18:59:13 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 20

Аз мулоқоте, ки банда бо роҳбари инқилоби исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Саид Алии Хоманаӣ дар ҳошияи ин иҷлосияи СКИ доштам, бори дигар эҳсоси боварӣ кардам, ки раванди сулҳу субот дар Тоҷикистон дар симои ҶИИ ва дигар кишварҳои исломӣ мутаккои қавии сиёсӣ ва иқтисодӣ хоҳад дошт. Дабири Кулли СММ Кофе Аннан низ дар суханронии худ ҳангоми иҷлосия ҳамкории бевоситаи СММ ва СКИро дар ҳалли бӯҳронҳои сиёсиву низомӣ аз Ироқ саркарда то Тоҷикистон қадрдонӣ намуд.

 

Конференси дуввуми кишварҳои донор, ки моҳи маи соли 1998 дар Париж пойтахти Фаронса барпо шуд ва ман дар ҷаласаҳои он ширкат кардам, дар кори ҷалб намудани сармояи хориҷӣ барои рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар хизматҳои арзанда намудааст. Боиси таассуф аст, ки дар арафаи ин конференсия авзои сиёсиву низомии кишвар хеле муташанниҷ гашт. Дар навоҳии Кофарниҳону Ленин ва атрофи шаҳри Душанбе байни ҷузъу томҳои низомии ҳукуматӣ ва нерӯҳои ҳарбии ИНОТ задухӯрдҳои мусаллаҳона ба вуқӯъ пайвастанд. КОМ кӯшишҳои зиёдеро ба харҷ дод, ки вазъият дар ин минтақа ба эътидол ояд.

 

Албатта ин ҳолат наметавонист ба кори конференсия ва натоиҷи он бетаъсир бошад. Аз ин рӯ ман дар суханронии худ саъй кардам, ки иштибоҳоти дар ин робита дар фикри ширкаткунандагони он омадаро рафъ намоям. Махсусан иштибоҳот дар робита ба аҳдофи аслии ИНОТ ва хусусан Наҳзати Исломии Тоҷикистон. Ман доир ба ин мавзӯъ дар суханрониам аз ҷумла гуфтам: «ИНОТ ва махсусан Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар ин марҳила ҷонибдории давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ буда, бо назардошти волоияти қонун аз қоидаи «ҳеҷ як мафкура ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф намешавад» пуштибонӣ мекунад. Барои мо риояти ҳаққу ҳуқуқи табиии инсон, таъмини озодиҳои сиёсӣ, ҳифзи ақида, шараф, номус, ҷон ва молу мулки шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ афзалтар аз ҳамаи арзишҳои дигар аст».

 

Ва боз як иқтибоси дигареро аз суханрониам дар конференси Порис ба таваҷҷӯҳи хонандагони арҷманди ин рисола барои қазоват кардан меорам. «Сарзамини кӯҳистони мо наздик ба 400 манбаи канданиҳои фоиданок ва ҳудуди 40 – 45 манбаи канданиҳои нодир, аз қабили тилло, нуқра ва ғайра дорад. Захираи нерӯи барқи он дар як сол наздик ба 300 миллиард киловатт – соатро ташкил медиҳад, ки аз он ҳоло фақат 15 фоизро истифода менамоем. Шароити табиии муносиб, обу ҳавои мувофиқ ва мавҷуд будани қувваи кории зиёд, мутахассисони варзидаи ботаҷриба барои инкишофи бештари соҳаҳои гуногуни кишоварзӣ, хоса пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва меваҳои ситрусӣ, ҳамчунин чорводорӣ имконият медиҳад.

 

Табиати фавқулодда зебо ва нотакрори Тоҷикистонро гӯё ин ки Худованди бузург барои вусъати туризм ва ҷаҳонгардӣ офаридааст. Ба Шумо маълум аст, ки ба кор даровардани ҳамаи ин сармояи ҳангуфтеро тақозо мекунад ва ҷумҳурии ҷангзадаи мо феълан тавони онро надорад. Аз ин сабаб мо ба сармоягузории хориҷӣ зиёд эҳтиёҷ дорем. Агар чунин сармоягузориҳо аз ҷониби Шумо сурат гирад, ман шуморо бовар мекунонам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат аз он суд хоҳед бардошт.

 

Инро чанд таҷрибаи босамаре, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои хориҷӣ дар соҳаи коркарди тилло, пахта ва ғайра дорад тасдиқ мекунад. Илова бар ин феълан дар кишвари мо барои фаъолияти озодона ва босамари ширкатҳо ва сармоягузорони хориҷӣ заминаи ҳуқуқӣ муҳайё мебошад. Ва мо аз ҷониби худ ба ҳайси нерӯи сиёсӣ ва низомие, ки ба ҳукумати Тоҷикистон шомил гардидааст, кафолат медиҳем, ки амнияти шахсӣ ва молии шуморо таъмин хоҳем кард».

 

Кишварҳо ва созмонҳои ширкаткунанда дар ин коференс дар фароварди ин чорабинӣ ба Ҳукумати Тоҷикистон додани 300 миллион доллари амрикоиро ваъда карданд.

 

(идома дорад)

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/3694--lr-20.html



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi