20:10:54 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 9

Бояд гуфт, ки размандагони нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ дар ихтиёри худ 9 адад техникаи ҳозиразамони ҳарбӣ, аз ҷумла 5 адад тонк, 3 адад БТР ва 1 адад БМП низ доштанд, ки ҳамаи онҳо ба сохторҳои қудратии ҳукумат супорида шуданд.

 

Маълумотдарбораисабтиномшуданиразмандагонвасилоҳумуҳимотионҳо, азмуоинаитиббӣвааттестатсиягузаштан, савгандинизомӣқабулкарданушомилисохторҳоиқудратӣшудан.

 

    

 

Навоҳӣ

 

 

Размандагони  сабти номшуда

 

Размандагони аз муоинаи тиббӣ гузашта

 

Размандагони барои хизмати низомӣ муносиб

 

Силоҳҳои ба қайд гирифта шуда

 

Размандагони савганди низомӣқабул карда

н. Ленин

489

489

306

149

181

 

Кофар-ниҳон

1636

1636

1446

522

1090

 

Қаротегин ва Тавилдара

 

3138

 

3138

 

2898

 

1069

 

2165

 

 

Бадахшон

1579

1579

1429

424

1062

 

 

Ҷамъбаст

 

6842

 

6842

 

6079

 

2164

 

4498

 

Хонандагони азиз, дар ин ҷо мехоҳам дар бораи як самти дигари кори Комиссияи Марказии Муштараки Аттестатсиониӣ ҳарф бизанем. Ба ҳама маълум аст, ки дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ аз бесарусомониҳои мавҷуда сӯиистифода карда афроди нолоиқ ва ҳатто ҷинояткор вориди сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ба хусус қудратии ҷумҳурӣ шуда буданд, ки ба сифати кору фаъолияти ин сохторҳои муҳими давлатӣ халали ҷиддие ворид мекарданд. Яке аз талаботҳои асосии Созишномаи Умумии Сулҳи тоҷикон низ аз он иборат буд, ки ҳамин гуна ашхос аз сафи ин мақомот хориҷ карда шаванд. Маҳз ҳамин вазифа ба дӯши КММА бор карда шуда буд.

 

Тибқи гузориши охирини ин Комиссия дар натиҷаи гузаронидани санҷиш дар сохторҳои қудратӣ 421 нафар аз суфуфи кормандони мақомоти мазкур хориҷ ва 1146 нафари дигар номуносиби мансабҳои ишғолкардаашон дониста шуданд ва ба вазифаҳои пасттар фароварда шуданд. Чунончи дар Вазорати Корҳои Дохилии ҶТ 288 нафар аз кор хориҷ, 817 нафар ба вазифа номуносиб дониста шуданд. Ҳамин тавр мутаносибан дар вазорати Дифоъ 96 нафар аз кор хориҷ 168 нафар ба вазифа номуносиб, дар Кумитаи ҳифзи сарҳадот 35 хориҷ, 61 номуносиб, дар Вазорати Амният бошад қариб 100 нафар хориҷ ва номуносиби вазифаи ишғол кардаашон дониста шуданд.

 

Ба ҷуз ин Комиссияи Марказии Муштараки Аттестатсионӣ аризаи қариб 50 нафар собиқ кормандони сохторҳои қудратиро, ки ба иллати ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ҷои зист ва кори худро тарк карда ба кишварҳои хориҷ муҳоҷират карда буданд ва акнун баъди ба эътидол омадани вазъ ба Ватан баргаштанд, дида баромада ба роҳбарияти ниҳодҳои мазкур тавсия дод, ки онҳоро ба ҷои кори пештара ва ё ба мансабҳои ба он баробар барқарор намоянд.

 

Рӯзи 3 августи соли 1999 дар ҳаёти КОМ ва гуфтан мумкин аст дар таърихи миллати ҷафокашидаи тоҷик воқеаи хурсандибахшу фаромӯшношуданӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин рӯзро солҳо буд, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он дӯстони он бесаброна интизор буданд. Кӯшишҳо ба харҷ медоданд, ки он ҳарчӣ тезтар фаро бирасад. Яке аз муҳимтарин ҳадафҳои Созишномаи Умумии Сулҳ низ аз ба вуқӯъ пайвастани ҳамин ҳодиса иборат буд.

 

Дар зарфи қариб ду соли фаъолияти самараноки худ зеркомиссияи низомии КОМ, Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи ИНОТ, ҳайати нозирони низомии СММ дар Тоҷикистон, Комиссияи ҳамоҳангсози ҳукуматӣ билохира ба ин натиҷаи мусбат ноил гардиданд. Дар ин рӯз роҳбарияти ИНОТ аз хусуси барҳам дода шудани дастаҳои мусаллаҳи худ расман эъломияи зеринро пахш намуд

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2569----lr-9.html

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi