Инсонҳо имрӯз ҳам чун дар ҷоҳилият фарзандонашонро зинда дар гур мекунанд
Дуруд ба ҳамаи хонандагони азизи "Рӯзгор".
Аз миёни номаҳо ва зангҳои телефонии ин ҳафта номаи Тобон Назирӣ, хонандаи синфи 9-и мактаби таҳсилоти миёна умумии рақами 13 аз ноҳияи Айнии вилояти Суғд шояд махсус бошад. Бори аввал мо аз ин ноҳияи куҳистонии кишвар ва аз нафаре, ки ҳанӯз дар мактаби миёна таҳсил дорад, вале "Рӯзгор" мехондааст, нома мегирем.
Шод шудем, вале шодии мо на аз он буд, ки бароямон нома ирсол кардааст. Аз он буд, ки чакидаҳои шогирдонаи каломашро фиристодааст. Тобон Назирӣ шеър мегуфтааст ва хостааст интихобан аз навиштаҳояш дар "Рӯзгор" чоп кунем. Навиштаҳои шогирдонаи ӯ ҳоло дар дастамон аст ва Худованд хоста бошад дар яке аз шумораҳои наздиктарин намунаҳояшро интишор медиҳем.
Ва инак, номаҳои дигар:
Баъзе инсонҳо имрӯз ҳам духтарро зинда мегуронанд
Номаи Фарангис Ёрова аз шаҳри Душанбе, ки бо номи "Пире, ки ба неъмати Худованд туф кард" дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" чоп шуд, маро ба риққат овард. Аслан он чӣ аз мақолаи "Машав ғамгин аз духтар бизодӣ" бардошт кардам, воқеъияти зиндагии мардуми мост. Хонаводаҳои зиёдеро медонам, ки духтар ба дунё овардани зан барои мардаш мусибат буд. Баъзеҳо дар дил ин мусибатро нигоҳ медоштанд ва баъзеи дигар ошкор мекарданд.
Зани духтарзо қадру қиммат дар ин гуна хонаводаҳо надорад ва ҳамеша дар зери фишори равонист. Аммо инсонҳое низ ҳастанд, ки таваллуди духтарро ифтихори хонаводгӣ меноманд. Инҳо касоне ҳастанд, ки аз оламу одам бохабаранд ва духтару писарро доди Худо медонанд. Ман ин ҷо аз фармудаҳои Худову Расул (с) гап намезанам, балки танҳо инсонияти инсонҳоро зикр карданиам. Ва Худованди бузург, ки офарандаи ин бандаҳои шокиру ношукр ҳам худи ӯст, аз тинаташон қаблан бохабар аст.
Ва дар ояти 58 сураи Наҳл дар муроҷиат ба Расулаш (с) ин нуктаро ёдрас мешавад, ки миёни қавм инсонҳое ҳастанд, ки аз таваллуди духтар нороҳат мешаванд. "Ва чун яке аз онҳоро ба фарзанди духтаре мужда ояд, аз шиддати ғам ва ҳасрат рухсораш сиёҳ шуда ва сахт дилтанг мешавад". Ва дар идомаи ин Худованд ҳамон замони ҷоҳилиятро мисол меорад, ки мардони соҳибдухтар аз шарму изо миёни қавмашон он духтаронро ё ба хориву зиллат нигоҳ медоштанд ва ё зинда ба зинда мегурониданд.
Ва ман гумон мекунам ин ки ҳар ҳарфи Қуръон замону макон надорад ва он чӣ Худо мегӯяд ба ҳар давру замон ва умуман ба зиндагии инсон дахл дорад, чун Қуръон ба ҳидояти башар нозил шудааст ва ин башар ҳамон башарест, ки дар замони Пайғамбар (с) буд. Имрӯз ҳам ҳамон инсонҳо вуҷуд доранд, ки дар замони ҷоҳилият буданд ва мисоли кӯчактараш ба мавзуи суҳбати мо иртибот дорад. Яъне, нохушнудӣ аз ба дунё омадани духтар аст. Инҳо хилофи амри Худо ва тақдири навиштаи худовандианд. Ва ҳарчанд имрӯз зинда гӯронидан амалан ба чашм намерасад, вале рӯй гардонидан аз онҳо ва бепарвоӣ ба сарнавишташон ҳамон зинда гӯронидани замони ҷоҳилият аст.
Ҳоҷӣ Собири Сафо, Душанбе
Фарзанд худ неъмаати бебаҳост. Инсонҳое ҳастанд, ки солҳо зиндагӣ мекунанд, вале фарзанд намеёбанд. Барои ин худро ба сад дар мезананд, назди духтур мераванд, назди табиб мераванд, пеши фолбину муллову дигарон сар хам мекунанд, шабонгаҳон ба даргоҳи Худованд мегирянду меноланд, то барояшон фарзанди нек ато фармояд. Вале на ҳамеша ин кӯшишҳояшон самар медиҳад.
Аммо инсонҳоеро ҳам медонам, ки мисли он пире, ки дар номаи Фарангис омадааст, ба неъмати худовандӣ ношукрӣ мекунанд ва дар аввалин қадам фарзандашонро бо водор кардан ба талоқи ҳамсараш барои фарзанди духтар ба дунё овардан ҳам худро ва ҳам ӯро ба вартаи гуноҳони кабира меандозанд. Аз сӯи дигар масъалаи ахлоқӣ пеш меояд. Магар инсоне, ки ба тифл раҳм намекунад ва ӯро зиндаятим месозад, чӣ кас метавонад бошад? Мутаассифона, ҷомеаи мо ин гуна афродро маҳкум намекунад.
Аммо намунаи содиқон ба муҳаббат ва аҳду паймон ба арзишҳои зану шавҳарӣ дар ин олам кам нестанд ва намунаи онҳоро мо на танҳо дар китобҳо хондаем, балки дар ҳаёти худ ҳам дидаем. Дар деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ, ки банда парвардаи онам, марде мезистааст агар хато накунам бо номи Аслонҷон. Падари марҳумам ҳар гоҳе аз садоқату вафо ва фарзанддориву надоштан ҳарф мезаданд, аз ӯ ёд мекарданд.
Мо ӯро надида будем. Мегуфтанд вай ҳама неъмати оламро дошт, танҳо фарзанд надошт. Борҳо ӯро ташвиқ карданд, ки ин занатро раҳо кун, ҳамсари дигар интихоб намо ва соҳиби фарзанд шав. Вале накард. Ҳамеша мегуфтааст, ки агар ин ҳамсарро гузораму зани дигар гирам ва дар насибам боз ҳам фарзанд набошад, пас ҳам ман хор мешавам ва ҳам ин бону, ки бо ҳам ин қадар солҳо ҳамболин будему сахт бо ҳам унс гирифтаем. Аслонҷон бо ҳамин доғи бефарзандӣ аз олам бирафт, вале аз худ хотираи нек боқӣ гузошт.
Муҳаммад С., деҳаи Басмандаи ноҳияи Ғончӣ
Муаллифи мақола кист?
Муҳтарам кормандони "Рӯзгор". Нафаҳмидам, ки муаллифи мақолаи бисёр хуб ва ҷолиби "Модарамро ёд кардам" кист. Расмашро мебинаму исмашро намеёбам. Иштибоҳи техникист ё мақолаи идора аст, ки беном чоп шудааст?
Сафармоҳ Назарова, Бохтар
"Рӯзгор": Ташаккури зиёд Сафармоҳи азиз барои ин саволи дурустатон. Дар ҳақиқат, ин ҷо бо айби ҳайати эҷодӣ хатои техникӣ содир шудааст. Муаллифи мақола устоди фалсафаи ДМТ, шоир ва нависандаи шинохта Мирзоҳусайни Бадалипур мебошад. Дар акс ҳам шумо ӯро мебинед. Аз фурсат истифода бурда аз муаллиф ва хонандагони гиромиямон барои ин камбудӣ маъзарат мехоҳем.
Ҳокимон агар миллӣ бошанд, маҳалгароӣ гум мешавад
Дарди маҳалгароӣ табобат надорад. Агар медошт, бо ин ҳама фазлу фарҳанги бузург тоҷик худро табобат мекард. Аммо ман мебинам, ки он торафт реша медавонад ва мустаҳкамтар мешавад. Ростӣ, хеле дилгир мешавам, вақте мебинам ҳатто муаллимону сарварони як факултаи донишгоҳ парвардагону зодагони як маҳаланд ва агар дар миёнашон як нафари бегона ҳам бошад, қадре надорад. Агар ҳоли донишгоҳҳои мо, ки бояд гули сари сабади зиёии кишвар гирд омада бошад, ин бошад, пас чӣ монад ба дигар соҳаҳо. Ин ҳама маро сахт нигарон кардааст. Ҳоло назарҳо ба ҳадде кӯчак шудаанд, ки аз вилояту ноҳия ба деҳаву кӯча гузаштаанд ва дар интихоби ҳамдигар маҳз аз ҳамин зовия менигаранд.
Ҷонибдори мақолаи Шаҳриябону ҳастам. Шоира даъват мекунад, ки андешаи маҳаллиро аз сар дур афканем ва ба тоҷик будан кӯшем. Хеле олӣ, вале кӣ инро бояд аз аввалинҳо шуда анҷом диҳад? Ба фикри ман агар давлатмардони кишвар аввалин шуда аз деҳаву кӯчаи худ берун шаванду аз ноҳия ва вилояташон дуртарро ҳам дар таъин ба мансабҳо бинанд, он гоҳ ин худ шуруъ мешавад. Вале то замоне, ки дар кишвар маҳал маҳаки асосии интихоб ба мансабу вазифа мешавад, ин дард дигар табобат нахоҳад шуд. Аз он ки Шаҳриябону барин инсонҳо маҳалгаро нестанд, ба ҷомеа таъсир надорад. Ҳокимон бояд миллӣ шаванд, на маҳаллӣ.
Муртазо, донишҷӯ
Ман аз суҳбати "Рӯзгор" маводи дарсӣ мегирам
Аҷиб! Агар дастхатҳои форсӣ дар Қазоқистон ба ҳадде зиёд бошанд, ки доктор Сафар Абдуллоҳ мегӯяд ва талқин ба омӯзиши онҳо мекунад, пас магар метавон гуфт, ки форсӣ забони ҷаҳонӣ нест? Агар дар сарзамини турку қипчоқ ин қадар номҳои ноби тоҷикиву порсӣ ҳамоно зинда бошанд, ки доктор Сафар Абдуллоҳ дар пайи таҳқиқи онҳо шудааст, магар метавон аз заъфи забони миллӣ ҳарф зад? Ростӣ, аз суҳбати ин олими пуркори тоҷик хуш шудам ва хеле нуктаҳои ҷолибро барои худ рушан кардам. Ман, ки омӯзгори забону адабиёти тоҷикам, ин суҳбат маводи дарсӣ бароям дод. Ман акнун хеле чизҳоеро донистам, ки ҳатман дар дарсҳо аз онҳо истифода хоҳам кард.
Ва зимнан, ин на аввалин бор аст, ки ман аз мутолиаи "Рӯзгор" барои шогирдонам маводҳои тозаи илмӣ дарёфт мекунам. Чанде пештар аз зиндагиномаи Лоҳутӣ, повести Мирсаид Миршакар дар бораи писари Зайнаббибӣ низ нуктаҳоеро пайдо карда будам ва дар дарсҳо истифода кардам.
Нурмуҳаммад Содиқҷонов, Роғун
Мавзуи модар куҳнагӣ надорад
Шеъру таронаҳо дар ситоиши модар ҳамеша таъсирбахшанд. Ман то ин замон мисра ба мисра Модарномаи устоди шодравон Лоиқ Шералиро аз бар карда будам. Вале ҳамеша мегуфтам ва мегӯям, ки мавзуъи модар дар шеъри оламгири форсӣ ҳар қадар, ки зиёд пажуҳиш шудааст, вале боз ҳам, ки муосирон менависанд, нав аст. Зеро ҳар инсон қабл аз он ки қалам ба даст мегирад ва мехоҳад мисрае ё сатре дар бораи модар нависад, модари худро пеши назар меорад.
Модар бо расолати ягонааш пеши Худованд дар тасаввури ҳар инсон гуногун аст. Аз ин рӯ калимаву иборот ва мафҳумҳои модарномаҳо ҳамеша наванд. Ман ҳар қадар, ки шеъри модар хондам, мафҳуми такрорро кам ёфтам. Ҳатто дар ҳамин чор шеър аз Мирзо Турсунзода, Назри Яздонӣ, Ҷамшеди Раҳимзода ва Маҳдии Суҳайлӣ, ки дар "Рӯзгор" интишор ёфт, чор бархӯрд ба образи модарро мушоҳида кардам. Ин чор шеър яке такрори дигар набуд. Ин ҳама аз бузургии мақоми Модар шаҳодат медиҳад.
Зинда бод Модар!
Наргис Олимҷонова, унвонҷӯ
Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014