| 1 ИЮН - РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОН |
| Мақолаҳо - Ғунчаҳои умед | |||
| 01.06.2011 11:45 | |||
Ҳазорон нафар аз ин атфол аз овони кӯдакӣ, ки овони “ чун гул ба чаман сар кашидани онҳост,” кашидани бори аробаи зиндагии хонаводаҳои худро бар дӯш мегиранд, ҳазорони дигар аз шароити шоистаи зиндагӣ ва таълиму тарбия маҳрум бо умеди як қути лоямут дар кӯчаву хиёбон рӯзи худро шаб ва бархе ҳамин тавр, шаби худро низ дар кӯчаву хиёбон рӯз мекунанд. Аммо дар Тоҷикистон ба назар мерасад, аз вуҷуди ин рӯзи расмӣ танҳо мақомоти зирабт ва расонаҳо хабар доранду халос. Ба ҳар ҳол, кӯдакони хиёбонӣ, фақиру бенаво, ки як пора нони шиками худро аз меҳнати сангини кӯча меёбанд, аз ин рӯз бехабаранд, ҳарчанд аслан вазъи ҳуқуқи онҳо боиси нигаронӣ мебошад ва бештар маҳз онҳо ниёзманди нигаҳбониву меҳрубониву раҳму шафқатанд. «Озодӣ»
|






