23:11:36 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 15

Ин дафъа ҳам ба дунболи ин коршиканӣ, ки аз 18.10.1999 оғоз ёфта то 08.11.1999 идома карда буд, мулоқоти деринтизор (расо чор моҳ!) бо Раиси Ҷумҳур баргузор гардид ва чи тавре ки гуфтем, Протоколи мазкур ба имзо расид. Шумо, хонандаи азиз, бо мазмуни он дар қисмати замима шинос хоҳед шуд. Дар он протокол омада буд, ки Комиссияи Оштии Миллӣ дар кӯтоҳтарин муддат таҳияи лоиҳаи Қонуни Консти-тутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» ва лоиҳаи Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи вакилон ба маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро» ба охир расонда, барои мувофиқа ба Раиси Ҷумҳур пешкаш намояд, то баъдан онҳо барои тасдиқ ба Маҷлиси Олӣ фиристода шаванд.

 

Лоиҳаи Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» иборат аз 58 модда таҳия карда шуд. Ҷонибҳои мубоҳисакунанда дар КОМ дар проссеси муҳокима болои 56 моддаи лоиҳа ба мувофиқа расиданд. Аммо оиди моддаҳои 27 – ум ва 28 – ум (мӯҳлати фосилаи байни интихоботи ҳарду палата ва теъдоди вакилон дар ҳарду палата) ихтилофҳои назар боқӣ монданд. Билохира аъзоёни КОМ тасмим гирифтанд, ки ин масъаларо Раиси КОМ ва Президент ҳал намоянд.

 

Дар вохӯрие, ки рӯзи сеюми декабри соли 1999 бо ширкати муовини аввали раиси Маҷлиси Олии ҶТ, муовини раиси КОМ Абдулмаҷид Достиев ва Раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ Муҳаммадшариф Ҳимматзода шуда гузашт, ниҳоят дар ин масъала ҳам ба мувофиқа расидем. Тасмими гирифта шуд, ки палатаи поёнӣ, яъне Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олӣ аз 63 вакил ва палатаи болоӣ, яъне Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олӣ аз 33 вакил иборат бошад.

 

Лоиҳаи Қонуни таҳиянамудаи Комиссияи Оштии Миллӣ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» аз Қонуни ҷорӣ фарқияту тафовути зиёде дошт. Фарқият на танҳо дар он будааст, ки акнун Парлумони касбии иборат аз ду палата мебоист фаъолият бикунад, балки тибқи лоиҳаи қонуни нав ба шаҳрвандон ва аҳзоби сиёсӣ ҳуқуқҳои васеъ дода мешуд, ки интихоб бишаванд ва ашхоси арзандаи худро интихоб намоянд.

 

Дар баробари ин барои табақаи силоҳбадастони ҷомеа, алалхусус намояндагони сохторҳои қудратӣ, ки бо сӯиистифода аз мавқеъи ишғол намудаи худ метавонистанд вориди парламент шаванд, садди қонунӣ гузошта шуд. Дигар намояндагони сохторҳои низомӣ ва интизомӣ наметавонистанд дар як вақт ҳам дар қудрат бошанд, ҳам дар парламент. Албатта ин ҷиҳати масъала ба оромӣ ва эътидоли авзои ҷомеа мусоидат мекард.

 

Президенти Ҷумҳурӣ лоиҳаҳои Қонуни мазкурро пазируфта онро ба Президиуми Маҷлиси Олӣ барои баррасӣ фиристод. 10 – 11 – уми декабри соли 1999 сессияи навбатии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он вакилони мардумӣ лоиҳаи қонунҳои таҳиянамудаи КОМ – ро «Дар бораи Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии ҶТ» ва «Дар бораи Қонуни Конститутсионии ҶТ «Дар бораи интихоботи Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» мавриди баррасӣ қарор доданд.

 

Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмонов дар суханронии худ то чӣ андоза муҳим будани ин ду қонунро таъкид карда моҳияти тағйиротҳоро дар низоми Парлумонии Тоҷикистон муфассал шарҳ дод. Раиси Ҷумҳур зарурати таблиғоту ташвиқоти ин қонунҳоро тавассути матбуот, радио ва телевизион таъкид намуд. Вакилони мардумӣ дар ин ҷаласаи худ якдилона Қонун «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олӣ» ва Қонун «Дар бораи интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ» - ро қабул намуданд.

 

Худи ҳамон рӯз фармони Раиси Ҷумҳур дар бораи таъин намудани интихобот ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват дуюм ва ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, маҷлисҳои вакилони халқӣ вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии даъвати дуюм интишор гардид. Ҳамин тариқ, тибқи фармони Президент интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм ва вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Маҷлисҳои вакилони халқи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо рӯзи якшанбе 27 феврали соли 2000 ва интихоботи аъзоён ба Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дуюм 23 марти соли 2000 таъин карда шуд.

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/2999----lr-15.html

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi