18:43:06 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

МУБОРАК, МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН!

Муштариёни гиромии сомонаи «Рӯзгор», пагоҳ, 22-уми август, тибқи тақвими тартибдодаи Маркази Исломии Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон оғоз мегардад.

Дар ин моҳи ҳиҷрии қамарӣ мардуми мусалмони Тоҷикистон мисли дигар мусалмонони ҷаҳон як рукни панҷгонаи исломро ба ҷо меоранд. Онҳо рӯзаи моҳи Рамазон медоранд.Фарорасии моҳи шарифи Рамазонро, ки моҳи раҳмати Худовандӣ, моҳи мағфирати гуноҳҳо ва моҳи наҷотёбӣ аз оташи ҷаҳаннам аст, барои тамоми ҳамватанони азиз табрику муборакбод гуфта барояшон сабру истиқомат ва сабти ҳарчи бештари амалҳои некро дар дафтари аъмолашон аз Парвардигори олам таманно дорем.

Ба муносибати моҳи шарифи Рамазон мо дастандаркорони сомонаи «Рӯзгор» барои болида доштани хотири шумо ба нашри китоби «Қиссаҳои Қуръонӣ» шурӯъ мекунем, ки онро Қамариддини Афзалӣ ба чоп омода кардааст. Китоб агарчи барои бачаҳо таҳия шуда бошад ҳам, аммо аз барои калонсалон ҳам аз аҳамият холӣ нест.


ҚИССАҲОИ ҚУРЪОНӢ

Яке аз аввалин нукоте, ки бояд бачаҳо ёд бигиранд, меҳрубонӣ ва муҳаббат аст. Аз ҳамин дарича ба зиндагӣ ва мардум нигоҳ бикунанд. Худ ва дигаронро кашф кунанд… то ба тадриҷ мустақил ва тавоно шаванд. Бачаҳо хеле - хеле зираканд, аз ҳарфи бузургон ва зиндагии бузургон бардоштҳои худро мегиранд. Аз ин рӯ бо бачаҳо он гуна канор омад, ки аз ҳарфи мо, рафтору муоширати мо танҳо бардошти мусбат гирифта тавонанд. Ишқи Ватан, мардумро аз хурдӣ дар дили бачаҳо мебояд бедор кард… вагарна дер хоҳад шуд. Ҷомии бузург мегӯяд:

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,
Мева бенуқсон бувад чун аз дарахти навбар аст.


Бачаҳои солим, оқил, боҳуш ва доно ояндаи ҷомеаи мо ҳастанд. Дар анҷоми ин аҳдоф барои бачаҳо таърихи Ислом ва Қуръон метавонад кӯмак бикунад.

 

Ба ин хотир мо тасмим гирифтем, ки силсилаи достонҳои Қуръониро, ки барои бачаҳо бародар Қамариддин таҳия намудааст, ба нашр расонем. Бошад, ки бо кӯмаки Худованд, бачаҳои мо бо маънавият ва ахлоқи ҳамида дар оянда ба Ватан ва ҷомеа хидматгузор шаванд. Иншоаллоҳ!

ОФАРИНИШИ ДУНЁ

Эй додаракам ва эй хоҳаракам! Оё ту медонӣ, ки Худованд дар ҳақиқат ба ҳама чиз қодиру тавоност? Худованди муттаъол хост заминро биофарад, то дар он зиндагӣ кунем ва аз неъматҳояш баҳра барем. Пас офарид замину осмонро ва баъдан халқ кард малоикро, ки бо ихлоси том Худоро мепарастанд ва ситоиш мекунанд. Эй додараки шӯҷоъ ва эй хоҳараки доно! Оё медонӣ, ки Худованд чӣ гуна мо ва нахустин Инсонро офарид?

ХОСТИ ХУДО

Баъди ин, ки Худованд малоикро офарид, хост одам ва насли ӯро биофарад, то рӯи замин иқомат намоянду дар гӯшаю канори он паҳн шуда, ин дунёи бузургро обод гардонанд, аз неъматҳояш ғизо бигиранд, сарватҳои бои онро кашфу истифода кунанд.

Эй дӯстони хурдакакам! Оё медонед, ки Одам алайҳиссаломро Худованд аз чӣ офарид? Ва ҳангоми офаридани ӯ чӣ рӯх дод? Биёед, бо ҳам идомаи ин навиштаро бихонем ва бузургии Худованди офарандаю тавоноро дарк намоем.

ОФАРИНИШИ ОДАМ (ДУРУД БАР Ӯ)

Худованд малоикро хабар дод, касеро меофарад, ки дар замин зиндагӣ кардаву онро обод мекунад. Онҳо бо тааҷҷуб пурсиданд: Оё касеро меофарӣ, ки дар Замин харобкорӣ кунад ва хунҳо бирезад? Худованд ҷавоб дод: Дар ҳақиқат чизеро, ки ман медонам, шумо аз он бехабаред. Худованд малоикро хабар дод аз ин, ки ӯ чизеро мехоҳад, меофарад. Ва малоик махлуқи навро хоҳанд дид. Пас аз он Худованд Одамро аз хок офарид.

Баъдан аз рӯҳи худаш ба Одам бахшид ва бо хоҳиши Худованд Одам ба ҳаракат даромада, ҳама чизро мефаҳмиду дарк мекард. Нишонаҳои ҳаёт дар ӯ ҳувайдо буданд. Ӯ аввалин инсон буд, ки офарида шуда ва Худованд аз ин малоикро хабар дод.

ТАЪЛИМИ НОМҲО

Баъди офарида шудани Одам ақлу идрокаш қобили амал шуд. Сипас Худованди бузург номи тамоми мавҷудотро ба Одам ёд дод. Баъд аз он аз малоик талаб намуд, ки дар назди Одам номи тамоми мавҷудотро номбар намояд. Аммо малоик қодир бар он набуданд ва ҳайрат доштанд, чун Одам номи тамоми мавҷудотро медонист. Онҳо яқин донистанд, ки Худованд донотар аз онҳост ва он чизеро, ки мехоҳад, офарида метавонад.

ФАРМОИШИ САҶДА КАРДАН БА ОДАМ

Худованди бузург ба малоик чунин ҷавоб дод: Оё нагуфтам ба шумо, ки ғайбҳои Осмону заминро медонам ва ончиро, ки ошкор мекунед ва ончиро, ки пинҳон медоред, онро низ медонам.

Сипас малоикро фармуд, то Одамро саҷда кунанд. Малоик Одамро саҷда карданд ва иқрор буданд, ки Худованд Одамро мартаба ва фазилатҳои зиёде бахшидааст. Ин саҷдаҳо итоати малоик ба қудрат ва халоқияти Худо¬ванд буд.

Аммо он ҷо махлуқи дигаре бо номи Иблис ҳозир буд. Ӯро ҳам Худованд амр кард, то ба Одам саҷда кунад. Аммо ӯ аз амри Ху¬дованд сар печид, мартабаи худро болотар аз Одам донист. Барои саркашӣ тавба накард ва аз ҷумлаи кофирон шуд. Иблис иллати ба Одам (с) саҷда накардани худро шарҳ дод. Пас, биёед он сабабҳоро бо ҳам бубинем.

ЧАРО ИБЛИС САҶДА НАКАРД?

Худованди муттаъол Иблисро гуфт; Чӣ шуд туро ки ба Одам саҷда накардӣ? Иб¬лис дар ҷавоб гуфт, ки АЗ ОДАМ ВОЛОЮ БЕҲТАР АСТ, ЧУНКИ Ӯ АЗ ХОК ОФАРИДА ШУДААСТ ВА МАН АЗ ОТАШ. Иблис бовар дошт, бо ин фарқият метавонад мартабаи худро аз Одам боло бигзорад. Пас чӣ гуна метавонад Одамро саҷда намояд? Ва саркашии худро ошкор сохт. Бо ин амал Иблис гирифтори ҷазою азоб гашт.

РОҲИ ИБЛИС

Худованд Иблисро барои мухолифат ҷазо дода аз биҳишт ронд ва лаънаташ кард. Огоҳаш сохт, ки фардои қиёмат ҷояш дӯзах хохад буд. Иблис аз Худованд хоҳиш намуд, ки то рӯзи қиёмат умраш дароз созад. Худованд ӯро иҷозат дод, то рӯзи қиёмат умр ба сар барад.

Чун хоҳиши Иблис иҷро шуд ӯ роҳи бадеро пеш гирифт. Фиреб ва ба роҳи бад бурдани башарро (Одам ва авлоди онро) пешаи худ қарор дод. Худованди муттаъол Иблисро огоҳ намуд, ки чӣ қадаре саркашӣ ва вайронкорӣ кунад, наметавонад мӯъминони асил ва хубро аз роҳи рост барорад.

ОДАМ ДАР БИҲИШТ

Баъди он ки Худованд Иблисро аз даргоҳи раҳматаш ронд, барои Одам завҷа офарид. Сипас Одаму завҷаашро дар биҳишт ҷой дод ва аз макру фиреби Иб¬лис ононро огоҳ кард. Фармуд, ки Иблис душмани ошкори онҳост.

Худованд дар биҳишт ба Одаму завҷааш ҳама чизро иҷозат дод, то бихӯранду бинӯшанд ва зиндагӣ кунанд, аммо хӯрдани меваи якдарахтеро бар онон манъ карда буд. Худованд бар онон ваъда дода буд, ки агар ба амри холиқи хеш итоат карда аз ҳамон дарахт нахӯранд, дар биҳишт дур аз гуруснагӣ, ташнагӣ ва азобу машаққат зин¬дагӣ карда он ҷо хоҳанд монд.

(Идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi