19:28:09 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳ.САЙФУЛЛОҲЗОДА: АГАР ТАМОМИ РОҲҲОИ ФАЪОЛИЯТ БАСТА ШАВАНД ҲАМ…

Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи "Наҷот" ва узви Раёсати олии ҲНИТ субҳи 7-уми феврал дар роҳ ба сӯйи идораи ҳафтанома, тақрибан дар наздикиҳои манзили худ дучори ҳамлаи афроди ношинос қарор гирифт. Ӯро дар ҳолати беҳушӣ ба беморхонаи "Қарияи Боло" оварданд.

sayfullozodaЧанд муддат таҳти муоинаи пизишкон қарор дошт. Аммо ҳодисаи ҳамлаи афроди номаълум ба ҷони як нафар сухангӯ ва қаламкаш сару садоҳои мухталифро ба бор овард. Созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ва роҳбарияти ин ҳизб ин ҳодисаро маҳкум карда, аз мақомот расидагии оҷилӣ ба ин қазияро талаб карданд. Ниҳоят эълон шуд, ки дар иртибот ба ин ҳодиса аз сӯйи мақомоти тафтишотӣ парванда боз шудааст. Чун вазъи саломатии Сайфуллоҳзода беҳбуд ёфтааст, мо бо эшон як сӯҳбате ороста, дар аввал аз расидагии мақомот пурсидем, ки то куҷо дар кушодани асрори ин ҳамла пешрафт кардаанд.

- Бале, дар мавриди қазияи банда аз тарафи додситонии ноҳияи Сино ва гумон мекунам, бо ризоияти Додситонии кулл парванда  боз шудааст. Дар оғоз шӯъбаи корҳои дохилаи ноҳия ин қазияро пайгирӣ мекард, аммо онҳо чандон муваффақ нашуданд ва ба натиҷае ҳам расида натавонистанд. Муфтаттише, ки аз сӯйи прокуратураи ноҳияи Сино ба ин кор муаззаф шуда ва чанд рӯзи пеш  бо ман саволу ҷавоб кард, гуфт, он чизе ки дар даст доштанд, яъне он чанд баёнот дар заминаи сӯҳбати ҳамсояҳоро ба додситонӣ супоридаанд. Ва ин муфаттиш баъди анҷоми пурсиши навбатӣ ва анҷоми таҳияи ҳуҷҷатҳои лозим суол кард, ки чӣ дархосте дорам.

Ман дархост кардам, ки дар аввал бояд он ҳуҷра ва ё хонае, ки даруни он ин ҳодиса рух дод, маълум карда шавад, ки дар ихтиёри кист. Ва дигар чун хонаи мазкур солҳои зиёд баста буд, чӣ тавр ва чаро маҳз дар ҳамон соате, ки  ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, кушода шуд? Баъди чанд рӯз яке аз муфаттишон ҳамроҳи нозири минтақавӣ ба назди ман омаду гуфт, ки «дархости аввали  шумо маълум шуд». Яъне “хонае, ки ин ҷиноят рӯй дод, ба яке аз маскунини бино («дом»)- и рақами 10 (бинои дар шафати бинои мо қарордошта) тааллуқ дорад ва ӯ корманди яке аз ниҳодҳои ҳукуматист.

Аммо мо натавонистем, ки аз вай баёнот гирем, чун ӯ дар сафари хидматӣ дар Хоруғ қарор доштааст.” Пештар ҳам ман медонистам, ки соҳиби ин хона ҳамон нафар аст. Вале барои ман тасдиқи расмии мақомот зарур буд. Ба ҳар сурат, ин як манзили якутоқа дар васати ду бинои ҳамшафат воқеъ буд, ки аз чандин вақт ба ин сӯ истифода намешуд ва дару тирезаашро ҳам қуфл зада буданд. Бо таваҷҷӯҳ ба тарзи баста будани ин хонаи тахмин кардан мумкин аст, ки ба ин кор ҷинояткорон аз ҷавоне истифода кардаанд.

Зеро панҷара ва ё тирезаи он хонаро, ки дар баландии қобили мулоҳиза ҷойгир аст, танҳо афроди ҷавон метавонад бикушоянд ва вориди хона шаванд. Чун хона, тавре худи муфаттишон гуфтанд, аз дохил баста будааст, на тавассути қулф. Таҳлили банда ин аст, ки ҷинояткорон аз кадом нафаре истифода карда, дари ин хонаро пешакӣ кушодаанд. Албатта, ин хулоса ва таҳлили  шахсии ман аст, ки чунин кор метавонад сурат гирифта бошад.

Вале масъаларо бояд аз нигоҳи тафтишотӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти зирабт маълум карда шавад. Аз  ҷумла, асрори ин хонаро маълум кунанд, ки чаро он муддати мадиде дар дасти як корманди ниҳоди ҳукуматӣ бо дари баста буд ва маҳз дар он рӯз дараш боз шудааст? Аҷобат дар он аст, ки вақте дафъатан барои муайян кардани ҷузъиёти масъала ба ҷойи ҳодиса омадаанд, дари хонаро баста дидаанд.

 - Бархеҳо сару садо пароканданд, ки ин кор ҷанбаҳои хусусиву иҷтимоӣ дорад. Ва то ҷое огоҳ ҳастем, дар ифтитоҳи парванда худи Шумо мустақим ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардаед...

- Вақте дар беморхона будаму кормандони  умури дохила омада пурсиш мекарданд, фикр мекардам, ки ин пурсишҳо дар доираи парвандае сурат мегиранд. Вале баъдан аз сӯҳбат бо масъулини ҳизб  фаҳмидам, ки ҳеҷ парвандае дар иртибот ба ҳодисаи мазкур боз нашудааст. Аз ин рӯ, зарур донистем, ки расман парванда боз  ва қазия пайгирӣ шавад. Ва унвонии раҳбарияти шӯъбаи корҳои дохилӣ ва додситонии ноҳияи Сино ариза ирсол кардем. Вақте бо имзои банда ин аснодро ба милиса мебаранд, чун ҳанӯз дар беморхона будам, намояндаи пулис мегӯяд: чӣ зарурат дорад ариза, мо нав аз назди ҳамин одам омадем ва ӯро пурсидем ва мо парванда дорем.

«Зарурати қабул кардани аризаро надорем» гуфтаанд ва аризаро нагирифтанд. Аммо аризаи дигарро дар прокуратураи ноҳия қабул кардаанд, агарчи дар аввал чунин як майле зоҳир накардаанд. Баъдтар, вақте муфаттиши пулис назди ман омад, гуфт, ки ин навбат бо дастури прокурор омадааст. Ва гуфт, ки саволу ҷавоби ӯ бо ман бо дастури додситон сурат мегирад, на аз ҷониби милиса. Аз ӯ пурсидам: тафтишоте, ки Шумо пештар гузаронидед, чӣ шуд, хатм шуд? Гуфт: бале, акнун қазияро прокуратура давом медиҳад.

- Мегӯянд, раиси ҳизб Муҳиддин Кабирӣ низ аз прокурори генералӣ тақозо кардаст, ки қазия ба таври расмӣ пайгирӣ шавад…

- Бале, дар як ҷамъомад раиси ҳизб аз додситони кулл чунин хоҳиш кардааст. Ҷаноби Салимзода гуфтаанд, ки «агар зарур бошад, парванда мекушоем». Вале худи онҳо бо ташаббуси худ ҳеҷ як кадом парвандае накушоданд. Ва Кабирӣ ҳам гуфтааст, ки «хуб аст, парванда бошад ва ҳар чизе ки Шумо маълум кунед, онро қабул дорем». Воқеан, дар атрофи ҳодисаи  сӯхтор  дар ибодатгоҳи наҳзат ҳар гуна сару садоҳо буданд, вале чун ниҳодҳои интизомӣ иллатро расиши  ноқил гуфтанд, қабул кардем. Ва дар иртибот ба ин қазия ҳам ҳар чизе, ки бигӯянд, қабул дорем, ҳатто агар бигӯянд, ки дар роҳ Сайфуллозода ба девор бархӯрд ва ё пешпо хӯрду ба замин афтиду сараш лат хӯрдааст. Яъне манзур ин аст, ки бояд ниҳодҳои ҳифзи қонун ҳарфи худро дар робита ба ин қазия бигӯянд.  

-Яъне қазия хусусӣ ва ё маишӣ набуд?

-Дар аввал, чӣ хеле дар беморхона иттилоъ ёфтам, тамоми наздикону хешовандони маро таҳти пурсиш қарор додаанд. Ҳатто як хоҳарзодаи маро бисёр фишор овардаанд, ки «шумо худатон ин корро кардаед, ҳеҷ каси дигар ин ҷо гунаҳкор нест». Ман ба муфаттиш гуфтам: оне ки бо наздикони ман чунин муомила кардааст, кори ӯ айни ҷиноят аст.

Бале, тамоми паҳлӯҳои зиндагии банда мавриди таҳқиқ қарор гирифтанд, ҳатто қарздор будани ман аз касе. Вале дар ниҳоят чизе дар ин заминаҳо наёфтаанд. Бори охир, ки сӯҳбати банда бо мақомоти тафтишотӣ дар беморхона сурат гирифт, дар атрофи сӯҳбатҳои матбуотӣ буд. Агар ин ҳодиса вобаста ба зиндагии хонаводагӣ мебуд, чаро ман расман ариза навиштаму дархости таҳқиқ ва хостори боз кардани парванда шудам?

- Чаро таваҷҷӯҳи хориҷиҳо ба қазияи Шумо бештар шуд?

- Дуруст гуфтед, ки созмонҳои байналмилалӣ ва корпусҳои дипломатӣ дар мавриди ин қазия таваҷҷӯҳи зиёд доштанд ва изҳоротҳо нашр карданд. Барои банда, ки соҳиби мақоми баланде дар ҳизб нестам, ин ҳама  аз як сӯ ҷойи ифтихор ва аз сӯйи дигар як навъи дастгирии маънавист. Бахусус изҳоротҳое, ки аз тарафи сафорати ИМА, намояндагиҳои САҲА ва Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон ва вокуниши ёвари вазири хориҷаи ИМА Роберт Блейк, ки тавассути расонаҳо низ пахш шуд, аз лиҳози равонӣ ба ман кӯмак карданд.

Онҳо дар ин изҳоротҳо ошкоршавии ин қазия ва огоҳ кардани ҷомеаро аз натиҷаи он талаб кардаанд, ки гумон мекунам, ба ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад буд. Дар беморхона намояндаи САҲА дар Тоҷикистон, мушовири сиёсии сафорати Амрико ба аёдати банда омаданд ва намояндаи  Иттиҳодияи Аврупо тавассути телефон аз аҳволи ман пурсон шудааст. Ва ахиран, сафири Амрико дар Тоҷикистон ба манзили банда ташриф оварда аз қазия наздиктар огоҳ шуд.

Баъдан огаҳӣ пайдо кардам, ки ин қазия дар сӯҳбати миёни намояндагони ИА ва вазири умури хориҷа Ҳамрохон Зарифӣ матраҳ шудааст. Ва то ҷое огоҳ шудам, намояндаи Вазорати умури хориҷа аз қавли Вазорати умури дохила гуфтааст, ки гумонбар ҳаст, вале ҳоло касе боздошт нашудааст. Чанд  рӯз пеш гурӯҳе аз намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, ки ба Душанбе омада буданд, бо роҳбарияти ҲНИТ низ дидору мулоқот доштанд.

Ва дар ин мулоқот ҳам ҳодисаи бо ман рухдода матраҳ буд ва як масъули баландпояи Иттиҳоди Аврупо ва намояндаи ин иттиҳод  дар Тоҷикистон гуфтанд, ки онҳо масъаларо бо вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар миён гузошта, ҳалли сареъи онро тақозо кардаанд. Ин ҳама баёнгари онанд, ки ин созмонҳо ва аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯби ҳамкориҳояш бо кишвари мо масъалаи ҳимоят аз ҳуқуқуи башар ва риояти онро дар баробари авлавиятҳои худ қарор медиҳад. 


-Хуб, умед мебандем, ки тафтишот қазияро ошкор хоҳад кард, вале ҳоло биёед, сӯҳбатро дар иртибот ба масоили ҲНИТ идома диҳем. Ҳоло дар бархе аз расонаҳо масъалаи баста шудани ҲНИТ дар ояндаи наздик матраҳ мешавад ва эҳсос мешавад, ки ҷамъе ҳам барои иҷрои ин кор дасту остин барзадаанд...

sayfullozoda- Масъалаи бастани ҲНИТ ҳарфи наве нест, балки муносибати норӯшан бо ҳизб  ва фаъолияти он аз соли 1997 инҷониб вуҷуд дорад. Бархе аз афрод дар ҷомеа то ҳанӯз дар банди гумонҳои мухталифанд, ҳатто баъзеҳо фаъолияти ҲНИТ-ро ба таври ғайрирасмӣ мефаҳманд. Барои мисол, вақте нашрияи “Наҷот”-ро аз як дӯкондоре хоҳиш кардем, ки фурӯшад, гуфт: биё, мон, тинҷ гардем, газетаи Шумо ғайрирасмист, онро чӣ тавр фурӯшам? Ҳавасманди тарвиҷи ин гуна афкор  асосан доираҳои хосе дар долонҳои ҳукуматӣ ҳастанд.

Вақте дар васоити ахбор ҷумлае ба маънои бастани ҲНИТ аз забони нафаре пайдо мешавад ва он ҷумла дар сарлавҳа қарор мегирад, ин аллакай он маъноро дорад, ки ҳарфи гуфтаи як нафар дар қалби дигаре нуҳуфтааст. Вале ӯ ё ҷониби дигаре онро ошкор гуфта наметавонад. Дар гуфтаҳои Бозор Собир даҳҳо ва садҳо ҳарфи дигаре ҳам буд. Аммо он қисмати сӯҳбати ӯ, ки мегуфт, наҳзатро бубанданд, сарлавҳа дар нашрия қарор гирифт ва дар пай дастурҳои дигаре ҳам содир шуд, ки дар нашрияҳои расмии ноҳиявӣ ва вилоятӣ он бознашр шавад, то ҷомеа гӯё огоҳии бештар пайдо кунад ва ҳамзамон фазо сохта шавад, ки ин ҳизб  ғайриқонунӣ аст.

Яъне фазоро тавре бояд сохт, ки дар як ноҳия нашуд, дар ноҳияи дигаре  мардуме дархост кунанд, ки аслан мавҷудияти ин ҳизб зарурат надорад. Аммо бояд бигӯям, ки ин гуна фазосозиҳо ҳама бепояанд. Чунки арзи вуҷуди Наҳзати Исломи Тоҷикистонро даҳ ва ё понздаҳ сол нашудааст, наздик ба чиҳил сол аст, ки ин ҳаракат пинҳону ошкоро фаъолият кардааст ва дар тамоми қишрҳои мухталифи ҷомеа афкори он ҷойи хешро доранд, албатта, ба ҳар тарзе. Рақибони сиёсӣ эътироф доранд, ки чунин як ҳизбе ҳаст, чунин равия ва ақидае вуҷуд дорад.

Ва дӯстоне низ ҳастанд, ки барояшон мавҷудияти чунин як ҳаракат эътимодбахши афкори онҳост ва умед аз он  доранд, ки имрӯз агар ин ҳарфи онҳо пиёда намешавад, иншоаллоҳ, рӯзе мерасад, ки он амалӣ мешавад ва бо ин умед сафи онҳо рӯз ба рӯз афзоиш меёбад. Афзоиш ёфтани сафи ҳизб ва ҷонибдорони он дар интихоботи ахири парлумонӣ ҳувайдо шуд. ҲНИТ дар он ширкати шоиста дошт ва мардум низ ба таври густарда аз ҳизб дастгирӣ карданд.

Онҳое, ки дар ҳавза ва участкаҳои интихоботӣ аъзо буданд, имрӯз иқроранд, ки аслан ҲНИТ ғолиб омада буд. Вале воқеиятро тавре сохтаанд, ки мо наметавонем инро бигӯем. Вақте авзоъ ва афкори ҷомеа чунин аст,  бозиҳои сохта ва бозингарони хасакӣ, ки мехоҳанд фазои номуносиб барои ҳизб бисозанд, бо мадади Худованд баръакс сурат мегиранд.

Ҷуз хатаре, ки ҳанӯз худораҳматии устод Нурӣ дар замонаш ба он таъкид мекард ва он ҳам пайдо кардани ихтилоф дар дохили ҳизб аст, дигар ҳеҷ хатаре ба фаъолият ва мавҷудияти ҲНИТ таҳдиди наменамояд. Агар он ҷониб битавонад дар дохили ҳизб ихтилоф ба вуҷуд орад ва бо ин васила фаъолияти онро коҳиш бидиҳад, ин метавонад таъсиргузор бошад.

- Ин гуна хатар вуҷуд дорад?

-Дар дохили ҳизб ихтилоф вуҷуд надорад,  вале аз паҳлӯ ин гуна ҳарфҳо шунида мешавад, ки гуё чунин бошад. Эҳтимол аз баъзе баҳсҳои дохилӣ доираҳои бозингар барои худ “таҳлил”-е дуруст мекунанд ва ё афродеро талқин мекунанд, ки чунин ҳарф зананд, то он бештар шавад. Ба ҳар ҳол, дар мавриди ин гуна бозиҳо маълумоти дақиқ мавҷуд нест, вале рад карда намешавад, ки ин гуна корҳо аз берун ҷой надошта бошанд.

Банда ҳамчун як таҳлилгаре, ки солҳои тӯлонӣ дар ҳизб кор кардаам, бар ин назарам, ки дидгоҳ ва назари афрод дар дохили як ташаккул  наметавонад ягона ва якхел бошад. Онҳо мутафовитанд, ҳатто метавонанд назарҳо  бо ҳам зид бошанд. Аммо дар масоили усулӣ, вақте Шӯрои сиёсӣ ва ё роҳбарияти ҳизб тасмим мегирад, дар онҷо дигар ихтилоф вуҷуд нахоҳад дошт. Тасмим гирифта мешавад ва ҳама дастҷамъона  пайи иҷрои он мешаванд.

- Шояд ҳадаф бастани ҲНИТ бошад. Яъне то интихоботи навбатӣ дар Тоҷикистон... 

- Бале, чунин доираҳои ҳавасманд ҳастанд, ки мехоҳанд ҲНИТ-ро баста бинанд. Ва маҳз ин гурӯҳҳо ҷӯёи ихтилофанд. Инҳо ҳастанд, ки фазо месозанд. Гӯё дар интихоботи соли 2013 аз ҳизбҳои мухолиф, эҳтимоли бештар ба ҲНИТ медиҳанд, ки нафаре довталаби курсии президентӣ мешавад ва интихоботро гарм месозад. Аммо ҲНИТ борҳо эълон доштааст, ки дар интихоботи президентӣ  бо номзади хеш ширкат карданӣ нест. Ҳоло то интихобот фурсати кам ҳам нест, вале ин гуна овозаҳо моро водор карданд, ки роҳбарияти ҳизб дар баробари он мавқеашро муайян карда гӯяд, ки ҲНИТ ба интихоботи соли 2013 аслан таваҷҷӯҳ надорад, таваҷҷӯҳи мо ба интихоботи ояндаи парлумонӣ аст.

Агар ин гуна доираҳо ҳарос доранд ва ё гумон мебаранд, ки ин гуна номзад пайдо мешавад, пас донанд, ки ҲНИТ гармкунандаи интихоботи президентӣ наметавонад бошад. Дар интихоботи президентӣ ҳамчун як ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад,  вале на бо номзади худ. Банда ба ин боварам, ки интихоботи президентӣ тибқи воқеияти имрӯзи ҷомеа, яъне ҳамин тарзе ҳаст, баргузор мешавад. Ҳеҷ ихтилофи ҷиддие дар раванди интихоботи президентӣ наметавонад бошад, ҷуз ҳамон номзадҳои киссагие, ки барои рақобати интихоботӣ сохта мешаванд.

- Бархеҳо мегӯянд, ки  Кабирӣ тавонист дар раъси ҲНИТ дар маъракаи интихоботи парлумонӣ ҳам худ ва ҳам ин ҳизбро муаррифӣ кунад, ки барои мақомдорон боиси нигаронӣ шуд. Ва ин амр Кабириро маҷбур кард, пешакӣ гӯяд, ки муддаӣ ба мансаби олӣ намебошад. Яъне акнун ин ба он маъност, ки майдон боз ҳам холӣ гузошта мешавад?

 - Он гуна ки дар бораи ҳизб гуфтем, дар мавриди роҳбари он низ чунин аст, ки ҳассосияти ин доираҳо нисбати ин шахсият боз бештар шудааст. Интихоботи соли 2010-ро ин доираҳо сабқати муқаддамотии ҳизб зери раёсати Кабирӣ барои интихоботи баъдӣ тасаввур карданд. Гумон карданд, ки Кабирӣ интихоботи соли 2010-ро барои интихоботи соли 2013 ҳамчун саҳнаи таҷриба истифода кард, яъне Кабирӣ худашро матраҳ кард. Чаро онҳо чунин гумон карданд ва чӣ далел доштанд?

Масалан, вақте аксҳои таблиғотии ҳизб мунташир ва акси Кабирӣ дар танҳоӣ ҳамчун раиси ҳизб паҳн карда шуданд, аз ин гуна корҳо онҳо хулоса бароварданд, ки ин ҳама омодагиҳо барои интихоботи соли 2013 аст. Аммо ин як усул ва фарҳанги мубориза аст. Чаро ҲХДТ аз акси раиси худ дар ин маърака истифода карда метавонад, ҳарчанд ки ӯ Президент аст,  вале аз акси раиси ҲНИТ бадашон меояд? Аз ин набояд дар ташвиш шуд. Ба ҳар сурат, фазои интихоботии соли 2010 барои бисёре аз доираҳо ғайричашмдошт ба назар расид. Яъне онҳо интизор надоштанд, ки бо усул ва услубҳои нав ва пешрафта ҲНИТ дар интихобот ширкат мекунад. Ин ҳама Кабириро водор кард, эълон кунад, ки ҳеҷ даъвое ба ягон мансаб дар ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистонро надорад.

- Баъзе аз коршиносҳо тарҷеҳ медиҳанд, ки ҲНИТ намебуд, беҳтар мебуд, вале акнун, ки ҳаст, набояд ҳастии ӯро ба баҳс кашид. Вагарна баста шудани он  як бӯҳронеро ба бор хоҳад овард… 

- Бале, вуҷуди  ҳизб аз рӯзи пайдоиш ва то бо ҳамин ҳоло мавриди баҳс аст. Агар сиёсатшинос масъаларо чунин мебинад, пас аз ин бармеояд, ки дар муҳити корӣ ва фазои андешаи ӯ ва ё фазои андешаҳое, ки ӯ даруни он аст, чунин мушкил вуҷуд доштааст. Ва ӯ маҷбур шудааст, бигӯяд, ки «хуб мебуд, ҲНИТ намебуд» ва дар ин сурат, ба худи ӯ низ мушкилӣ пеш намеомад. Вале акнун ки ҳаст, бояд иқрор кард ва набояд бо ин ҳизб душманӣ варзид. Бигзор, рақобати сиёсӣ бошад, аммо душмантарошӣ ва сиёҳу сафедсозиҳо набояд бошад.

Мушкилии имрӯзаи бархе аз доираҳо ва таҳлилгарони ноогоҳ ин аст, ки аҳзоб ва андешаи дигарро ба сифати душмани давлат талаққӣ мекунанд. Чунин масъала дар фарҳангу тафаккури нухбагони сиёсии мо низ ҷо дорад. Вале ин тарзи муносибат дуруст ва аз рӯйи инсоф нест, ки як нафар ҳарфи мухолиф гуфт, ӯро душман шиносӣ. Шояд ман ва ё нафари дигар ва ё ҳизбу созмоне мухолифи тасмим, дастур ва ё қарори ҳукумат ва ниҳоде аз ҳукумат сӯҳбат кардаем, аммо ин на ба он маъност, ки мухолифи давлат бошем.

Ҳизби сиёсӣ, хоҳ мухолиф бошад ё хоҳ мувофиқ, ҳеҷ гоҳ дар низоми давлатдорӣ зидди давлати худ буда наметавонад ва ҲНИТ ҳам дар ин миён истисно нест. Ҳизб мехоҳад бо дидгоҳ ва назари худ давлати миллиашро боз ҳам нерӯманд ва тавоно бубинад. Пас, он коршинос ва ҳар коршиноси дигари безобита ва бетоқатшуда ба воқеият тан доданро фаромӯш накунад ва ин ки ҲНИТ воқеияти ин миллат ва ин давлат аст, нуктае бебаҳс аст. Набояд фаромӯш кард, ки на танҳо дар Тоҷикистон, Осиёи Миёна ва собиқ шӯравӣ, балки дар саросари ҷаҳон шумори ками аҳзоби сиёсиро метавон пайдо кард,  ки чун ҲНИТ барои худ, ормонҳои худ ва ҳифзи ҳузури худ мубориза карда аз сангинтарин озмоишҳои дохиливу берунӣ бо сари баланд берун омада бошад.


- Дар солҳои 2008-2009 иртиботи давлатдорон бо диндорон то дараҷае пешрафт кард. Масалан, дар Соли бузургдошти Имоми Аъзам чунин сару садоҳое паҳн шуданд, ки дигар ҳукумат ба истилоҳ силоҳ ва абзору асбоби ҲНИТ-ро гирифт ва ҳатто интизориҳо мерафт, ки ҷаноби президент рӯзе дар масҷиди бузурге имоматӣ ҳам мекунад ва дигар зарурат барои ҲНИТ намондааст. Аммо имрӯз баръакс, мегӯянд, ки ин ивазшавӣ дар пайи омадани чанде дар ниҳодҳои марбут ба дин аст. Шумо чӣ мегӯед?

sayfullozoda - Ман аз посух додан ба қисмати ахири суол оғоз мекунам. Воқеан, дар тасмимгириҳои алоҳида онҳое, ки дар мақомоти  марбута, аз ҷумла дар Кумитаи дин, Маркази исломӣ ва Вазорати маориф масъулиятҳои асосиро  дар даст доранд, таъсир мегузоранд. Инҳо фазосозандаи чунин тасмимҳо ҳастанд. Яъне инҳоянд, ки мегӯянд, муҳити динӣ чӣ гуна аст ва ину он рӯҳонӣ чӣ касест ва чаро ҲНИТ масоили диниро дунболагирӣ мекунад. Инҳо масоилро аз дидгоҳи худ таҳлил ва матраҳ мекунанд ва аз инҷост, ки  тасмимҳо тавре гирифта мешаванд, ки хилофи вазъияти соли 2008-2009 аст.

Албатта, ман баъид медонам, ки як рӯз Эмомалӣ Раҳмон ба сифати имом зуҳур мекунад,  вале чунин пешгӯиҳо ҳоло ҳам ҷой доранд. Ҳатто  фикрҳое буданд, ки Тоҷикистон рӯзе ҷумҳурии исломӣ мешаваду бисёриҳо бехабар мемонанд. Ва вақте ки Соли Имоми Аъзам эълон  шуду симпозиуми байналмилалӣ  баргузор гардид, гуфтанд, ки ҳамаи корҳоро ҷиҳати рушди Ислом ва арзишҳои исломӣ давлат карда истодааст, пас, чӣ зарурат аст ба мавҷудияти ҲНИТ? Яъне доираҳои алоҳида ҲНИТ-ро танҳо марбути масоили динӣ  меҳисобанд. Онро чун созмони сиёсӣ намехостанд бубинанд, аз ин хотир мегуфтанд, ки чун давлат худ умури диниро низ дар даст гирифта ва дар ин самт пешрафтҳое ҳам мекунад, дигар ҲНИТ даркор нест.

Имрӯз, воқеан, мо баръакси корҳои солҳои 2008 ва 2009-ро мебинем ва аз он иқдомоте, ки гӯё бо мусоидати давлат дин густариш пайдо карда буд ва мардум ҳам чунин интизоротро аз давлат дошт, мисле ки сахт пушаймонанд. Ва омадем дубора ба вартаи динситезӣ, бахусус динситезии аслӣ. Бубинед, вазири маориф гуфтааст, барои он “Маърифати исломӣ”-ро аз мактаб берун кардем, ки нафаре ёфт нашуд, то китоби дарсӣ нависад.

Ин далелест, ки ҳатто як муаллими одӣ бовар надорад. Вақте  масҷидҳо баста ва донишҷӯён аз хориҷ ҷабран оварда мешаванду иштироки наврасону навҷавонҳо дар намози ҷамоати масҷид манъ мегардад, омӯзонидани “Маърифати исломӣ” дар мактабҳо метавонист саволҳоеро ба вуҷуд оварад. Аз ин рӯ, беҳтар он аст, ки аз барномаи таълимӣ ин дарсро берун бикашанд. То масали «як бому ду ҳаво» ба хотир наояд. Имрӯз мехоҳанд динситезиро ба рағ ми хостаҳои ҷомеа ривоҷ диҳанд, ки ин роҳ шикасти мутлақ дар пеши рӯ дорад.

- Шояд шиору даъватҳои “Нест бод Ислом»-и Фронти халқӣ зинда мешаванд?

 -Мутаассифона, бале. Он замон тавассути ҳамин гуна шиорҳо бархеҳо вориди саҳна шуданд ва дар ҳукумат ҷойи по низ пайдо карданд. Банда  ба ин фикрам, ки дар ҳукумат афроди солимфикр низ хеле зиёданд, вале тасмимгирӣ дар дасти онҳо нест. 

 - Фикр мекунед, динситезӣ аз дохил маншаъ мегирад ва ё аз хориҷ таҳрик мешавад? 

 - Ман бар ин назарам, ки ҳеҷ чизе бе ҷанбаи дохилӣ наметавонад густариш ёбад. Агар дар дохил замина вуҷуд надошта  бошад, аз берун наметавонанд коре бикунанд. Бале, дар сатҳи байналмилалӣ муносибат бо Ислом чандон мунсифона нест. Воқеаҳое, ки дар кишварҳои арабӣ сурат гирифтаанд,  инро собит мекунанд, ки дигар фарқе надорад, ки чӣ касе дар сари низом аст: шоҳ, президент, диктатор ё дигаре.

Мушкили мардум мушкили иҷтимоист. Ба ин хотир агар ниёзи иҷтимоии мардум бароварда нашавад ва ё нодида гирифта шавад, ҳатман ҳаводисеро интизор бояд буд. Асли мушкил ҳеҷ гоҳ ҷанбаи хориҷӣ дошта наметавонад. Инҳо ҳама аз дохил пайдо мешаванд, вале доираҳои хориҷӣ аз ин гуна мушкилот истифода карда метавонанд. Аз ин рӯ, динситезии ба вуҷудомада дар Тоҷикистон аслу асоси дохилӣ дорад.

- Ҳоло талошҳо бар ин нигаронида шудаанд, ки ҲНИТ дар доираи як ҳизб фаъолият кунад. Яъне ба ин маъно, ки аз номи он калимаи «исломӣ» ҳазф шавад, чун Ислом дини ҳамаи мардуми тоҷик аст  ва то ҷое фаҳмидем, ҳамин гуна пешниҳодҳоро ба роҳбарият додаанд, ки бояд  ҲНИТ аз номи Ислом сухан накунад ва худро дифоъкунандаи Ислом муаррифӣ накунад. Оё ин имкон дорад?

 - Албатта, маълум аст, ки фаъолияти ҲНИТ аз доираи як ҳизби муқаррарӣ берун аст.  Ҳамчун  як ҳизби сиёсӣ чаҳорчӯбаи фаъолияти он муайян аст, вале ҲНИТ бо назардошти рисолат ва характери худ наметавонад, ки дар нисбати арзишҳои исломӣ ва ниёзҳои ақидатии мардум мавқеъгирӣ накунад. Хушбахтии ҲНИТ ҳам дар ин аст, ки  майдони фаъолияташ фарох аст, он ҳам бо риояи чаҳорчӯбаи қонун. Яъне ҳамаи низоми ҷомеаро дунболагирӣ мекунад: иҷтимоӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ.

Вале бархӯрди он нисбат ба ҳамаи масоил заминаи ақидатӣ дорад, ки он ҳам Исломи ноби муҳаммадист.  Агар мо ба асли Ислом ворид шавем, ин ҳамаро дар таркибу дохили он мебинем. Наметавон гуфт, ки ислом танҳо ҷанбаи ахлоқӣ дораду ба дигар масоил онро рабт надиҳед. Ислом дар тӯли зиндагии беш аз ҳазорсолаи башарият ошкор кардааст, ки ба ҳама соҳот ҳарфу назари худро дорад. Аммо ин ки ҳизб танҳо дар доираи сиёсӣ амал кунад ва номаш низ дигар шавад, ин фикрҳо қаблан низ буданд.

Ҳанӯз аз солҳои 1999-2000 ҷой доранд. Ва баъдан солҳои 2003-2004 ҳам пайдо шуданд. Қабл аз реҳлати устод Нурӣ. Агар дар аввал мо мегуфтанд, ки бигзор ин калима дар таркиби номи ҳизб  бошад, вале баъдан афкоре низ роҳандозӣ карданд, ки дар номи ҳизб набояд номи ислом ҷой дошта бошад. Ин гуна бархӯрд, яъне бошаду набошади номи ислом дар ҳизб ду маротиба пайдо шуда буд. Ҳукумат дар аввал ҳавасманд набуд, ки калимаи ислом аз номи ҳизб хориҷ шавад.

Бо ҳамин ном дар сатҳи байналмилал муаррифӣ шудаем ва мавҷудияти ин ҳизб дар сатҳи байналмилал барои ҳукумат ҳам муфид аст. Яъне Тоҷикистон танҳо давлате аст, ки созмони сиёсиеро бо номи Наҳзати исломӣ дорад.  Ин боиси ифтихори мост, албатта. Вале дар дохил  боз ҳам афкоре ҷой дошт, ки мавҷудияти ҳизбро барои марҳалаи муайян медонистанд. Ҳукумат дар самтгириҳои сиёсати хориҷии хеш инро хуб истифода кард, бо олами ғарб ва шарқ ба ҳар маъное.

Акнун сару садоҳое дар ин маврид аз нав баланд мешаванд, ҳатто хабарнигоре низ ба мақомоти ҲНИТ тавсия ва ё дархост пеш меорад, ки бояд ки номи исломро аз ҳизб берун кард. Дар ҳама интихобтҳое, ки иштирок кардем, афродеро таёр мекарданд, то бигӯянд,  шумо чӣ ҳақ доред, ки аз номи ислом гап мезанед. Мефаҳмонем, ки мо аз номи ислом гап намезанем, мо як гурӯҳе ҳастем сиёсӣ ва дар заминаи ақидаи исломӣ ташаккулёфта.

Даъвои инро надорем, ки ислом монополияи ҳизби мост. Ислом моли миллати мусалмон аст. Ҳеҷ миллати алоҳидае, на тоҷик, на араб, на эрониву афғон ва на турку дигару дигар ин ҳақро надорад, ки бигӯяд ислом аз они онҳост. Ва ман, ё ки як дигар намояндаи ҳизб агар дар саҳнаи сиёсӣ ширкат мекунем, ба хотири он аст, ки ҷойгоҳи хешро дар дигар аҳзоби сиёсӣ намебинем. Даъво ва ҳаққи  монополия кардани тамоми исломро надорем. Мо ҳар гуна афкоре, ки дар  ҷомеа вуҷуд дорад, онро эътироф мекунем.

Воқеан, бояд эътироф кард, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ҳама мусалмонанд бо ҳар бардоште ва ҳар фаҳме. Устод Нурӣ, ҷояш ҷаннат бошад, ҳанӯз дар соли 1998 гуфта буд, ки мо бояд иқрор бошем, ки дар ҷомеаи Тоҷикистон мусалмони коммунист ҳам ҳасту демократ ҳам, мусалмони миллатгаро ҳам ҳасту дунявӣ ҳам. Пас дигарҳо низ иқрор бояд бошанд, ки мусалмоне низ ҳаст бо ақидаи исломӣ. Яъне ҳар гуна қишре дар ҷомеа вуҷуд дорад ва  ҳеҷ кас ҳаққе надорад, ки мавҷудияти яке аз ин қишрро нодида бигирад ва ё инкор кунад.  Агар онҳо мегӯянд, ки мо вуҷуд дорем, пас иқрор бояд бошад ки ман ё нафари дигаре ҳамчун як шахси сиёсӣ дар заминаи ақидаи исломӣ ҳаққи мавҷудият дорем.

Дар як сӯҳбате аз номи мақоми ҲНИТ хондам, ки гуфтааст, агар имрӯз ҲНИТ баста шавад  мо даъвоҳои дигаре мекунем ва то суд ва дигар ҷоҳо меравем, вале агар  роҳи ҳал пайдо нашуд ва чорае намонд, меравем ба ҳизби ҳокиму ҳизби сосиал-демократ. Инро қабул надорам. Ин ҳарфҳо чандон мантиқӣ нестанд.

Ҳарфи гӯянда ва ё сохташуда аз ҷониби нашрия будани онро дақиқ намедонам. Вале агар ин гуна ҳарфҳо гуфта шуда бошанд, ормон, ғоя  ва ҳадафмандии ҲНИТ-ро зери савол қарор додан аст. Яъне гуфтанист, ки мо ҳам сохтем ҳамин хел як ҳизбе ва ба гуфти бародари коршинос, ки дар боло ишора рафт, хуб мебуд агар ҲНИТ намебуд, мерафтем ба ҳизби дигар. Агар тамоми масири фаъолият баста шавад ҳам, қадами хешро ба ҳизби дигар нахоҳам гузошт.

Мусоҳиб Абдуқаюми Қаюмзод



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi