13:01
бо вакти Душанбе
06-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1579 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3024 TJS
2012-02-06

Обу ҳаво

Назарсанҷӣ

Таъсири ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистонро дар масъалаи амнияти кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
 

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
САФИРЕ, КИ КИМЁГАРИ ДУРРИ ДАРӢ УНВОН ГИРИФТ
Хабар - Хабар
11.04.2009 10:39

 

Дар Тоҷикистон китоби «Кимёгари дурри дарӣ» ба нашр расид, ки он дар бораи Алиасғари Шеърдӯст сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон навишта шудааст. Рӯзи 10-апрели соли 2009 дар толори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон муаррифии китоби нависандаи тоҷик Мирзо Шукурзода «Кимёгари дурри дарӣ» баргузор гардид, ки дар он адибони маъруфи кишвар ва алоқамадони зиёди адабиёт ва фарҳанги тоҷик, намояндагони сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ширкат варзиданд.

«Кимёгари дурри дарӣ», ки чанде пеш аз сӯйи нашриёти «Диваштич» ба табъ расидааст, маҷмӯаи мақолаҳои Мирзо Шукурзода ва дигар адабиётшиносон ва муҳаққиқони тоҷик мебошад, ки дар бораи пажӯҳишгари маъруфи адабиёти форсу тоҷик Алиасғари Шеърдӯст навишта шудаанд.


Алиасғари Шеърдӯстро, ки феълан ба ҳайси сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон фаъолият дошта дар ин ҷамъомади бошукӯҳ худ низ ҳузур дошт, адибони Тоҷикистон, аҳли зиё, дӯстдорони фарҳангу адабиёти Тоҷикистон солҳост, ки хеле хуб мешиносанд. Ӯ дар баробари пажӯҳишҳои муҳаққиқона ва мунсифонаи хеш, ки ҷанбаҳои гуногуни адабиёти муосири тоҷикро дар бар мегиранд, инчунин ба сифати раиси интишороти маъруфи Ал-Ҳудо дар табъу нашри асарҳои бузургони назму насри тоҷик устод Айнӣ, устод Улуғзода, устодон Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир, Гулрухсор ва дигарон хизматҳои шоёне ба харҷ додааст.


Самараи заҳматҳои чандинсолаи Алиасғари Шеърдӯст китоби ӯ «Чашмандози имрӯзи шеъри тоҷик» ва китобҳои дар Эрон ба нашр расондаи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Устод Айнӣ, «Фирдавсӣ»-и устод Улуғзода, Куллиёти Гулрухсор ва осори дигар адибони маъруфи мо мебошад. Дар хатми ин ҷамъомад Сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст аз ин иқдоми нависандаи тоҷик Мирзо Шукурзода изҳори миннатдорӣ намуда иброз дошт, ки аз ин ба баъд ҳам кӯшиш ва талошҳои хешро баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои байни Эрону Тоҷикистон ва мардуми ин ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг дучанд хоҳад кард. Дар баробари китоби «Кимёгари дурри дарӣ» ба ҳозирин инчунин китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик»-и устод Айнӣ, ки ба тозагӣ дар Эрон рӯйи чопро дидааст, эҳдо гардид.


«Рӯзгор» 

 

 

Миқдори нигориши мавод: 1119