15:40:47 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

«Рӯзгор» тухми маърифат кишт мекунад

Мансур Сайфиддинов, Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзноманигор ва нависанда

Дар фазои иттилооти Тоҷикистони соҳибистиқлол пайдо шудани боз як ҳафтавори мустақил пайки шодмонӣ ва хурсандӣ аст. Аз номаш пайдост, ки «Рӯзгор» ҳамнавои рӯзгору зиндагии одамон буда, дар ҷомеъа бо мазмуну муҳтавояш тухми маърифат кишт мекунад.

mushoviri-president-121.jpgБа ростӣ, мо фарҳангиён дер боз чунин нашрияро орзу ҳам мекардем, ки рӯзгори моро бо бурду бохташ ба таҳлил кашаду воқеъбинона тасвир созад, барои ҳалли мушкилоти зиндагии одамон роҳро нишон дода тавонад. Воқеан, фарҳанг ҳастии миллат мебошад ва агар ба умқи он дақиқан назар афканем, мебинем, ки забон ва адабиёт шоҳсутуни он аст.

Шеъру достон, повесту румон, пйесаро забон тавлидгар аст. Баъдан театру кино ташаккул меёбад ва ҳамаи ин абзори фарҳангӣ маҳсуб ёфта, ба пешрафти миллат ва ҷомеъа хизмат мекунад. Вақте, ки дар фарҳанги ҳар миллате иллате пайдо шуд, табобати он ба дарозо мекашад ва табиби ин иллат худи ҳамон миллат аст.

Ман дар ҳар шумораи «Рӯз¬гор» маводҳои ҷолибро хондам. Нависандаву рӯзноманигор, ки ҳастам, таваҷҷуҳам ба масъалагузориҳо, интихоби маводҳо бештар буд. Кас маводи «Вопасин васияти Лоҳутӣ»-ро бе ашкрезӣ хонда наметавонад. Ин устоди сухан, ки зодаи Эрони бостон аст, ба миллати мо ва давлатсозии тоҷикон хизмати сутургеро адо кардааст. Рӯзгор чунон шуд, ки устод Абулқосими Лоҳутӣ дур аз Тоҷикистон ҷон ба Ҷонофарин супурд ва дар охирин нафасҳои зиндагӣ ҳарфҳои ӯро бегонагон шуниданд, на худи мо- тоҷикон.

Бозгӯ сохтани таърихи миллат барои насли имрӯз аз аҳамият холӣ несту мо- тоҷикон таърихи хеле қадим дорем. Тоҷикон дар паҳнои хеле васеи Хуросону Мовароуннаҳр зиндагӣ карда, маъвояшон ҳанӯз боқист ва мо тоҷикони Тоҷикистони соҳибистиқлол бо тоҷикони бурунмарзӣ фарҳанги муштарак дошта, бо ному пайкори онҳо ифтихор дорем.

Рӯй овардани «Рузгор» ба маводҳои таърихӣ, бахусус рӯзгори тоҷикони далеру шуҷоъ мояи ифтихор аз миллату ватандорӣ аст. Дар бораи Хабибуллоҳхони Калаконии тоҷик, ки як муддати кутоҳе шоҳи Афғонистон буд, маводҳои зиёде чоп шудааст. Очерки таърихие, ки дар «Рӯзгор» ба хонанда пешкаш шудааст, симои ин шахсияти таърихиро кушода, хонанда ба рӯзгори пуртазоди ӯ аз наздиктар шинос мегардад.

Бояд тазаккур дод, ки дар бораи шахсиятҳои таърихӣ, ки дар рушди фарҳанги миллӣ ва давлатсозии мо новобаста аз оне ки дар кадом поя қарор доштанд, бояд навишт ва бовар дорам, ки «Рӯзгор» ин иқдомро дар оянда идома хоҳад дод.

Ба аҳли қалами «Рӯзгор» қалами бурро ва муваффақиятҳои бузургро таманно дорам. Аз фурсате, ки даст додаст миллати шарифи тоҷик ва тамоми сокинони Тоҷикистонро ба ҷашни 22-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборак бод мегӯям.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi