06:15:36 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Сад фарди маъруф

11. 100 фарди равшанзамир – 2

(ғайритоҷиконе, ки ба Тоҷикистон хидмати шоён кардаанд)

 

100-fardi-maruf010203Қаблан сад равшанзамири ғайритоҷикро муаррифӣ кардем, ки дар Тоҷикистон зиста, дӯш ба дӯши мардуми мо ба нафъи диёрамон заҳмати бедареғ кашидаанд ва дар пешрафти илму адаб ва фарҳангамон ҳиссаи босазо гузоштаанд. Инак, сад афроди ғайритоҷик ном бурда мешаванд, ки дар Тоҷикистон кам зистаанд, бо сафарҳо ва экспедитсияҳои илмӣ бо кӯҳандиёрамон ошно гардидаанд, пои қадами мубораки қисмате умуман ба сарзаминамон нарасидааст, вале шӯълаи муҳаббат ба таъриху тамаддун, табиати тоҷикону хокашон як умр хомӯш нагардида, дар муаррифӣ ба ҷаҳониён кӯшидаанд. Пос доштани хотираи ин азизон вазифаи имрӯзиён аст.

Намояндагони адабиёт

1.Тихонов Николай (1896-1979), Шоири Халқии Тоҷикистон.

2.Баруздин Сергей (1927-1991), нависандаи рус, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон, дорандаи ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

3.Державин Владимир (1908-1975), шоир ва мутарҷими рус, дорандаи ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

4.Липкин Семён (1911-1998), шоир ва мутарҷими рус, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

5.Лукнитский Павел (1901-1971), нависандаи рус, Корманди Шоистаи Маданияти Тоҷикистон.

6.Адалис Аделина (1900-1969), шоири рус, мутарҷими осори адибони классик ва муосири тоҷик.

7.Антоколский Павел (1896-1978), шоири рус, мутарҷими осори шоирони муосири тоҷик.

8.Аполинер Гийом (1880-1918), шоири австриягӣ, мутарҷими осори шоирони классикии форс-тоҷик.

9.Боденштедт Фридрих (1819-1892), нависандаи немис, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

10.Бородулин Ригор (1935), шоири белорус, мутарҷими осори шоирони классик ва муосири тоҷик.

11.Врхлитский Ярослав (1853-1912), шоири чех, мутарҷими осори классикии форс-тоҷик.

12.Гавронский Анзей (1865-1927), шоири поляк, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

13.Грибнев Наум (1921-1988), шоири рус, мутарҷими осори адибони классик ва муосири тоҷик.

14.Дезирон Эмил (соли тав. ва ваф. номаълум), шоири белгӣ, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

15.Изтилеутов Турмағамбет (1882-1939), шоири қазоқ, мутарҷими "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ.

16.Кабур Борис (1917-1996), нависандаи эстон, мутарҷими осори адибони муосири тоҷик.

17.Каалеп Айн (1926), шоири эстон, мутарҷими осори адибони классик ва муосири тоҷик.

18.Козалис Анри (1840-1909), шоири фаронсавӣ, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

19.Козловский Яков (1921-1998), шоири рус, мутарҷими осори адибони классик ва муосири тоҷик.

20.Корнеев Сергей (1937), шоири рус, мутарҷими осори адибони муосири тоҷик.

21.Лафонтен Жак (1621-1695), шоири фаронсавӣ, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

22.Левик Вилгелм (1907-1982), шоири рус, мутарҷими осори адибони классик ва муосири тоҷик.

23.Лозинский Михаил (1886-1955), шоири рус, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

24.Милвула Абевил (1782-1816), шоири фаронсавӣ, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

25.Милев Иордан (1933), шоири булғор, мутарҷими осори адибони классик ва муосири тоҷик.

26.Полотнюк Ярема (1935), шоири украин, мутарҷими осори адибони классик ва муосири тоҷик.

27.Сегерс Пер (1906-1991), шоири фаронсавӣ, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

28.Фисҷералд Эдуард (1809-1883), шоири англис, мутарҷими осори адибони классикии форс-тоҷик.

29.Фучик Юлиус (1903-1943), нависандаи чех, муаллифи очеркҳо оид ба Тоҷикистон.

30.Ясенский Бруно (1901-1941), нависандаи поляк, муаллифи романи "Одам пӯсташро дигар мекунад" (оид ба воқеъаҳои солҳои 30-ум дар Тоҷикистон).

Намояндагони илм

а) илмҳои гуманитарӣ (шарқшиносон, муаррихон, бостоншиносон, мардумшиносон.

31.Белинитский Александр (1904 -1993), муаррих ва бостоншиноси рус, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

32.Бертелс Евгений (1890-1957), шарқшиноси рус, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

33.Бечка Иржи (1915-2004), шарқшиноси чех, муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷик.

34.Комиссаров Даниил (1907-2009), шарқшиноси рус, муҳаққиқи адабиёти муосири тоҷику Эрон, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

35.Маршак Борис (1933-2006), бостоншинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

36.Окладников Алексей (1908-1981), муаррих,Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

37.Писарчик Антонина (1907-1999), мардумшинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

38.Расторгуева Вера (1912-2000), забоншинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

39.Розенфелд Анна (1910-1997), шевашинос, тарҷумон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Ибни Сино.

40.Толстов Сергей (1907-1975), муаррих, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

41.Фрейман Александр (1879-1968), забоншинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон

42.Ампер Жак (1800-1864), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик, хоса "Шоҳнома".

43.Алберри Артур (1905-1969), шарқшиноси англис, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик.

44.Арле Шарл (1832-1899), шарқшиноси белгӣ, муҳаққиқи Авасто, зардуштия.

45.Бартолд Василий (1867-1930), шарқшиноси рус, академик, муаллифи очерки таърихии "Тоҷикон" ва дигар таълифот.

46.Бейли Гаролд (1899-1991), шарқшиноси англис, муҳаққиқи Авасто, зардуштия.

47.Боголюбов Михаил (1918-2010), шарқшиноси рус, академик, муҳаққиқи забони суғдӣ.

48.Бойс Мару (1920), шарқшиноси англис, муҳаққиқи Авасто, зардуштия, дастнависҳои  монӣ.

49.Браун Эдуард (1862-1926), шарқшиноси англис, муҳаққиқи адабиёт ва маданияти форс-тоҷик.

50.Брентес Бурхард (1929), шарқшиноси немис, муҳаққиқи маданияти қадими форс-тоҷик.

51.Валенбург Рене (1769-1806), шарқшиноси австриягӣ, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик.

52.Гелднер Карл (1852-1929), шарқшиноси немис, муҳаққиқи "Авасто".

53.Гобино Жозеф (1816-1882), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқи тамаддуни Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон.

54.Дармстетер Шарл (1822-1883), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқ ва мутарҷими адабиёти классикии форс-тоҷик.

55.Дрезден Марк (1911-1998), шарқшиноси амрикоӣ, муҳаққиқи мифологияи Эрони қадим, адабиёти суғдӣ, форсии қадим.

56.Дюперрон Анкетил (1731-1805), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқи "Авесто".

57.Зелеман Карл (1850-1916), шарқшиноси рус, муҳаққиқи забон ва адабиёти форсии қадиму миёна.

58.Зарубин Иван (1881-1965), шарқшиноси рус, муҳаққиқи забонҳои эронӣ.

59.Ито Гико (1909-1993), шарқшиноси ҷопонӣ, муҳаққиқи "Авасто", матнҳои форсии миёна.

60.Кабидзе Давид (1906-1991), шарқшиноси гурҷ, муҳаққиқи адабиёти классикии форс-тоҷик.

61.Корбен Анри (1903-1978), шарқшиноси фаронсавӣ, муҳаққиқи фалсафаи зардуштия, маданияти форси қадим.

62.Кристенсен Артур (1875-1945), шарқшиноси даниягӣ, муҳаққиқи тамаддуни Эрони бостон, адабиёти классикии форс-тоҷик.

63.Лоренс Манферед (1929), тоҷикшиноси немис.

64.Нетсер Амон (1934), шарқшиноси яҳудӣ, муҳаққиқи забон ва адабиёти классики форс-тоҷик.

65.Поло Марко (1254-1324), сайёҳи итолиявӣ, дар бораи мавқеъи ҷуғрофии Осиёи Миёна маълумот додаст.

66.Рипка Ян (1886-1968), шарқшиноси чех, муҳаққиқи мероси адабии мардуми эрониасл.

67.Фрай Ричард (1920), шарқшиноси амрикоӣ, муҳаққиқи тамаддуни қадимаи мардуми эрониасл.

68.Шишов Александр (1860-1936), муаррихи рус, муаллифи китоби "Тоҷикон" (1910).

б) намояндагони илмҳои табиӣ (география, геология, кишоварзӣ, ботаника, геохимия, тиб).

69.Агаханянс Окмир (1927-2002), геоботаник, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

70.Бончковский Флавий (1904-1986), хокшинос, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

71.Григорев Юрий (1905-1989), ботаник, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

 72.Губин Игор (1906-1987), геолог, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

73.Жуков Артём (1896-1961), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

74.Иоффе Владимир (1897-1975), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

75.Канаш Сергей (1896-1981), селексионер, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

76.Котс Яков (1899-1973), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

77.Морковский Александр (1900-1986), геолог, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон. 

78.Мясников Александр (1908-1965), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

79.Пенсик Александр (1903-1984), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

80.Паришкура Николай (1909-1984), селексионер, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

81.Тишенко Иван (1914-1979), селексионер, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

82.Ясвоин Григорий (1898-1969), тиб, Ходими Шоистаи Илми Тоҷикистон.

83.Баранов Павел (1892-1962), ботаник, асосгузори Стансияи биологии Помир.

84.Корженевский Николай (1879-1958), географ ва геоботаник, таҳқиқгари табиати Тоҷикистон (обҳо, қуллаҳо, пиряхҳо).

85.Коровин Евгений (1891-1963), ботаник, таҳқиқгари набототи Тоҷикистон.

86.Попов Владимир (1907-1989), геолог, таҳқиқгари сарватҳои зеризаминии Тоҷикистон.

87.Пржевалский Николай (1893-1888), сайёҳ, географ, таҳқиқгари зоология ва минералогияи Осиёи Миёна.

88.Романовский Геннадий (1830-1906), геолог, муҳаққиқи маъданҳои Осиёи Миёна.

89.Северсев Николай (1827-1885), зоогеограф, таҳқиқгари табиати Осиёи Миёна.

90.Семёнов-Тяншанский Пётр (1827-1914), геоботаник, таҳқиқгари олами набототу  ҳайвоноти Осиёи Миёна.

91.Федченко Алексей (1844-1873), табиатшинос, таҳқиқгари олами набототу ҳайвоноти водии  Зарафшон.

92.Федченко Борис (1872-1947), ботаник, таҳқиқгари растаниҳо ва пиряхҳои Тоҷикистон.

93.Федченко Олга (1845-1921), ботаник, таҳқиқгари набототи Осиёи Миёна.

94.Ферсман Александр (1833-1945), геохимик ва минералог, таҳқиқгари маъданҳои Осиёи Миёна.

Намояндагони фарҳанг

95.Беляев Виктор (1888-1968), мусиқишинос, муҳаққиқи "Шашмақом", дорандаи  ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

96.Бибиков Борис (1900-1986), режиссёри театр, Ходими Шоистаи Ҳунари Тоҷикистон.

97.Ватаев Бимбулат (1935-2002), киноактёр, дорандаи ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

98.Пижова Олга (1894-1972), режиссёри театр, Ходими Шоистаи Ҳунари Тоҷикистон.

99.Абдураҳмонов Фуод (1915-1971), ҳайкалтароши озар (муҷассамаи Рӯдакӣ  дар Душанбе, муҷассамаи Айнӣ дар Маскав).

100.Консел Владимир (1896-1988), режиссёри театр, устоди актёрони тоҷик.

 Мураттибон: Ёр Муҳаммади Ҷамил Валиев,

Кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi