20:06:07 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Пурсишеву посухе: Майзадагии шавҳарамро чӣ гунна табобат кунам?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Майзадагии шавҳарамро чӣ гунна табобат кунам?

araknush-01Дари ин нома як асрори хонаводагии худро мекушоям. Шояд маро мазаммат кунед, вале илоҷи дигар надоштам. Оқибат бадмастиҳои шавҳар ба ҷонам зад, аммо намехоҳам аз ӯҷудо шавам. Аввалан вай падари фарзандонам аст ва дуюм, мехоҳам чун инсон табобат гирад, солим шавад. Охир барои ман шавҳари солиму барори фарзандонам падари ғамхор лозим аст. Аз сӯи дигар вай  инсони хуб аст, дилам намешавад муносибатамро тағйир диҳам. Аммо бадбахтона, намехоҳад табобат кунад. Мегӯяд худам ба наздикӣ бас мекунам. Вале ба ин ваъдаҳо дигар бовар надорам. Зеро ҳис мекунам, ки вақтҳои охир вай зиёдтар аз пештара менӯшад. Ҳатто ба ҳадде, ки субҳгоҳон аксар вақт намедонад шаб чӣ гузашта буд. Дугонаам мегӯяд гӯё роҳҳое ҳам будаанд, ки бе он ки ӯро хабардор кунем, метавонам табобат кунам. Масалан, дар таомаш кадом моддае ӯ доруе ҳамроҳ кардан мумкин будааст ӯро наҷот диҳад. Ин чӣ дору аст?

Субҳия, ш.Душанбе

Ба саволи хонанда Наимҷон Маликов, духтури нарколог аз Маркази наркологии ба номи Минҳоҷ Ғуломов  ҷавоб медиҳад.

 

Бале, дуруст аст. Ин гуна доруҳо ҳастанд, вале бояд бо розигии бемор тавсия шаванд. Аввал шахси майзада бояд комилан аз ташхиси тиббӣ гузарад, то духтур донад, ки кадоме аз ин доруҳо барои ӯ муфиданд. Бе розигӣ ва хоҳиши шахси майзада ӯро табобат кардан аз имкон берун аст. Ва баъд ин ки табобат бояд ҳатман зери назари духтур гузарад. Чунки бемор метавонад доруи таъиншударо истеъмол накунад ва берун ҳаво диҳад. Зеро дар марҳилаи аввал майли табобат нахоҳад дошт, чун зиёд ба нӯшидан одат кардааст. Аз ин рӯ маслиҳат медиҳем, ки худатон аввал бо мутахассисон, масалан нарколог, равоншинос, духтури бемориҳои рӯҳӣ муроҷиат кунед. Шояд роҳеро бароятон маслиҳат диҳанд, ки манфиатовар бошад. Аммо боз ҳам таъкид мекунам, ки аз майзадагӣ инсон танҳо бо хоҳиши худ метавонад раҳо шавад. Агар ӯ нахоҳад, кӯшишҳои мову Шумо натиҷа намедиҳанд.

Дар ИМА Кеннедӣ назорати "ҷомадони ҳастаӣ"-ро дигаргуна ба роҳ монд

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" дар бораи ҷомадони ҳастаӣ матлаби ҷолибе хондам. Аммо он ҳама дар бораи Русия буд. Дар қудрати ҳастаии дигари олам ИМА чӣ?

Амонқул Назарбеков, Варзоб

John F201000Таҷҳизоте назири "ҷомадони ҳастаӣ" дар Амрико дар замони ҳокимияти президент Эйзенхауэр ба вуҷуд омад, вале шакли имрӯзаи онро маҳсули тафаккури аҳди Ҷонн Кенедӣ медонанд. Ин ба замони бӯҳрони Кариб рост меояд, ки Кеннедӣ ба зери назорати фармондеҳи қувваҳои мусаллаҳ қарор доштани силоҳҳои ҳастаӣ шубҳа дошт. Вай бар ин гумон буд, ки фармони истифода аз силоҳи ҳастаӣ бидуни иҷозаи ӯ дода мешавад. Аз сӯи дигар хавфи он низ вуҷуд дошт, ки дар вақти зарурат худи ӯ дар маркази фармондеҳӣ ҳузур нахоҳад ёфт ва ин фармон аз ӯ содир намешавад. Дар натиҷа системаи идории арсенали атомии ИМА муҷаддадан бознигарӣ шуд ва ҷомадони ҳастаӣ арзи вуҷуд кард.

Ҷимми Картер рамзҳои ба корандозандаи силоҳҳои атомиро дар кисаи костюмаш мегардонд. Роналд Рейган бошад онро дар ҳамён нигоҳ медошт.

Боре Ҷимми Картер идентификатори шахсии худро дар кисаи костуюме, ки барои тоза кардан ба шустушӯйхона фиристода шуда буд, фаромӯш кард.

Борҳо шуда, ки "ҷомадони ҳастаӣ" дур аз дастрасии президент ва бидуни ҳифозат қарор гирифтааст. Ин ҳолат ба президентҳо Форд, Картер, Буши калонӣ ва Клинтон рух додааст. Вале ҳамеша ин ҳаводис анҷоми хуш доштаанд, яъне "ҷомадони ҳастаӣ" ба дасти касе нарасида, ба соҳибаш баргаштааст.

"Ҷомадони ҳастаӣ" баъди сӯиқасд ба ҷони Рейган дар соли 1981 муддате беназорат монд.

Тибқи маълумот ҳангоми фоҷеаи 11-сентябри соли 2001 президенти ИМА Ҷорҷ Буши хурдӣ, ки дар ҳавопаймои худ дар ҳоли парвоз буд, бо маводи дохили ҷомадон дар мавриди амали ҳукумат дар шароити вазъи фавқулодда шинос шуд. То он замон ӯ дар ин бора ҳатто тасаввурот надошт.

Ҷоизаи "Сезар", яъне чӣ?

Ҳафтаи гузашта дар матбуот дар бораи эътои ҷоизаи синомаии "Сезар" хабарҳо паҳн шуданд. Он чӣ гуна ҷоиза аст ва чӣ таърихе дорад?

Гуландом Собирова, Душанбе

tseremoniya-vrucheniya-6Ҷоизаи "Сезар" ба ифтихори пайкартароши машҳури фаронсавӣ  Сезар Балдаччин номгузорӣ шуда, як ҷоизаи миллии Фаронса оид ба соҳаи кино мебошад. Аз соли 1976 ҳамасола аз ҷониби Академияи санъат ва технологияи киноматография тибқи овоздиҳии ҳайати ҳакамон супурда мешавад. Маросими расмии супоридани ҷоиза ҳар сол моҳи феврал дар театри "Шатле"-и Порис баргузор мешавад.

Ҷоиза аз замони таъсисаш ҳолатҳои рекордӣ дорад. Масалан, ду филм, "Метрои охирин" (коргардон Франсуа Трюффо ва "Сиано де Бержерак" (коргадон Жан Пол Раппно), ки дар ҳарду Жерар Депардё нақши аососӣ офаридааст, 10 ҷоиза дарёфт кардаанд. Депардё ҳам ду маротиба дар таърихи ҳунарии худ маҳз барои нақшояш дар ҳамин ду филм соҳиби ду "Сезар" шудааст, ҳарчанд 16 маротиба номзадии худро барои дарёфти ин ҷоиза пешниҳод кардааст.

Аз миёни ҳунармандон беш аз дигарон Изабел Аджанӣ соҳиби ин ҷоиза шудааст. Ин ҳунарманд солҳои 1982, 1984, 1989, 1995, 2010 панҷ маротиба беҳтарин бонуи ҳунар шинохта шудаву ба гирифтани "Сезар" ноил гардидааст.

Таърихи балет чун таърихи театр қадимӣ нест

Дар бораи таърихи театр маълумоти мухтасар пайдо кардем. Аммо балет кай пайдо шудааст ва ватани он кадом кишвар аст?

 

Исо Шомансуров, Қурғонтеппа

tribune ballet125555555511Албатта, опера ва балет низ як бахши санъати театрист, ки таърихи пайдоишаш чандон куҳна нест. Аввалин театри опера соли 1637 дар Венетсия кушода шудааст ва нахустин бастакорони опера Якопа Пери ва Клаудио Монтеверди буданд.

Нахустин балет дар дарбори шоҳону императорон гузошта мешуд, то хотири ашрофону ашрофзодагон шод шавад. Хореография дар асоси рақсҳои наздидарборӣ сохта мешуд. 

Дар асри 15 аввалин устоди рақс Доменико да Пяченса буд. Вай якҷо бо шогирдонаш Антонио Корназано ва Гулелмо Эбрео мерақсид ва ҳамзамон аъёну ашрофи Италияро санъати рақсидан меомӯхт. Пяченса ҳатто асаре ҳам иншо карда буд, ки "Дар бораи санъати рақс" ном дошт. 

Дар соли 1489 Ҷон Галеатсо Сфорса дар Тортон бо Изабела Арагонский ҳамхона шуд ва дар ҷараёни тӯи арӯсии онҳо саҳнаҳои ҷолиби рақсӣ иҷро крада шуданд. Тамошои он ба ҳадде дилнишину таъсиругзор буд, ки баъдан ин гуна саҳнаҳои рақсиро дар дигар манотиқ низ мегузоштанд ва бинандагони зиёде пайдо кард. 

Дар асри 16 дар Италияи шимолӣ намоиши ҷолиби spectaculi рӯи саҳна омад. Он на танҳо аз рақс иборат буд, балки аспдавониву ҷанг низ намоиш дода мешуд.

 Екатерина Медичи аввалин маблағгузори рақсҳо дар Фаронса шинохта шудааст. Аммо дар ин миёни "Балети Лаҳистон" аз машҳуртарин намоиши ҳунарии рақсӣ шуморида шудааст.

Балетҳои аввалин танҳо рақсҳоро дар бар намегирифтанд, балки дар худ гуфтугӯҳо ва намунаҳое аз драмаҳои зиндагиро низ таҷассум мекарданд. Дар Фаронса балетро чун жанри мустақил ҷудо карданд ва ҳунармандони балет на танҳо миёни ашроф дар дарбор баромад мекарданд, балки дар саҳнаҳои театр низ пайдо ва ҳунарнамоӣ менамуданд. Ба дигар маънӣ, тамошои балет аз доираи дарбор берун баромад.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» № 05 05 феврали соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi