ҶАЛАСАИ ВАСЕИ ШЎРОИ АМНИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шўрои амнияти мамалакат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи васеи Шўрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи васеи Шўрои амният роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ ва сардорони раёсатҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони мақомоти назди Президент ва ҳукумати мамлакат, фармондеҳони навъҳои қўшунҳо, комиссарони ҳарбии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, командирони дивизия, бригада полкҳо ва дигар қисмҳои ҳарбӣ, сардорони отрядҳои сарҳадӣ, муассисаҳои ислоҳӣ, роҳбарон ва кормандони масъули дастгоҳи Шўрои амният ва шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардорони муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбӣ иштирок намуданд.
Дар қисмати аввали ҷаласа роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот доир ба корҳои анҷомёфта дар мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои вазнини созмонёфта, ҳаракатҳои террористию ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дар маҷмуъ ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳаёти осудаи мардуми кишвар ва ҳамчунин нақшаҳои минбаъдаашон ҳисобот доданд.
Аз ҷумла ҳисоботи Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Фаттоҳ Саидов, Вазири корҳои дохилӣ Абдураҳим Қаҳҳоров, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев, Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Раҷабалӣ Раҳмоналиев, Муовини вазири адлия - Сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ Иззатулло Шарипов, Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Рустам Назаров, Муовини раиси Кумитаи ҳолатаҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Абдусаттор Хушвахтов, Раиси Суди олӣ Нусратулло Абдуллоев, Раиси Шўрои адлия Зафар Азизов, Раиси суди олии иқтисодӣ Амирхоҷа Ғоибназаров ва дигарон шунида шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии ҷамъбастии худ, натиҷаҳои кори сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва тамоюлоти кунунии иҷтимоӣ-сиёсӣ ва ҳуқуқии кишварро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода, дар назди мақомоти марбута вазифаҳои мушаххас гузошт. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷўҳ ба вазъи кунунӣ дар бисёр минтақаву кишварҳои ҷаҳон, ки ба низоъҳои дохилӣ ва амалҳои даҳшатовари террористӣ рў ба рў гаштаанд ва афзоиши таҳдид ба амният ва сулҳу суботи аҳолии сайёра андешидани чораҳои муассирро зарур шуморид.
«Дар чунин шароит зарур аст, ки ба хотири баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи оромиву суботи ҷомеа тамоми чораҳои таъхирнопазир андешида шаванд» - изҳор намуд Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат таъкид дошт, ки «пешрафти ҳар як соҳаи ҳаёти ҷомеа ва давлат, инчунин устувории низоми давлатдорӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон ба пойдории сулҳу субот дар кишвар марбут мебошад ва таъмини ин раванд, пеш аз ҳама, ба сатҳу сифати фаъолияти ҳайати шахсӣ ва тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ ва иҷрои бомасъулияту содиқонаи вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби онҳо вобастагии бевосита дорад».
Бо ёдоварӣ аз ғамхории роҳбарияти давлат ба сохторҳои мазкур ва ҳайати шахсии онҳо зикр гардид, ки «ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, таъмин намудани онҳо бо биною иншоот ва техникаю лавозимот, инчунин баланд бардоштани вазъи иҷтимоии кормандони онҳо ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ин самт ҳамаи чораҳои имконпазирро андешида истодааст». Дар суханронӣ изҳор гардид, ки «давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон тарбияи кадрҳои низомӣ ва бо мутахассисони дорои сатҳи баланди касбӣ ва аз лиҳози маънавию ҷисмонӣ обутобёфта таъмин намудани сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мешуморад. ҳамчунин, ба хотири таъмини фаъолияти муназзам ва мўътадили ин сохторҳои давлатӣ тамоми заминаи ҳуқуқии фаъолияти онҳо дар сатҳи зарурӣ фароҳам оварда шудааст».
«Вале бо вуҷуди ин, - бо нигаронӣ изҳор дошт Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон - вақтҳои охир вазъи ҷинояткорӣ дар кишвар хеле мураккаб шуда, хусусан амалҳои муташаккили мусаллаҳи террористӣ дар минтақаҳои алоҳида, ки хусусияти махсусан бераҳмона ва даҳшатнок доштанд, боиси нооромӣ ва халалдор гаштани ҳаёти осоиштаи мардум гардиданд». Бо дарназардошти чунин вазъ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишварро ҳамчун мақомоти ваколатдори давлатӣ вазифадор намуд, ки «шароити баамаломадаро мавриди омўзиш ва таҳлили амиқ қарор дода, сабабу омилҳои бавуҷудорандаи онҳо, камтаъсир ва камсамар будани чораҳои андешидаи мақомоти дахлдорро барои пешгирӣ ва мубориза бо ин омилҳои номатлуб муайян намуда, ҷиҳати бартараф намудани онҳо ва самарабахш гардидани фаъолияти худ чораҳои бетаъхир андешанд».
Ба андешаи Сарвари давлат яке аз сабабҳои вазъияти ташвишовари баамаломада ин «муносибати сарсарӣ, фориғболона ва хунукназаронаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии кишвар дар иҷрои вазифаҳои хизматии ба зиммаашон қарордошта ва то андозае паст гардидани ҳисси масъулиятшиносии онҳо мебошад, ки гурўҳҳои ҷиноятпеша ва қувваҳои носолими ҷомеа аз чунин ҳолат истифода намуда, даст ба амалҳои террористӣ, кушторҳои ваҳшиёна ва амалӣ намудани мақсадҳои душманони миллату давлат зада истодаанд». Президенти мамлакат, Раиси Шўрои амният Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҳарбӣ, сатҳи касбӣ, ҳушёрии сиёсӣ ва сифати тарбияи кадрҳоро «ташвишовар» маънидод карда, дар рўҳияи хизмати содиқона ба Ватан ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар сафҳои сохторҳои низомӣ ва идоракунии ҳарбӣ обутоб додани онҳоро таъкид намуд.
«Роҳбарони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакатро ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ вазифадор месозам, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оперативию ҷустуҷўӣ бо тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолият тамоми чораҳои заруриро андешида, такмили донишу маҳорати оперативии ҳайати шахсӣ ва таҳкими робитаи онҳоро бо аҳолӣ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷинояткорӣ таъмин намоянд», - таъкид дошт Президенти мамлакат. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба таҳлилҳои амиқи худ зикр намуд, ки “нишонаҳои аввалини таҳдид ва ё ба вуқўъ пайвастани аъмоли ҷинояткорона аз ҷониби масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии мамлакат воқеъбинона, сари вақт ва дуруст арзёбӣ карда намешаванд. Дар натиҷа якчанд ҷиноятҳои махсусан вазнине, ки моҳҳои охир аз ҷониби гурўҳҳои муташаккили ҷиноятпеша содир гардиданд, пешгирӣ карда нашуданд”.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуд, ки “маҳз барои безарар гардонидани қувваҳои ҷиноятпеша мо ҳанўз 27 сентябри соли гузашта ҷаласаи васеи Шўрои амнияти кишварро доир намуда, дар он тамоми масъалаҳои мавҷуда ва роҳҳои ҳалли онҳо, инчунин вазифаи ҳар як сохтору мақомоти дахлдорро дар шароити баамаломада мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор дода будем”. “Аз ин лиҳоз, - таъкид дошт Сарвари давлат - роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати фармондеҳии сохторҳои низомии мамлакатро зарур аст, ки фаъолияти худро бори дигар мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода, ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва бечунучарои вазифаҳои хизматӣ, ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолият, истифодаи тарзу усулҳои муосири пешгирӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ чораҳои зарурӣ андешанд ва ба масъалаи омодабоши доимии ҷузъу томҳои қувваҳои Мусаллаҳ диққати махсус зоҳир намоянд”.
- Қаблӣ
- Баъдӣ >>