13:48:30 15-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: Оё рост аст, ки Муҳаммад Алӣ чор маротиба издивоҷ кардааст?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чӣ?

Аз телевизион тамошо кардам ва ин хабарро шунидам, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон таҷдид шудааст. Аммо ҳарчанд таваҷҷуҳ кардам, комил натавонистам дарк кунам, ки маҳз чӣ тағйироте сурат гирифт. Наметавонед онро шарҳ диҳед?

Мирасрор Хоҷазод

Ба саволи хонанда аз Маркази матбуотии Президенти Тоҷикистон ин гуна посух дарёфт кардем:

kasri-janob-01020Дар асоси муқаррароти банди 20 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №12 вобаста ба тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд ва таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 2014 таҳти № 116 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба имзо расид.

Таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рисолати он дар давраи гузариш аз ҳамоҳангсозии татбиқи сиёсати миллии рушд, таъмини фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳомии Конститутсия ва кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, аз ҷумла фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад, пеш аз ҳама ба таҳлили вазъ дар макроиқтисодиёт, таҳияи ташаббусҳои стратегӣ, дурнамо ва мониторинги татбиқи стратегия ва сиёсат, ҳамоҳангсозии раванди ислоҳот, муайян кардани афзалиятҳои рушд, инчунин таҳияи пешниҳодҳои асоснок сафарбар мегардад.

Дар баробари ин механизми воқиф сохтани аҳолӣ ва дигар манфиатдорони раванди рушд аз сиёсати пешгирифта ва тадбирҳои андешидашавандаи роҳбарияти давлат ва ҳукумат такмил дода шуда, сатҳи хизматрасонии давлатӣ ва ҳамкорӣ бо ҷомеа баланд бардошта мешавад.

Таҷдиди сохтор инчунин ба рафъи духӯрагӣ, такрорёбии вазифаҳо ва тақсимоти дақиқи функсионалии сохторҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Дар ин радиф бо мақсади вусъат бахшидани навсозиҳои институтсионалӣ ва мутобиқсозии низоми идоракунии давлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ бахши мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бахши ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуда, барои тақвияти низоми ҳамоҳангсозии фаъолият воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроия ба блокҳои алоҳидаи соҳавӣ гурӯҳбандӣ ва раёсатҳо таъсис дода шудаанд.

Мақсади асосии ин тадбирҳо аз баланд бардоштани мақом ва мавқеи сохторҳои Дастгоҳи иҷроия дар раванди таҳия ва қабули қарорҳо ва андешидани чораҳои идорӣ, инчунин таъмини фаъолияти мустақилонаи вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар татбиқи сиёсат ва стратегияю барномаҳои давлатии соҳавӣ иборат мебошад.

Чаро Хемингуэй худкушӣ кард?

ernest heminguej0002Моҷарои шунидани гуфтугузори телефонии шахсиятҳо, таъқиби дидору мулоқот ва пайгириҳои хадамоти амният дар ИМА ба расвоии ин кишвар кашид. Чанде пеш дар ин бора хабарҳои зиёде нашр шуданд, ҳатто ба ҳадде, ки ИМА гуфтугузори сарварони аксари кишварҳои қудратмандро гӯш мекардааст. Ва ба ёдам зиндагиномаи адиби оламшумул Эрнест Хемингуэй омад, ки замоне хонда будам. Гуфта мешуд, ки нависанда ҳамеша зери назар хадамоти амниятӣ қарор дошт ва яке аз сабабҳои маргаш низ таҳаммулнопазирии ин муносибат будааст. Оё дар ҳақиқат чунин аст?

Бунафша Алиева, донишҷӯ

Оре, адиби шинохта, барандаи ҷоизаи Нобел Эрнест Хемингуэй борҳо шиква карда буд, ки хадамоти бехатарии ИМА ӯро таъқиб мекунанд, гуфтугузорҳои телефонии ӯро гӯш мекунанд, суратҳисобҳои бонкиашро пайваста тафтиш менамоянд ва ғайра. Аммо он замон мақомот ҳамаи инро рад мекарданд.

Соли 1960-ро метавон соли мудҳиш барои нависандаи оламшумул донист. Вай баъди бозгашт аз Куба барои муолиҷа аз бемориҳои диабет, гипертония бистарӣ мешавад. Ва дар бемористон низ хеле азоби руҳӣ мекашад, зеро он ҷо низ ӯро ором намегузоранд ва гӯш мекунанд. Ба назараш мерасид, ки кормандони ФБР ӯро дар ҳама ҷо таъқиб доранд, дар ҳар ҷое ӯст, дастгоҳҳои кӯчаки мавҷгиру садогир гузоштаанд. Аммо баъди маргаш бойгонии ФБР дар мавриди Хемингуэй фош карда шуд ва оламиён диданд, ки нависанда ҳақ будааст. Дар ҳақиқат ӯро беҳуда дар сари ҳар қадам таъқибаш мекардаанд. 

Кӯшиданд ӯро тибқи қонунҳои муолиҷаи касалиҳои рӯҳӣ табобат кунанд. Усули табобати электрошок истифода шуд, ки дар натиҷа адиб дигар натавонист даст ба кори эҷодӣ занад. Зеро хотироташ тадриҷан тоза мешуд. Ва боре гуфта буд: "Инҳо ба ман электрошок монданд, инҳо нависандагонро дарк намекунанд. Бигзор ҳамаи онҳо навиштанро биёмӯзанд, то донанд, ки нависанда будан, яъне чӣ. Чӣ лозим буд мағзи сари маро вайрон кунанд ва хотиротамро, ки маъхази ман аст, бишӯянд ва маро ба партгоҳи ҳаёт андозанд"?

Билохира, нависандаи бузург 2 июли соли 1962 дар хонаи шахсиаш воқеъ дар Кетчум, баъди чанд рӯзи берун шудан аз бемористон аз туфангчаи дӯстодоштааш худро ҳалок кард ва чизе назири хати пешазмаргӣ аз худ боқӣ нагузошт. 

Аз таърихи "Мосфилм" мехоҳам донам.

mosfilm010203"Мосфилм" як бахш аз хотироти мост аз замони Шӯравӣ. Ба назарам ин беҳтарин ва фаъолтарин коргоҳи тавлиди филҳои он замон буд ва бо гузашти солиёни зиёд ҳич аз ёдам наворҳои ҷовидонаи он намеравад. Бахусус, саҳнаҳои ҷанги Бузурги Ватаниро ҳич пойгоҳи офариниши филмҳо ба мисли "Мосфилм" ба навор наовардааст. Албатта, ин назари шахсии ман аст ва шояд иштибоҳ кунам. Мехостам аз шумо хоҳиш кунам, ки мухтасар аз таърихи бунёди он ва ҳолати имрӯзааш чизе чоп кунед.

Маърифат Ниёзова, 58-сола, сокини Ваҳдат

"Мосфилм" бузургтарин иттиҳодияи эҷодии тавлиди филмҳо дар сар то сари ҷаҳон аст. Он моҳи ноябри соли 1923 дар базаи ду фабрикаи тавлиди филмҳои мансуб  ба А. А. Ханжонков ва Н.Н. Ермолаев, ки "Москинокомбинат" номида мешуд, ташкил шуд, вале аз соли 1935 ба "Мосфилм" табдили ном кард. Рамзи он ки мебинед, "Коргар ва деҳқонзан" номида шуда, асари Вера Мухина мебошад. Он аввалин маротиба чун рамзи студия соли 1947 дар филми "Баҳор"-и коргардон Григорий Александров арзи вуҷуд кард. 

То ин замон дар "Мосфилм" бештар аз 1720 филм ба навор гирифта шудааст, ки бисёре аз онҳо имрӯз ба хазинаи беҳтарин филмҳои ҷаҳонӣ дохил шудаанд. Соли 2010 мустақилона аз ҳисоби тавлиди филмҳои нав ва фурӯши филмҳои куҳна ҳудудан 250 миллион рубл ба даст овард. 

Имрӯз "Мосфилм" муассисаи давлатист ва иқтидори филмсозии худро бо бисёре аз ширкатҳо ва иттиҳодияҳои эҷодӣ бо ҳам мебинад. Дар канори тавлиди филмҳои нав "Мосфилм" ба тарҷумаи филмҳо аз забонҳои гуногуни дунё низ машғул аст. 28 апрели соли 2011 ширкати Google ва "Мосфилм" муоҳадае имзо намуданд, ки тибқи он дар пойгоҳи YouTube шабакаи Mosfilm-ро таъсис медиҳанд.

 Оё рост аст, ки Муҳаммад Алӣ чор маротиба издивоҷ кардааст?

Ҳафтаи сипаришуда яке аз варзишкорони машҳури олам, афсонаи бокси ҷаҳонӣ Муҳаммад Алӣ ба синни 72 қадам монд. Шунидам, ки гӯё вай чор маротиба издивоҷ кардааст. Оё ин дуруст аст?

Ҳусейни Шариф,табиби ҷарроҳ

muhammad-ali-010203Бале, дуруст мегӯянд. Бузургтарин қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс миёни муштзанҳои касбӣ Муҳаммад Алӣ тӯли умри худ чор маротиба хонадор шудааст. Ҳамсари аввалини ӯ Сонҷи Рой, буд, ки моҳе пас аз шиносоӣ издивоҷ карданд. Аммо сарвари созмони "Миллати Ислом", ки Муҳаммад Алӣ аз ҷумлаи фаъолони он маҳсуб меёфт, аз издивоҷи Алӣ бо хонуми ғайримусалмон изҳори нигаронӣ ва норозигӣ кард.

Ба ӯ пешниҳод шуд, ки аз миёни ислом ва ҳамсар якеро интихоб кунад. Алӣ ногузир шуд аз ҳамсараш ҷудо шавад ва дар мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки Сонҷӣ намехоҳад урфу одат ва суннатҳои исломиро риоя кунад. Вай ҳангоми нишасти матбуотии Алӣ баъди дуввумин муҳорибааш бо Соннӣ Листон хеле либоси наҳиф ба тан карда буд. Муроифа қариб бештар аз ним соли дома кард ва онҳо билохира хати талоқ дарёфт карданд.

17 августи соли 1967 Алӣ бори дуюм издивоҷ кард ва ҳамсари ӯ ин бор  Белинда Бойд шуд, ки баъди тӯй ислом овард ва номи худро ба Халила Алӣ табдил дод. Аз ин издивоҷ Муҳаммад Алӣ соҳиби чор фарзанд шуд: Мариям (духтар), духтарони дугоник Ҷамила ва Рашида ва писаре бо номи Муҳаммад Алии сонӣ. Аммо дар миёнаҳои солҳои 1970 онҳо ҷудо шуданд ва сабабаш афзудани сафи мухлисону ҳаводорони Алӣ буд, ки Халила рашк мекард. Яке аз ин занон модел Вероника Порш буд, ки дар рекломи эълони бозии Муҳаммад Алӣ бо Ҷорҷ Форман иштирок дошт.

Миёни онҳо дар Зоир ишқ ҷӯшид ва баъди бозгашт оилаи худро аз даст дод. Аммо пас аз анҷоми мурофиаи судӣ бо ҳамон Порш ҳамхона шуд. Лайло Алӣ духтарест, ки аз Вероника Порш ба дунё омадааст ва ӯ низ бо пайроҳаи падар рафта, қаҳрамони мутлақи ҷаҳон оид ба бокс миёни занон шудааст. Аммо соли 1986 Алӣ ва Вероника аз ҳам ҷудо шуданд. Ва 19 ноябри ҳамон сол бо шиноси дерини худ Иоланта Уилямс ҳамхона шуд. Онҳо Асад ва Омина ном тифлаконро ба фарзандхондӣ қабул карданд ва аз миёни ин ду Асад варзишкори хуб шуд. 

Муҳаммад Алӣ ҳамчунин соҳиби ду фарзанди ғайриникоҳӣ низ мебошад, ки Мия ва Калия номида мешаванд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi