03:46:45 28-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нимаи дуюми рӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

jalasai-hukumat-1232568945Дар маҷлиси навбатии Ҳукумат нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шуд. Насиб Каримов Роҳбари муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим, Исмонқул Шоқулов Директори иҷроияи Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳо ва Умеда Воҳидова Роҳбари Муассисаи давлатии маркази татбиқи лоиҳаи сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо таъин гардиданд. Амонулло Саъдуллоев Муовини раиси Ширкати саҳомии холдингии кушодаи Барқи Тоҷик таъин карда шуд.

Аъзои нави ҳайати мушовараи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии таъмини амволи махсус ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо тасдиқ карда шуд.

Сипас ҳисоботи Раиси ноҳияи Ғончии вилояти Суғд шунида шуд. Аз ҷумла бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки майдони кишти картошка дар солҳои истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар ин ноҳия аз 314 гектари соли 1991 дар соли 2014 қариб ба 4 ҳазор га расонда шудааст. Шумораи соҳибкорони хусусӣ бошад, аз 123 нафари соли 2000 ҳоло ба зиёда аз 1400 нафар расидааст.

 Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва ноҳия вазифадор карда шуданд, ки Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Ғончиро барои солҳои 2016-2020 таҳия намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ба роҳбарияти ноҳия ҳамчунин доир ба бартараф намудани камбудиҳо дар соҳаи коргузорӣ ва қонуншиканиҳо ҳангоми тақсими қитъаҳои замин ба аҳолӣ барои бунёди манзил супоришҳои мушаххас дода шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи назорати содирот” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” ва “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” пешниҳод гардид.

Нақшаи амал оид ба таъсиси корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 тасдиқ карда шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, роҳҳои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - таъмини истиқлоли энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ ва баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсиониро мавриди таҳлилу баррасӣқарор дода, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт. Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагӣ ба зимистон, захира кардани маводи ғизоӣ ва омодасозии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба мавсими сармо дода шуд.

Манбаъ: http://president.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi