ПОРЛУМОН ШАҲРВАНДОНРО БА ЁРИИ РОҒУН МЕХОНАД
Маҷлиси миллӣ - маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон аз мардуми кишвар даъват кардааст, бо ихтисоси пасандозҳои худ дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳм бигиранд. Маҷлиси миллӣ, маҷлиси болоии парлумони Тоҷикистон, аз мардуми кишвар даъват кардааст, бо ихтисоси пасандозҳои худ дар бунёди нерӯгоҳи Роғун саҳм бигиранд.
Дар ин авохир шумори зиёди ниҳодҳои давлативу ғайридавлатӣ ва ҳамин тавр созмонҳои иҷтимоӣ ва ҳатто аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон ба чунин даъват ҳамовозӣ мекунанд ва тавре ба назар мерасад, Душанбе ба манзури ҷалби сармояи худӣ ба эҳдоси ин нирӯгоҳ маъракаи густардаеро сар кардааст. Таҳлилгарон ҳатто мегӯянд, ки бунёди Роғун дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун як андешаи миллӣ, ки мардум дар меҳвари он аз як гиребон сар барорад, хидмат кунад.
Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ба хотири ҷалби зарфиятҳои дохилӣ ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун алакай аз авоили соли оянда саҳмияҳои ин нирӯгоҳи барояш ҳаётан муҳимро ба фурӯш барорад. Аммо зоҳиран дар Тоҷикистон аз ҳоло маъракаи бузургеро ба хотири ташвиқи мардум барои мушорикат дар ин сохтмони бузург, ки дар матбуоти расмӣ ҳатто “марзи нангу номус ва ватандорӣ” ба қалам дода мешавад, оғоз кардаанд.
Роғун – андешаи нави миллӢ?
Тақрибан дар ҳама маҳфилҳо ва маҷлисҳои Тоҷикистон дар ин шабу рӯз аввалу охири сӯҳбати ҳам мақомот, ҳам аҳли назар ва ҳам мардум аз Роғун аст ва соҳибназарон ҳатто аз сохтмони ин нирӯгоҳ бофтани матои андешаи миллии Тоҷикистонро маслиҳат медиҳанд.
Ниҳодҳои мухталиф низ дар амри даъвати мардум барои ширкат дар сохтани ин нирӯгоҳ гӯё ба як сабқат пардохта, кумитаи занон ва оилаи назди ҳукумат, барои мисол, аллакай аз баргузории анҷумани вижае дар мавзуи “Саҳми занон дар бунёди Роғун” хабар дода ва хабаргузории расмии “Ховар” ҳам бо ҳамовозӣ ба ин ибтикор гуфтааст, ки низ саҳми хоксоронаи худро дар Роғун хоҳад гузошт.
Маҷлиси болоии порлумони Тоҷикистон низ рӯзи панҷшанбе аз мардум даъват кард, бо ихтисоси маоши якмоҳаи худ дар ин сохтмон саҳм бигиранд. Раиси Маҷлиси миллӣ, шаҳрдори Душанбе Муҳаммадсаид Убайдуллоев шумори мардуми соҳиби ҷойи кор дар кишварро 2 миллиону 147 000 нафар ва маоши миёна дар Тоҷикистонро ҳудуди 80 доллар баршумурда, гуфтааст, ки агар ҳамаи ин мардум як маоши худро ба Роғун бубахшанд, 154 миллион доллар ба даст хоҳад омад. Яъне маблағи тақрибан муодили 148 миллион долларе, ки давлат дар буҷаи соли ояндааш барои Роғун ихтисос додааст.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ изҳор доштааст, ки бо дарназардошти муҳимияти нирӯгоҳи Роғун дар ҳаёти иқтисодиву сиёсии кишвар дар харидории саҳмияҳои он ширкат хоҳад кард. Муҳиддини Кабирӣ, раиси ин ҳизб, гуфт, мушорикати гурӯҳҳои сиёсӣ ба таъмини шаффофияти истифода аз маболиғи ҷамъшуда мусоидат карда, имкони такрори сарнавишти саҳмияҳои нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро камтар хоҳад кард.
Таҷрибаи талхи «СангтӮда-1»
Таҷрибаи саҳмияҳои нирӯгоҳи «Сангтӯда-1», ки мақомот дар миёнаи солҳои навад ҳамин тавр ба гунаи гӯё ихтиёрӣ ба мардум фурӯхта буданд, омилест, ки ба назари маҳфилҳо, метавонад рӯи ибтикори ҷадиди давлат ҷиҳати ҷалби пасандозҳои мардум ба сохтмони Роғун соя андозад.
Қарори маълум, бо роҳи баргузории марафонҳои телевизионӣ ва ихтисоси маоши мардум дар даҳаи гузашта маблағи қобили мулоҳизае барои нирӯгоҳи Сангтӯда ҷамъ шуда буд, вале давлат дар ниҳоят 75 дарсади саҳмияҳои сохтмони ҳанӯз ниматамоми ин нирӯгоҳро дар 5 соли пеш дар ивази қарзҳояш ба Русия супурд ва аз саҳмияҳои ба мардум фурӯхтааш дигар лаб накушод.
Абдуғанӣ Муҳаммадазимов, раиси Иттиҳодияи сиёсатшиносони Тоҷикистон, аз ин лиҳоз таъмини замонатҳои қавии саҳмияҳои Роғун аз ҷониби давлатро як амри лозим дар роҳи ҷалби сармояи мардум ба ин сохтмон медонад.
Оқои Муҳаммадазимов мегӯяд, Душанбе дар роҳи ҷустуҷӯи андешаи миллӣ рӯи 3 мавзуи умда ва меҳварӣ - раҳоӣ аз бунбасти иртибототӣ, таъмини амнияти озуқа ва таъмини амниятӣ энержӣ - чарх мезанад, вале дар мавриди аввал хостҳояш бо хостҳои Чин созгор омаду барои бунёди роҳҳои худ аз Пекин сармояи фаровоне сарозер шуд, дар мавриди дуввум, яъне таъмини озуқа барои кӯтоҳ муддат боришоти фаровони баҳори имсол ва ба фоидаи маҳсулоти ғизоӣ кам шудани майдони кишти пахта ба кӯмакаш расид.
Ва акнун Роғун мондааст, ки ба ақидаи ин таҳлилгар, бояд дар зеҳни ба хусус қишри рӯшанфикр ҷойи нолаву маломатҳои беҳуда дар бораи аз даст рафтани Самарқанду Бухороро бигирад.
Адами эътимоди соҳибкорон
Агарчӣ сарвати касе аз соҳибкорони тоҷик ба сатҳи, масалан, маҷаллаи “Форбс” нест, дар ҳар сурат дар Тоҷикистоне, ки беш аз нисфи ҷамъияташ зери хатти фақр ба сар мебарад, давлат дар амри ҷалби сармоя ба Роғун асосан рӯи ҳамин қишри соҳибкор ҳисоб мекунад.
Хайрулло Саидов, муовини раиси Иттиҳодияи тавлидкунандагон ва соҳибкорони Тоҷикистон, мегӯяд, ки онҳо барои мушорикат дар сохтани Роғун омодаанд, вале бояд итминони хотир бигиранд, ки сармояи дар ин сохтмони гузоштаи аҳли тиҷорат гум нахоҳад шуд. Омили дигаре, ки дасти соҳибкорони тоҷикро аз мушорикати зиёдтар дар ин барнома метавонад кӯтоҳтар кунад, ба эътиқоди оқои Саидов, пайомадҳои манфии бӯҳрони иқтисодист.
Ҳазинаи эҳдоси нирӯгоҳи Роғунро мақомот дар ҳудуди аз 2 то 3 миллиард доллар баровард мекунанд. Албатта, дар шароите ки Тоҷикистон ҳар фасли сармо бо бӯҳрони шадиди энержӣ рӯбарӯст, сохтани ин нирӯгоҳ барои Тоҷикистон масъалае дар воқеъ ҳаётан муҳим ва сарнавиштсоз аст.
Сохтмони бузург ва ... мардуми фақир
Вале тавре як ҳамсӯҳбати мо суол гузошт, оё чунин маблағи бузургро метавон аз мардуми Тоҷикистон, ки беш аз нисфаш зери хатти фақр зиндагӣ мекунад, ҷамъ овард? Ва оё сохтмонеро ба чунин бузургӣ мешавад танҳо бо нохун задан ба ҳисси ватанхоҳии мардум ва бо роҳи, ба истилоҳ, “ҳашар” сохт?
Дар ҳар сурат, ба назари таҳлилгарон, Душанбе дар пайи Соли Имоми Аъзам, ки инак кам-кам ба поён мерасад, такяи аслии худро рӯи сохтани Роғун хоҳад кард ва талош мекунад, мардумро дар меҳвари ҳамин андеша муттаҳид кунад. Вале муваффақияти Душанбе дар амри ҷалби сармоя ба ин сохтмони барояш ҳаётан муҳим ва сарнавиштсоз, аз наҳваи фурӯши саҳмияҳои ин нирӯгоҳ, ки қарор аст, аз аввали соли оянда шурӯъ шавад, сахт вобаста аст.
Мардуме, ки таҷрубаи манфии гум шудани саҳмияҳои худ дар нирӯгоҳи аввали Сангтӯдаро дар гузашта доранд, ин бор нисбат ба ибтикори нави давлат, албатта, бо эҳтиёти хеле зиёдтар рафтор хоҳанд кард. Бо ин ҳол, ба ин ки Тоҷикистон илоҷе ба ҷуз аз сохтани Роғун надорад ва ин нирӯгоҳ бояд ҳатман сохта шавад, ҳама мувофиқанд. Чӣ мардум, чӣ аҳли назар, чӣ давлат ва чӣ мухолифонаш.
Мирзои Салимпур, «Озодӣ»
-
22.03.2026 15:28
444
Иштирок дар тантанаҳои идонаи Наврӯзи байналмилалӣ
-
22.03.2026 15:27
423
Барқияҳои табрикӣ аз номи як қатор сарони давлатҳо ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз
-
19.03.2026 23:10
557
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди сайиди Фитр
-
06.05.2026 14:20
311
Ақибгоҳи тоҷик – Фронт дар паси сар
-
04.05.2026 23:37
344
Сталинград, Курск ва тоҷикон дар авҷи ҷанг
-
02.05.2026 11:18
404
92 ҳазор фарзандони барнагаштаи Тоҷикистон
-
15.03.2026 21:05
230
«Топ – 35 шарики боэътимоди сол». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
-
24.12.2025 15:30
954
Ифтитоҳи марҳилаи дуюми ҶДММ Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе
-
22.12.2025 20:28
983
Форуми тиҷоратии Осиёи Марказӣ + Ҷопон
-
24.12.2025 15:28
685
Ифтитоҳи бинои нави Муассисаи давлатии Телевизиони Душанбе
-
31.08.2025 12:47
1366
Симои нави расонаҳои Тоҷикистон
-
16.10.2024 00:22
2294
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
-
24.05.2026 11:42
106
Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон
-
08.05.2026 19:20
260
“Риояи қонунгузориҳо оиди ҷавонон ва ноболиғон зери назорат аст”
-
08.05.2026 19:18
281
“Пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон!”
-
18.05.2026 19:15
180
«Духтаре аз «Хонаи Павлов»
-
19.04.2026 14:28
348
Барно Саидвализода дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокдори ИДМ оид ба илм ва маориф иштирок намуд
-
19.03.2026 23:09
537
«Наврӯз - ҷаҳонпаҳлавони миллати мост!»
-
10.12.2025 16:56
871
Вохӯрии муовини вазири меҳнат бо мушовири навтаъини Дафтари Барномаҳои САҲА
-
30.11.2025 19:46
1187
Иштироки ҳайати Вазорати меҳнат дар ҷаласаи 5-уми гурӯҳи кории муштарак оид ба мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ
-
30.11.2025 19:44
1136
Иштироки муовини вазир дар 17-умин ҷаласаи гуруҳи кории муштараки Тоҷикистону Русия
-
28.02.2025 13:34
2275
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
-
03.10.2024 20:35
2337
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии исломӣ иштирок намуд
-
20.04.2023 15:58
3373
Иди Рамазон омаду моҳи Рамазон рафт….
-
28.02.2026 22:46
503
«Модар ягона аст, аз ӯ хабар бигир»!
-
18.05.2025 13:42
1855
Иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар машварати “Нигоҳи занон”
-
07.03.2025 12:44
1997
Ид муборак бонувону модарони азиз!
-
21.11.2025 11:56
966
Парчами Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи ифтихор, ваҳдат ва соҳибистиқлолии миллӣ
-
21.09.2025 15:10
1152
21 сентябр — Рӯзи байналмилалии сулҳ
-
10.09.2025 16:47
1124
Истиқлоли давлатӣ - неъмати бебаҳои таърихӣ ва зербинои давлатдории миллӣ
-
24.05.2026 11:44
76
Дастгирии ҷавонон - афзалияти сиёсати давлатии Пешвои миллат
-
08.05.2026 19:22
270
“Хизмат ба Ватан фарз аст!”
-
15.03.2026 21:03
286
Дар Бишкек Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мегардад
-
20.07.2025 13:08
1343
Аз зиндагии доштаатон лаззат баред!
-
07.10.2019 10:46
4391
Гулханди ғунчаҳо
-
10.08.2019 09:45
4623
Баъди 15 соли даргузашти Убайд Раҷаб










































