19:08:58 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

МАРОСИМИ НАМОЗИ ҶАНОЗАИ АСАДУЛЛО ҒУЛОМОВ

Имрӯз 4-уми августи соли 2011, соати 9-и субҳ дар масҷиди Хоҷа Яъқуби Чархии шаҳри Душанбе маросими намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов, муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

/images/stories/2011/08/04_marosimi-janoza_4.8.2011.jpgМаросимро бо сухани муқаддимавӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии ҶТ, мири шаҳри Душанбе кушод. Мавсуф дар суханронии худ аз хидматҳои шоёни марҳум барои халқу миллат ва давлати Тоҷикистон ёдовар шуд.

Намози ҷанозаи Асадулло Ғуломов бо имоматии Сайидмукаррам Абдуқодиров, раиси Маркази Исломии Тоҷикистон баргузор гардид. Ҷасади марҳум Асадулло Ғуломов дар ноҳияи Данғара ба хок супурда шуд.

 

 

/images/stories/2011/08/04_marosimi-janoza2_4.8.2011.jpgЁдовар мешавем, ки Асадулло Ғуломов дирӯз ҳангоми як сафари хидматӣ ба минтақаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритӯс бар асари сактаи мағзӣ аз по дарафтода, ҳангоми интиқол додани ӯ ба Душанбе тавассути чархбол дар роҳ ҷони худро аз даст додааст.

Чи тавре, ки дар таъзияномаи ҳукуматӣ бо имзои раиси ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон  азҷумла омадааст, «Асадулло Ғуломов дар сохтмони иншооти муҳими мамлакат – нерўгоҳҳои барқи обӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмону барқароркунии роҳҳо фаъолона заҳмат кашидааст.

/images/stories/2011/08/04_marosimi-janoza3_4.8.2011.jpgАсадулло Ғуломов на танҳо ташкилотчии моҳири истеҳсолоту мутахассиси олии соҳаи сохтмон буд, балки худро инчунин сиёсатмадор, устоди сахтгиру ғамхор ва рафиқи мушфиқ нишон додааст.

Барои фаъолияти гуногунҷабҳаи давлатию ҷамъиятӣ Асадулло Ғуломов бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ордени «Шараф» - дараҷаи аввал сарфароз гардонида шудааст».

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 04.08.2011 23:43
Bale, dar nazdi marg na vazifa, na pul va na mol ba dard namexurad. Hayotro nametavon ba hej ganje xarid agar navbati marg omad.
 
 
0 #1 Guest 04.08.2011 12:12
Худованд мархум Асадулло Гуломовро шоистаи чаннат ва хонаи охираташро пурнур бигардонад... Сад дарего, ки боз давлати Точикистон бузургмардеро, ки агар яке аз пояхои давлати Точикистон гуем хатто намекунем, аз даст дод. Дуогуи онем, ки дар рахмати Худованд карор бигирад.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi