09:32:51 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2015 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Пурсишеву посухе: Исмоили Сомониро кай дар кино мебинем?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Дар бораи давлати Сомониён мо зиёд мегӯему менависем. Вале то ҷое медонам, дар бораи ин чеҳраи шинохтаи таърихи башар филми таърихӣ бардошта нашудааст. Ҳарчанд театрҳои кишвар чанд намоишнома дар ин бора доранд, аниқтараш дар соли ҷашнвора ин гуна кӯшишҳо шуда буданд. Вале гуфта наметавонам, ки онҳо тавонистанд образи ин абармарди таърихро офаранд. Аммо чаро филме дар ин бора гирифта нашудааст? Магар мо таҷрибаи офаридани филми таърихиро надорем?

Собир Шамсиддин, сокини ш. Душанбе, омӯзгор

Ба саволи хонанда Раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон Сафар Ҳақдодов посух дод.

ismoili-somoni 6548744Албатта, гуфтани он ки Тоҷикистон таҷрибаи офаридани филмҳои таърихиро надорад, иштибоҳ аст. Мо зиёд филмҳои таърихӣ дорем, аз ҷумла филми хеле машҳури “Қисмати шоир”, ки ҳаёти устод Рӯдакиро ба риштаи тасвир мекашид, “Ситорае дар тирашаб” ки аз рӯзгори Аллома Аҳмади Дониш нақл мекунад ва силсилаи филмҳои марҳум Борис Кимёгаров аз рӯи достонҳои “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсиро метавон беҳтарин ва арзишмандтарин филмҳои таърихӣ номид.

Вале дар ҳақиқат то кунун дар бораи Исмоили Сомонӣ мо натавонистем филм офарем. Ҳарчанд тасвири  замони Сомониён ва кашмакашҳои дарбориву ноадолатиҳо дар қадри ҳунарманде чун Рӯдакӣ дар “Қисмати шоир” омадааст. Аммо гумон мекунам дар замони Шӯравӣ иҷозати филмбардорӣ дар бораи Исмоили Сомонӣ ва замони ӯ набуд, чун низоми давлатдории вай аз ҷониби ҳукумати вақт таблиғ намешуд. Зеро шумо медонед, ки дар замони Сомониён арзишҳои башарӣ дигар буданд, ҳокимон дигаргуна бархӯрд бо мардум доштанд. Ва ноадолатиҳои сулола баъд аз сари Исмоил ба вуҷуд омаданд, ки бахше аз он дар филми “Қисмати шоир“ ҳам омадааст.

Аммо дар замони Истиқлол мушкилоти дигар пеш омад. Ин кор масъулият дорад, шахсе масъули филмбардорӣ дар бораи Исмоили Сомонӣ бошад, ки дониши хуби таърихӣ дошта бошад, гузаштаро хуб омӯзад. Яъне, тасмим як чиз ва масъулияти бардошти он чизи дигар аст.

Аз сӯи дигар офаридани филме дар бораи Исмоили Сомонӣ барин нобиға ва инъикоси замони ӯ маблағу воситаҳои зиёд талаб мекунад. Агар тасмим гирифта шавад, ки сериёли Исмоили Сомонӣ (чун дар як ё ду серия наметавон он давронро инъикос кард ва ин бояд ҳатман сериёл бошад) офарида шавад, пас зарур меояд таҷҳизоти “Тоҷикфилм” комилан нав карда шавад. Зеро бо дастгоҳҳои фарсудаву боқимонда аз гузашта наметавон ин гуна филм офарид.

Ва баъдан аз сенария сар карда то наворбардорӣ бояд маблағҳои зиёд масраф шаванд, ки 1 ё 2 миллион доллар ҳам барои ин басанда нест. Зеро дар он одамони зиёд бояд ҷалб карда шаванд, галаи бузурги аспон, чун саҳнаҳои муборизаву ҷангу ҷидол дорад он замон, силоҳҳои истифодамешуда, сару либос ва ғайраву ҳоказо. Ман гумон мекунам агар давлат дар сатҳи олӣ ин гуна тасмим гирад ва маблағгузорӣ кунад, ин филм офарида хоҳад шуд.

Оё майзадагиро метавон табобат кард?

Албатта, гуфтани сирри оилавӣ хеле ҳам хуб нест. Аммо барои рушан шудани савол мехоҳам нақл кунам. Шавҳарам қариб ҳар рӯз баъд аз кор менӯшад ва ба хона кам ҳолате мешавад, ки ҳушёр баргардад. Лекин инсони хуб, ки ҳаст, дилам ба ҳолаш месӯзад. Ду фарзанд дорем ва намехоҳам аз мо ҷудо бошаду мо аз ӯ. Аммо ҳарчанд мегӯям ва талош мекунам, ки табобат кунад, намекунад. Мегӯяд худам ба наздикӣ ҳамаро бас мекунам. Моҳҳо мегузаранду вай талоши беҳбуди саломатии худро надорад ва ба ваъдаҳояш ҳам дигар бовар надорам. Ҳисс мекунам, ки вақтҳои охир вай зиёдтар аз пештара менӯшад. Ҳатто ба ҳадде, ки субҳгоҳон аксар вақт намедонад шаб чӣ гузашта буд. Дугонаам мегӯяд гӯё роҳҳое ҳам будаанд, ки бе он ки ӯро хабардор кунем, метавонам табобат кунам. Масалан, дар таомаш кадом моддае ӯ доруе ҳамроҳ кардан мумкин будааст ӯро наҷот диҳад. Ин чӣ дору аст?

Муслима, Ёвон

Ба саволи хонанда духтури нарколог Наимҷон Маликов посух дод: 

- Бале, дуруст аст. Ин гуна доруҳо ҳастанд, вале қонуни тиб мегӯяд, ки ҳатман бояд бо розигии худи бемор тавсия шаванд. Барои ин вай аввал бояд комилан аз ташхиси тиббӣ гузарад, то духтур донад, ки кадоме аз ин доруҳо барои ӯ муфиданд. Бе розигӣ ва хоҳиши шахси майзада ӯро табобат кардан аз имкон берун аст. Ва баъд ин ки табобат бояд ҳатман зери назари духтур гузарад. Чунки бемор метавонад доруи таъиншударо истеъмол накунад ва берун ҳаво диҳад.

Зеро дар марҳилаи аввал майли табобат нахоҳад дошт, чун зиёд ба нӯшидан одат кардааст. Аз ин рӯ маслиҳат медиҳем, ки худатон аввал бо мутахассисон, масалан нарколог, равоншинос, духтури бемориҳои рӯҳӣ муроҷиат кунед. Шояд роҳеро бароятон маслиҳат диҳанд, ки манфиатовар бошад. Аммо боз ҳам таъкид мекунам, ки аз майзадагӣ инсон танҳо бо хоҳиши худ метавонад раҳо шавад. Агар ӯ нахоҳад, кӯшишҳои мову Шумо натиҷа намедиҳанд.

Дарахтон то чанд сол умр мебинанд?

Дар бораи умри дарахтон чандон зиёд намедонам. Аммо донистан мехостам. Оё илман исбот шудааст, ки навъи дарахтони дарозумр кадомҳоянд?

Шараф Қоштӣ, ноҳияи Айнӣ

Албатта, илми имрӯза ба бисёр саволҳо посухҳои асоснок додааст. Аз ҷумла дар бораи умри дарахтон дар олами муосир низ. Ва илман собит шудааст, ки дарахтон нисбат ба одамон умри дароз мебинанд ва дар яке аз шумораҳои худ мо дар мавриди қадимитарин дарахти олам маълумот дода будем. Аммо олимон ба саволи синну соли дарахтони гуногун посухҳои мухталиф додаанд. Зеро дарахтоне мавҷуданд, ки бештар аз 500 сол умр мебинанд ва баъзе дарахтон на беш аз 20 сол. Дар ин миён дарахтоне кашф шудаанд, ки то 9500 умр дидаанд. Аз ин рӯ метавон гуфт, ки посухи дақиқи ин савол вуҷуд надорад.

Вале бо чанд мисол синну соли дарахтони гуногунро дар зер меорем ва қазоватро ба худи шумо вогузор мекунем:

Дарахти ангат (Облепиха) аз 25 то 30 сол метавонад умр бинад. Ғубайро (собир) то 80, тӯс то 250,  зайтун ва чормағзи юнонӣ ҳатто то 400 умр мебинанд.

Умри санавбари оддӣ ва арчаро 600 сол гуфтаанд, зерфуни баргпаҳн, булут ва сафедори нуқрафом умри то 1000-сола дошта метавонанд. 

Дарахтони зернаб ва сарв то 3000 сол ва баобаб (дарахти азими тропикӣ), секвоя (навъе аз дарахтони бисёр калони сӯзанбарги ёбоӣ дар Амрикои Шимолӣ) то 5000 сол умр мебинанд. 

Одам бе хӯрок чӣ муддат метавонад зинда монад?

Дар матбуот мавриди гуруснагиву қаҳтӣ дар мамолики ҷангзада бисёр хабарҳо мехонем. Шумо тасаввур кунед, ки масалан дар Сурия ду сол аст оташи ҷанг хомӯш намешавад ва тибқи иттилои СММ ҳудуди миллион нафар сокинони он овораву дар ба даранд. Албатта, минтақае шояд бошад, ки мардум дар муҳосара гушнаву ташнаанд. Мехостам донам, ки инсон бе хӯрок чӣ қадар вақт метавонад зинда монад?

Ҷамила, омӯзгор

Инсон махлуқи ба ҳар мушкил тобовар аст. Аз ҷумла дар гуруснагиву ташнагӣ низ. Дуруст гуфтед, ки дар манотиқи чангзадаи олам одамон мушкилоти хӯрокаву пӯшока доранд. Дар ҷомеаи муосир давлатҳо ва созмонҳо зуд ба доди оворагони ҷангҳо мерасанд ва бо кӯмакҳои худ лагерҳо созмон медиҳанд ва он афродро бо таому пӯшок таъмин месозанд. Вале на ҳамеша ин кор ба пуррагӣ даст медиҳад. Ҳолатҳое ҳам мешаванд, ки мардум моҳҳо кӯмак дарёфт намекунанд ва аз ҳисоби захираҳои худ ва ёриҳои ҳамсоягону афроди дилсӯз умр ба сар мебаранд.

Бино ба таҳқиқотҳои илмӣ одам метавонад бе хӯрок аз 5 то 6 ҳафта зинда монад. Аммо беоб ҳудудан ду ҳафта. Бадани инсон дар интизори таоми нав муддатҳо энержии захиравии худ, аз ҷумла карбогидрадҳо, сафедаҳо, амникислотаҳо ва боқимондаи равғану чарбуро мехӯрад. Ва баъд аз камбуди ин моддаҳо бадан заъиф мегардад ва тадриҷан саломатии инсон ба вахомат мегарояд ва ӯро ба марг рӯ ба рӯ месозад.

Ҳамёни зираки ҷопонӣ: хоб аст ё хаёл?

Шунидам, ки ҷопониҳо бо сохтани ҳамёни аҷибе оламиёнро боз ба ҳайрат овардаанд. Ин чӣ ҳамён аст ва боз мегӯянд гап ҳам мезадааст. Ин хоб аст ё хаёл?

Мустафо Одилҷонов, Ваҳдат

Мутмаъин бошед, ки на хобеду на аз хаёлатон мегузарад. Ин тозатарин хабаре буд, ки ҳафтаи сипаришуда расонаӣ гардид. Дар ҳақиқат ҷопониҳо ин гуна ҳамёне сохтаанд ва онро Living Wallet номидаанд, ки дар остонаи ба фурӯш баровардан аст. Ин ҳамён дар масрафи пул соҳибашро ҳамвора огоҳ мекунад ва агар аз меъёр зиёд истифода барад, намегузорад, ки боз кунад. Вале агар соҳибаш хира бошаду кӯшиш кунад, ки пули бештар гирад, бо фиғон модари ӯро ба ёрӣ мехонад. Дар баробари ин, ба ҳамён видеокамераҳое насб карда шудаанд, ки дар сурати рабуда шуданаш, бо забони англисӣ «Ба ман нарасед!», - гӯён, фарёд мезанад.

Ба маънии дигар Living Wallet барои одамони гирифтори ба истилоҳ «шопоголизм» - афроди ҳавасманд ба харидорӣ сохта шудааст, то онҳоро сари вақт аз талафи пули бештар аз меъёр огоҳ созад. Барои он ки аз соҳиби худ тавонад фирор кунад, барояш чархҳо ва видеокамераҳо насб кардаанд ва ин камераҳо дасти соҳиби ҳамёнро мешиносанд. Агар соҳибаш кӯшиши даст задан ба он кунад, дигаронро ба кӯмак мехонад ва бо забони инглисӣ садо мезананд: “ба ман даст нарасон!” Аз сӯми дигар метавон маълумотномаи онро тавре ҷӯр кард, ки дар бораи масрафот ба зан ва ё шавҳари соҳибаш хабар расонад. 

Аммо ин ҳамён хубии дигар ҳам дорад. Living Wallet-ро метавон дар низоми “сарфи беҳуда” ё “камомад” гузошт ва он ба оҳистагӣ оҳанги “Қасидаи хушбахтӣ”-ро аз симфонияи №9 Бетховен месарояд. Дар ин ҳолат ҳамён фирор намекунад ва ба сӯи соҳибаш мехазад ва илтиҷо мекунад, ки зудтар пули дохили онро масраф кунад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №23, 05 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi