23:10:45 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Пурсишеву посухе: Ричард Фрай кӣ буд?

Суолоти худро аз тариқи пустаи электронии "Рӯзгор" Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.  ва ё телефонҳои 907-91-59-34, 934-26-00-43 метавонед ирсол кунед.

Охири ҳафтаи гузашта хабар расид, ки Ричард Фрай, донишманди шинохта дар Амрико аз олам гузаштааст. Мегӯянд вай як муддат дар Тоҷикистон ҳам будаву бо забони тоҷикӣ ошноӣ доштааст. Ва боз дар хабарҳо гуфта мешуд, ки васият кардаст дар Исфаҳони Эрон ба хок супоранд. Бисёр мехостам дар бораи ӯ бидонам.

Маҳина Қаландарова, Конибодом

richard-fray 455454Дуруст аст. Доктори илм, профессор Ричард Нилсон Фрай аз ҷумлаи шахсиятҳои шинохтаи таърихи муосир аст, ки дар пажуҳиш ва тарғиби тамаддун ва фаҳанги халқҳои эронинажод саҳми арзанда гирифтааст. Вай соли 27 марти соли 1920 дар шаҳри Бирмингемеи штати Алабамаи ИМА ба дунё омадааст. Унвони бакалаврро дар донишгоҳи Иллинойс оид ба фалсафа ва таърих дарёфт кардааст. Сар аз соли 1941 дар Мактаби таҳқиқоти Шарқ ва Африқо дар назди Донишгоҳи Лондан ба омӯзиши забонҳои арабӣ, форсӣ ва туркӣ шурӯъ кардааст. Соли 1946 дар донишгоҳи Гарвард рисолаи доктории худро дар бораи "Таърихи Наршахӣ" ҳимоя кардааст.

 Фрай борҳо ба Тоҷикистон омадааст ва ҳатто ду сол (солҳои 1990-1992) дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор кард ва омӯзишҳои забонии худро такмил дод, ҳамзамон барои донишҷӯён ва унвонҷӯён дарс мегуфт. Вай доктори ифтихории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Ричард Фрай аз соли 1970 то 1975 директори пажуҳишгоҳи Осиё дар донишгоҳи шаҳри Шерози Эрон будааст. Дар шаҳри Балмонти штати Массачусетси Амрико соли 1959 Ассосиатсияи миллии таҳқиқоти арманиро асос гузоштааст. Таъсискунандаи кафедраи пажуҳишҳои эронӣ дар донишгоҳи Колумбия мебошад. Се кафедраи дигарро дар Маркази пажуҳишҳои Ховари Миёна (1949), кафедраи эронии ба номи Оқохон (1956) ва кафедраи пажуҳишҳои ҳинду покистонии ба номи Озай Дурронӣ (1964) дар донигоҳи Гарвард ва  Пажуҳишгоҳи байналмилалии ЮНЕСКО дар шаҳри Самарқандро асос гузоштааст. 

Ӯ донандаи хуби забонҳои форсӣ, арабӣ, русӣ, олмонӣ, фаронсавӣ, пашту, ӯзбакӣ, арманӣ ва туркӣ буд, бо забонҳои авастоӣ, паҳлавӣ ва суғдӣ ошноии комил дошт.  

Китоби "Мероси Эрон"-и ӯ дар доираҳои илмӣ хеле арзишманд арзёбӣ шудааст, ки муаллиф таърихи Эрони бостонро аз замони қадим то ба асрҳои миёна таҳқиқ кардааст. Ин китоб дар Маскав ҳанӯз соли 1972 бо замбони русӣ тарҷума ва чоп шуда буд.  

Фрай дар ҳақиқат васият кардааст, ки баъди маргаш ӯро дар канори Зояндаруди Исфаҳон ба хок супоранд. Ҳатто чор сол пеш президенти пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар Исфаҳон хонаи бошукуҳеро барояш тақдим намуд, ки то охири умраш дар он зиндагонӣ кунад.

Асри оҳан чист?

Аз китобҳо баъзан истилоҳоте аз қабили асри сангину асри оҳану боз ба ин монанд вомехӯрем. Мехостам дар бораи асри оҳан маълумот дошта бошам.

Мирзо Кобулӣ, Бохтар

dospekhi 525555АСРИ ОҲАН истилоҳи бостоншиносист ва як давраи муҳими таърихи тараққиёти башарро дар бар мегирад. Ин замонест, ки инсоният оҳанро чун воситаи хуби рушд кашф кард. Аслан дар таърихи башар аз аввалинҳо шуда мисриёни қадим кор бо оҳанро омӯхта буданд. Вале кашфи маъдани оҳан роҳро ба рушди истифода ин метал боз кард. Аввалин нишонаҳои оҳанпораҳои корхӯрда дар Сурия ва Ироқ пайдо шудаанд, ки ба солҳои 2700 қабл аз милод мансуб мебошанд.

Бостоншиносон мегӯянд нишонаҳои аввалини истифодаи васеъи оҳан барои истеҳсоли силоҳ дар наздикии навори Ғазза (Фаластин) пайдо шудааст, ки мансуб ба баъди солҳои 1200 то солшумории мо мебошад. Онҳо аз зери замин каланд, болға, юғу испор ва дигар асбобҳои рӯзгорро пайдо кардаанд, ки аз оҳан сохта шуда буданд. Маълум мешавад, ки коркарди оҳан аз Осиёи Ғарбӣ оғоз шуда, аз он ҷо ба Юнон, Италия ва ба сар то сари Аврупо паҳн гардидааст.

Таҳқиқи шудааст, ки дар Британия ба коркарди оҳан баъди соли 700 то эраи мо оғоз кардаанд. Истифодаи сартосарӣ аз оҳан дар Миср ва Африқои Шимолӣ низ тақрибан ҳамин солҳо оғоз шудааст. Дар Чини асри 8 то милод оҳан ҷои маҳсулоти биринҷиро танг кард. Аз ин ба баъд қариб дар сар то сари олам оҳангудозӣ рушд намуд ва тадриҷан ҳама абзори ҷангӣ ва асбобҳои рӯзгору кишоварзӣ аз оҳан омода карда мешаднд. Ин аст, ки онро асри оҳан меноманд.

Кабутар дӯст медорад, ки қад-қади  роҳи мошин парвоз кунад

Оё дуруст аст, ки кабутарон дар ҳоли ҳаракат аз маконе ба макони дигар аз болои роҳҳои мошингард ҳаракат мекунад?

Манзура Муллоҷонова, Ваҳдат

kabutar-66565652Шояд ин гуна хулоса кардан иштибоҳ бошад. Вале як пажуҳиши илмӣ дар ин маврид доир шудааст ва олимон ба ин натиҷа расидаанд, ки паррандагон низ барои осонии парвоз ва бехато ёфтани макони худ аз роҳҳо истифода мекунанд. Аз ҷумла, паррандашиносони инглис ба ин хулоса омадаанд, ки кабутарон ҳангоми парвоз ва ҳаракат аз маконе ба макони дигар бисёр вақт бо дар назардошти роҳҳои оҳан, ҷодаҳои мошингузар пеш мераванд. 

Барои илман асоснок кардани таҳқиқоти худ ва бартараф сохтани гумону шубҳаҳо муҳаққиқон беш аз панҷоҳ адад кабутарро аз макони ҳамешагиашон бурун бурданд ва баъд сар доданд. Маълум гардид, ки ҳангоми бозгашт бисёре аз ин паррандагон қад-қади роҳҳои машингард парвоз карданд. Масалан, яке аз ҷумлаи ин паррандагон то чорсӯ қад-қади роҳ ҳаракат кард, сипас ба самти рост тоб хӯрд, дар чорроҳаи дигар ба самти чап гашт. Танҳо баъди ин роҳи мошингардро тарк намуд ва саҳроро миёнабур карда ба маконаш расид. 

Олимон баъди такроран гузаронидани таҷриба ба хулоса расидаанд, ки дар ин гуна парвозҳо кабутарон роҳи худро то 20 дар сад дароз мекунанд, вале неруи асаби худро ҳифз менамоянд. Ба дигар маънӣ, ҳаракат аз болои роҳҳо осонтар аз истифодаи ҳиссиёт аст. 

Сагон рашк доранд?

Бештар аз даҳ сол аст, ки дар ҳавлӣ саг дорам. Дар ин даҳ сол борҳо сагам иваз шуд. Яке мурд, дигаре аз дарвоза баромаду дигар барнагашт ва сеюмӣ бо қисмати дигар рафт. Ва ҳар бор саги дигар меорам, чу ҳавлии ман дар маконест, ки агар саг набошад, шабона ҳавлнок аст. Аммо чанде пеш ҳисс кардам, ки саг ҳам метавонад соҳибашро барои ҳатто лаҳзае бад бинад ё барои ин ё он коре рашк кунад. Шояд ин мушоҳидаи ман нодуруст бошад?

Аловиддин Субҳоҷонов, сокини Роғун

canario 1212212112Мушоҳидаи шумо беасос нест. Таҳқиқоти ахири олимон нишон медиҳад, ки сагон инъом ё ҳадяи соҳибони худро комилан дарк мекунанд. Агар ҳангоми баргузории кадом як таҷриба ва ё мусобиқот сагон диданд, ки кадоме аз ҳамҷинсашон барои ин ё он бозӣ мукофот мегиранд, вале онҳо бидуни ҷоиза ё ҳадя мондаанд, ба изтиробу ҳаяҷон меоянд. Дида шудааст, ки онҳо ба хоридани аъзои баданашон оғоз мекунанд ва мекӯшанд бо ҳар навъе худро аз чашми сагони соҳибҷоиза дур нигоҳ доранд. Ва муҳимтар аз ҳама онҳо дигар бепарвоӣ зоҳир мекунанд ва амри шударо бо дили нохоҳам иҷро менамоянд. Завқи ширкат дар мусобиқа гум мешавад ва мекӯшанд хеле камфаъолият бошанд.

Албатта, рашки сагон монанди рашки инсонҳо мураккабу мушоҳидашаванда нест. Масалан, онҳо ҳадди эҳтиётро риоя мекунанд ва ҳич вақт ба он ки барояшон нон дода мешавад ва ба дигар ҳамҷинсҳояшон пеши чашми онҳо ҳасиб медиҳанд, ошкоро эътироз намекунанд. Ба ҳамон бурдаи нон ҳам қаноат мекунанд. Ҳатто барои онҳо ин муҳим нест, ки соҳибонашон таоми хубро ба онҳо барои анҷоми ин ё он кор медиҳанд, вале ба дигар сагон бидуни ин. Вале мушоҳидаҳои илмӣ нишон додаанд, ки рашку ҳасад танҳо хоси одам нест, балки сагон чун ҳайвони ба инсон наздик ва то ҳадде мушфиқу меҳрубон низ гирифтори ин гуна беморӣ мебошанд. Ҳатто касоне, ки муддати тӯлонӣ саг доранд ва ё саг нигоҳ медоранд, инро эҳсос мекунанд. Чуноне хонандаи мо Аловиддин Субҳонҷонов  ҳисс кардаанд.

Олимон мегӯянд дар ҳақиқат агар сагҳо қобилияти сухан гуфтан медоштанд, соҳибонашонро хеле пештар аз табибаон аз гирифторӣ ба ин ё он беморӣ хабар мекарданд. Исбот шудааст, ки сагҳо бемориҳое аз қабили саратон, қанд ва саръро дар аввалин марҳилаи пайдоишашон ҳисс мекунанд. 

Таҳқиқотгарон бар ин назаранд, ки сагон ба шарофати узви ҳисскунандаи худ саратони шуш, ғадудҳои шир, пӯст, масонаро зуд эҳсос мекунанд.

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №13, 02 апрели соли 2014

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi