07:04:17 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 29

 

 

ЗЕРКОМИССИЯИ ҲУҚУҚӢ

 

РАИСИ ЗЕРКОМИССИЯ ЛАТИФӢ ОТАХОН

 

(аз июли соли 1997 то рӯзи шаҳодаташ 22 сентябри соли 1998)

latifi-otahonЛатифӣ Отахон 18 – уми марти соли 1936 дар оилаи хизматчӣ дар шаҳри Панҷакент таваллуд ёфтааст. Мактаби миёнаро дар шаҳри Панҷакент соли 1954 хатм мекунад ва худи ҳамон сол ба техникуми электротехникии шаҳри Тошканд дохил шуда онро соли 1957 ба итмом мерасонад. Баъди хатми техникум як сол дар колхози ба номи Карл Маркси ноҳияи Панҷакент аз рӯи ихтисосаш фаъолият кардааст. соли 1958 ба факултаи журналистикаи Донишгоҳи Давлатии Ленинград дохил шуда онро соли 1963 бо муваффақият хатм кардааст.

Аз соли 1963 аввал дар нашриёти «Ирфон», сипас дар редаксияҳои рӯзномаҳои ҷавонон «Комсомолец Таджикистана» ва «Комсомоли Тоҷикистон» ва баъдан дар дастгоҳи кумитаи марказии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ба ҳайси инструктор ифои вазифа намудааст. Аз соли 1967 то соли 1973 аввал мухбири махсуси газетаи «Комсомольская правда» дар Тоҷикистон ва ӯзбекистон, баъдан дар тамоми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон буд.

Отахон Латифӣ аз соли 1973 то соли 1989 ба ҳайси мухбири рӯзномаи «Правда» дар Тоҷикистон будааст. Соли 1989 ба вазифаи муовини раиси Шӯрои Вазирони Тоҷикистон таъин шуда то соли 1991 дар ин вазифа кор мекунад. Баъдан боз ба кори эҷодӣ мегузарад. Соли 1991 мухбири махсуси рӯзномаи «Известия» ва ҳафтаномаи «Союз» - «Жизнь» будааст.

Отахон Латифӣ бар асари воқеаҳои ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан тарки Ватан карда то соли 1997 чанд муддат дар Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон кору зиндагӣ кардааст. Вай раҳбари Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократӣ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ буд.

Отахон Латифӣ яке аз ташаббускорони оғози музокироти Сулҳи байни тоҷикон буда дар барқарории Сулҳу оштии миллӣ дар Тоҷикистон хизматҳои бебаҳо кардааст. Аз моҳи июли соли 1997 то рӯзи шаҳодаташ 22 сентябри соли 1998 Отахон Латифӣ раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ буд.

Отахон Латифӣ ҳамчун журналист, сиёсатшиносу сиёсатмадор дар ҷаҳони имрӯза маълуму машҳур аст. Дорандаи чандин ҷоизаҳои ҷумҳуриявиву байналмиллалӣ ҳаст. Узви Конфедератсияи байналмиллалии журналистони ҷаҳон буд. Барои хизматҳои шоистааш дар барқарории Сулҳу субот дар кишвар ӯ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. 

 РАИСИ ЗЕРКОМИССИЯИ ҲУҚУҚӢ

 

ҲИММАТЗОДА МУҲАММАДШАРИФ

 

(баъди вафоти Отахон Латифӣ аз моҳи октябри соли 1998 то 1 – уми апрели соли 2000. Қаблан  узви зеркомиссияи сиёсии КОМ буд).

Ҳимматзода Муҳаммадшариф 6 – уми июли соли 1951 дар деҳаи Ғундараи ноҳияи Тавилдара таваллуд шудааст. Соли 1966 мактаби миёнаро хатм намуда, муддате дар назди олимони сарфу наҳв, таъриху фалсафаи исломӣ машғули дарс шудааст. Улуми исломиро ба пуррагӣ хатм намудааст. Ҳамзамон дар муассисаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳияи Кофарниҳон бо меҳнати фоиданоки ҷамъиятӣ машғул будааст.  Аз соли 1990 то соли 1999 масъулияти раисии ҲНИТ – ро бар ӯҳда дошт.

Соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ба Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳоҷират карда, дар сохторҳои раҳбарикунандаи Ҳаракати НИТ ва ИНОТ фаъолияти сиёсӣ кардааст. Ҳамчунин аз соли 1993 то соли 1997 донишҷӯи Донишгоҳи Байналмиллалии Покистон буда, онро соли 1997 бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Аз соли 1994 то соли 1997 иштирокчии фаъоли музокироти сулҳи байни тоҷикон буд. Аз моҳи июли соли 1997 то моҳи октябри соли 1998 узви зеркомиссияи сиёсии Комиссияи Оштии Миллӣ ва аз моҳи октябри соли 1998 то 1 - уми апрели соли 2000 раиси зеркомиссияи ҳуқуқии КОМ - ро бар ӯҳда дошт.

Аз 19 январи соли 2000 то 20 марти соли 2000 сафир оид ба супоришҳои махсуси вазорати корҳои хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Аз 27 феврали соли 2000 вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумитаи оид ба корҳои байналхалқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот мебошад.  М.Ҳимматзода бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоистааш дар роҳи истиқрори сулҳи тоҷикон бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида шудааст.

М.Ҳимматзода ҳамчун олими файласуф дар доираи уламо ва фузалои ҷаҳони ислом маълуму маъруф аст. Ба чандин кишварҳои дунё сафарҳо доштааст. Дар даҳҳо симпозиуму конферонсҳои байналмиллалӣ ширкат варзида оиди мавзӯи ислом ва сиёсат гузоришу суханрониҳои пурмазмун доштааст. Муаллифи даҳҳо рисолаҳои илмӣ – оммавӣ мебошад. М.Ҳимматзода ҳамзамон муовини раисии ҲНИТ - ро бар ӯҳда дорад.

 АЪЗОИ ЗЕРКОМИССИЯИ ҲУҚУҚӢ

 

ҒОЗИЕВ ҚИЁМИДДИН

Ғозиев Қиёмиддин дар халқ маъруф бо номи Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ 21 – уми апрели соли 1952 дар деҳаи Қаламтуғаи ноҳияи Ҳисор дар оилаи олими рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Мактаби миёнаро дар ноҳияи Ғозималик соли 1969 хатм кардааст. Маълумоти ибтидоии диниро аввалан дар назди падараш олим, шоир ва суфии вораста Эшони Сайид Имомиддин касб намудааст. Сипас дониши худро дар ин соҳа дар назди уламои маъруфи дини мубини Ислом Қозӣ домулло Абдурашид, Мавлавӣ Қорӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ ва Сайид Абдуллоҳи Нурӣ мукаммал кардааст.

Ҳамзамон аз соли 1971 то соли 1976 дар вазифаҳои гуногун дар соҳаи Кумитаи ҷангал ва ҳифзи муҳити зист фаъолият кардааст. Аз соли 1977 то соли 1988 дар системаи Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби ҷумҳурӣ ифои вазифа намудааст. Соли 1988 аз сӯи Идораи расмии динии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қозиёти Ҷумҳурӣ) ба вазифаи имом – хатиби масҷиди ҷомеъи ноҳияи Ғозималик таъин мегардад. Соли 1989 ба ҳайси мударриси фанҳои «Тафсири Қуръон», «Фиқҳ», «Ҳадис», ва «Адабиёти Араб» - ба Донишгоҳи исломии ба номи Имом Тирмизӣ воқеъ дар шаҳри Душанбе ба кор даъват мешавад ва то оғози ҷанги шаҳрвандӣ дар ин вазифа фаъолият мекунад.

Соли 1992 иҷборан ба кишвари ҳамсояи Афғонистон муҳоҷират менамояд. Дар ин ҷо дар сохторҳои гуногуни Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсиони Тоҷик кор мекунад. Соли 1996 риштаи сиёсат ва ҳуқуқи Донишгоҳи Кобулро хатм мекунад. Аз моҳи июли соли 1997 узви зеркомиссияи ҳуқуқии Комиссияи Оштии Миллӣ буда то қатъи фаъолияти КОМ дар ин самт хизматҳои шоён кардааст.

Барои хизматҳои арзандааш дар татбиқи Созишномаи Сулҳ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Соли 2000 – ум дар Донишгоҳи Байналмиллалии Панҷоби Покистон дар риштаи адабиёти форсу тоҷик рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст.  

 

ШОМАҲМАДОВ ФАЙЗИДДИН

Шомаҳмадов  Файзиддин Имомович  8 – июли соли 1948 дар деҳаи Деҳабаланди ноҳияи Ҳоит дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Баъд аз заминҷунбии Ҳоит Файзиддини яксола бо волидайн тарки зодгоҳ намуда, ба ноҳияи Қумсангири собиқ вилояти Қӯрғонтеппа кӯч мебанданд. Соли 1955 ба мактаб рафта онро соли 1966 бо муваффақият хатм менамояд. Баъди хатми мактаби миёна ба техникуми статистикии шаҳри Орҷоникидзеобод (имрӯза Кофарниҳон) дохил шуда,  онро соли 1968 хатм менамояд.

Фаъолияти кории Ф.Шомаҳмадов аз устохонаи коргарии хоҷагии деҳаашон дар ноҳияи Қумсангир оғоз гашта, баъдан дар вазифаҳои сармуҳосибу роҳбари иттифоқи касабаи ташкилотҳои сохтмонӣ ва сардори участкаи худтаъминкунии сохтмон адои вазифа менамояд. Соли 1975 Ф.Шомаҳмадов ба шӯъбаи ғоибонаи факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 1981 бо муваффақият хатм менамояд.

Солҳои 1986 – 1988 дар иттифоқи касабаи собиқ вилояти Қӯрғонтеппа ба ҳайси ҳуқуқшинос  кор кардааст. Баъдан аз соли 1990 то соли 1991 фаъолияти кории Ф.Шомаҳмадов дар консерни «Хизмат» ба сифати ҳуқуқшинос идома меёбад. Соли 1991 дар яке аз ҷаласаҳо Раёсати ҲДТ Ф.Шомаҳмадовро раиси ҲДТ дар ноҳияи Қумсангир интихоб менамояд. То соли 1993 мавсуф аъзои ҲДТ ва узви раёсати ҲДТ буд.

Моҳи декабри соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ Ф.Шомаҳмадов дар қатори дигар аз ҳамватанон иҷборан Давлати Исломии Афғонистонро макони зист ихтиёр менамояд. Аз моҳи июни соли 1993 то моҳи августи соли 1994 дар ҳиҷрат вазифаи раисии кумитаи сиёсии НИТ ва аз соли 1994 то бозгашт, яъне то соли 1997 мақоми муовинии раиси кумитаи мазкурро бар ӯҳда дошт.

Аз моҳи июли соли 1997 то 1 - уми апрели соли 2000 - ум дар зеркомиссиюни ҳуқуқии КОМ фаъолият карда, пайи истиқрори Сулҳу оштӣ азму талоши беандоза намуд. Донандаи хуби забонҳои форсӣ, русӣ ва ӯзбекӣ мебошад.

Файзиддин Шомаҳмадов барои хизматҳои шоёнаш дар роҳи барқарории Сулҳу оштии миллӣ бо ордени «Шараф» мукофотонида шудааст. Файзиддин Шомаҳмадов 10 январи соли 2000 – ум тибқи саҳмияи сӣ дар сада ба вазифаи раиси ҳукумати ноҳияи Қумсангир таъин мегардад ва то ба имрӯз дар ин вазифа кор карда истодааст. 

(идома дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi