10:40:38 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Аз рӯзгори ҳунармандон ҳунармандон нависанд беҳтар аст!

Дуруд ба ҳамаи алоқамандони ҳафтаномаи "Рӯзгор".

nigina-0012014523Дар ҳафтаи сипаришуда ба теъдоди хонандагони доимӣ ва касоне, ки ҳамеша занг мезаданду андешаҳои худро иброз медоштанд, ду нафари дигар афзуд. Инҳо Абдулкарим Шодиқулов, ки худро аз Ёвон муаррифӣ карданд ва Муҳаммадраҷаб Оқилов, ки гуфтанд зодаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомианд. Аввалин занги телефонии Абдулкарим изҳори миннатдорӣ аз мақолаи Мирзоватан Миров дар бораи Давлатманд Холов буд ва пешниҳод карданд, ки бо худи устод Давлатманд конфронси хонандагонро ташкил кунем ва бигзор ин ҳунарманди бузург ба саволҳои мухлисонаш посух гӯяд.

Пешниҳод қабул аст. Аз ҳоло эълон мекунем, ки хонандагон ҳар саволе доранд ироа кунанда ва мо дар фурсати муносиб ба ҳар кадомашон посух хоҳем гирифт. Муҳаммадраҷабро номгузории тоҷикӣ бештар андармон кардааст ва мехоҳад дар бораи фазилати номҳо ва умуман номгузорӣ ба фарзанд матлабе аз уламои шинохта бихонад. Ин корро низ хоҳем кард. Ҳарчанд вақти мушаххасро намегӯем, вале посухи суол интишор хоҳад шуд.

Ва боз: ду шумора пештар мо навишта будем, ки дар чанд мавзуъ номаҳо баҳсӣ шуданд ва мо онҳоро аз саҳифаи "Рӯзгор" ва хонанда берун кардем, то дар мавридашон баҳси алоҳида дошта бошем. Гурӯҳи номаҳо ва дархостҳоро дар мавриди фоҳишаҳову занҳои дуввум ба муаллифи мақола Амруллоҳи Низом додем, то баҳсро идома диҳад ва мақолаи дигари ӯ дар шумораи гузашта чоп шуду идомаашро дар ин шумора хоҳед хонд.

Ва ҳоло муруре ба номаҳои дигар:

Надежда бо ҷойи Барзу?

Аҷиб, Надежда Славная бо чӣ муддате ба Тоҷикистон меомада бошад ва ҳақи будубошу маоши онро кӣ таъмин мекарда бошад? Гумон намекунам ин ҳама аз буҷаи Русия бошад. Ва гумон ҳам намекунам, ки Надежда дар коргардонӣ аз Барзу ҳунармандтар бошад.

Ва чун ин хабарро аз "Рӯзгор" мехондам, беихтиёр ба хаёл фуру рафтам. Дар ҳақиқат "оби дари хона қадр надоштааст". Барзуи мо дар ғарибӣ барои дигарон саҳна меофарад ва барои мо шахсе намоишнома таҳия мекунад, ки аз фарҳангу тамаддун ва урфу одатҳои тоҷикон фарсахҳо дур аст.

Нигина Муталибова, Душанбе

Давлатманд Хол ҳунарманди нотакрор аст

Ба ҳунармандии устод Давлатманди Хол мо ҳама қоилем. Вақтҳои охир ӯро мо бештар дар сафарҳои ҳунарии кишварҳои Аврупо мебинем. Вай санъати моро ба аврупоиён муаррифӣ мекунад. Ба андешаи ман созмонҳое, ки ӯро даъват мекунанд, дар интихоб иштибоҳ накардаанд. Давлатманд Хол беҳтарин ҳунарманди миллист, саҳанҳои офаридаи ӯ комилан миллианд, ҳунармандонаш, ки аксарашон пайвандонаш мебошанд, бо сару либоси миллӣ ба саҳна мебароянд. Ӯ хеле инсони шикастанафс ва ҳунарманди нотакрор аст.

Мақолаи Мирзоватан Миров дар бораи Давлатманд Хол боз аз он нукта ҷолиб буд, ки ҳунарманд дар бораи ҳунарманд менавишт. Гумон мекунам Мирзоватан Миров, ки солиёни дароз бо вай ҳамкорӣ дошт, ӯро бештар мешиносад. Аз сӯи дигар вақте ҳунарманд дар бораи ҳунарманд менависад, чизеро мегӯяд, ки хеле ҷолиб аст. Аз ин рӯ пешниҳод мекунам: "Рӯзгор" силсиламақолаҳоро дар бораи соликони роҳи ҳунар аз навиштаи худи ҳунармандон чоп кунад.

Бигзор ҳунармандони асил назари худро дар бораи ҳампешагонашон рӯи коғаз оранд. Ва гумон мекунам ҳамин Мирзоватан Миров ҳарфҳои ногуфтае дар бораи ҳамаи муосирони ҳунармандаш, бахусус шодравон Одина Ҳошим дорад. Ва мисли ӯ даҳҳо нафари дигар ҳастанд, ки дар бораи ҳампешагонашон андешаҳои ҷолиб доранд, вале дар навиштан ё истиҳола мекунад ва ё камҳавсалагӣ зоҳир менамоянд.

Бегиҷон Таваллоев, донишҷӯ

Гадо душмани гадо?

Ҳунармандони тоҷик басо интригаҳои дохилиро пушти сар мегузоранд, ки мутаассифона аксаран ба иллатҳои зиёд онро расонаӣ намекунанд. Аз як мақолаи Мирзоватан Миров дар бораи Давлатманд Хол чанд ишора дар ин бора пайдо кардам, ки яке аз ҷониби Қурбон Зардак ба кор гирифта нашудани Давлатманди ҷавон аст. Бисёр мехостем ин паҳлуи эҷодиёту зиндагонии ҳунармандон таҳқиқ шавад. Зеро мо овозаҳои зиёдеро шунидаему мешунавем. Шахсан ман ба чопи мақолаҳо дар бораи ҳаёти занушавҳарии сарояндагону ишқу ошиқии онҳову дигару дигар шавқманд нестам. Ҳаёти шахсӣ бояд дастнорас бошад. Вале нуктаҳое ҳастанд, ки ё сабабгори заъф ё боиси рушди ҳунарманд шудаанд. Ин муҳим аст, ки чоп шавад.

азира, Кӯлоб

Амали Русия дар Украина таҷовуз ба хоки бегона аст!

Русияро дар талошҳояш барои Қрим пуштибонӣ намекунам. Ин таҷовузи ошкорост. Ин мисли он аст, ки қудратманде заъиферо зери по мекунад. Украина дар муқоиса бо Русия як кишвари аз ҳар нигоҳ заъиф аст ва ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ аз он дифоъ мекунад (истиснои Чину Эрону, Ҳинд барин кишварҳое, ки ба пуштибонии сиёсии Маскав ниёз доранд), вале баъид аст, ки аз ин ба баъд ҷуръат кунад ва даъвои Қрим дошта бошад.

Аз ин рӯ амалкарди русҳоро таҷовузи ошкор медонам ва ҳич далели ҳақ баровардани онҳоро намебинам. Маскав ҳама муоҳадаҳои байналмилалиро пушти по зад, ба рӯи ҳамаш туф кард. Ва дарси дигар: замоне давлатмардони украин довталабона аз силоҳи ҳастаӣ даст кашиданд. Имрӯз собит шуд, ки бояд ин корро намекарданд. Он давлатҳое, ки кафолати тамомияти арзии Украинаро дода буданд, чӣ коре аз дасташон омад? Ҳар кишвар бояд худ қудрате дошта бошад, ки худро бисозад ва ба умеди бегонагон набошад. "Рӯзгор" ҳақ аст. Сарнавишти Украина барои Тоҷикистон, Қирғизистон ва ҳар кишвари Осиёи Марказӣ метавонад ояд.

Абдулло Машғулов, унвонҷӯ

Амали Русия дар Украина на таҷовуз, балки ҳимояи ҳамватанони бурунмарзӣ аст!

Агар он чизеро, ки дар мақолаи "Путин: Русия ҳаққи дахолати низомиро дорад!" дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" хондем дуруст бошад, пас дар ҳақиқат Русия ҳақ дорад, ки аз рустаборони Украина, ки баъди бо зӯрӣ ба сари қудрат омадани як гуруҳи ҷинояткорон дар Киев, зери тазъиқу фишор қарор гирифтаанд, ҳимоят кунад. Натиҷаи референдуми Қрим, ки рӯзи 16-уми март баргузор гардид, нишон дод, ки мардуми нимҷазираи Қрим 96 дар сад ба тарафдории ҳамроҳ шудан ба Русия овоз доданд. Агар  ба ёд биёрем, ки ҳамагӣ танҳо  60 дар сади аҳолии Қрим русҳо ҳастанд, пас аз ин маълум мешавад, ки дигар халқҳои сокини нимҷазираи Қрим низ тарафдори он будаанд, ки ба Русия ҳамроҳ шаванд. Мардум аз сарварони давлате, ки наметавонанд бо онҳо забон биёбанд, амнияти мардумро таъмин кунанд, рӯ дар гурезанд. Аз ин рӯ ман амали Русияро дар Украина, на таҷовуз, балки ҳимояи ҳамватанони бурунмарзӣ медонам.

Мутталиб Азизов, муҳоҷири меҳнатӣ дар Русия

Аҳмад Зоҳир муаммоҳои зиёде аз худ мондааст

Пажуҳиши "Аҳмад Зоҳир ва сад шоир" ин бор ҳам нуктаи тоза барои мухлисонаш дошт. Аҷиб, ки мутахассисони афғон ва на касони дигар наметавонанд сухани охирро дар бораи муаллифи баъзе таронаҳои сароянда гӯянд. Аз назари ман Аҳмад Зоҳир баъди маргаш аз худ садҳо муамморо боқӣ гузоштааст, ки имрӯзиён бояд сараш мушикофӣ кунанд. Дар ҳар бахши таҳқиқоти Султони Ҳамад мо мухлисон ҳаминро мебинем. Ё муаллифи тарона номаълум ё нависандаи матни он шубҳаовар. Вале чизе, ки мушаххас аст, ҳама таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба маъно олианд. Ҳар сатраш бори маънӣ мекашад ва ин хело муҳим аст.

Бибиробиа Назриддинова, омӯзгор, Восеъ

Боз мақола бе муаллиф чоп шудаст

Дар шумораи гузаштаи "Рӯзгор" мақолаи бемуаллиф чоп шудаву узрхоҳӣ кардаед. Дар шумораи охир низ муаллифи мақолаи "Байҳақӣ: тоҷикон сипари Эрон" муаллиф надорад. Ва ишора ҳам нест, ки он моли худи "Рӯзгор" аст.

Холмаҳмад Мавлон

Аз "Рӯзгор": Бале, боз ҳам хато кардем. Боз ҳам аз муаллифи мақола, ин дафъа нависандаи соҳибзавқ Обидҷони Шукурзода ва хонандаи гиромӣ узр мепурсем. Ва ҳам ташаккур мегӯем, ки камбудии моро ба мо рӯи рост мегӯянд.

Хушем, ки аз рӯзгори Абдулҳайи Муҷахарфӣ матлаб мехонем

Чӣ хубу гуворост хондани матолиб дар бораи бузургони дину оин, шайхону эшонҳои муътабар. Аз аввалин шумораҳои худ "Рӯзгор" бо чопи қиссаҳо аз рӯзгори эшони Султон чандин матлаби дигар дар ин бора чоп кард. Ҳатто намунаҳо аз "Тазкират-ул-авлиё"-и Шайх Аттор бо вуҷуди мухтасар буданаш, хеле интихоби муассир буд.

Ё худ порчаҳо аз рӯзгори Имом Шомил аз китоби "Доғистони ман"-и Расул Ғамзатов хеле ҷолиб буд. Дигаронро намедонам, вале худи ман аз он як ҷаҳон лаззат мебарам. Ва ҳоло, ки дар бори Абдулҳайи Муҷахарфӣ мақола интишор додед, бо камоли майл мутолиа кардам. Мехостам ин гуна сарнавиштҳо зиёд чоп шаванд, зеро донистани рӯзгори азизони Худо барои мо муҳим аст.

Бозоралӣ, Ёвон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №11, 19 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi