08:58:54 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Роғун

РОҒУН, АФҒОНИСТОНИ БАЪДИҶАНГӢ ВА НИЁЗ БА ЭНЕРЖӢ

 

Струан Стивенсон

Паёми Струан Стивенсон, вакили Порлумони Аврупо ба Конфронси минтақаии масоили Афғонистон, ки 26-27 марти соли 2012 дар Душанбе баргузор мегардад.

stivensonОб сарчашмаи ташаннуҷ дар муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказист, вале на ҳама дарк мекунанд, ки Афғонистон бозингари муҳими потенсиалӣ дар идораи захираҳои обии Осиёи Марказӣ буда метавонад: 40 дарсади қаламрав ва 33 дарсади аҳолии ин кишвар дар ҳудуди ҳавзаи Баҳри Араланд. Тақрибан 12,5 дарсади ҳаҷми умумии обе,ки ба ҳавзаи баҳри Арал ворид мешавад ва масоҳати бениҳоят калони Осиёи Марказиро фаро мегирад, аз Афғонистон оғоз меёбад, аммо қисмати ками заминҳои худи Афғонистонро обшор мекунад.

​​​Дар нақшаҳои ояндаи мудирияти захираҳои оби Осиёи Марказӣ ниёҳои Афғонистон низ бояд ба назар гирифта шавад. Об аллакай сарчашмаи низоъҳои эҳтимолии Осиёи Марказиаст. Сарбандҳои зиёд, ҷӯйборҳо ва обанборҳои кишварҳои поёноб, ба монанди Узбакистон ва Туркманистон оби ду дарёи асосӣ – Ому ва Сирро барои обёрии киштзорони азими кишоварзӣ (пахта ва шолӣ) ҷамъоварӣ мекунанд. Бистари аксари онрҳо аз қум аст ва оби зиёде тавассути бухоршавӣ ва фурӯравӣ ба қум бебозгашт нобуд мешавад. Ин беэҳтиётӣ сабаби фоҷеаи Баҳри Арал шуд, ки сатҳи он ҳамагӣ дар давраи зиндагии як насл ба андозаи як ҳиссачаи масоҳати пешинааш коҳиш ёфт.

Коршиносон мегӯяд, вақте ки низои имрӯзаи Афғонистон ба анҷом мерасад, барои эҳёи бахши кишоварзӣ дар ин кишвар саъю кӯшишҳои азиме зарур хоҳад гашт. Ба ақидаи олимон, бе афзоиши ҷиддӣ ё ҳатто дукаратаи маҷрои об аз дарёҳое байни Афғонистон ва панҷ кишвари Осиёи Марказӣ тақсим мешаванд, интизори чунин натиҷа шудан соддалавҳӣ хоҳад буд.

​​Рӯди Ому, ки дар замонҳои қадим бо номи «Оксус» машҳур буд, аз пиряхҳо ва обшавии барфи кӯҳҳои Помир оғоз ёфта, дар натиҷаи омезиши дарёҳои Панҷу Вахш дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистон ба вуҷуд меояд. Дарозии Амударё тақрибан 2600 километрро ташкил медиҳад ва қисман сарҳадҳои байни Афғонистону Тоҷикистон, Афғонистону Узбакистон, Афғонистону Туркманистон ва Узбекистону Туркманистонро ҷудо менамояд. Ҳамчунин ҳавзаи он Эрону Қирғизистонро низ дар бар мегирад. Дар фарҷом он аз миёни биёбони Қароқум то ба вилояти мухтори Ҷумҳурии Қарақалпоқистони Узбакистон гузашта, ба қисми ҷанубии баҳри Арал ворид мешавад.

Тоҷикистон 80%, Афғонистон 8%, Узбакистон 6% ва Қирғизистону Туркманистону Эрон ҳар якашон наздики 3 дарсади маҷрои Амударёро медиҳанд. Ба саҳми нисбатан хурди Туркманистону Узбакистон ба ҳавза нигоҳ накарда, онҳо истеъмолгарони асосии об, бахусус об барои кишоварзӣ мебошанд. Канали Қароқум (дарозиаш 1110 км) дар Туркманистон обро аз Амударё аз наздикии Келиф бурда, баъдан аз байни Туркманистон ба Ашқобод ҷорӣ намуда, ҷараёни дарёҳои Теҷен ва Мурғобро пур мекунад. Ба ғайр аз фоҷиаи баҳри Арал, яке аз сабабҳои асосии тезутундшавии муносибатҳо миёни муштариёни оби ҳавза истифодабарии беандозаи об барои обёрии заминҳо бо мақсади тиҷоратӣ мебошад. Дар ҷумҳурии мухтори Қарақалпоқистони Узбакистон норасоии об чунон ҷиддӣ аст, ки талафоти ҳосил ба рӯйдоди оддӣ мубаддал гаштааст ва то 50 дарсади кулли ҳосил мерасад.

Дар баҳсҳои коҳиш додани таъсири фоҷеаи баҳри Арал чун анъана Афғонистонро даъват намекунанд. То кунун байни Афғонистону кишварҳои ҳамсояи ӯ аз Осиёи Марказӣ созишномаҳои дуҷонибаи марбут ба истифодаи муштараки захираҳои об имзо нашуда, новобаста аз он, ки идоракунии байнидавлатии захираҳои обии ҳавзаи баҳри Арал ба Афғонистон низ тааллуқ дорад, он ба эътибор гирифта нашудааст. Ҳарчанд ҷомеаи байналмилалӣ лоиҳаҳои рушди ҳавзаи баҳри Аралро ба воситаи Бонки Ҷаҳонӣ, ГЭФ, ЮСАИД, ЮНЕП, ЮНЕСКО ва Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ намуда буд, кӯшишҳои аввалаи бозсозии иҷтимоӣ дар Афғонистон аллакай ба афзоиши фишор дар обтаъминкунӣ сабаб шудаанд. Ёриҳои байналмилалӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди кишоварзии Афғонистон мусоидат менамоянд, вале шароит дар ҳавзаи Амударё дар ояндаи наздик аз сабаби ҷиддан иваз шудани маҷрои об бад мегардад. Аз ин лиҳоз муҳим аст, ки идораҳои рушд аз фарзияи он, ки эҳтиёҷоти Афғонистон нисбати кишварҳои Осиёи Марказӣ худ ба худ муҳимтар хоҳад шуд, худдорӣ намоянд.

Кишоварзӣ барои Афғонистон ниҳоят муҳим буда, қабл аз сар задани ҷанг дар охири солҳои 70-уми асри ХХ Афғонистон бо анор, ангур, зардолу ва дигар меваҷоти худ номдор буд. Аммо даҳсолаҳои ҷанг роҳҳои тиҷоратро баста, кишварро аз бозори минтақа ва ҷаҳон ҷудо карданд. Дар натиҷаи васвасаи саломатӣ дар Ғарб талаботи ҷаҳонӣ ба мева, аз ҷумла анор, зиёд гашта ва ин метавонад ба рушд ва бозсозии иқтисодиёти Афғонистон мусоадат кунад. Ҳоло анор давои бисёр дардҳо, аз бемории дил гирифта, то саратони простата шумурда мешавад ва меваест, ки метавонад миллиард доллар даромад орад. Талабот ба анор бааъд аз он зиёд шуд, ки ғарбиҳо дар карданд, анор саршор аз антиоксидантҳост ва ҳатто ақидае баён шуд, ки шарбати анор метавонад ба таври табиӣ доруи “Виагра”-ро иваз кунад. Ҳамин тавр зарурат ба инкишофи саноат сабаб гашт ва зербинои содироти маҳсулот ба кишварҳои Ғарбро ба вуҷуд овард.

Агентиҳои байналмилалӣ, аз қабили ЮСАИД, ба саноати анорпарварӣ, ҳамчун воситаи ташвиқи иқтисодиёт ва мусоидат ба рушди субот, инчунин  ҳавасмандгардонии заминдорони афғон барои парвариши анор ба ҷои маводи мухаддир машғул шудаанд. Дар соли 2009 Вазири кишоварзии Афғонистон Муҳаммад Осиф Раҳинӣ меваро «роҳе ба пешрафту равнақ» номида, изҳор дошт, ки «амният ва суботи Афғонистон бештар аз ҷалби аҳолӣ ба кор бастагӣ дорад; агар шумо мардуми бекорро бахусус дар навоҳии деҳоти Афғонистон дошта бошед, ман итминон дорам, ки агар шумо ҳатто шумораи аскаронро дучанд зиёд кунед, сулҳ ва амниятро дар Афғонистон ба даст намеоред.»

Ҳарчанд густариши анорпарварӣ ба субот ва рушди Афғонистон мусоидат намояд, афзоиши истифодаи оби Ому барои зироаткорӣ метавонад ба пайомадҳои ҷиддӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ дар Осиёи Марказӣ сабаб гардад. Возеҳ аст, ки барои афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ об лозим аст ва махсусан анор оби бисёр мехоҳад. Ҳама гуна чунин зироаткорӣ, ки дар қисми шимолии кишвар ҷой дорад, тавассути обёрӣ аз Амударё сурат мегирад, ки ин метавонад ба тезутунд шудани муносибатҳо бо кишварҳои поёноби ҳавзаи Арал оварда расонад ва монеи барқарорсозии Арал гардад.

Яке аз чунин тавсияҳои наҷоти баҳри Арал дар Узбакистон иваз намудани парвариши пахта ба зироатҳоест, ки оби камтар талаб мекунанд, вале афзоиши анор дар Афғонистон ошкоро ба чунин сиёсат мухолиф аст ва, эҳтимол, мояи низоъ дар истифодаи муштараки захираҳои об гардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ҳалли мусбати мушкилоти Афғонистонро ёбад ва ба рафъи шароити низоъҳои хурд дар кишварҳои поёноби ҳамсоя бештар талош намояд.

Рушди соҳибкорӣ ва саноат дар Афғонистон ҳамчунин ба нерӯи барқ зарурат доранд ва айни ҳол минтақа ба норасоии рӯбарӯст. Ҳоло гӯё тоҷикон барои масъала ҳалле дар даст доранд, ки ин бунёди нерӯгоҳи Роғун дар рӯдхонраи Вахш аст. Вақте он пурра ба кор медарояд, бо шаш турбина ва иқтидори умумии 3600 мВт ҳар сол метавонад 13,3 млрд. кВт/соат нерӯи барқ истеҳсол кунад.

Нерӯи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва безарар аз НОБ-и Роғун ба кишварҳои ҳамсоя ба монанди Афғонистон ва Покистон содир хоҳад шуд. Аллакай миёни Тоҷикистон ва Афғонистон хатти 500 киловаттӣ сохта мешавад, ки метавонад ба талошҳои байналмилалии эҳёи сулҳ ва иқтисодиёти харобгардидаи Афғонистон мусоадат намояд. Ҳамин тавр, лоиҳаи бузурги Роғун на танҳо ба таъсиси ҷойҳои корӣ мадад мекунад ва ба Афғонистон сулҳу субот меорад, балки он ҳамчунин аз сӯистифодаи оби Амударё шохобҳои Афғонистон пешгирӣ намуда, монеъи низоъҳои эҳтимолии марбут ба камбуди об дар кишварҳои поёноби Осиёи Марказӣ мешавад. Лоиҳаи Роғун дар Тоҷикистон барои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Покистон ва ҷомеаи ҷаҳонии васеътар як ҳаллест, ки барои ҳамаи онҳо пирӯзӣ хоҳад буд.

Струан Стивенсон - вакили Парлумони Аврупо, аъзои гурӯҳи консервативӣ дар Парлумони Аврупо, Президенти гурӯҳи байнипарлумонии Парлумони Аврупо оид ба тағйирёбии иқлим, танаввуи биологӣ ва рушди устувор, соли 2010 намояндаи шахсии Раиси амалкунандаи САҲА (Қазоқистон) оид ба масъалаҳои экологӣ ва муҳити зист дар Осиёи Марказӣ буд. Моҳи июни соли 2011 С. Стивенсон ба Тоҷикистон боздид ба амал овард, ки зимни он бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва як қатор вазирони воломақоми кишвар аз Роғун дидан кард.

ш. Брюссел, 16 январи соли 2012



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi