

12- сол ба тамошои телевизион машғуланд

1,5- сол ба либос пӯшидан

1,5 - сол барои издивоҷ ва омодагиҳои он

7- сол дар ҳаммом

3- сол ба харид машғуланд.

1- сол дар ҷустуҷӯйи чизҳое ҳастанд, ки намедонанд куҷо гузоштаанд.

24- сол мехобанд. 

Он чӣ дар боло навиштем замонҳои умри як шахси амрикоӣ мебошад. Аммо хеле аз чизҳои он ба худи шумо хонандаи азиз ҳам рост меояд. Пас шумо чиқадар аз умратонро бефоида гузаронидаед? Оё имкон доред, ки дар бораи умри худ каме андеша кунед? Оё талаф кардани умр барои инсони мусулмон дуруст аст? Пас чӣ кор бояд кард? Андешидан дар ин бора худ як қадам ба пеш аст. Пас биандеш ва роҳи дурустро интихоб кун! 

Бобоҷони ҚАЮМЗОД

Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/gunchahoiumed/3692-2010-11-28-06-00-34.html



Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 29.11.2010 01:26
Salomu alekum!!! Ahsan mekhonam baroi chunin risola navis va bedorkunandai Millat, Az Khudovandi Muttaol Khohishi onro doram,ki misli in Mardonro ziyod gardonad...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi