01:20:20 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сад фарди маъруф

Хонандаи гиромӣ, инак шумораи саввум аст, ки таҳти унвони "100 фарди маъруф" як силсила маводеро ба табъ расонда истодаем, ки мазмуни он нуқтаи назари инфиродии муаллифони матлабро ифода мекунад ва дар баъзе маворид ҳатто хилофи фикру андешаи ҳайати эҷодии ҳафтанома низ ҳаст. Мо ин маводро танҳо ба хотири дарки зарурати мавҷудияти чунин як пажуҳиш дар ҳаёти иҷтимоиву фарҳангиамон ба чоп мерасонем ва умед мебандем, ки он бо кӯмак ва ҳамдастии Шумо такмил хоҳад ёфт. Ҳайати эҷодии ҳафтаномаи "Рӯзгор"

3. Сад адиби маъруфи тоҷик

100-fardi-maruf-333Адабиёти  тоҷик  бешак, аз пурғанотарин адабиёти ҷаҳон маҳсуб мегардад. Давоми беш аз 1100 сол дар майдони адабамон садҳо ва  ҳатто  ҳазорҳо шоиру нависанда (фақат аз асри IX то XIX қариб 7 ҳазор адиби соҳибкитоб доштаем) ҷилва намудаанд. Албатта, мақому манзалати эшон дар сатҳи гуногун аст ва муайян намудани 100 адиби беҳтарин кори саҳл набувад. Он чӣ пешниҳод мешавад, нигоҳи инфиродии мост ва наметавонад ҳақиқати мутлақ пиндошта шавад. Умедворем, хонандаи  закӣ баҳри комил намудани ин рӯихат мадад мерасонад.

1.Рӯдакӣ Абуабдулло (858-941), асосгузори назми классикии форс-тоҷик.

2.Фирдавсӣ Абулқосим (934-1021), шоири ҳамосасаро, муаллифи "Шоҳнома".

3.Боботоҳири Кӯҳӣ (933-1050), шоир.

4. Абусаиди Абулхайр (967-1049), шоир.

5.Унсурӣ Абулқосим (968-1040), шоир.

6.Фаррухӣ Абулҳасан (980-1037), шоир.

7.Носири Хусрав (1004-1086), шоир, носир.

8.Асадии Тӯсӣ (1005-1073), шоир.

9.Ансорӣ Абдулло (1006-1088), шоир.

10.Унсуралмаолии Кайковус (1020-1099), нависанда.

11. Умари Хайём (1048-1131), шоир.

12.Абулфараҷи  Рунӣ (1039-1108), шоир.

13.Масъуди Саъди Салмон (1046-1121), шоир.

14.Аҳмади Ҷомӣ (1049-1141), шоир.

15.Муизӣ Абуабдулло (1049-1126), шоир.

16.Адиб Собири Термизӣ (1078-1147), шоир.

17.Саноӣ Абулмаҷд (1079-1140), шоир.

18.Рашиди Ватвот (1087-1178), шоир.

19.Анварӣ Авҳадуддин (1105-1187), шоир.

20.Низомии Ганҷавӣ (1141-1209), шоир.

21.Аттор Фаридуддин (1145-1221), шоир.

22.Наҷмиддини Кубро (1145-1222), шоир.

23.Авфии Бухороӣ (1172- ваф. номаълум), носир.

24.Заҳири Форёбӣ (1160-1203), шоир.

25.Сайфи Исфарангӣ (1185-1267), шоир.

26.Ҷалолиддини Румӣ (Балхӣ) (1207-1273), шоир.

27.Саъдии Шерозӣ (1208-1292), шоир ва носир.

28.Амир Хусрави Деҳлавӣ (1253-1325), шоир.

29.Ҳасани Деҳлавӣ (1253-1337), шоир.

30.Убайди Зоконӣ (1270-1371), шоир ва носир.

31.Бадрӣ Чочӣ (1285-1346), шоир.

32.Ибни Ямини Фарюмадӣ (1286-1386), шоир.

33.Салмони Саваҷӣ (1310-1376), шоир.

34.Ҳофизи Шерозӣ (1321-1389), шоир.

35.Камоли Хуҷандӣ (1323-1401), шоир.

36.Неъматуллоҳи Валӣ (1329-1431), шоир.

37.Бурундуқи Хуҷандӣ (1356-1431), шоир.

38.Носири Бухороӣ (тав. номаълум- 1371), шоир.

39.Бадри Шервонӣ (1387-1450), шоир.

40.Абдураҳмони Ҷомӣ (1444-1492), шоир, носир.

41.Ҳотифӣ Абдуллоҳ (1453-1520), шоир.

42.Биноӣ Камолиддин (1453-1512), шоир.

43.Восифӣ Зайниддин (1485-1556), нависанда.

44.Сарфии Кашмирӣ (1521-1594), шоир.

45.Мушфиқӣ  Абдураҳмон (1525-1588), шоир.

46.Нахлии Бухороӣ (1586-1650), шоир.

47.Соиби Табрезӣ (1603-1677), шоир.

48.Нозими Ҳиротӣ (1605-1671), шоир.

49.Ғании Кашмирӣ (1608-1669), шоир.

50.Бедил Мирзо Абдулқодир (1644-1721), шоир, носир.

51. Зебуниссо (1639-1702), шоира.

52.Саийдои Насафӣ (тав. номаълум- 1707), шоир.

53.Надими Истаравшанӣ (1780-1869), шоир.

54.Аҳмади Дониш (1826-1897), нависанда.

55.Аҷзӣ Саидмуҳаммадхоҷа (1865-1927),шоир.

56.Туғрал Нақибхон (1865-1919), шоир.

57.Ҳамдӣ Аҳмадҷон (1875-1946), шоир.

58.Мунзим Абдувоҳид (1877-1934), шоир.

59.Айнӣ Садриддин (1878-1954), нависанда, асосгузори насри муосири тоҷик.

60.Лоҳутӣ Абулқосим (1887-1957), шоир, асосгузори назми муосири тоҷик.

61.Пайрав Сулаймонӣ (1899-1933), шоир.

62.Раҳимӣ Муҳаммадҷон (1901-1968), шоир.

63.Аминзода Муҳиддин (1904-1966), шоир.

64.Ҳаким Карим (1905- 1944), нависанда.

65.ИкромӣҶалол (1909-1993), нависанда.

66.Раҳим Ҷалил (1909-1989), нависанда.

67.Раҳимзода Боқӣ (1910-1980), шоир.

68.Деҳотӣ Абдусалом (1911-1962), шоир, драматург.

69.Турсунзода Мирзо (1911-1977), шоир.

70.Улуғзода  Сотим ( 1911-1997), нависанда.

71.Ғанӣ Абдулло (1912-1984), драматург.

72.Мирсаид Миршакар (1912-1993), шоир, нависанда.

73.Фотеҳ Ниёзӣ  (1914-1992), нависанда.

74.Ҳабиб Юсуфӣ (1916-1945), шоир.

75. Шукуҳӣ Аминҷон (1923-1979), шоир, нависанда.

76.Қаҳҳорӣ Абдуҷаббор (1924-2008), шоир.

77.Баҳорӣ Абдумалик (1927-2011), шоир, нависанда.

78.Муҳаммадиев Фазлиддин (1928-1986), нависанда.

79.Гулчеҳра Сулаймонӣ (1928-2004), шоира.

80.Ғаффор Мирзо (1929-2006), шоир, нависанда.

81.Пӯлод Толис (1929-1961), нависанда.

82.Ашӯр Сафар (1930-1997), шоир.

83.Ҷумъа Одина (1930-1982), нависанда.

84.Кутбӣ Киром (1932-1995), шоир.

85.Мӯъмин Қаноат (1932), шоир.

86.Убайд Раҷаб (1932-2004), шоир.

87.Шодон Ханиф (1934-2008), нависанда.

88.Зулфиқоров Темур ( 1936), адиби руснигори тоҷик.

89.Урун Кӯҳзод (1937), нависанда.

90.Бозор Собир (1938), шоир.

91.Лоиқ Шералӣ (1941-2000), шоир.

92.Сорбон ( 1940), нависанда.

93.Ҳақназар Ғоиб (1943), шоир.

94.Гулназар Келдӣ (1945), шоир.

95.Саттор Турсун (1946), нависанда.

96.Гулрухсор (1947), шоира.

97.Рабизода Абдурофеъ (1951), нависанда.

98.Сайф Раҳимзоди Афардӣ (1953-2000), нависанда.

99.Сиёвуш (1963), шоир.

100.Фарзона (1964), шоира.

P.S: Адибон Акобиров Ҷонибек, Акобиров Юсуфҷон, Аминзода Озод, Ансорӣ Файзулло, Бақозода Наримон, Баҳманёр, Бахтӣ Меҳмон, Бобоҷон Алӣ, Бунёд Ширин, Ғанӣ Самад, Ғоиб Муҳаммад, Ёдгорӣ Шоҳмузаффар, Ёрмуҳаммад Равшан, Зарафшонфар Салим, Қодирӣ, Абдуллоҳ Мумтоз, Қувват Ҷумъа, Қуддус Ҷумъа, Маъмур Саидалӣ, Меҳриниссо, Муаззама, Назаров Ҳабибулло, Назирӣ Наимҷон, Назри Яздон, Насрулло Камол, Наҷмиддинов Мутеуллоҳ, Ниёзӣ Нурмуҳаммад, Низом Қосим. Раҳматзод Аҳмадҷон, Сафарзода Ғоиб, Сидқӣ Аъзам, Солеҳ Муҳаммадзамон, Сурӯш Мансур, Табаров Нур, Файзулло Ибод, Файзулло Ҳабибулло, Файзалӣ Мирзо, Фарҳат Муҳиддин, Фирӯз Баҳром, Хатлонӣ Искандар, Хатлонӣ Салим, Хоҷаев Муҳиддин, Ҳаким Аскар, Ҳамдам Ато, Хоҷӣ Бобо, ҲошимӣҶӯра, Ҳошим Раҳим, Шанбезода Нодир, Шарифӣ Акобир, Шералӣ Мастон низ ба адабиёти тоҷик хизмати арзанда кардаанд, мутаасифона дар рӯихати пешниҳодӣ нағунҷиданд.

Мураттибон: Ёр Муҳаммад, Ҷамил Валиев - кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №24, 13 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi