04:29:28 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 29
30 31          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 13

 

 

ҲАЛЛИ МАСОИЛИ СИЁСӢ

Комиссияи Оштии Миллӣ ҳамчун механизми ба ҳаёт татбиқкунандаи Созишномаи Умумии Сулҳ мебоист дар ҳалли масоили сиёсии зерин мусоидат мекард:

 

-Қабули Қонун «Дар бораи авфи умумӣ» ва Санади ҳамдигарбахшӣ.

-Озод гардидани ҳамаи асирони низомӣ дар асоси Санади ҳамдигарбахшӣ.

-Озод гардидани маҳбусони оппозитсион дар асоси Қонун «Дар бораи авфи умумӣ».

-Ислоҳоти сохторҳои давлатӣ тавассути дохил намудани намояндагони ИНОТ ба мақомоти иҷроия, аз ҷумла вазоратҳо, идораҳо, ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ тибқи саҳмияи сӣ дар сада.

-Таҳияи пешниҳодҳо оиди ворид намудани тағйирот ва иловаҳо ба Конститутсияи амалкунанда ва ба раъйдиҳии умумӣ манзур кардани онҳо

-Таҳия ва ба тасдиқи парламент пешниҳод намудани Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи Маҷлиси Олии ҶТ ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ».

-Таҳия ва ба тасдиқи парламент пешниҳод кардани лоиҳаи Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ».

-Таҳия ва ба тасдиқи парламент пешниҳод кардани лоиҳаи Қонун «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ».

-Бартараф кардани монеаҳо ва маҳдудиятҳо дар роҳи фаъолияти озодонаи аҳзоби сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва васоити ахбори умуми онҳо. (баъди анҷоми марҳалаи дуюми Протокол оиди масоили низомӣ).

-Ташкил ва гузаронидани муколимаи кушод миёни нерӯҳои мухталифи сиёсӣ ба мақсади ба дастовардан ва мустаҳкам намудани ризоияти миллӣ.

-Таъсиси Комиссияи Марказии Интихоботӣ бо дохил намудани 25 фоиз намояндагони ИНОТ ба ҳайати он ба мақсади гузаронидани референдум ва интихоботи парлумон дар марҳилаи гузариш.

-Таҳия кардани пешниҳодот ба Маҷлиси Олӣ оиди муайян намудани мӯҳлати интихоботи парлумон.

 

Аз ҷониби КОМ ба ҳаллу фасли масоили фавқуззикр мушахассан гурӯҳҳои кории зеркомиссияҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ машғул буданд. Дар хусуси қабули Қонун «Дар бораи авфи умумӣ» ва таҳияи Санади ҳамдигарбахшӣ ва инчунин озод кардани ҳамаи асирони низомӣ ва маҳбусони сиёсӣ мо дар боби «Дӯст дорад авфро парвардигор» муфассал гуфта гузаштем. Фикр мекунам ҳоҷат ба такрори гуфтаҳои болоӣ нест.

 

а)  ЯКҶОЯ ҲУКУМАТ КАРДАН ҲИКМАТИ СУЛҲ АСТ

               

Мувофиқи Созишномаи Умумии Сулҳ дар давоми марҳалаи гузариш, яъне то интихоботи нави парлумон намояндагони ИНОТ тибқи саҳмияи сӣ дар сада бояд ба тамоми сохторҳои ҳукуматӣ, аз ҷумла вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дохил мегардиданд. КОМ дар оғози фаъолияти худ тавассути номае аз Ҳукумати Тоҷикистон хоҳиш карда буд, ки рӯйхати пурраи сохторҳои тобеи худро дар ҳамаи мақомот пешниҳод намояд, то барои КОМ имконият фароҳам бишавад, ки намояндаҳои ИНОТ – ро ба вазифаҳои ҷудошуда пешбарӣ намояд. Ҷавоби нома бо сабабҳои гуногун ба таъхир афтод.

 

Билохира рӯйхати чордаҳ ҷой бо имзои Раиси Ҷумҳур пешниҳод карда шуд. Банда рӯзи 23 – уми январи соли 1998 дар вақти вохӯрии худ бо Раиси Ҷумҳур рӯйхати 14 нафар намояндаи ИНОТ – ро, ки ба мансабҳои баланди давлатӣ пешбарӣ шуда буданд, барои баррасӣ пешниҳод кардам. Аз ин рӯйхат Раиси Ҷумҳур бо як фармони худ рӯзи 12 феврали соли 1998 Давлати Усмонро (аз ҲНИТ) вазири иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ, Худойбердӣ Холиқназа-ровро (аз ҲДТ) вазири меҳнат ва шуғли аҳолӣ, Давлатбек Махсудовро (аз ҲДТ) вазири мелиоратсия ва хоҷагии об, Абдураҳим Каримовро (аз ҲНИТ) раиси кумитаи давлатии гумрук ва Аюб Алиевро (аз ҲДТ) раиси кумитаи давлатӣ оид ба назорати техникии саноати кӯҳӣ таъин намуд.

 

Ин аввалин 5 нафар намояндаи ИНОТ буданд, ки ба мансабҳои баланди давлатӣ мушарраф гардиданд. Билохира аввалин қадами устувор дар роҳи амалӣ кардани ислоҳоти сохтори ҳукумат гузошта шуд. Рӯзи 10 – уми марти соли 1998 бошад, фармони Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов дар бораи муовини аввали Сарвазири ҶТ таъйин шудани муовини аввали Раҳбари ИНОТ Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода (аз ҲНИТ) эълон гардид.

 

Бояд гуфт, ки масъалаи таъйини ҷаноби Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ба яке аз мансабҳои баланди давлатӣ дар ҳукумати кунунӣ яке аз масъалаҳои хеле мушкили вақт ба шумор мерафт. Дар он вақт дар дохили ҳукумат нерӯҳое буданд, ки ҳатто барои бозгашти ҷаноби Тӯраҷонзода ба Ватан муқобилият ва мухолифат мекарданд.

 

Гурӯҳи дигар агарчӣ бозгашти ӯро қабул дошта бошад ҳам, вале намехостанд, ки ӯро дар вазифаҳои баланди давлатӣ, сари қудрат бубинад, дақиқан ончиро, ки ҷаноби Ҳ.А.Тӯраҷонзода мехост. Ба дарозо кашида шудани ҳалли ин масъала вазъиятро дар навоҳии атрофи Душанбе муташанниҷ нигоҳ медошт. Барои бартараф кардани ин проблема банда борҳо бо Раиси Ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов ва худи ҷаноби Ҳ.А.Тӯраҷонзода сӯҳбатҳои тӯлонӣ доштам ва билохира ба маслиҳати ниҳоӣ расидем.       

 

Бо чӣ заҳматҳои зиёде рӯзи 3 – уми августи соли 1998 боз панҷ нафар аз намояндаи ИНОТ Шодӣ Кабиров (аз ҲНИТ) вазири кишоварзии Тоҷикистон, Маҳмадҷон Давлатов (аз ҲНИТ) раиси кумитаи металлҳои қимматбаҳо, Маҳмадрӯзи Искандаров (аз ҲДТ) раиси кумита оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва корҳои мудофиаи гражданӣ, Саламшоҳ Муҳаббатов (аз НИТ) раиси кумитаи нафту газ ва Довудхӯҷа Исломов (аз НИТ) раиси ширкати маҳсулоти ширу гӯшт таъйин гардиданд.

 

Рӯзи 8 – уми октябри ҳамон сол аз ҳисоби саҳмияи сӣ дар сада намояндаи дигари ИНОТ Зокирҷон Вазиров (аз НИТ) ба вазифаи муовини сарвазир таъйин гардид. Каме баъдтар боз чор нафар намояндаи ИНОТ ба вазифаҳои баланди давлатӣ аз ҷониби сарвари давлат таъйин карда шуданд. Инҳо Саидов Зайд (аз НИТ) раиси кумитаи саноат, Зиёев Мирзо (аз НИТ) вазири ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Мирзоев Эмомадӣ (аз НИТ) раиси Бонки амонатӣ, Муродов Сарабек (аз НИТ) раиси кумитаи металлҳои қимматбаҳо мебошанд.

 


Бояд шарҳ дод, ки Муродов Сарабек ба ҷои Давлатов Маҳмадҷон, ки раиси ҳукумати ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе таъйин шуда буд, ба ин вазифа мансуб гардид. Ҳамин тариқ бо шумули ду нафар муовинони сарвазир 15 нафар намояндаи ИНОТ дар раъси вазорату кумитаву бонку ширкатҳои давлатӣ тибқи саҳмияи 30 дар сада зимоми роҳбариро ба даст гирифтанд.

 

Ҳаждаҳ нафар намояндаи дигари ИНОТ бошад дар вазорати корҳои дохилӣ, вазорати корҳои хориҷӣ, вазорати сиҳати омма, вазорати фарҳанг, вазорати алоқа, вазорати дифо, вазорати нақлиёт, вазорати таъминоти иҷтимоӣ, вазорати ҳифзи табиат, кумитаи андоз, кумитаи сангҳои қимматбаҳо, кумитаи ҳифзи сарҳадот, агентии омори давлатӣ, сарраёсати геологоия, кумитаи амволи махсус, кумитаи спорти назди ҳукумат, агентии назорат бар маводи нашъадор ва Прокуратураи генералӣ аз ҷониби ҳукумат ба ҳайси муовинони аввал ва муовинон пазируфта шуданд.

 

Дар мақомоти ҳукуматҳои маҳаллӣ, асосан дар сатҳи ноҳиявӣ намояндагони Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик ба сохторҳои иҷроияи ҳукуматӣ ворид карда шуданд. Дар ҷараёни татбиқи Созишномаи Умумии Сулҳ намояндагони мухолифин дар шаҳру навоҳии Норак, Истравшан, Қайроқум, Табошар, Ҷаббор Расулов, Панҷ, Қумсангир, Ҷилликӯл, Бешкант, Ғозималик, Ғарм, Ванҷ, Ишкошим, Кофарниҳон, Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе, ба ҳайси раисони ҳукумат таъйин карда шуданд.

 

Бояд гуфт, ки масъалаи иҷроиши саҳмияи сӣ дар сада дар сатҳи олии Ҳукумат қариб, ки ба пуррагӣ ҳалли худро пайдо кард. Сӣ фоизи ҳукумат дар сатҳи болоӣ чӣ аз лиҳози вогузори масъулияти раҳбарии вазорат-хонаҳову кумитаҳо ва ширкатҳои ҷудошуда ва чӣ аз лиҳози вогузории муовинатии онҳо ба ИНОТ дода шуд. Албатта ҳастанд вазоратхонаҳо ва идораҳое, ки дар он ҷо ба намояндагони ИНОТ мансабе ҷудо накардаанд. Чунончи вазорати амният, Суди Олии Тоҷикистон, Суди Олии Иқтисодӣ ва ғайра.

 

Вале ба истиснои ин ниҳодҳо асосан иҷроиши ислоҳоти ҳукумат дар сатҳи болоӣ таъмин гардид. Аммо мутаассифона, ин чизро нисбати вогузории мансабу масъулиятҳо дар сатҳи ҳокимиятҳои маҳаллӣ гуфта наметавонем. Дар ҷараёни ислоҳоти сохторҳои ҳукуматӣ ҳамагӣ дар 15 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ намояндагони ИНОТ ба ҳайси раисони ҳукумат таъйин гардиданду халос. Тибқи сохтори мавҷудаи ҳукумат дар маҳалҳо ва саҳмияи сӣ дар сада ин рақам мебоист ба 23 мерасид. Гузашта аз он дар ягон мақомоти дигари маҳаллӣ аз ҷумла, аз мақомоти иҷроияи вилоятӣ сар карда то мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ягон нафар намояндаи мухолифини собиқ масъулияте, мансабе, вазифае вогузор карда нашуд.

 

Ҳол он, ки намояндагони ИНОТ тибқи Созишномаи Умумии Сулҳ мебоист дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимияти иҷроияи маҳаллӣ аз вилоятӣ шурӯъ карда то қишлоқӣ, дар ҳамаи органҳои қудратии дар маҳалҳо буда, ба ҳайси роҳбар, муовин ва ё ходим пазируфта мешуданд. Вале мутаассифона, ин тавр нашуд. Барои чӣ ман доир ба ин мавзӯъ муфассалтар гуфтам? Зеро аз як тараф ашхоси зиёде аз ҷонибдорони ИНОТ хоҳони масъулият ва вазифа буданд. Нокомии онҳо сабаби ҳар гуна фитна шуданаш мумкин буд. Аз тарафи дигар мақсад аз талаби мансаб ё масъулият ва ба он ноил шудан ин маънои таҳким бахшидан ба эътимоду боварии мардум, ба Сулҳи деринтизорро дошт.

 

Дидани як намояндаи мухолифини собиқ дар мансабе ё масъулияти давлатие ва ҳатто дар маҳалҳо ҳам эътимоду боварии ҳарду ҷониби сулҳкунандаро ба ояндаи Сулҳ бештар менамуд. Ҷонибдорони мухолифин бо дидани намояндаи  ба мансабрасидаи худ бешубҳа мутмаин мешаванд, ки ҳуқуқу озодиҳо ва манофеи онҳо дар ҳамаи соҳаҳое, ки намояндаашон ифои вазифа мекунад, риоя ва дифоъ хоҳанд шуд. Тарафи дигар ҳам намояндаи мухолифинро ба ҳайси раҳбар дида, мутмаин мешавад, ки сулҳ бебозгашт аст. Зеро шартҳои Созишномаи Сулҳ инак татбиқи худро дар ҳаёт пайдо карда истодаанд. Ин албатта дар рафтору гуфтор, муносибату муомилаи ӯ бо рақибони деринаи худ бетаъсири мусбат нахоҳад буд.

 

Ман ҳамчун раҳбари ИНОТ дар ҷараёни гузарони-дани тақсимоти мансабҳое, ки аз тариқи саҳмияи сӣ дар сада ба ИНОТ ҷудо шуда буданд ба мушкилоти хеле зиёд мувоҷеҳ шудам. Ин маърака дар навбати аввал зоҳиран як чизи содда ба назар мерасад. Яъне мансабҳо, вазифаҳо вогузор шудаанд,  онро тақсим кардан даркор. Вале дар асл ҳангоме, ки бо ин кор рӯ ба рӯ мешавед ва мебинед, ки довталабон даҳҳо нафаранд ва ҳар кадом барои соҳиб шудан ба он далелу бурҳони худро меорад ва ин «ғавғои мансаб» дар пай метавонад дасисаҳо эҷод кунад, хеле душвор ва хавфнок будани онро эҳсос мекунед.

 

Ба хусус дар ҳангоме, ки ҳанӯз ҳам ахгари ҷанг тафсон аст ва аз боде метавонад аланга бигирад. Дар ҷараёни тақсимоти мансабҳо бояд ҳизбияти шахс, аз кадом минтақаи Тоҷикистон будани он, ихтисосманди соҳа буданаш ва инчунин дараҷаи хизматаш ба ИНОТ ба назар гирифта мешуд. Кӯшиш мекардам, ки масъаларо тавре ҳал намоям, ки он ба раванди Сулҳ халал эҷод накунад. Чунончӣ дар баъзе ҳолатҳо мансабҳоро на ба онҳое додем, ки дар ҳақиқат сазовори он буданд, яъне мутахассиси соҳибтаҷриба буданд, балки ба онҳое вогузор кардем, ки дар сурати ғайр метавонистанд дар раванди Сулҳ мушкил эҷод кунанд.

 

Ҳамон вақт ҳамеша дар сари ман андешае пайдо мешуд, ки барои ман, ки мансабҳои тайёрро гирифта ба ҷонибдорони худ тавзеҳ мекунам, ин қадар мушкилоту душвориҳо пеш меояд, ба Раиси Ҷумҳур, ки вазифаҳоро аз ҷонибдорони худ гирифта, ба собиқ мухолифонаш медиҳад, чӣ гуна вазнину душвор бошад? Албатта раванди ба хотири мухолифин пайдо кардани мансабҳо, аниқтараш аз кор гирифтани мансабдорон низ дар худ хатаре ниҳон дошт. Зеро бе омодагии муайяне татбиқи ин раванд низ метавонист нооромиро дар ҷомеа эҷод кунад.

 

Аз ин рӯ мо бо дарки масъулият ва бо дарназардошти ҳолати Президент, вазъияти ба амаломада дар бисёр мавридҳо дар ин масъала гузаштҳо намудаем. Ё ба ибораи дигар бигӯем, дар дами субҳ талаби чароғ накардем. Зеро хуршеди оламтоб, яъне Сулҳи мо дар сурати истиқрор гирифтанаш ниёзҳои моро қонеъ хоҳад кард. Барои мардум ва кишварамон чизе ҳадя кардем, ки аз он ҳама истифода мекунанд.      

 

(Идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2770----lr-13.html

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi